Қонуни тиб

Агар андар ин миён ягон шакли таркибёфтаи [хилтҳо] ҷой дошта бошад, ёраи фиқроро ба кор бибар. Яке аз чизҳои барои чунин [беморон] судманд шароби гул аст, ки ба сифати зерин бувад: ду ратл фишурдаи гул, чаҳор ратл ангубин ва як уқия маҳмудаи бирёнро гирифта, то қивом ёфтан биҷӯшонанд. Як ошомидании он аз ду то се фаланҷор бувад. Низ: оби коснӣ ва бодиёнеро ба кор баранд, ки андар он тамри ҳиндӣ бо хиёршанбар ва ё як худи хиёршанбарро тар карда бошанд. Агар таб набошад, аз ҳалила, шоҳтара, олу, хурмои ҳиндӣ ва афсинтин ба салоҳдиди хеш матбух бисоз. Низ: аз бузайдон, суринҷон ва гули сурх бахшҳои баробар гирифта, ба як ошомидан якуним мисқол аз онро биошоманд ва он дардро сахт фурӯ нишонад. Ин гуна [беморонро] ғизоҳои сарди ситабр, масалан, насквои бо сирко сохташуда ва дигар ғизоҳои сардиоварандаю ситабрифизояндаи хун, масалан, турушаво, шикамбашӯрбои турушизада ва сикбои гӯшти гов суд доранд. Гоҳе эшон аз ғизоҳои хушкиоварандае чун говдона суд бигиранд. Бояд эшон гуруснагии зиёд накашанд ва гоҳе аз меваҳо барояшон [хӯрдани] хусусан амруд ва инчунин олу, себ, анор ва шафтолуро иҷозат бидиҳанд. Вале ман бошам, масалан, шафтолу, зардолу ва ҳар чизеро, ки хунро бо бахши обии зиёд пур кунад, нохуш ҳамедонам.
Илоҷи пайвандгоҳҳои санггардида ва хушкида: Ин гуна одамон худовандони мизоҷи гарм ва моддаҳои ситабранд ва аз барои эшон ҳалсозии бе нармсозиро набояд кор бурд, баръакс, бояд ҳам нарм сохту ҳам ҳал. Яке аз доруҳое, ки аз сангшавӣ пешгирӣ кунад, зимодҳоест, ки аз орди говдона ва боқилии мисрӣ бо сикангубин ва ё аз ангудон ва фошро бо панир, ҳузаз, уша ва бо ёрии шароби куҳан ва равғани зайтуни норасид сохта бошанд.
Гоҳе бар инҳо орди боқилӣ низ ҳамроҳ кунанд. Аз барои касоне, ки пайвандгоҳҳояшон санг шудааст ва ё андар роҳи санг шудан аст, яке аз чизҳои судманд он зимодҳоест, ки мо андар боби дардҳои сарди пайвандгоҳҳои хилтситабр баён кардем ва низ он чарбҳову пухтаковҳоест, ки ҳамроҳи онҳо ёд намудем. Яке аз доруҳои барои эшон судманд орди говдона ва орди боқилии мисрӣ бо сикангубин ва сиркои омехта ва низ бехи ангудон (маҳрус) бувад. Инчунин: балбусро андар об гудохта, зимод кунанд ва он сангшавии нав оғоз ёфтаро боз дорад. Ҳамчунин бо обҳое пухтаковрезӣ кунанд, ки андар онҳо пудина ва ҳошо ҷӯшонида бошанд ва ё сиркоеро бирезанд, ки андар он доруҳои ёдшударо ҷӯшонида бошанд. Пухтаковрезӣ кардан хусусан бо оби панири андар оби шӯрбои хиёршанбар,205 натрун ва уфурбиюн ҷӯшонидашуда ва инчунин бо оби хокистар ва каранби сӯхта [хуб аст].
Илоҷи гирифтагии пайвандгоҳҳо ва барҷомондагӣ:
Бидон, ки равғани девсипист чи аз тариқи ошомидан ва чи чарб кардан яке аз нофеътарин доруҳо барои эшон бувад. (624) Ин равғанро бад-ин гуна созанд: девсиписти тухм гирифтаро бо якчанди он аз шароб ва равғани зайтун то рафтани бахши обии онҳо биҷӯшонанд. Як ошомидании он то се дирам ва камтар аз он бувад. Илоҷи намуди бодии ингуна [бемориҳо] ба равиши илоҷи кушодагии муҳраҳост. Яке аз тадбирҳои аз барои касони барҷомонда санҷидашуда ин аст, ки пӯсти навкандаи гӯспандро гирифта, бар [маҳалли барҷомондагӣ] биниҳанд ва бо
шири навдӯшидаи гов чарб кунанд, беморро суд бахшад.
Ба кор бурдани гармобаи хушк ва арақ оварондан андар танӯр ва ё чоҳлакҳои тафсон судманд аст.206 Пешгирӣ кардан аз дардҳои пайвандгоҳҳо: Касони чунин дардҳои одатӣ доштаро бояд ба ҳангоми баҳор ва ба наздики фаро расидани навбати беморӣ раг бизананд ва исҳол оваранд ва тадбири ғизоии аз ҷиҳати латифӣ муътадил ба кор баранд. Умуман, агар сабаби он чи, ки ӯро рӯй дода аст, бисёрии хилтҳо бошад, бояд аз тариқи истифроғ овардан ва аз тариқи коҳиш додани ғизо онҳоро зиёд шудан нагузоранд ва гоҳе варзишҳои хуб ба кор баранд. Агар сабаб фасодии онҳо бошад, бо ин аз тариқи истифроғ намудани моддаи ҷамъшуда ва ба кор бурдани тадбири ғизоии зидди он тадбире, ки зояндаи [хилтҳои фосид аст], ба муқовамат бипардоз: чунончи балғам ба ёрии чизҳои сардиоваранда зода шавад ва ту инро ва чи гуна ба он муқобилият нишон доданро ҳамедонӣ; зарда ба ёварии чизҳои гармиоваранда падид ояд ва инро низ ту медонӣ ва бо чи чиз бад-он муқобилият нишон додан бароят маълум аст; савдо ҳам аз он чизе зода шавад, ки медонӣ ва ба зода шудани он бо ёрии он чизҳое муқобилият нишон деҳ, ки худ ҳамедонӣ. Ҳар гоҳ истифроғ ба амал оварда шавад ва хусусан агар ба сабаби поксозии пешомада дигар бими ба сӯи андомҳои сарвар ронда шудани модда ҷой надошта бошад, беҳтар он аст, ки ба қавӣ сохтани андом бо доруҳои қабзкунанда бипардозанд, то ки он пазирои фазлаҳо набошад. Мисоли ин доруҳо ақоқиё, гулнор, фишурдаи садпайванд, ҳузаз ва момисо бувад. Низ:
маҳалли дардро ба шарте бо намаки судаю равғани зайтун молиш диҳанд, ки агар хушкии ниҳоят ба ифрот ҷой надошта бошад. Агар омос балғамӣ бошад, худованди он ду дирам зарованди гирдро якчанд бор ба баҳору зимистон биошомад, бошад ки даври онро боз дорад. Варзиши муътадил ва савора рафтанро ба кор баранд, вале на ба ифрот, вагарна ниқрис ва дардҳо ба ангезиш оянд. Чизҳои одатнакардаро набояд якбора ва аз ғайри тадриҷӣ ба кор бибаранд, вале агар ба иттифоқ чунин ҳолат ба амал ояд, он гоҳ равғанҳои қависозандаро ба шакли чарб кардан ба кор бибар. Бояд чунин [беморон] аз [322] гӯштҳои ситабр, ҳама гуна чизҳои намакин ва намаксуд дурӣ ҷӯянд ва аз тараҳо, масалан, аз чугундар, газар ва бодранг парҳез кунанд. Аммо харбуза бошад, ба сабаби хилти обӣ зодани хеш зиён ва ба сабаби пешоб тозондан суд дорад ва андар баданҳои [гуногун таъсири] гуногун бахшад.
Бояд аз бисёр ошомидани шароб, аз шароби ситабр ва гузашта аз ин аз ҳамагуна шароб парҳез кунанд ва ғизоҳое бихӯранд, ки хубгувори зудгузар бошанд. Бояд аз пурӣ ва варзиш накардан дурӣ ҷӯянд ва ба изофаи он ба мондагию варзиши ба ифрот, хусусан бо шиками пур роҳ надиҳанд. Аз ҷимоъ парҳез кунанд ва гармоба кам ба кор баранд, зеро ин хилтҳоро гудохта, ба сӯи пайвандгоҳҳо равона кунад. Аммо обҳои гармчашмаҳо аз барои эшон ба ҳангоми бемор будан судманданд. Яке аз тадбирҳои барои эшон судманд ин аст, ки агар ягон монеае аз қабили заъфи асаб ҷой надошта бошад, андар оғози гармоба кардан, баъд аз фориғ шудан аз гармоба ва андар миёни гармоба кардан бар пайвандгоҳҳо оби сард бирезанд ва ин тадбир гоҳе зиёни гармобаро бибарад. Бояд зинҳор аз паси таом хӯрдан нахобанд, ки ин зиёнкортарин чиз барои эшон бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор