Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишонаҳои гузаштани таби якрӯзӣ ба табҳои дигар: Далели ин он бошад, ки таб аз ғайри арақ кардан ва ба амал омадани таровиш паст шавад ва ё мумкин аст арақ кардан ҷой дошта бошад, вале аз он покии [тан] ба амал наояд. Ин пастравӣ ба дарозо бикашад, бе душворӣ ва аз ғайри покии набз бианҷомад ва андар набз ҳолате [номуътадил] боқӣ бимонад ва агар андар ин ҳангом сардард ҷой дошта бошад, ба ҳоли хеш бимонад. Ҳамаи ин далели гузаштани [таби якрӯзӣ] ба таби аз хилти гандида ба амал оянда ва ё ба диққ бувад. Агар сабабҳо шиддатнок бошанд ва дер боқӣ бимонанд, ин [таб] ба таби диққӣ бигузарад. Ҳар гоҳ он ба диққ бигузарад, шараёнро ба ҳис сахт гарм дарёбӣ ва табро андар ҳамаи андомҳо яксон бибинӣ ва пас аз пурии шикам ва ба наздики таом хӯрдан сахт афзоиш ёбад. Набзро чунин дарёбӣ, ки баробари сахтию хурдӣ яксонии худро нигоҳдоранда бошад ва низ дигар нишонаҳои диққро, ки мо онҳоро баён хоҳем кард, бибинӣ.
Ҳар гоҳ ин [таб] ба яке за ҷинсҳои таби хуние бигузарад, ки «сунухуси беуфунат» ном дорад, ҷой доштани пурии [рагҳо], афзоиши гармӣ ва дамидагии рӯйро мушоҳада хоҳӣ кард. Ҳар гоҳ он ба табҳои уфунатӣ табдил ёбад, фарошо падид ояд, набз ноҳамвору хурд бигардад ва фишурдагияш зоҳир шавад. Гармӣ сӯзонандаи хушк бошад ва аразҳо шиддат ёбанд. Пухтагии пешоб гоҳе аз бози [таби] пешина боқӣ бимонад ва гоҳе пухтагӣ зоҳир накунад.
Фасли ҳаштум андар баёни15 муолаҷаҳои таби якрӯзӣ ба намуди ҳамагонӣ

Бар тани ҳамаи худовандони табҳои якрӯзӣ бояд хӯрданиҳои хуб, ғизобахшанда ва зудгувор бидароянд, аз баҳри он ки каси гирифтори таб бемор ва бемор офатрасида бувад. Лекин ба бархе аз эшон, масалан, ба худованди таби аз гуруснагӣ падидомада, касоне, ки андар танашон талхаи зиёд аст ва касоне, ки ба оғоз аз фарошо шикоят доранд, бемаҳдудият ғизо хӯрдан иҷозат диҳанд ва луқмаҳоро андар об ва ё шароб оғушта бидиҳанд, то ки хубтар бигузаранд. Ин гуна [беморонро] ҳатто андар оғози таб ғизо бидиҳанд. Бархе дигарро ба фароғат ғизо хӯрдан нагузоранд ва ба эшон ғизои латиф хӯрдан маслаҳат диҳанд. Мисоли инҳо беморони таби суддавӣ, таби фишурдапӯстӣ ва таби омосӣ буванд. Ғизо додани ҳамаи эшон, ба ғайр аз касони истисношуда, беҳтар аст то фаро расидани марҳалаи пастравӣ ба таъхир андохта шавад. Бояд андар оғози беморӣ аз [ошомидани] оби сард боз надоранд, зеро қувват қавӣ буда, бими заиф шудани он ҷой надорад ва [оби сард] аз барои сардсозӣ беҳтарин илоҷ бувад. Лекин агар андар ин ҳангом заъфи андомҳои дарунӣ ҷой дошта бошад, агар таб дароз кашида бошад ва ё агар таб таби суддавӣ бошад, беҳтар он аст, ки оби сард бисёр ошомида нашавад.
Бисёри вақт ҳангоми табҳои якрӯзӣ ба наздики гузаштани навбати онҳо чунин беморонро гармоба кардан

маслаҳат диҳанд, ки ин ба якчанд ғараз вобастагӣ дорад. Аз ҷумлаи инҳо тарифизоӣ, арақ овардан, ковок сохтани масомҳо ва андар навбати дуввум сардӣ овардан мебошанд. Вале агар бими ба амал омадани [таби] уфунатӣ бошад, аз [гармоба] боздоранд. Бояд худованди [таби] суддавӣ аз гармоба дурӣ ҷӯяд, аз баҳри он ки гоҳе мумкин аст гармоба боиси ба шӯр омадани ягон бемории уфунатӣ бигардад. Худованди [таби] аз хоммондагии ғизо баамаломада низ ба ҷуз андар поёни [беморӣ] ва ба ҳангоми фарох шудани масомҳо ва ғизои ногуворида фуруд омадан дигар вақт [аз гармоба парҳез бикунад].
Ба ҳангоми [ҳолатҳои истисношуда] низ бояд гармоба ба кор бибаранд.
(8) Худованди [таби] зукомиро ҷуз ба ҳангоми сӯзонии он гармоба накунанд. Ҳамаи худовандони табҳои якрӯзӣ бояд андар ҳавои гармоба ба муддати дароз наистанд ва андар оби он чандон, ки бихоҳанд, биистанд, вале худованди таби аз фишурдагию зичшавии [пӯст] ба амал омада бояд андар ҳавои гармоба дер бимонад, то арақ кунад.
Аммо доручарбкунӣ фақат бо як рехтану андудан боиси баста шудани масомҳо бигардад ва анҷоми ҳар гуна таби якрӯзиеро, ки аз суддаҳои чи зоҳирӣ ва чи ботинӣ ба амал омада аст, ба таъхир биандозад. Вале агар молиш додан ёри он бошад, суддаҳоро бикушояд ва баъд агар ба тасодуф рутубатҳо бисёр бошанд, онҳоро ҳал кунад ва агар кам бошанд, танро хушкӣ оварад. Аммо ба истифроғ ҷуз худованди таби суддавии ба пурӣ вобаста, худованди таби ба хоммонии ғизо вобаста ва каси ба таби якрӯзие гирифтор, ки аз фишурдагии [пӯст] ба амал омадааст ва танаш пур аст, касе эҳтиёҷ надорад.
Фасли нуҳум андар баёни синфҳои таби якрӯзӣ

Бархе аз табҳои якрӯзӣ ба ҳолатҳои нафсонӣ, бархе ба ҳолатҳои баданӣ ва бархе ба ҳолатҳои аз берун рӯйдода мансубият доранд. Аз ҷумлаи [табҳои якрӯзии] мансуб ба ҳолатҳои нафсонӣ инҳост: табҳои андӯҳӣ; табҳои ғамхоригӣ; табҳои андешаӣ; табҳои хашмӣ; табҳои бехобигӣ; табҳои хобӣ; табҳои хушнудигӣ ва табҳои тарсӣ. Онҳое, ки ба ҳолатҳои баданӣ мансубанд, бархе ба умуре мансубанд, ки онҳо феълҳо, ҳаракатҳо ва зиддҳои онҳо бошанд ва бархе ба ғайри феълҳо, ҳаракатҳо ва зиддҳои онҳо мансубанд. Онҳое, ки ба умури ҳаракатӣ ва зиддҳои онҳо мансубанд, аз табҳои мондагигӣ, табҳои роҳатӣ ва табҳои истифроғӣ иборатанд. Ба ҳамон ҷумла таби якрӯзии дардӣ, таби якрӯзии аз рафтани ҳуш падид омада, таби гуруснагӣ ва таби ташнагӣ низ бидароянд. Бархе аз табҳое, ки мансуб ба ғайри феълҳоянд, таби суддавӣ, бархе таби хоммонии ғизо, бархе таби омосӣ ва бархе таби чиркинигӣ буванд. Аммо мисоли табҳои мансуб ба умуре, ки аз берун рӯй додаанд, таби сӯзандагӣ, таби сармоӣ, таби фишурдагии [пӯст] ва таби шӯяндагист. Акнун мо бояд ҳар яки инҳоро бо илоҷаш ёд кунем.

пешина
аз 1215
навбатӣ