Қонуни тиб

Фасли ҳафтдаҳум
андар баёни таби якрӯзии тарсӣ
Гоҳе ба тариқи ориз шудани таби андӯҳӣ аз тарс низ таб ориз бигардад ва нисбати тарс ба андӯҳ чун нисбати хашм ба шодист, чунки ҳаракати тарс ба андарун ва хашм ба сӯи берун баякборагӣ ва ҳаракати ду дигар ба тадриҷ буванд.
Нишонаҳо: [Нишонаҳои ин] ба нишонаҳои таби андӯҳӣ наздикӣ доранд, вале ноҳамвории набз шадидтар ва намуди зоҳирии чашм чун намуди шахси тарсида бувад.
Муолаҷаҳо: Илоҷаш низ ба илоҷи таби андӯҳӣ наздик бошад ва бояд беморро аз бимнокӣ эмин дошта, ба ӯ муждаҳои нек дод. Шароб аз барои ӯ судманд аст.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни таби якрӯзие, ки аз мондагӣ хезад
Гоҳе мондагӣ аз ҷиҳати рӯҳро гарм сохтани худ ба андозае бирасад, ки таб падид омада, ба феълҳо аз он зиён бирасад ва бештари зиёну ҳуҷуми он бар зидди [қувваҳои] ҳайвонию нафсонӣ бувад.
Нишонаҳо: Пеш аз он мондагӣ рӯй диҳад, гармии пайвандгоҳҳо беш аз дигар андомҳо бигардад ва мондагию хушкии тан ба ламс дарёфта шавад. Гоҳе агар мондагӣ муътадил бошад ва агар андар ин ҳангом гармии хушкиоваранда ва ё сардии монеи арақ ҷой надошта бошад, андар поёни ин таб таровиш рӯй диҳад, вале агар мондагӣ ба ифрот бошад, таровишу арақворӣ камтар рӯй диҳанд.
Гоҳе аз паси он ба анбозии шуш сурфаи хушк падид ояд.
Набзи чунин [бемор] хурди нотавон ва гоҳе моил ба сахтӣ бувад. Пешоб ба сабаби ҳаракат зарди тези гарм ва ба сабаби ҳалшавӣ тунук бошад.
Муолаҷаҳо: Илоҷи чунин [беморон] роҳат кардан, ба кор бурдани гармобаҳову обзан ва баъд аз он хусусан бар пайвандгоҳҳо равған молидан бувад. Аз таомҳои хубкимуси тариоварандаи масалан аз ҷинси гӯштҳои чӯҷаву бузғола ва ё моҳии сангобӣ ба миқдоре бихӯранд, ки гуворида битавонанд. Азбаски қувваташон (10) нотавон аст, гумон накунанд, ки он чиро ки ба ҳоли тандурустӣ бигуворанд, андар ин ҳангом гуворида метавониста бошанд, балки гувориш камтар аз он бувад. Бинобар ин бояд аз қабили чизҳои мо ёд карда чизҳое бихӯранд, ки камтари онҳо ғизои бештар бидиҳад ва ё масалан, зардии хояи нимбиришт ва хояи хурӯс хубанд.
Бархе аз [пизишкон] чунин тасдиқ кунанд, ки гӯё бояд худованди таби мондагӣ тадбири ғизоии худро бештар аз дигар [беморон] латиф бисозад, вале ин дуруст нест.
Бояд эшон тармеваҳо бихӯранд ва агар одатӣ бошанд, шароби бисёр омехта биошоманд, вале агар одат накарда бошанд, гулоб ва монанди он биошоманд. Бояд бо равған равғанмолӣ кардани эшон беш аз дигарон бошад, то ки андомҳо ва пайвандгоҳҳои хушкидаи эшон тар шаванд ва то ки азҳамкашидагии бад-эшон расида низ нарм бигардад. Равғани бунафша аз барои эшон беҳтарини равғанҳост. Бояд равғанмолӣ тани эшон ва хусусан сар, гардан, муҳраҳои пушт ва тамоми пайвандгоҳҳоро фаро бигирад ва хусусан баъд аз гармоба кардан ба амал оварда шавад. Бояд ҷойхобашон паст ва ҷомаҳову маҳалли ни
шасташон муаттар бошад. Агар аз сабаби як миқдор боқимондаи [беморӣ] ба дубора аз сар гирифтани гармоба эҳтиёҷ биафтад, ҳама чизи андар ин бобат муайяншударо низ аз сар бигиранд.
Фасли нуздаҳум андар баёни таби якрӯзии истифроғӣ
Гоҳе аз сабаби печутоб хӯрдани хилтҳо ба ҳангоми исҳол рӯҳро ҳаракати ба ифроте падид омада, андар он таб фурӯзон бигардад. Аксар вақт ин ба хастагиҳое вобастагӣ дорад, ки аз паси [исҳол] падид оянд. Гоҳе инро доруҳои исҳол аз тариқи гармиоварии хеш ба амал оранд.
Мумкин аст [чунин таб] аз паси раг задан бад-ин гуна падид ояд, ки аз он рутубат ва хуннокии бухорҳо аз байн биравад ва онҳо ба [фазлаи] дудии заҳравӣ табдил ёбанд.
Муолаҷаҳо: Бояд ба нармӣ табиатро бо он чизҳое баст, ки андар ин бобат маълуманд ва ба бемор ба қадри гуворида тавонистан ғизоҳое бидиҳанд, ки бештар қувват бахшида ва аз қабили чизҳои сардиовару тарифизой буванд ва андар онҳо [доруҳои] қабзкунанда ҳамроҳ карда бошанд. Бар меъдааш зимодҳоеро зимод кунанд ва пухтаковҳои қависозандаеро бирезанд, ки бисёр гарм бошанд, на нимгарм, зеро ҳар гуна чизи нимгарм сусткунанда ва ҳалсозандаи қувват аст. Аз ин ҷумла, бо пашминае зимод кунанд, ки онро андар равғани нард ва ё ягон равғани аз он ҳам сардтари муаттар оғушта созанд ва бифишоранд, то бахшҳои равған аз он биравад. Бар дил ва ҷигар ягон чизи сардиоваранда биниҳанд.
Фасли бистум андар баёни таби якрӯзии дардӣ
Дард гоҳе рӯҳро ба андозае гарм созад, ки таб аланга гирад.
Нишонаҳо: Сару чашм, ё гӯш, ё дандон, ё пайвандгоҳҳо ва ё андомҳои атрофӣ дард кунанд ва ё қулинҷ, бавосир ва дигар дардҳои аз думмалҳо ба амал оянда ҷой дошта бошанд.
Муолаҷаҳо: Дардро бо он чи ки андар бобаш лозим аст, тадбир кунанд ва баъд ин табро мисли муолаҷаи таби мондагӣ муолаҷа созанд. Агар аз додани шароб ба бемор бими ба амал омадани дард бошад, ба ӯ шароб надиҳанд.
Фасли бисту якум андар баёни таби якрӯзие, ки аз беҳуш шудан хезад
Гоҳе каси аз ҳуш рафтаро ба сабаби ҳаракатҳои бетартибонаи рӯҳ чунин рӯй диҳад, ки тафс ба таб мубаддал шавад ва гоҳе баъд аз гузаштани хатари беҳушӣ мумкин аст бақияе аз он [таб] боқӣ бимонад.
Нишонаҳо: Ин аз беҳушии ба наздикӣ рӯйдода ва афтодагии қуввате иборат аст, ки аз ғайри ҷой доштани нишонаҳои табҳои дигари берун аз шумори табҳои якрӯзӣ буда ба амал омада бошад. Андар ин ҳангом ҳолатҳои набз гуногун гардида, гоҳе агар сардӣ ғалаба кунад, биафтад ва бекор шавад, гоҳе ба ҳангоми боло гирифтани гармӣ бошитобу намоён бигардад ва аз ҷиҳати сахтӣ ва кирмӣ будан ба набзи худовандони пажмурдагии лоғаркунанда шабоҳат дорад.
Муолаҷаҳо: Инро бо дармонҳои беҳушӣ муолаҷа кунанд ва [ба бемор] ғизоҳои зудгувори хубкимусе бидиҳанд, ки бароят маълуманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор