Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шашум
андар баёни заъфи пой

Ин гоҳе сириштист ва гоҳе аз мондагии бисёр, аз истирхои пешомада ва аз баста шудани роҳи гузаштани ғизо ба сӯяш ба амал ояд, чунонки хоякашидагонро чунин бувад.
Фасли ҳафтум андар баёни дардҳои нохунҳо ва азҳам рехтани онҳо

Илоҷи инҳо ба илоҷи судасумӣ наздикӣ дорад. Яке аз тадбирҳои аз барои ин ғараз судманд зимод кардани барги мӯрд, барги сарв ва марҳамест, ки аз пиҳҳо ва бо саргини буз ва саргини гов бисозанд. Низ зимод кардани гавзи сарв ва абҳал ва инчунин пистаи ҷӯшонида аз барои он судманд бувад. Яке аз тадбирҳое, ки хуни мурдаи зери нохуни пахшшударо бигудозад, ин аст, ки ордро бо зифт хамир карда, бар вай биниҳанд.
Фасли ҳаштум андар баёни дамидан ва хоридани нохунҳо

Инро аз тариқи пайваста бо оби дарё шустан муолаҷа кунанд ва аз ин роҳ беҳ шавад. Низ бо ҷӯшонидаи наск ва говдона ва ё бо ҷӯшонидаи «нармода» [бишуянд]. Яке аз зимодҳои он балбус, зифт ва анҷирест, ки ҳамаро якҷоя ва ё ҷудо-ҷудо ҷӯшонида бошанд.
Фасли нуҳум213 андар баёни нохунхора

Ин омоси гарми хуроҷиест, ки ба наздики нохунҳо ва бо дарду дилзании сахт ориз бигардад. Гоҳе дарди он то ба зери бағал бирасад ва гоҳе ба ҳангоми он таб шиддат ёбад.
Агар ин [беморӣ] андар буни нохун падид ояд, аз сабаби он нохун бирезад. Аксар вақт ки он ориз бигардад, андар дастҳо ориз бигардад. Бисёр бошад, ки реш шавад ва гоҳе аз ҳолати решӣ ба хӯра ва фасод сохтани ангушт бигузарад. Ин ҳангоме бошад, ки аз он хунобаи бадбӯй ҷорӣ шавад.
Илоҷ: Бояд хун гирифт, исҳол овард ва тадбири ғизоии латиф ба кор бурд. Андар оғоз аз истеъмоли чизҳои қабзкунанда боз доранд ва сипас гӯшти зиёдатиро бо чизе нест кунанд, ки чандон сахт сӯзанда набошад. Андаку нав падидомадаи онро ангубини бо мозу маъҷункарда шифо бахшад ва ё онро аз афзоишу рим кардан боз дорад. Яке аз тадбирҳое, ки андар оғоз суд бахшад, (628) зимод кардан бо сирко ва сабӯси гармкарда бувад. Низ марҳами кофурии ростинӣ, на ба ном, [судманд аст] ва онро бо чизҳое бисозанд, ки кофурро низ аз он чизҳо со

занд. Инчунин, афюни бо луоби аспғуле, ки андар сирко тар карда бошанд, [хуб аст]. Самғи214 арабии бо оби дегафзорҳо шусташуда ва инчунин сабри ҳиндӣ судманданд. Бехи савсан ва кундури судаи танҳо ва ё бо дигар чизҳо аз барои чунин [беморон] нофеъ бувад.
Як доруи аз барои ин ғараз хуб: Сабр, гулнор, кундур ва мозуро гирифта, аз онҳо зимод созанд ва нохун аз ин шифо ёбад ва онро рим кардан нагузорад. Низ: агар шухи гӯш ва ҳузазро пеш аз рим кардан тило кунанд, суд бахшад ва рим кардан нагузорад. Мӯрддонаи бо майпухта (ақид) ҷӯшонида низ [хуб аст]. Яке аз чизҳое, ки ба хосият суд бахшад, сӯҳонсудаи ашки фил бувад.
Агар дардаш шиддат ёбад, [ангуштро] якчанд бор андар равғани тафсон бизананд, сипас бо бархе аз зимодҳо зимод кунанд. Агар андар оғоз чунин кор кунанд, онро бигардонад ва суд бахшад. Ҳар гоҳ ба пухтан оғоз кунад, бар вай тухми марв ва аспғулро бо шир биниҳанд ва чун рим кунад, онро ба таври хурди начандон амиқ нештар бизананд ва пок бисозанд. Сипас, бо писти себ ва ё писти дӯлона ва ё бо наск, гулнор, гул ва ғайра зимод кунанд. Агар худ ба худ бикафад, низ бо чизҳои ба ҳаминҳо наздик муолаҷа кунанд. Ҳар гоҳ ба реш шудан бипардозад, аз барои он орди боқилии мисрӣ бо ангубин хуб аст. Агар бисёр сахт реш шавад, онро бо марҳами зангори танҳо ва ё омехта бо марҳами сафеда муолаҷа кунанд ва бар болояш латтапораи андар шароб таркарда биниҳанд. Низ аз барои он аз зоги сӯхта ва кундур [як бахшӣ ва аз зангор]215 ним бахш гирифта, бо ангубин бисованд ва бар [омос] биниҳанд. Низ, пӯсти анори туруш, мозу ва туполи мисро гирифта, бо ангубин якҷоя кунанд ва аз он чарб бисозанд.
Марҳами гулнор андар ин ҳангом сахт суд дорад. Ҳар гоҳ ки реш шуд, бояд ба қадри имкон гӯштро аз нохун ҷудо кунанд, то нохун озор набинад. Агар нохунро гӯшти зиёдатӣ ба нохунхора гирифтор кунад, ин нохунро бикананд. Агар реш андар тариоварӣ ба ғоят расида, чирк кунад, аз зог, зангор, зирних ва оҳак фалдафиюн бисозанд, ки он хушккунандаи судманд бувад. Низ, аз барои он хокаеро ба кор баранд, ки аз кундур ва зирнихи сурхи ба миқдори баробар гирифта сохта бошанд ва ангуштро бо он нек бипӯшонанд. Ҳар гоҳ бубинӣ, ки аз нохун хунобаи тунуки бадбӯй ҳамеояд, пас, он ба хӯрдани ангушт оғоз кардааст ва зуд ба буридани он ва доғ ниҳодан бипардоз.
Мумкин аст моро андар ҷойҳои дигар чунин иттифоқ биафтад, ки боз ба масъалаи нохунхора баргардем.216 Китоби севвуми Қонун ба поён расид. Сипос мар Худойро, ки Парвардигори ҳамагон Ӯст ва дуруд бар фиристодаи Ӯ Муҳаммад ва бар ҳамаи хонадони эшон бод.

пешина
аз 1215
навбатӣ