Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

КИТОБИ чаҳорум

андар бемориҳои
ҷузъие, ки хосси ягон
андом нестанд ва
андар баёни оростагӣ
БА НОМИ ХУДОИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН

[Ситоиш Худойро ва дуруд бар бандагони муъмини
Ӯ бод. Чун ба ваъдаи худ оид ба таснифи китобҳои тиббиямон, ки Якуми онҳо андар аслҳои ҳамагонӣ, Дуввуми онҳо ҷомеъи доруҳои сода ва Севвуми онҳо андар
баёни бемориҳои ҷузъист, вафо кардем, акнун ҳангоми

он расидааст, ки андар ин Китоби чаҳорум бемориҳои ғайри хос ба ягон андоми муайян ва оростагиро ёд кунем ва гуфторро андар ин бора ба ғояти камол бирасонем. Ин китобро мо бар ҳафт фанн тақсим намудем, ки ҳар фанне шомили як идда мақолаҳо ва ҳар мақолае иборат аз якчанд фасл аст].
Фанни нахустин гуфтори ҳамагонӣ андар баёни табҳо, ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин

АНДАР БАЁНИ ТАБИ ЯКРӮЗӢ
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни табҳо2

Таб гармии бегонаест, ки андар дил фурӯзон гардида, аз он ҷо ба миёнҷии рӯҳу хун ва аз тариқи шараёнҳову рагҳо андар тамоми тан густариш ёбад. Вай андар тан чандоне биафрӯзад, ки феълҳои табииро зиён оварад ва на мисли он гармие бувад, ки аз хашм ва мондагӣ падид ояд, аз баҳри он ки ин ба андозаи осеб расидани феъл ва густариш ёфтан нахоҳад расид.
Бархе аз мардумон табро нахуст бар ду бахш қисмат кардаанд: ба таби беморигӣ ва таби араз ва табҳои омосҳоро аз ҷинси таби араз шуморидаанд. Маънои ин гуфтаи эшон чунин аст, ки миёни таби беморигӣ ва сабабе, ки беморӣ нест, ҳеҷ миёнҷӣ ҷой надорад. Мисоли ин таби уфунат аст, ки уфунат бе миёнҷӣ сабаби он буда, ба нафси хеш на беморӣ, балки сабаби беморӣ бувад. Аммо таби омос бошад, оризи омос буда, вуҷуди он ҳамроҳ бо тобеъ будани омос ба ӯст ва худи омос андар нафси хеш беморист.
Шояд ягон муноқишакунандае гӯяд: «Агар таби омос тобеи гармии омос ва лозимии дарди он бошад, пас, чунин ба назар бирасад, ки ин таби араз аст ва андар ин ҳол воҷиб аст бисёре аз табҳои якрӯзӣ табҳои араз бошанд.
Агар [таби омос] тобеъ ба уфунате бошад, ки андар омос ҷой дорад, пас омос на аз ҷиҳати омос будан, балки аз ҷиҳати уфунати андар хеш ҷойдошта сабаби аввалии таб бувад ва аз ин ҷо сабаби (3) зотии он уфунат буда, омос ҷуз ба араз сабаби он нахоҳад буд.3 Агар аз «таби араз»
гуфтан на чунин хоста бошанд, балки мурод он бошад, ки таб тобеи омос буда, ба вуҷуди он вуҷуд дорад, он гоҳ ҳолати табҳои уфунатӣ низ андар қиёс ба уфунат ҳамчунин хоҳад буд. Лекин машғул шудан ба ин гуна муноқишаҳо андар илми тиб ягон суде надорад ва ин диққати пизишкро аз пешаи худ ба сӯи баҳсҳое бикашад, ки мумкин аст боиси фурӯ мондан аз пешаи хеш бигардад. Бинобар ин, мо ба ҳасби он чи, ки одат шудааст, рафтор намуда мегӯем: бигузор табҳои омосҳо ва суддаҳо табҳои араз бошанд. Низ бояд бигӯем, ки азбаски тамоми чизҳои андар тани инсон буда аз се ҷинс иборатанд – андомҳои ҳовии рутубатҳову рӯҳҳо, ки қиёси онҳо чун қи

ёси деворҳои гармоба аст, рутубатҳои андар онҳо ҷой доштае, ки қиёси онҳо чун қиёси обҳои гармоба аст ва рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табиӣ ва бухорҳои паҳнгардида, ки қиёси ҳамаи онҳо чун қиёси ҳавои гармоба бувад, бинобар ин он чи, ки ба сабаби гармии бегона ба таври аввалӣ афрӯхта бигардад, яке аз ҷисмҳои сегонаест, ки андар инсон берун аз онҳо ягон ҷинси ҷисмонии дигаре нест. Ин чизи афрӯхташуда чизест, ки чун хомӯш гардад, чизҳои ҳамҷавораш сард гарданд ва агар чизҳои ҳамҷавораш сард бигарданд, аз ин хомӯш шудани он воҷиб наояд, балки мумкин аст боқӣ бимонад ва дубора ҳамҷаворони хешро гарм созад.
Ҳар гоҳ таб ба тариқи аввалӣ андар андомҳои аслӣ ҳамчуноне паҳн бигардад, ки гӯӣ, масалан, оташ ба деворҳои гармоба, ё ба дами оҳангар ва ё ба деги ошпаз даровехта аст, ин гуна таб аз ҷинси табҳое бувад, ки онро «таби диққ» хонанд. Агар таб нахуст андар хилтҳо даровезад ва сипас аз тарафи онҳо андар андомҳо густариш ёбад, чунончи бисёр биафтад, ки андар гармобаҳо оби гарм бирезанд ва аз сабаби он деворҳои гармоба битафсад ва ё андар дег шӯрбои гарм бирезанд ва аз он дег гарм шавад, ин гуна таб аз ҷинси табҳое бувад, ки онро «таби хилт»
хонанд. Агар таб нахуст ба рӯҳҳо ва бухорҳо даровезад ва сипас аз тариқи онҳо андар хилтҳо ва андомҳо густариш ёбад, чунончи, чунин иттифоқ биафтад, ки ба сӯи гармоба ҳавои гарм биравад ва ё андар он оташ афрӯзанд ва ҳавояш гарм шуда, аз он гармӣ ба сӯи об ва деворҳо бигузарад, ин гуна таб аз ҷинси табҳое бувад, ки онро «таби якрӯзӣ» хонанд, аз баҳри он ки чунин таб ба чизи латифе даровехта аст, ки зуд ҳал бигардад ва агар ба ягон ҷинси дигаре аз табҳо табдил наёбад, кам иттифоқ биафтад, ки аз як шабонарӯз таҷовуз кунад.
Ин гуна тақсими табҳо аз рӯи наздик ба тақсими фаслӣ будан бувад ва гоҳе табҳоро аз рӯйҳои дигаре низ тақсим намуда гӯянд, ки бархе табҳо тез, бархе ғайри тез, бархе деррав, бархе ғайри деррав, бархе шабонагӣ, бархе рӯзонагӣ, бархе беосеби бевосита, бархе дорои аразҳои нописанд, бархе сустидор, бархе монда ва аз миёни табҳои монда бархе дорои шиддатёбиҳову паст шавиҳо ва бархе яксон буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ