Қонуни тиб

Вале бархе аз мардумон чунин ёд кардаанд, ки гоҳе мумкин аст ин [таб] шаш рӯз давом кунад ва пурра аз байн равад, вале агар ба ҷинси дигар интиқол меёфт, ин гуна ҳолат рӯй намедод.
Ин гуна таб ба осонӣ муолаҷа ва ба душворӣ шинохта шавад ва оғози таби диққӣ низ ҳамчунин аст.
Касони аз ҳама зудтар ба табҳои якрӯзӣ гирифтороянда ва аз ҳама беш аз онҳо зиёнбинанда, онҳоеанд, ки ҳангоми [муолаҷаи] онҳо ғалат афтад ва мизоҷашон ғолибан гарми хушк бошад ва бинобар ин [таби якрӯзӣ] зуд ба таби диққӣ ва рӯзафкан бигузарад. Сипас касоне биистанд, ки бар мизоҷи эшон гармию тарӣ ғолибтар бошанд ва бинобар он [таби якрӯзӣ] зуд ба таби уфунатӣ бигузарад. Баъд касоне биистанд, ки андар мизоҷашон гармӣ бештар бувад ва сипас касоне биистанд, ки андар мизоҷи эшон хушкӣ бештар бошад.
Ҳар гоҳ каси мизоҷаш гарми хушкро гуруснагӣ рӯй диҳад ва ба ин бехобию мондагии нафсонӣ ва ё мондагии ҷисмонӣ ҷуфт гардад, зуд таби якрӯзии бо каме фарошо ба сӯяш шитобад ва агар чорабинӣ накунанд ва ба вай ҳолан таом надиҳанд, зуд таби уфунатӣ ба сӯяш шитобад.
Фасли шашум12 нишонаҳои хосси табҳои якрӯзӣ, ки бо ёрии онҳо аз дигар табҳо фарқ кунанд
Яке аз хусусиятҳои онҳо чунин аст, ки ин гуна [табҳо] аз сабабҳои пешгузашта ба амал наоянд ва на бо фишурда шудани [набз] оғоз ёбанд. Яъне онҳо андар бештари ҳолатҳо бо табларза, сард шудани андомҳои атрофӣ, фурӯ рафтани гармӣ, майл доштан ба ланҷию хоб, ба андарун рафтани набз ва ноҳамвору хурд шудани он оғоз наёбанд, балки мумкин аст андар оғози онҳо ҳолате шабеҳ ба сардӣ ва ё фарошо ва дарди халакунандае падид оянд, ки сабабаш бухори кимуси бад буда, вале зуд аз байн биравад. Гоҳе ба нудрат ба иллати бе ҳад бисёр будани бухорҳое табларза ориз бигардад, ки аз тариқи хала кардан мушакҳоро озурда созанд. Афрӯхтагии ин [табҳо] на сӯзонандаи дурушт, балки мисли гармии тани каси мондашуда ва маст форам бувад.
Агар пешоб андар рӯзи якум пухта ва набз хуб бошад, ҳукм бар он кун, ки ин таби якрӯзист. Аз баҳри он ки пешоб андар ин ҳангом аз ҷиҳати якрӯзӣ будани ин таб дигаргун нашавад ва дурдии он ба ҳоли пухта ва ғайри моил ба ранги ягон хилт боқӣ бимонад, вале ғубори он мумкин аст овезон бошад ва ё мумкин аст бар сари пешоб бигардад ва хушранг бувад. Агар чунин иттифоқ биафтад, ки рангаш муътадил набошад, қивомаш муътадил хоҳад буд ва дигаргун шудани ранги пешоб бо вуҷуди набудани таб ба яке аз сабабҳои дигаргунсозандаи пешоб, ки қарини ӯ гардидааст, вобастагӣ дорад ва ин яке аз он чизҳоест, ки андар боби [табҳои] мондагӣ ва монанди он ёд ҳоҳем кард. Набз ба сӯи думодумӣ, нерӯмандӣ ва бузургӣ бигарояд ва ин ба шартест, ки ин [табҳо] аз сабаби инфиолоти нотавонсозандаи қувват ба амал наомада бошанд ва андар даҳони меъда ягон хилти газанда, ё сардӣ ва ё ягон сабаби дигари хурдсозандаи набз аз ғайри таб ҷой надошта бошад. Набз бисёр кам бошад, ки ноҳамвор бигардад, вале чун ноҳамвор
бигардад, бо низом бошад. Агар набз бар хилофи ин бувад, пас ин ба сабабе вобаста бошад, ки пеш аз таб ҷой дорад ва ё қарини таб гардида бошад. Мисоли ин мондагии сахт, ё сӯзиши сахти андомҳои дарунӣ ва ғайра мебошад. Гоҳе набзро чунин рӯй диҳад, ки ба иллати сардии сахти фишурдакунандаю сардсозанда, ё гармии баланди хушкиоварандаи офтоб, ё ба иллати мондагии сахти хушкиоваранда, ё гуруснагӣ, ё бехобӣ, ё андӯҳ ва ё истифроғ овардан сахт [сулб] бигардад. Гоҳе андар ин ҳангом боз шудан зуд ва андар хеш кашида шудан дер бианҷоманд, вале зуд анҷом ёфтани бозшавӣ ҷуз ба нудрат аз ҳадди табиӣ чандон беш набошад ва зудии андаке ҷой хоҳад дошт, аз баҳри он ки андар ин ҳол ҳоҷат ба бод додан бештар аз ҳоҷат доштан ба берун сохтани бухори фосид бувад, зеро ба ҳангоми [табҳои якрӯзӣ] ин бухор ба қиёси бухори муътадил на табаҳ, балки гарм13 аст. Агар [шинохтани] набз ва андар хеш кашида шудани он бароят мушкил бошад, онро метавонӣ аз тариқи нафаскашӣ бишинохт. Баъд аз канда шудани табҳо набз ба он ҳолати табиие боз ояд, ки одати ҳамешагии ин тан бувад ва ин нишонаи хуб аст.
Бидон, ки умуман ҳар бор пешоб ва набз хуб бошанд, ин далолат бар он кунад, ки таб якрӯзист, вале агар чунин набошад, воҷиб нест, ки таб якрӯзӣ набошад, зеро бисёр бувад, ки ба ҳангоми [табҳои якрӯзӣ] пешоб рангин ояд ва набз ноҳамвор, заиф ва хурд бигардад. Яке аз далелҳои якрӯзӣ будани таб ин аст, ки оғози он оҳиставу нарм бувад ва марҳалаи афзоиши он беш аз ду соат накашад ва бо марҳалаи анҷомёбияш аразҳои сахт ёр набошанд. (7) Таби уфунатӣ бар хилофи ин бувад. [Низ] ба ҳангоми [табҳои якрӯзӣ] аразҳои душвор падид наоянд, гармии сахт туғён накунад ва баробари ин дардҳо кам ҳис карда шаванд. Агарчи мумкин аст ба ҳангоми онҳо сардард ва ё ягон дарди дигаре ҷой дошта бошад, вале он устувор набувад ва баъд аз канда шудани таб боқӣ намонад. Ҳамаи ин далолат бад-он кунад, ки таб якрӯзӣ аст. Аксар вақт канда шудан аз тариқи арақ рехтану таровише ба амал ояд, ки он ба арақи табиӣ монанд буда, вале арақи хилтӣ набошад ва аз ҷиҳати камият низ чандон ба ифрот наояд, балки чунон ки аз ҷиҳати кайфият қариб мисли арақи табиист, аз ҷиҳати камият ҳам қариб мисли он бувад. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки арақ ба фаровон ояд, пас таб ғайри таби якрӯзист. Яке аз тариқаҳои санҷиши таби якрӯзӣ ин аст, ки худованди онро ба гармоба дароранд. Агар аз истодан андар он ҷо чизе шабеҳи фарошо ва аз ғайри одат падид ояд, бидонанд, ки таб таби уфунатист ва худованди онро зуд аз гармоба берун оранд, [5] вале агар ҳоли ӯ ҳеҷ дигаргун нашавад, пас таб таби якрӯзӣ будааст.
Фасли ҳафтум14 андар баёни ба дигар таб гузаштани таби якрӯзӣ
Агар таби якрӯзӣ тақозои ба худовандаш додани ғизо
кунад ва пизишк ба хато рафта, ба ӯ ғизо надиҳад, ин
гуна таб андар танҳои заҳравимизоҷ ба таби диққӣ ва
таби сӯзон ва андар баданҳои сергӯшт ба сунухуси беуфунат бигузарад ва гоҳе мумкин аст ба сунухусе бигузарад, ки бо уфунат бувад. Ҳамчунин агар он ба ёварии суддакушоию ковоксозии ҷисм эҳтиёҷ дошта бошад, вале чунин кор ба амал оварда нашавад, андар ин ҳол таб андар хилтҳои андар тан бандгардида ба ҳадде афрӯхта шавад, ки онҳоро ба таври қавӣ гарм сохта, бигандонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор