Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ҳис кунӣ, ки хилтҳо бисёр нестанд, балки суддаҳо ҷой доранд ва онҳо аз сабаби ситабрӣ ва часпакии хилтҳо ба амал омадаанд, андар ин ҳол мумкин аст туро на ба раг задану истифроғи бештар, балки ба суддакушоӣ эҳтиёҷ биафтад. Суддакушоиро бо ёрии доруҳо ва ғизоҳои зудоянда ба амал оранд. Модом ки беморӣ таб аст, ба ҳангоми суддакушоӣ наметавон ба доруҳои зудояндаи гарм муроҷиат намуд, балки бояд чизе [ба кор бурд], ки миёни сикангубини сода ва сикангубини бузурӣ ва ё миёни оби коснӣ ва оби розиёна биистад. Ғизо аз чизҳое бигиранд, ки дорои хусусияти шӯяндагианд, на часпакӣ ва мисоли он кашки ҷав бувад.
Шакарро, ки бо вуҷуди қариб ғизо будан дорои хусусияти суддакушоӣ ва зудоиш аст, агар бо кашки ҷав биомезанд, бад нест.
Сипас, чун ба ҳангоми зарурати истифроғ истифроғ ба амал овардӣ ва бо ёрии чизҳои мо ёдкарда судда кушодӣ, бояд бингарӣ, ки оё таб коҳиш ёфта сабук шудааст, ё не ва агар навбатнок бошад, навбати дуввумаш назар ба якум нотавонтар ҳаст, ё не ва чун ба пешоб нигарӣ ва онро нопухта ва андар ҳоли пазиш дарёбӣ ва агар бибинӣ, ки он далолат ба уфунат надорад, мувофиқи ҳамин тадбир [муолаҷаро] давом бидеҳ. Беморро андар рӯзи севвум баъд аз гирифтани навбат ва ҳангоми суст шудани [таб, пеш аз] навбати мавриди интизор, агар чунин навбат ҷой дошта бошад, ба гармоба дарор ва то панҷ соат нигоҳ дор. Ӯро бо доруҳои ба таври муътадил зудоянда, масалан, бо ягон чизе равғанмолию даллокӣ кун, ки [ба зудояндагӣ] миёни орди боқилӣ ва орди говдона, ё орди бехи савсан ва ё зарованде биистад, ки онро бо миқдоре аз ангубин ва об маъҷун сохта бошанд.
Агар ба доруи қавитаре аз инҳо ҷуръат кунӣ, кафки бураро ба кор бар.
Агар ҳадс бизанӣ, ки гармоба ягон чизе аз табиати [беморро] бигардонад ва чизе чун фарошо ба амал ояд, андар ин ҳол ӯро [ба қадри] ягон мижа задан ҳам андар гармоба нигоҳ надор, зеро ин гуна судда на аз он ҷинс суддаҳоест, ки гармоба онро бикушояд. Ҳар гоҳ беморро аз гармоба берун оваранд, ҷуз баъд аз осудагӣ ёфтан аз навбат ба ӯ ягон таом ва шаробе набояд дод, вале агар ҳол тақозои ягон чиз хӯрдан кунад ва [бемор] сабр кардан натавонад,16 ба ӯ чизе аз қабили, масалан, оби ҷави тунук, сероб, камҷав, бисёр ҷӯшонида ва бо карафс пухта [бидиҳанд], ки хусусияти суддакушоӣ дошта бошад.
Агар навбат такрор наёбад ва агар бемор бихоҳад, ӯро бори дуввум ба гармоба бибар [ва ғизояш бидеҳ].17 Агар навбат боз ояд, вале кӯтоҳтар аз навбати якум бошад ва агар пешоб хуб бошад, пас, бовар кун, ки муолаҷа дуруст аст ва суддаҳо коҳиш ёфтаанд. Баъд аз канда шудани таб ӯро ба ҳамон чизҳои муолаҷа кардаат муолаҷа кун ва ғизояш бидеҳ. Агар навбат ҳамон тавре ки буд ва ё қавитар аз он дубора боз ояд ва пешоб ба гунаи табиӣ набошад, пас, иллат рӯ ба гандидан ниҳода аст ва илоҷаш чун илоҷи гандагӣ бувад.18

Фасли бисту панҷум
андар баёни таби якрӯзие, ки
аз хом мондани ғизо ва пурӣ хезад

Гоҳе аз сабаби хом мондани ғизо бухорҳои баде падид оянд, ки хусусан андар баданҳои заҳравӣ ва баданҳои тангмасом гармӣ афрӯхта, рӯҳро битафсонанд ва таб ба амал оранд. Бештари фазлаҳои ин [танҳо] бухорҳои дудӣ бигарданд. Ба ҳангоми ин гуна таб оруғи турш кам рӯй диҳад. Мардумони аз ҳама беш19 қобили ин таб онҳоеанд, ки аз паси хом мондани ғизо ба варзишу ҳаракат ва офтоб додану гармоба кардан машғул шаванд [ва] пеш аз ин ҳам эшонро чунин [ҳолатҳо] рӯй дода бошад. Бинобар ин, хусусан агар андар тани эшон ва гузашта аз ин андар андомҳои дарунии эшон дард ва сӯзише ҷой дошта бошад, бухорҳои дудии эшон афзоиш ёбанд.
Аммо аз сабаби моддаи оруғи турш андар худовандони он кам иттифоқ биафтад, ки таб падид ояд, вале агар падид ояд, бисёр камқувват бошад. Балки дурусттараш он аст, ки падид наояд. Гумон меравад, ки [8] таби бо оруғи турш ба амалоянда ба сабаби ғайри хоммонии ғизо ба амал ояд. Ин гуна беморонро агар табиат кушода гардад, ниҳоят суд бинанд ва ба иллати коҳиш ёфтани фазлаҳои дудӣ табашон аз байн биравад. Илоҷи каси табиаташ баста ва каси табиаташ кушода гуногун бувад.
Ҳар кӣ аз хоммонӣ таб шуда, табиаташ ба андозаи дусе бор берун рафтан нарм бошад ва сипас хун бигирад, исҳол онро бартараф кардан битавонад ва гоҳе он ба [исҳоли] ҷигарӣ табдил ёбад. Далели ин хафақон ва сиёҳии забон бувад. Аразҳои таби якрӯзии аз пурӣ ба аразҳои таби доимӣ монанд буда, чашмон ва рӯй ниҳоят сурх бигарданд, афрӯхтагӣ шиддат ёбад, набз бузургу тез ва пешоб сурх бигарданд. Сипас таб аз ҳама беш се рӯз боқӣ бимонад.
Бидон, ки таби аз хоммондагӣ гоҳе бо чаҳор ва ё ҳафт давр такрор шавад ва бо вуҷуди он таби якрӯзӣ бошад, вале набзи [бемор] дуруст бимонад.
Нишонаҳо: Нишонаҳояш ин аст, ки оруғ ба туршӣ ва ё дудӣ бигарояд ва агар он рӯй ба дурустӣ ниҳад, аз беҳшавӣ огоҳӣ диҳад. Пешоби чунин [беморон] нопухтаи обакӣ бувад. Агар сабаби хоммонӣ бехобӣ бошад, андар рӯи [беморон] бодгирифтагӣ ва андар пилкҳояшон (13) гаронӣ мушоҳада шавад.
Илоҷ: Табиати худованди ин гуна хоммондагӣ аз ду ҳол берун нест: ё ғайри кушода бувад ва ё кушода. Агар табиати ӯ кушода набошад, беҳтар он аст, ки кушода карда шавад. Агар миқдоре аз таом ва бироз20 андар меъда боқӣ монда бошад, бояд нахуст қай овард ва сипас табиат кушояд. Баъд, бингаранд, ки бироз андар куҷост ва маълум созанд, ки оё бо шиёфҳову ҳуқнаҳо истифроғ овардан хубтар аст, ё бо чизҳое, ки аз боло ошомида шаванд, то аз ин роҳ исҳол ояд, ё [ғизо] фуруд ояд ва ё гуворида гардад. Ба дуруст будани кадоме аз инҳо ҳолати оруғ гувоҳӣ диҳад. Гоҳе агар таом андар барсӯ истода бошаду қай овардан номумкин, туро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки ба таб эътибор надиҳӣ ва [маъҷуни] мурчӣ ба кор бибарӣ, то ки он таомро фуруд орад ва баробари гуворидан ба зер бибарад. Ё ягон чизи аз ин ҳам камқувваттарро ба кор бибар ва пухтаковҳову зимодҳои гуворандаи андар боби гувориш маъруф ва [доруҳои] табиаткушояндаи андар боби табиаткушоӣ маъруфро истеъмол кун.

пешина
аз 1215
навбатӣ