Қонуни тиб

[Низ] бархе аз табҳо гарм, бархе сарди ларзонанда ва ё бо фарошо, бархе сода ва бархе мураккаб буванд.
Фасли дуввум4 андар баёни танҳое, ки қобили пазируфтани табҳоянд
Гуфтаанд, ки танҳои беш аз ҳама ба шиддат пазирандаи табҳо танҳои гарми тар ва хусусан [танҳое] мебошанд, ки тарӣ андар онҳо қавитар аз гармӣ бувад. Ин гуна одамонро арақ, пешоб ва бирози бадбӯй бошад. Танҳои гарми хушк низ пазирои табҳои тезеанд, ки онҳо нахуст ба намуди якрӯзӣ оғоз ёфта, сипас ба [табҳои] гандидагиву сӯзонандагӣ бигароянд ва гоҳе мумкин аст беморро ба диққ гирифтор кунанд. Баъд аз ин ду гурӯҳ онҳое биистанд, ки тарию хушкии ҷисмашон яксон ва гармӣ фармонраво бошад. Андар ин ҷинс аз танҳо нахуст таби ба бухори гарм вобаста падид ояд [3] ва сипас ба таби хилтӣ гузарад. Баъд танҳое биистанд, ки андар онҳо гармию сардӣ яксон ва тарӣ беш бувад. Ин гуна танҳоро андар бештари ҳол аз оғоз табҳои уфунатӣ падид оянд. Танҳои сарди тар ва сарди хушк камтар аз ҳамаи танҳо гирифтори табҳо ва хусусан таби якрӯзӣ бигарданд.
Фасли севвум5 андар баёни марҳалаҳои табҳо
Табҳоро низ мисли соири бемориҳо марҳалаҳоест, ки аз оғоз, болоравӣ, истодан андар нуқтаи интиҳо ва пастравӣ иборатанд. Ин марҳалаҳо гоҳе ҳамагонӣ ва гоҳе ба ҳасби ҳар як навбат ҷузъӣ буванд.6 (4) Ҳолатҳои хатарнок аз оғоз то анҷом ҷой доранд, вале ба ҳангоми пастравӣ бемор на аз сабаби худи таб, балки аз он сабабе бимирад, ки баъд баён хоҳем кард.
Оғоз ин марҳалаест, ки гармии модарзодӣ аз моддаи андар андом ба анбӯҳ рехта дамгир шавад, яъне он марҳалаест, ки ҳанӯз на пазиш ва на чизи зиддӣ онро ягон асаре падид наомада бошад. Оғоз андар ҳар як беморӣ ҷой дорад, лекин гоҳе ба ҳангоми сунухус,7 саръ ва сакта аз сабаби ноаён вуҷуд доштанаш нанамояд ва чун оғоз ноаёни камараз бигузарад, гумон кунанд, ки ин гуна [бемориҳо] бе оғозанд. Ҳамчунин гоҳе андар рӯзи нахустини табҳои тез [андар пешоб] ягон ғубор ва ё нишонаи пазиш бибинанд ва гумон кунанд, ки [беморӣ] бе оғоз аст, вале на чунин бувад.
Афзоиш ин марҳалаест, ки андар он гармии модарзодӣ аз барои муқовамат намудан бо модда ба таври намудор ба ҳаракат ояд ва нишонаҳои пухтагӣ ва ё нишонаҳои зидди пухтагӣ падид оянд. Интиҳои [афзоиш] ҳангоме бувад, ки андар он куштори миёни табиату модда шиддат ёбад ва ҳолати пирӯзии яке бар дигарӣ намудор гардад. Яъне, ин ҳангоми муҳораба буда, муддаташ андар табҳои дорои навбати тез ба қадри як навбат аст ва ҷуз ба миёнҷии навбати баъдина шинохта нашавад ва ё ба миқдори ду навбат буда, ҷуз ба ёрии навбати севвум шинохта нашавад ва ба ғайр аз ҳолати бемориҳои деррав дигар андар бештари ҳолатҳо беш аз ду навбат нахоҳад буд. Гоҳе мумкин аст навбатҳои бисёре аз ҷиҳати ҳамаи ҳукмҳои хеш ба якдигар монанд бошанд. Андар
ин ҷо ба наздики анҷомёбӣ нишонаҳои пухтагӣ ва зидди пухтагӣ пурра падид оянд.
Пастравӣ марҳалаест, ки андар он гармии модарзодӣ бар модда фирӯзӣ ёфта, онро мағлуб карда бошад ва ба ҳоли кам-кам пароканда сохтани ҷамъияти он бувад.
Андар ин ҳангом гармии дарунӣ паст шавад ва ба сӯи андомҳои атрофӣ ронда шуда, ба таҳлил нест гардад ва ин бисёр бошад, ки [пизишкро] ба ғалат андозад. Анҷом андар бемориҳои [гуногун] гуногун бувад. Анҷоми аз ҳама дарозтар ба ҳангоми бемориҳои ниҳоят тез то ба чаҳор рӯз бирасад. Табҳои якрӯзӣ низ аз ин ҷумлаанд, вале онҳоро бемории тез нашуморанд, зеро аз барои тезии беморӣ танҳо кӯтоҳ будани анҷоми он кифоят нест, балки бояд аз ҷумлаи бемориҳои хатарнок бошад. Сипас бемориҳои ба таври мутлақ, на беандоза, тез оянд ва инҳо он бемориҳоеанд, ки анҷоми онҳо то ба ҳафт рӯз бикашад ва мисолашон таби сӯзон ва таби рӯзафкани монда бувад. Бархе аз онҳо аз ин ҳам камтар тез буда он табҳоеанд, ки анҷоми онҳо то ба чаҳордаҳ рӯз бикашад. Он чи ки сипаси инҳост, табҳои тезтари дерраванда буда, [анҷоми онҳо] то бисту як рӯз бикашад ва баъд аз онҳо табҳои дерравандае биистанд, ки [анҷомашон] то чиҳил рӯз, ҳафтод рӯз ва беш аз он бикашад.
Шинохтани дараҷаи марҳалаҳои бемориҳои тез ва дерраванда, чунонки баъд ёд хоҳем кард, аз барои тадбири ғизои беморон судманд аст.
Марҳалаи оғоз, анҷом ва афзоиши бисёри табҳо андар як навбат пурра ба амал оянд ва андар навбатҳои дигар ба шакли паст зуҳур кунанд. Аз ҷиҳати замонҳои инҳо низ табҳо гуногун буда, бархеро марҳалаи афзоиш ва бархе дигарро марҳалаи пастравӣ дер бикашад.
Фасли чаҳорум8 андар шинохтани марҳалаҳои беморӣ ва хусусан анҷоми он
Марҳалаҳои ҳамагонии бемориро гоҳе аз тариқи навъи беморӣ бидонанд ва ташаннуҷи хушк, саръ, сакта ва хуноқ аз ҷумлаи бемориҳои ниҳоят тез, таби рӯзафкани холис ва таби сӯзон аз ҷумлаи бемориҳои на чандон тез ва таби чоҳоррӯзӣ ва фалаҷ аз ҷумлаи бемориҳои дерраванда буванд. Гоҳе дигар онро аз тариқи ҳаракати беморӣ шиносанд. Бинобар ин агар навбатҳо кӯтоҳ бошанд, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки поёни беморӣ наздик аст. Масалан, таби рӯзафкани холис ҳамин гуна буда, замони навбатҳои он аз се соат то чаҳордаҳ соат бикашад. Ё агар дароз бошанд, гувоҳӣ аз он диҳанд, ки модда ситабр ва марҳалаи анҷом ҳанӯз дур аст. Чунончи таби рӯзафкани ғайри холис ҳамин гуна бувад. Агар навбатҳо ҷой надошта бошанд ва баръакс модда тез бошад, чунончи сунухус ҳамин гуна аст, андар ин ҳол беморӣ тез хоҳад буд, вале агар модда сарди ситабр бошад ва ё ба ситабрӣ бигарояд, пас беморӣ ғайри тез бувад. [Марҳалаҳои ҳамагонии бемориро] низ гоҳе аз тариқи намуди зоҳирӣ шиносанд.
Агар [намуди зоҳирӣ] зуд борик ва рӯю сарҳои устухонҳои паҳлуҳо пажмурда бигарданд, пас, беморӣ тез аст, вале агар ба ҳоли хеш боқӣ монанд, беморӣ чандон тез набошад. Гоҳе инро аз тариқи қувват бад-ин гуна бишносанд, ки агар қувват зуд заиф бигардад, пас, бе морӣ тез бувад ва агар чунин ҳол падид наояд, пас, беморӣ ғайри тез хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор