Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли даҳум
андар баёни таби якрӯзии андӯҳӣ

Гоҳе аз сабаби он, ки ба иллати андӯҳи бе андоза рӯҳ ба андарун ҳаракат карда, андар он ҷой банд бигардад, таби рӯҳӣ ба амал ояд.
Нишонаҳо: нишонааш ин аст, ки пешоб оташгун бошад ва ба сабаби ғалабаи хушкӣ ба ҳадде сӯзиш оварад, ки худованди он ҳис кунад. Ба иллати ҳал шудани [рӯҳ] чашм ба пӯшида шудан майл кунад, фурӯ нишинад ва ба изофаи он аз беҳолӣ ҳаракат кардан натавонад. Ба иллати сахт андарун рафтани гармӣ ранги рӯй ба зардӣ бигарояд ва набз ба хурдӣ ва нотавонӣ рӯй оварад ва гоҳе майл ба сахтӣ кунад.
Муолаҷаҳо: Бояд бештар ба обзан бидароянд, ҳангоми гармоба кардан бисёртар андар об нишинанд, на андар ҳавои гармоба ва баъд аз молиш додан бештар равған бимоланд, зеро равған аз барои эшон судмандтар аз гармоба бувад. Бояд хуррамдоруҳо ва хушбӯиҳои сард ба кор баранд. Бояд бар синаи [бемор] тилоҳои сардиоварандае ниҳод, ки аз луобҳо ва афшураҳо ва ё обҳои хушбӯй гирифта бошанд ва боистӣ ба ӯ шароби бисёр омехта [бо об] дод. Ин аз барои чунин беморӣ аҷаб доруи хубест!
Фасли ёздаҳум андар баёни таби якрӯзии ғамхорӣ

Гоҳе аз сабаби бисёр ғамхорӣ зоҳир кардан ба ягон чизи дилхоҳ рӯҳро ҳаракати сахте рӯй диҳад, ки боиси ба амал омадани ҳарорат ва андар таб афтидан бигардад.
Нишонаҳои он ба нишонаҳои таби андӯҳӣ монанданд, вале бо вуҷуди нишастагии чашм аз сабаби ҳал шудани [рӯҳ] ҳаракати он ба сӯи берун бувад ва набз бенишону афтода набошад, балки агар ягон заъфе дошта бошад, ба изофаи он баландӣ низ дошта бошад. Илоҷи ин низ ба наҳви илоҷи таби андӯҳист.
Фасли дувоздаҳум андар баёни таби якрӯзии андешаӣ

Гоҳе аз сабаби андешаи бисёр андар корҳо табе падид ояд, ки шабеҳ ба табҳои ғамхоригӣ ва андӯҳӣ бувад, вале ҳаракати чашм [ба ҳангоми ин] муътадил буда, не ба пӯшида шудан бигарояд ва не ба берун ҷастан, вале моил ба андарун бувад. Набз аз ҷиҳати баландию фурӯрафтагӣ ноҳамвор, вале аксар вақт муътадил бошад. Ранги рӯй ба зардӣ бигарояд. Илоҷи ин чун илоҷи таби ғамхоригист.
Фасли сездаҳум андар баёни таби якрӯзии хашмӣ

Гоҳе ба ҳангоми хашм аз сабаби ба берун ҳаракат кардани рӯҳ гармии беандоза ба амал омада, ба рӯҳ таб даровезад.
Нишонаҳо: Рӯй сурх, вале агар хашм омехта бо тарс бошад, зард бигардад ва он ба тавре бидамад, ки ба дамиши ба ҳангоми таби бехобӣ ба амал оянда шабеҳ бошад. Ҳар ду чашм аз шиддати ҳаракати рӯҳ ба сӯи берун сурху барҷаста бигарданд.
(9) Гоҳе бархе аз беморонро ба иллати ҳаракати хилт ва ё ба сабаби нотавонии табъ ларзаи сахт ба амал ояд.
Пешоб сурхи гарм буда, аз он сӯзиш ҳис карда шавад ва

каме тобишнок бувад. Набз ситабри пур, [6] барҷаста ва думодум бошад.
Муолаҷаҳо: Чунин [беморонро] таскин диҳанд ва бо дилхушиҳое аз қабили ҳикоятҳо, самоъи диловез ва бозиҳои шигифтовар машғул доранд. Эшонро ба гармоба бурда, андар оби нимгарми начандон гарм бидароранд ва бо равғани зиёд хуб равғанмолӣ кунанд, ки ин барои эшон беш аз оби гарм созгор аст. Ғизоҳое бидиҳанд, ки сардию тарифизо буванд. Эшонро бехӣ шароб хӯрдан нагузоранд ва бояд барояшон бад-ин кор роҳ надиҳанд.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни таби якрӯзии бехобӣ

Гоҳе аз бехобӣ низ таби якрӯзӣ рӯй медиҳад. Нишонаҳояш ин аст, ки бехобӣ пеш омада бошад, пилкҳо ба ҳадде гарон бошанд, ки қариб кушода нашаванд, ба иллати ҳал шудани [рӯҳ] чашмон нишинанд, ба сабаби фасодии ғизо ва бисёрии бухор пилкҳо бод гиранд, ба иллати ногуворӣ пешоб тира бигардад, ба сабаби бадгуворӣ набз нотавон ва рӯй зард шаванд ва аз сабаби бодгирифтагӣ ва бадгуворӣ рӯй дамида намояд. Лекин андар ин ҳангом сурхие, ки ба ҳангоми таби хашмӣ ҷой дорад, вуҷуд нахоҳад дошт.
Илоҷ: Илоҷи ин он бошад, ки [беморро] осуда гузоранд, таскин диҳанд, хоб оваранд, бар сараш доруҳои сардиовару тарифизой бирезанд ва гармобаи тарифизой, ғизоҳои хубкимус ва доруҳои чарбии тарифизоянда фармоянд. Шароб аз барои эшон яке аз судмандтарин чизҳост ва бояд ба шарти набудани сардард бе ибо аз он бидиҳанд, биошомад.
Фасли понздаҳум андар баёни таби якрӯзии хобӣ ва роҳатӣ

Гоҳе ба ҳангоми бедорӣ ва ҳаракат аз рӯҳ ба тариқи таҳлил бухорҳои тез бархезанд. Бинобар ин чун хоб ва осудагӣ дер давом кунад, чунин ҳалшавӣ ба амал наояд ва аз сабаби он рӯҳро гармшавию таб ориз бигардад.
Нишонаҳо: Бар ин пеш омадани хоб ва осудагии зиёди хусусан берун аз одат ва бар хилофи он далолат кунад ва низ пурии бухории набз аз он гувоҳӣ диҳад.
Илоҷ: Андар фазои гармоба арақ оваранд, ба оби гарм ба таври муътадил ғусл кунанд, ғизои кам ва бештар он чизҳое бидиҳанд, ки сардию тарӣ биоваранд ва варзиши муътадил кунанд. Чунин [беморон] набояд шароб биошоманд.
Фасли шонздаҳум андар баёни таби якрӯзие, ки аз шодӣ хезад

Гоҳе аз шодӣ ҳамчунони аз хашм таб ориз бигардад.
Нишонаҳои ин ба нишонаҳои табе наздикӣ доранд, ки аз хашм бихезад, вале намуди зоҳирии чашм чун намуди зоҳирии каси фараҳманд, на чун намуди зоҳирии каси хашмгин бошад ва думодумии набз камтар бувад.
Илоҷ: Илоҷи ин ба илоҷи табе наздик аст, ки аз хашм падид ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ