Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё мумкин аст ба ҷои мағзи нони сафед мумравған бигиранд. Низ: шаш дирам тухми шавкарон, як [дирам] афюн, як [дирам] заъфарон ва ба миқдоре шароби ширин гиранд, ки бо он маъҷун сохтан мумкин бошад ва сипас онҳоро бо ёрии мумравған биомезанд. Инчунин: тухми банг, афюн, аспғул, (622) ақоқиё ва муғосро гирифта, қурс созанд ва бо шири гов тило сохта, бо баргҳои [ёдшуда] нигоҳ доранд. Дигар:
даҳ дирам сабр, даҳ дирам афюн, шаш дирам фишурдаи банг, чаҳор дирам шавкарон, шаш дирам ҳибуқистидос, бист мисқол луффоҳ ва чаҳор мисқол заъфаронро гирифта, луффоҳро бо сирко то нек пухтан биҷӯшонанд ва сипас бар вай дигар доруҳоро бирезанд ва аз онҳо тило созанд. Низ: ябруҳро совида, андар равғани гов афкананд ва баъд бо он маҳалли дардро чарб созанд. Низ: майъа ва афюнро гирифта, аз онҳо тило созанд. Яке аз тадбирҳое, ки карахтӣ оварад, ин аст, ки агар реш ҷон надошта бошад, [бар маҳалли дард] оби бисёр резанд. Низ: аспғулро андар оби гарм тар кунанд ва чун дамида шуд, онро бо равғани гул бишикананд. Сипас онро сард карда, тило созанд. Яке аз чизҳои ошомиданӣ ин аст, ки ду донг ябруҳро бо тило ва ангубин биошоманд.
Илоҷи дардҳои бодӣ ба равиши илоҷи кужии бодист.
Яке аз доруҳое, ки ба изофаи дигар манфаатҳо аз тариқи карахтӣ овардан дардро ором кунад: Аз ҷентиёно, рӯян, нонхоҳ, зарованд, пудина, тухми бодранг, суринҷон, бузайдон, моҳизаҳра ва муғос як бахшӣ ва аз афюн ним бахш бигиранд. Як ошомидании [ин маҷмӯъ] то ду дирам бувад.
Ба кор бурдани тадбири доғ ниҳодан аз барои чунин беморон: Яке аз намудҳои доғниҳии аз барои эшон хуб ва ё тадбире, ки қоиммақоми доғ бошад, ин аст, ки беморро ба шакли дилхоҳ бихобонанд ва ҳаракат кардан нагузоранд. Гирди маҳалли дардро бо хамир бигиранд, миёни онро пури намак кунанд, бар вай каме равғани зайтун бирезанд аз болои он латтапораеро биниҳанд. Сипас доғмонҳои гуногунро ҳозир сохта, онҳоро сурх кунанд ва нахуст ба андозае гарм кунанд, ки гармияш ҳис карда нашавад, баъд ба андозае, ки ҳис карда шавад ва сипас ба ҳадде шиддатнок созанд, ки тоқатнопазир бошад. Ҳар гоҳ аз ҳадд бигузарад, хамирро шикоф бикун ва беморро бифармой, ки каме хам шавад, то намаку равғани зайтун бирезанд. Сипас он ҷойро бо пашмина пӯшида бибанд. Бояд бар [321] сари бемор ҷогаҳи пуроб ва ё пургулобе ниҳода бошанд ва ҳар бор, ки рӯяш арақ кунад, бо он пок кунад.
Эҳтиёт бош, ки гӯштро сӯзонида, реш насозӣ.
Илоҷи [дардҳои] гарм: Инро бояд бо он тараҳо, гӯштҳо, ғизоҳо, меваҳо, чарбҳо, пухтаковҳо ва мумравғанҳое муолаҷа кунанд, ки сардиоварандаю тарифизоянда буванд. Бояд [беморро] ба таври муътадил варзиш бидиҳанд ва ӯро ба гармобаи оби хуш бурда, пеш аз ҳама андар хонаи якуми гармоба бар дасту пойҳояш оби сард бирезанд. Бояд нахуст обзани нимгарм ба кор баранд ва сипас ӯро якбора андар оби сард биғӯтонанд ва бар пойҳояш оби сард бирезанд. Бояд чунин [беморонро] бо ёрии доруҳои бидуни гармиоварандагӣ исҳол оварда, пешоб

битозонанд, ки мисоли онҳо шароби гул ва [гувориши] биҳигии шикаморанда бувад.
Як доруи хубе, ки пешоб битозонад, табиат бикушояд ва дардро ором кунад: Аз тухми харбуза, тухми бодранг, суринҷони сафед ва муғос як бахшӣ ва аз афюн се бахш гирифта, ҳамаро якҷоя созанд. Як ошомидании он чаҳор дирам ва бо чаҳор дирам шакар бувад. Ин дору зуд суд бахшад.
Тилоҳо: Бидон, ки агар тилоҳо сардгардондаи қабзкунанда бошанд, чунончи сандал ҳамин гуна аст, мумкин аст, ки боиси ранҷ бигарданд. Баръакс, эҳтиёҷ ба он аст, ки онҳо нимгарму нармгардонида шаванд. Агар [бемор] аз доруҳои сардиоваранда ба сабаби азҳамкашидагӣ овардани онҳо азоб кашад, доруҳои ковоккунандаи мисли майпухта, равғани гул ва мумравғанро ба кор бибар. Гоҳе аз болои онҳо латтапораеро андар обу сирко тар карда биниҳанд. Яке аз тилоҳои санҷидашуда фишурдаи сарҳои найшакари тар бувад. Агар онро тило кунанд, худи ҳамон соат дард ором ёбад. Низ: [чилғӯзаи] булутро нарм кӯфта, сахт биҷӯшонанд ва ба муддати дароз онро тило кунанд.
Агар бемор ба доруҳои сардкунанда бардошт кунад ва аз тариқи фишурдагию кашидагӣ овардан ӯро азоб надиҳанд, ҳеҷ чиз ба мисли оби коснӣ, оби ангури сагак, оби ҳамешабаҳор, оби дахинаҷ бо хиёри даштӣ, каду ва ғайра хуб нест. Ҳамчунин зимод кардан бо дилаҳои ин гуна чизҳо ва бо харбуза хуб буда, ҳам сардӣ ва ҳам нармӣ оварад.
Луоби аспғул аз ҷиҳати сардиоварӣ қавист. Сандал, момисо ва монанди он низ ҳамин гуна буванд. Ҳар гоҳ дард ором шуд, бояд зимодро бардошта, дур созанд. Яке аз доруҳои аз барои охирин боқимондаҳои дардҳои гарми пайвандгоҳҳо ва ниқрис судманд доруи зерин аст: аз сабр, заъфарон ва мурр бахшҳои баробар гирифта, ба ҳасби миқдори гармӣ ё бо оби каранб ва ё бо оби коснӣ тило кунанд. Низ, мумравғанро бо равғани бобуна ва ё (623) диёхилунро андар равғани бобуна гудохта, [тило кунанд].
Гармобаҳои гуногун: Эшонро гармобаҳои гарм зиён дорад. Аммо гармобаҳои сард гоҳе суд бахшида, моддаро пас бигардонад, андомро қувват бахшад ва дардро фурӯ нишонад.
Доруҳои исҳол: Даҳ дирам ҳалилаи зард, се дирамӣ суринҷону бузайдон ва ду дирамӣ тухми карафсу анисунро гирифта, бо шакари гудохта маъҷун созанд ва ҳар рӯзе ду дирам аз он биошоманд. Низ: як ратл фишурдаи биҳӣ, се уқия сиркои хамрӣ, як ратл шакар ва аз барои як ратл доруи ҳосилшуда се дирам маҳмуда бигиранд.
Як ошомидании ин аз ним то якуним уқия бувад. Инчунин: даҳ дирам суринҷон, як дираму ду донг маҳмуда, се дирам кабоба ва сиҳ дирам шакари табарзад бигиранд.
Як ошомидании ин се дирам бувад. Дигар: маҳмударо андар биҳие бирён кунанд, ки андар мисли оби биҳии туруш ва себ ҷӯшонида бошанд. Ҳангоми ҷӯшонидан қивоми онро риоя кунанд ва ҳар гоҳ бубинанд, ки ситабр шуда истодааст, даҳони ҷогаҳро бибанданд ва то хушк шудан бигузоранд. Аз ин гуна [маҳмуда] даҳ дирам, аз табарзад бист дирам ва аз кабобаи мисли сурма совида ду дирамсанг гирифта, ҳамаро бо гулоб ҷамъ ва ҳабб созанд ва андар соя бихушконанд. Як ошомидании он ҳар боре ду-се ҳабба бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ