Қонуни тиб

Баъд [беморро] ба гармоба андароваранд ва чун каме тар шуд, андар обзанаш бинишонанд. [Баъд], зимодро аз ӯ баргиранд ва ба ҷои он пашминаеро ниҳода, як ҳафта ва ё даҳ рӯз [беморро] осуда бигузоранд. Сипас, [ин муолаҷаро] аз сар бигиранд. Ин дору ба ҳақиқат аз хардал ва софсиё бениёз бигардонад. Инчунин: мавизак ва коғна, ё софсиё, мум ва равғани судоб, ё оқирқарҳо, мавизаки асалӣ, шукуфаи санги асюс, бура ва мавизакро гирифта, аз онҳо марҳамҳо бисозанд. Гоҳе андар инҳо сипандон биафзоянд. Яке аз доруҳое, ки аз барои ин ва аз барои дардҳои зону судманд аст, мумравғане бувад, ки аз фурбиюн бисозанд. Низ: ҳашт уқия равғани ҳино, чаҳор уқия сирко, ду уқия натрун ва як уқия оқирқарҳоро гирифта, оқирқарҳоро баъд аз реза кардан андар равғани ҳино се рӯз тар кунанд ва баъд як сар ба таври сабук биҷӯшонанд. Сипас, аз болои он сирко ва натрунро афканда ва онро бо пашминаи чиркин кашида, бар маҳалли дардманди бари миён биниҳанд.
Як тилои дигар, ки аз ҳамин қабил бувад: Сад мисқол муми равшанкарда, бисту панҷ мисқол сақизи набатӣ, шаш мисқол тухми райҳон, шаш мисқолӣ савсан, борзад209 ва мурр ва панҷ мисқол қатронро гирифта, ҳамаи инҳоро ҷамъ ва мисли як доруи ягона бисозанд ва бо он маҳалли дардманди бари миёнро тило кунанд. Ин хусусан [ҳангоме хуб аст], ки агар моддаи ба амал оварандаи дард хуни андар худи пайвандгоҳ бандшуда [323] ва ё балғами ситабри обгинагун буда, ин [балғамро] ҳуққаи пайвандгоҳ ба худ кашида бошад.
Як марҳаме, ки дарди қавинро ором кунад: Ҳаждаҳ уқия равғани зайтуни куҳан, сад мисқолӣ сурб, намаки хамирӣ ва сақизи набатӣ, се уқия сӯҳонрезаи миси сурх ва ду уқиягӣ зангори тарошида, кундуша, бехи мозариюни сиёҳ, зарованд ва хардал бигиранд. Гоҳе андар ин як уқия оқирқарҳо афкананд.
[Марҳами] дигар: Чаҳор мисқолӣ ангудон, тухми судоби даштӣ, донаи даҳмаст, бура, ҳанзал, дермана, нонхоҳ ва қардамоно, шонздаҳ мисқолӣ судоби тари бӯстонӣ, зифти хушк, сақизи набатӣ, ротинаҷ, уша ва пиҳи гӯсола, шаш мисқол говшир, чаҳор мисқол гӯгирди носӯхта ва ҳаждаҳ уқия равғани ҳино бигиранд.
[Марҳами] дигар: Ҳаждаҳ уқия зифти тар, даҳуним уқия210 зарованд, як ратл мум, ҷиҳил мисқол сақизи санавбар, як ратл гӯгирди носӯхта, якуним ратл бура, як қист мавизак, ки он ду қутулӣ бошад, ним ратл оқарқирҳо, як қист қардамоно ва ним ратл борзадро211 гирифта, гудохташавандаҳоро бигудозанд ва судашавандаҳоро бисованд ва ҳамаро омехта сохта, ба наҳви пеш ёдшуда ва низ ба наҳви баъд ёдшаванда бимоланд.
(627) Доруҳои шикаморанда: Ба ғоят хуби онҳо ҳабби суринҷон, ҳабби «бадбӯй» ва ҳабби шитараҷ бувад, вале на чун ҳабби «фирӯзибахш» ва ё ёраи Ҳурмус, ки андар баҳор биошоманд. Ҳар кӣ инро биошомад, пайвандгоҳҳои дардмандаш тар шуда, арақ кушоянд, вале
чандон исҳоле наоварад, балки аз тариқи нармсозӣ пок созад. Унсурҳои доруҳои шикаморанда аз дилаи ҳанзал, қантуриюн, самғҳо, моҳизаҳра, шитараҷ ва фишурдаи хиёри даштӣ иборатанд.
[Як нусхаи доруи исҳол]: Ду дона ҳанзалро гирифта, сӯрох кунанд ва дилаю гӯшти андарун будаи онро берун рехта, онҳоро бо равғани кунҷид пур кунанд ва сӯрохҳоро баста, як шаб нигоҳ доранд. Сипас, рӯзи дигар ин ду ҳанзалро гирифта, бо равғани доштаашон андар дег кунанд ва ба якуним андозаи равған бар вай об рехта, ҳамаро то пухта шудани ҳанзалҳо биҷӯшонанд. Чун ҳар ду ҳанзал пухт, онҳоро гирифта, барандозанд ва обу равғанро ба қадри кофӣ биҷӯшонанд. Сипас, бар вай ба миқдоре аз нони покизаи кӯфташуда ва аз ғирбол гузаронида афкананд, ки ин об аз он баста, чун офрушта бигардад.
Баъд, аз он ба қадри як бундуқа фундуқчаҳо бисозанд ва ҳаждаҳ дона аз он фундуқчаҳоро гирифта, баъд аз гармоба кардан ба бемор бидиҳанд, то бихӯрад. Ба ваҷҳи дигар ҷӯшонидаи равғанро бо фишурдаи [ҳанзал бидиҳанд].
Ҳар гоҳ поксозӣ аз тариқи исҳол ва қай ба амал ояд, вале иллат боз давом кунад, бояд доруҳои ба зер баргирифтаниеро ба кор барӣ, ки аз доруҳои решкунандаи исҳоли хунӣ оваранда сохта шаванд ва мисоли ин [доруҳо] ҷӯшонидаи хиёри даштӣ, ҳанзал, талхаи гов, оқирқарҳо, қантуриюн, сипандон, шитараҷ ва оби моҳии пухта бувад. Ҳар як аз инҳо андар ин ҳангом судманданд ва гоҳе беморро шифо бахшанд. Андар таркиби ҳуқнаҳо гоҳе фурбиюн ҳамроҳ кунанд, вале гуфтаанд, ки он ниҳоят зиён дорад ва аз дигар тасарруфот боз дорад. Аммо андар поёни беморӣ ва хусусан аз паси обиласозӣ суд бахшад. Бисёр бошад, ки худ ба худ решшавӣ ба амал ояд ва беморӣ аз он шифо ёбад.
Як ҳуқнаи сабуке, ки саҳҷ оварад: Ҳанзал, сипандон, бехи кабар, қантуриюн, хиёри даштӣ, шитараҷ ва рӯянро ҷӯшонида, обашро ҳуқнарезӣ ва дурдашро бар сурин зимод кунанд. Ин яке аз ҳуқнаҳои сабуки аз барои ин [беморӣ] судманд бувад. Инчунин, бо сирко ва сабӯси гармкарда зимод кунанд. Агар андар он ҷо хуни миранда ҷой дошта бошад, маҳалли хунро бо зари сурх ба ҳадде доғи сахт ниҳанд, ки аз он ҷой хун ҷорӣ шавад.212 Фасли чаҳорум андар баёни табишҳое, ки бо номи «бутм» маъруфанд
Ин гуна табишҳо андар соқ падид омада, савдовӣ ва мисли газмозу ва ё донаи бузурги хинҷак (бутм) бошанд ва моддаи онҳо айни моддаи даволист. Илоҷи ин табишҳо аз ҷиҳати поксозӣ чун илоҷи даволӣ ва решҳои савдовие бошад, ки қонуни онҳоро андар Китоби чаҳорум ёд хоҳем кард.
Фасли панҷум андар баёни сумдард
Ин гоҳе аз лат хӯрдан, ё афтидан, ё задани мӯза ва аз дигар сабабҳо ба амал ояд ва аз бисёр рехтани оби сард ва тило кардани момисо ва гили армании маҳлул беҳ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор