Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бори дигар онро аз тариқи синн ва фасли сол бишиносанд. Яъне ба ҳангоми синни гарммиҷоз ва ду фасли гарм марҳалаи анҷоми бемориҳо зуд ва ҳангоми синнҳои сард ва фасли сард дер фаро бирасад. Ҳоли кишварҳо низ ҳамчунин аст. Боре онро аз тариқи набз шиносанд. Бад-ин гуна, ки агар набз зуд, думодум ва бузург бошад,(5) беморӣ тез ва андар адами он ғайри тез хоҳад буд. Гоҳе аз тариқи табларза бад-ин гуна бишиносанд, ки агар он дарозмуддат бошад, беморӣ рӯ ба дер кашидан дорад ва агар кӯтоҳмуддат бошад, беморӣ ба тезӣ бигарояд, вале агар табларза аслан набошад, пас, беморӣ кӯтоҳтарин намуди бемориҳо бувад.
Баъзан марҳалаҳои бемориро аз тариқи марҳалаҳои навбатҳо метавон шинохт. Агар навбатҳо пайваста рӯ ба пешравӣ буда, бахши фузунии як навбат аз бахши фузунии навбати пешомада ба таври афзоишёбанда фарқ кунад, пас беморӣ андар марҳалаи афзоиш аст. Аз баҳри он ки бархе аз бемориҳо то охирин марҳалаи хеш ба тариқи афзоиш ёфтан бигузаранд ва инҳо аз ҷинси таби рӯзафкан ва аз ҷинси таби ҳаррӯзӣ буванд. Агар [навбатҳо] баъд аз пешравӣ биистанд ва фарқиятҳо аз афзоиш бозмонанд, эҳтимол аст, ки беморӣ қариб ба марҳалаи анҷом расида бошад, вале агар ба таъхир биафтанд, пас беморӣ рӯ ба пастравӣ бувад. Навбати як соат давомкунанда дарозмуддат аст.
Ҳамчунин, ҳолати марҳалаҳоро аз тариқи афзоиши аразҳои таб, боз истодан ва костани онҳо ва низ аз тариқи фузунии дарозӣ ва кӯтоҳии навбатҳо, ки онҳо гоҳе гуногун ва гоҳе яксон буванд, бишиносанд.
Гоҳе дигар онҳоро аз тариқи истифроғҳо бишиносанд.
Агар андар ягон навбате арақ ва ё исҳол ба амал ояд ва навбати баъдаш оянда ба андозаи шиддатнокии навбати якум ва ё беш аз он шиддатнок бошад, пас ин истифроғ ба бисёрии [модда] вобаста бувад, на ба қувват ва беморӣ аз тӯл кашидан огоҳӣ диҳад.
[Марҳалаҳои бемориҳоро] гоҳе аз тариқи пазиш ва ҳолати зидди пазиш бишиносанд, чунонки мо онро ёд кардем. Масалан, агар балғами як андоза пухта ва ё пешоби як миқдор ғубордор зоҳир гардад, пас ин оғози марҳалаи болоравист. Сипас, агар ин [нишонаҳо] афзоиш ёфта, зоҳиртар шаванд ва ё ҳолати зидди он рӯй диҳад, пас ин марҳалаи анҷом бувад. Ҳамчунин, агар аз тариқи балғам ва ё ғуборнокии пешоб пазиш ва ё ҳолати зидди он зуд ҳувайдо бигардад, бидон, ки марҳалаи анҷомёбӣ наздик аст, вале агар ба таъхир биафтад, бидон, ки марҳалаи анҷом ҳанӯз дур бувад.
Аммо шинохтани марҳалаҳои ҷузъӣ ба таври зерин аст: Марҳалаи навбат он марҳалаест, ки ба ҳангоми он набз фишурда бигардад ва маънои инро дониста будӣ, ранги андомҳои атрофӣ9 тира шавад, андомҳои атрофӣ ва хусусан сари гӯшу бинӣ то замони ба ҳис дарёфтани паҳншавии ҳарорат сард бигарданд. Гоҳе баробари марҳалаи оғоз ранг бигардад, ланҷию андӯҳгинӣ ба амал оянд, ҳаракатҳо ба сустӣ бианҷоманд, хоболудию сустии пилкҳо рӯй диҳанд, сухан гуфтан гарон шавад ва андар миёни китфҳову камаргоҳ фарошо падид ояд. Гоҳе мумкин аст табларзаи сахт ба амал ояд ва гоҳе дигар [4] оби

даҳон биравад, гижгоҳиҳо ба паридан дароянд, гӯшҳо бонг бизананд, атса ояд ва андомҳои тан аз ҳам кашида шаванд. Аз ҳама бештар қувват ба марҳалаҳои оғоз ва анҷом нотавон бигардад.
Марҳалаи болоравиро нимаи якум ҳамон ҳангоме бувад, ки андар он набз ба падидор шудан, бузург гардидан ва зуд-зуд задан оғоз кунад ва гармӣ ба таври яксон андар тамоми тан густариш ёбад. Нимаи дигари он ҳамон ҳангомест, ки андар он ин гармӣ ҳоло ҳам ба таври яксон интишор ёбад ва рӯ ба афзоиш бошад. Марҳалаи анҷоми [болоравӣ] он марҳалаест, ки андар он гармӣ ва аразҳо ба ҳоли хеш бимонанд ва набз ҳар қадар ки мумкин аст бузургтар, суръатноктар ва думодум бувад. Пастравӣ ҳамон вақтест, ки андар он ҳангом коҳишёбӣ оғоз ёбад ва набз ба муътадилу ҳамвор шудан бипардозад. Сипас марҳалае ояд, ки андар он тан ба арақ кардан оғоз намуда, ин ба канда шудани [беморӣ] бианҷомад. Бисёр бошад, ки ба наздики марг ҳолате чун пастравӣ рӯй диҳад ва чунин бинамояд, ки гӯӣ бемор рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, вале набояд бад-ин фирефта шуд, балки бояд ҳоли набзро шинохт, ки оё он бузурги қавист, ё не.
Агар бихоҳӣ, ки бароят аз ҳоли таби рӯзафкан масале бизанем, мулоҳаза фармо: андар бештари ҳолатҳо ба ҳангоми таби рӯзафкан нахуст фарошо, сипас сармову табларза падид оянд ва баъд аз он табларза ором гирифта, сармо бикоҳад. [Тан] ба гарм шудан оғоз намуда, сипас гармшавӣ ба дараҷаи яксонӣ бирасад, баъд фузун гардида, ба нуқтаи таваққуф бирасад ва баъд аз он рӯ ба коҳиш ёфтан ниҳода, то канда шудани беморӣ коҳиш ёбад.
Бидон, ки муддати беморӣ ё ба сабаби бисёрии модда, ё ба сабаби ситабрии он ва ё ба сабаби сардии он дароз бикашад. Гоҳе аз барои ин фасли сард, кишвари сард, тани сард, нотавонии гармии модарзодӣ ва фишурдагии пӯст ёварӣ кунанд ва инҳоро бояд бидонӣ.
Фасли панҷум10 гуфтори ҳамагонӣ андар баёни табҳои якрӯзӣ

Сабабҳои ҳамаи намудҳои таби якрӯзӣ сабабҳои берунии ё ба зот ва ё ба араз гармиоваранда буда, аз ҷумлаи чизҳои дучороянда, чизҳои хӯрдашаванда, инфиолоти баданию нафсонӣ, дардҳо ва омосҳои зоҳирӣ мебошанд. Гоҳе бархе аз онҳо аз сабаби суддаҳое ба амал оянд, ки сабаби онҳо берунӣ нест ва шиддатнокии сабабҳои ин гуна [таб] ба андозаи аз ҳадди рӯҳафрӯзӣ таҷовуз кардан нахоҳад расид, зеро агар аз он ҳад таҷовуз кунад, ба таби диққӣ (6) ва ё ба як намуд аз табҳои хилтие гирифтор созад, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард. Сабабҳои берунӣ бисёр вақт [сабабҳои] пешомадаро ба ҷунбиш оваранд ва агар онҳоро ба сӯи гандидан равона кунанд, [табҳои уфунатӣ падид оянд].11 Бархе аз мардумон чунин тасдиқ кунанд, ки гӯё таби якрӯзӣ ҷуз аз сабаби мондагии тан ва рӯҳ ба амал наояд, вале ин хатост.
Ин гуна табҳо аксар вақт андар як рӯз аз байн бираванд ва кам биафтад, ки аз се рӯз бигузаранд. Агар аз ин андоза бигузаранд, аз ҳоли онҳо чунин ҳадс бизананд, ки онҳо интиқол ёфтаанд ва маънои «интиқол» он бошад, ки даровехтани гармӣ аз ҳадди рӯҳ ба тан ва ё хилт таҷовуз кардааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ