Қонуни тиб

Агар туро зарурати ба бемор додани шароб пеш ояд, низ чунин кун ва аз таб бимнок набош.
Агар бемор аз ҳолати беҳушӣ раҳо ёбад, вале бақияе аз таб бимонад, ки шабеҳ ба [таби] пажмурдагист, онро бо дастури умумии сардсозию тарифизоӣ муолаҷа кунанд.
Фасли бисту дуввум андар баёни таби якрӯзие, ки аз гуруснагӣ хезад
Ҳар гоҳ андар тан ғизо ёфт нашавад, бухорҳо тез шуда, таб бизоянд. Набзи чунин [бемор] нотавони хурд ва гоҳе моил ба сахтӣ бигардад.
Илоҷ: Ин аз таом додан иборат буда, ба ҳоли таб, масалан, ошоме бидиҳанд, ки аз кашки ҷав ва тараҳо сохта бошанд ва баъд аз таб ғизоҳои хуби қувватбахшанда бидиҳанд. [Беморро] ба гармоба баранд, бар сараш оби нимгарми бисёр бирезанд, андар ин гуна об нишонандаш ва танашро, масалан, бо равғани бунафша, гул ва каду тарифизоӣ кунанд.
Фасли бисту севвум андар баёни таби якрӯзие, ки аз ташнагӣ хезад
Ин ба таби аз гуруснагӣ падидомада наздикӣ дорад ва дурусттараш ба сабаби набудани он обе падид ояд, ки таскиндиҳандаи гармии сахти бухорҳост.
Илоҷ: Ба [бемор] оби сард, обҳои меваҳои сард ва хусусан оби анор бидиҳанд ва танашро бо обзан тарифизоӣ кунанд. Агар имконияти бо оби сард оббозӣ кардан бошад, низ чунин кунанд
Фасли бисту чаҳорум андар баёни таби [7] якрӯзии суддавӣ
Гоҳе ба иллати дуруштии пӯст, кам шустушӯ кардан, ба иллати бисёр ғубор нишастан, ба иллати сардӣ, ба иллати бо обҳои қабзкунанда шустушӯ кардан ва ба иллати аз офтоб сӯхтан андар масомҳои пӯст ва гоҳе андар лифи рагҳову ҷӯйчаҳои онҳо ва андар даҳонаҳову маҷроҳои онҳо суддаҳо падид оянд ва ҳар гоҳ «таби якрӯзии суддавӣ» гӯянд, ишорат бад-ин синф аз [беморӣ] бувад. Зеро андар ин ҳангом чунин ҳолат рӯй диҳад, ки ҳалшавӣ бикоҳад ва пурию банд гардидани [моддаҳо] афзоиш ёфта, нафасгирӣ аз байн биравад, бухорҳои бисёри гарме фароҳам омада, ба таҳлил нараванд ва бинобар он гармии берун аз андоза падид ояд. То даме ки афрӯхтагии ин [гармӣ] андар нотавонтарини ҷирмҳо, яъне рӯҳ ҷой дорад, ин ҳолат таби якрӯзӣ бувад, вале ҳар гоҳ хунро биафрӯзад, ин ҳамон намуде бошад, ки бо номи «сунухус» машҳур аст ва мо онро баъд ёд хоҳем кард.
Ин [таб] ҳамонест, ки аз ҷумлаи табҳои хилтӣ буда, на аз сабаби гандидани [онҳо], балки аз сабаби аланга гирифтан, ҷӯшидан ва тафсидани [онҳо] падид ояд. Вале агар ин ба уфунате бигузарад, ки судда ва адами нафасгирӣ муҷиби он бувад, андар ин ҳол ин [таб] ба табҳои уфунатӣ табдил ёбад. Ин гуна судда ё аз сабаби бисёрии хилтҳо ва хун, ё аз сабаби ситабрии онҳо ва ё аз сабаби часпакии онҳо ба амал ояд ва ё аз сабаби андар афзор,
на андар маҷро афтидани яке аз сабабҳои суддаоваре падид ояд, ки мисоли онҳо сардии қабзкунанда, ё омоси фишордиҳанда, ё рӯидани ягон чиз ва ё дигар чизҳо буда, бояд ҳамаи онҳоро ба хотир биоварӣ. Аз миёни табҳои якрӯзӣ ин табро кам тасодуф биафтад, ки ба таби диққӣ гузарад, аз баҳри он ки ба ҳангоми он тан сермодда бувад. Ҳангоми ин таб низ ташнагӣ, афрӯхтагӣ ва гармии доимӣ ҷой дошта, ранги пешоб миёни оташгунӣ ва хокистарӣ бувад. Ин таб ба душворӣ шинохта шавад ва шабеҳ ба табҳои хилтист. Агар суддаҳо бисёри қавӣ бошанд ва агар аз тариқи зич шудани пӯст фишурда шудани он аз берун ба амал наомада бошанд, ин гуна таб мумкин аст то се рӯз ва беш аз он боқӣ монад ва агар суддаҳо кам бошанд ва ягон хатое [ба ҳангоми муолаҷа] наафтад, зуд канда хоҳад шуд. Ин таб аз миёни табҳои якрӯзӣ гоҳе худро дигар намуда, дубора боз ояд, аз баҳри он ки суддае, ки иллати ӯст, ҳанӯз ба ҷой бошад ва чунон бинамояд, ки гӯӣ вайро навбатҳост. Ин таб бисёр вақт ба хунук хӯрдану фарошо баровардани [бемор] табдил ёбад ва ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки ба таби уфунатӣ гузаштааст. Ҳар гоҳ таби суддавӣ баъд аз раг задан андар бари чапи тан дард ба амал оварад ва хусусан, агар таб хомӯш шуда, дард ҳанӯз давом дошта бошад, аз дубора раг задан чора нест.
Нишонаҳо: Агар таби якрӯзӣ на аз сабаби берунӣ падид омада бошад, марҳалаи пастравияш дер бикашад ва хусусан, агар бидуни истифроғи тарӣ паст бигардад, пас, ҳадс бизан, ки он таби суддавист. Ин ҳадси туро андар баданҳои серхуну хунзо нишонаҳои пурӣ ва андар [баданҳои] хилтситабр [нишонаҳои] часпакии хилтҳо тасдиқ кунанд. Фарқи миёни ин ду он бошад, ки агар судда андар тан ба сабаби ситабрии хилтҳо ва часпакии онҳо падид омада бошад, далели ин нишонаҳои маълумбудаи онҳо мебошад ва андар он ҷой дамидагию азҳамкашидагии тан, сурхӣ ва умуман нишонаҳои серхунӣ дида нашавад. Аммо ба ҳангоми оне, ки аз сабаби пурӣ падид омадааст, нишонаҳои пурӣ аз қабили сурхии рӯй, серхунии рагҳо, дамидагӣ, азҳамкашидагӣ ва ғайра андар тан намудор бошанд. Агар суддаҳо ба ҳадди ифрот бирасанд, набз хурд бигардад ва агар ба ифрод нарасанд, хурдии набз лозим наояд.
Муолаҷаҳо: Агар сабаб бисёрии хилтҳо ва пурӣ бувад, бояд зуд ба задани раг ва истифроғ кардан пардохт ва агар пеш аз таб гирифтан раг зада шавад, хуб хоҳад буд, вале агар беморро таб гирифта бошад ва ба шарте ки ягон зарурате набошад, худдорӣ кардан созгортар аст.
Чунки раг задан хилтҳоро ҷорӣ кунад ва онҳоро бо ҳам биомезад. Агар зарурат бошад, раг задану истифроғ карданро набояд ба таъхир гузошт ва сипас бояд ба [тадбире] машғул шуд, ки суддаҳоро бикушояд ва маҷроҳоро пок созад. Пеш аз истифроғ ба суддакушоӣ ва маҷропоккунӣ набояд шитофт, зеро ин гоҳе сабаби ба якборагӣ ба сӯи бархе аз маҷроҳо кашида шудани хилтҳо ва андар он ҷой дармондани онҳо бигардад, ки ин яке аз ҳолатҳои бисёр хатарнок бувад. Гоҳе агар хилтҳо ситабр бошанд ва хусусан агар гузаргоҳҳо аз бози офариниш танг буванд, [суддакушоӣ] мумкин аст боиси афзоиши суддаҳо бигардад. Вале раг задан ва истифроғ карданро хусусан агар ба ғоят бирасонӣ ва то наздики беҳуш шудан давом диҳӣ, онҳо мумкин аст фазлаҳои дудиеро, ки ба сабаби банд гардидани худ (12) ин гуна табро ба амал овардаанд, берун созанд ва ин [табро] аз табдил шудан ба таби уфунатӣ боз доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор