Қонуни тиб

Илоҷ: Илоҷҳое, ки хосси қавин ва дардҳои андар сурин ва зону устуворгардида мебошанд: Андар илоҷи инҳо бояд ба он қонунҳое муроҷаат намуд, ки андар боби дардҳои пайвандгоҳҳо оварда шудаанд. Бояд бидонӣ, ки ин ду намуди [дардҳо] аз дигар дардҳои пайвандгоҳҳо бо он фарқ кунад, ки пас гардонидани модда андар оғози беморӣ мумкин аст ин ду [андомро] зиёни сахт оварад, аз баҳри он ки модда амиқ ҷой гирифтааст ва тадбири пасгардонӣ онро андар он ҷой банд сохта, ба ҷое бирасонад, ки ҳалсозии он мушкил шавад ва пайвандгоҳро, ки бе ҳамин ҳам қобили баромадан аст, ба баромадан омода созад. Баръакс, ҳар гоҳ андар оғоз бихоҳӣ, ки дардро ором кунӣ, бо чарбҳои нармсозанда онро ором бисоз, вале набояд чунин иттифоқ биафтад, ки модда ниҳоят тунук бошад. Гоҳе муолаҷаи ин андар кишварҳои сард ва фаслҳои сармо ва андар касони фарбеҳ ба душворӣ бианҷомад ва муолаҷаи он ба ҳангоми андар нимаи чап будан (625) боз ҳам душвортар бувад.
Аз барои намуди хунии он нофеътарини чизҳо рагзанист ва худи ҳамон замон аз он суд бубинанд. Нахуст аз даст, сипас аз пой хун бигиранд ва аз пой танҳо баъди аз даст хун гирифтан хун бигиранд.
Аз барои ин [дардҳо] қай суд дорад. Аммо исҳол бошад, гоҳе онро ба охир кор фармуда, танҳо бо қай овардани қавӣ кифоят кунанд, зеро исҳол мумкин аст моддаро ба фурӯсӯ бикашад. Вале агар бидонанд, ки модда кам аст, [исҳол биоваранд]. Аз ҳама хуб ин аст, ки ду рӯз рӯза бидоранд ва сипас раг бизананд.
Бидон, ки задани раги қавин аз задани раги софин хеле бештар судманд аст, вале агар дард на ба бари берун тӯл кашида бошад, балки ба намуди дигар буда, ба бари андарунин тӯл кашида бошад, андар ин ҳангом задани софин беш аз раги қавин судманд хоҳад буд, вале онҳо ҳарчанд ду шохаи як раганд, бо вуҷуди ин чун босалиқу қифоли дастон нестанд. Лекин Ҷолинус танҳо софин ва раги зери зонуро ёд кардааст. Задани раги зери зону аз ҳар дуи раги қавин ва софин дида судмандтар аст. Яке аз рагҳои мавриди задан он рагест, ки андар миёни ангушти хурд ва ангушти бинсири пой ҷой дорад ва баъди он раги қавин бизананд. Гуфтаанд, ки ин раг бештар аз раги қавин суд дорад, чунонки раги усайлим ба ҳангоми бемориҳои ҷигар ва испурч судмандтар аз раги босалиқ бувад.
Аммо намуди балғамии ин дардҳо сазовори он муолаҷаест, ки ба равиши муолаҷаи омосҳои ситабр бувад.
Бинобар ин ба сабабҳои бароят маълум лозим нест, ки пеш аз истифроғ овардан ба истеъмоли доруҳои ҳалкунандаи қавӣ пардохта шавад. Мо чунин ёд кардем, ки қай судмандтар аз исҳол аст, аз баҳри он ки исҳол моддаро ба сӯи маҳалли дард равона кунад ва қай аз он сӯй бигардонад. Қаи андар ин ҳангом беҳтар онест, ки бо бура ва сирко оварда шавад. Ҳар гоҳ бо қайоварандагони қавие, чунин беморонро қай оваранд, ки хилтҳои сарди ситабр тақозои онро карда бошанд, бояд аз паси он бо доруҳои латифсозандаи гармиоваранда даллокӣ кунанд. Ба ҳангоми дарди балғамӣ низ гоҳе ва ё дуруст
тараш борҳо ба задани раг эҳтиёҷ биафтад. Рагзаниро баъд аз истифроғ овардан бо доруҳое, ки мо ёд кардем, ба амал оранд. [Ин доруҳо аз] доруҳои пешобтозонанда ва доруҳои ошомидании аз барои дардҳои пайвандгоҳҳо судманд ва хусусан аз доруи Ҳурмус иборатанд.
Доруи зерин бисёр аҷиб аст: аз ҳар кадоми камозариюс ва ҷентиёно нуҳ уқиягӣ, аз зарованди гирд ду уқия ва аз судоби хушк як ратл гирифта, ҳамаро кӯфта бо ғирболи танг бубезанд. Як ошомидании он як кафча бувад. Низ, зимодҳо, пухтаковҳои ҳалкунанда ва обҳои гармчашмаро ба кор баранд. Агар инҳо суд набахшанд, ҳуқнаҳо ба кор баранд. Сипас, бар сурин бо буриш ва аз ғайри буриш миҳҷама ва доруҳои сурхкунандаю обилаоваранда биниҳанд ва то шифо ёфтан [ҷароҳатҳои аз онҳо падидомадаро] беҳ накунанд.
Ба ҳангоми ба кор бурдани зимодҳо ба ду ғараз тезии онҳоро афзоиш бидиҳанд: яке аз барои ҳалсозӣ ва дигар аз барои ба берун кашидани [модда], вале тезии онҳо аз як ҷиҳат нохуш аст, яъне онҳо гоҳе мумкин аст, ки моддаро хушконида, санг созанд ва он дигар илоҷ напазирад. Бинобар он аз кори нармсозӣ низ набояд ғофил буд. Гоҳе туро барои кашидани [модда] ба миҳҷамаҳо ва гузоштани онҳо эҳтиёҷ биафтад.
Пухтаковҳо ва обзанҳо: Як ратл равғани ҳино, ним ратл сирко, чаҳоряк ратл натрун ва якуним уқия қоқуларо гирифта, як пора пашминаро андар онҳо оғушта ва бо он маҳалли дардро гармибандӣ кунанд. Обзанҳоеро ба кор баранд, ки аз обҳои доруҳои содаи ҳалсозанда ва андар ин бобат ёд шуда сохта бошанд.
[Чарбҳо]: Аз чарбҳо, масалан, равғани қуст, равғани фурбиюн, равғани оқирқарҳо, равғани ҳино ва равғани гунди бедастарро баъд аз поксозӣ ба кор баранд ва аз говшир, фурбиюн ва равғанҳои ёдшуда мумравғанҳо созанд.
Тилоҳо ва зимодҳо: Як зимоде, ки моддаро ҳал карда, аз умқ ба зоҳир бикашад: аз ҳар яки тухми судоби даштӣ, донаи даҳмаст, ангудон, натрун, дерманаи арманӣ, қардамоно, дилаи ҳанзал ва нонхоҳ чаҳор мисқолӣ, ҳаштяки як ман судоби тоза, ҳаштяки як ман мум, як ман уша, ҳаштяки як ман зифт, шаш мисқол борзад,207 чаҳор мисқол говшир ва чаҳор мисқол гӯгирди оташ норасидаро гирифта, (626) аз инҳо марҳам омода созанд. Агар бар раги қавин саргини бузро бо сиркои тез тило кунанд, таъсираш чун таъсири доруи хардал, балки беҳтар аз он бувад.
[Марҳамҳо]: Марҳамҳои сурхкунандаи обиласозанда сахт хубанд. Бояд обилаҳоро нахуст пок карда, сипас бар онҳо доруи хушксозанда бипошанд. Баъд, ҳамин тавр обилаовариро дубора то ҳангоми шифо ёфтан ба такрор давом диҳанд. Низ, як ратл бура ва як ратл равғани зайтунро гирифта, аз ин маҷмӯъ тило созанд.
Низ як зимоде, ки судманд аст: Якуним ратл мавизак, ду ратл дурди сӯхта, ним ратл оқирқарҳо, якуним ратл сипандон, ним ратл борзад,208 ним ратл гӯгирд, ним ратл бура, се қутулӣ равғани зайтун ва сақизи санавбарро, ки бо борзад бирён карда бошанд, гирифта, аз ҳамаи инҳо марҳам созанд ва ба кор баранд. Инчунин: як бахш зифт ва як бахш гӯгирди мисли сурма сударо гирифта, бар сурин тило кунанд, аз болои он қиртос барниҳанд ва то худ ба худ афтиданаш бигузоранд. Яке аз доруҳои санҷида шуда ин аст, ки растании шитараҷро тобистон ба ҳоли тозагӣ чида, аз тариқи кӯфтан нармаш созанд (вале нарм сохтани он бисёр душвор аст), сипас онро бо ягон пиҳе ҷамъ сохта, бар сурин ва маҳалли дард биниҳанд ва он ҷойро [бо пора] баста, аз чаҳор то шаш соат бад-ин ҳол бигузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор