Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ он таом ба фурӯсӯ биравад, ё худ ба худ берун ояд ва ё бо шиёфҳо онро ёрӣ бидиҳанд. Аз паси ин бемор бояд то ҳангоме гуруснагӣ бикашад, ки андар бекор шудани хоммонӣ шубҳае боқӣ намонад. Сипас, ғизои сабуки зудгувори хубкимус бихӯранд. Ба хоб ва гуруснагӣ рӯй овардан яке аз тадбирҳоест, ки барои муолаҷаи [таби] сабуки аз пурӣ ба амал омада кифоят бошад.
Агар табиат кушода бошад, бингар, ки чизи ба истифроғ оянда ҳамон чизи фосидшуда аст ё не. Агар чунин бошад, табиатро то пурра берун шудани он [чиз] набанд.
Баъд аз ин то ҳангоми паст шудани навбат сабр кун ва он гоҳ [беморро] ба гармоба бибар ва ғизояш бидеҳ, вале агар [хоммонӣ] ба ифрот ҷой дошта, ба таври қавӣ хушкӣ меоварда бошад, ӯро ба гармоба надарор, балки ғизояш деҳ ва меъдаашро бо чизҳое қавӣ соз, ки худ ҳамедонӣ ва бархе аз онҳо андар боби исҳол бароят тавсиф шуданд. Аз ҷумла пашминаест, ки онро андар равғани зайтуни дорои қувваи афсинтин ва ё андар равғани нордин оғушта бошанд ва баъд аз фишурдану равондани бахши бисёри равған [онро ба кор баранд]. Агар кушодагии табиат давом кунад ва чизи берунояндаро ғайри ҷинси чизи табаҳшуда дарёбӣ, равғани биҳии беҳтарини тоза ва равғани мастакоро ба ҳамон дастур ба кор бибар.
Равғани нординро низ аз барои чунин [бемор] ягон таъсири мухолифе нест. Гоҳе хусусан агар ҳолат имконияти бар шиками [бемор] бастани [пораи оғушта] надиҳад, мо ин [доруҳоро] ба шакли мумравғанҳо ба кор барем.
Гоҳе моро ба зимодҳои қавитаре аз инҳо эҳтиёҷ биафтад, ки аз ҷумлаи зимодҳои андар боби ҳайза ёдшуда буванд.
Ба [бемор], агар майл дошта бошад, обҳои меваҳо бидеҳ.
Ба ӯ ғизоҳое бидеҳ, ки чун хояи хурӯс ва моҳии сангобӣ ғизояшон сабук ва осонгувор буванд ва пеш аз он ягон чизе аз меваҳо, афшураҳо ва руббҳои қабзкунанда бояд бидиҳӣ. Агар иштиҳояш баста шавад, бо доруҳои бароят маълум ва хусусан бо [доруҳои] биҳигӣ онро ба ҳаракат овар. Ҳар гоҳ аз ин корҳо фориғ шудӣ, агар баъди он ягон гувориши қавиеро ба кор барӣ, ки таом бигуворад, меъда қавӣ созад ва суддаҳо бикушояд, бад нахоҳад буд. Ин корро бояд баъд аз рафтани таб ва аразҳои он кунанд.
Муносибат бо раг задан чунин аст, ки ҳангоми чунин таб онро то паст шудани таб ба кор набаранд ва сипас ба кор баранд. Беҳтарин чизе, ки ба бемор биошомонанд, оби ҷав аст ва ғизояшро, масалан, аз ғӯрабои бо каду ва каме бодом сохта бигиранд. Маҳалли хоб ва чизҳои бӯиданиашро сард созанд, вале андар кофур рованд набояд афзуд, ки он забонро сиёҳ кунад [ва бинобар он чунин гумон ба миён ояд, ки ин сиёҳӣ аз сабаби гармии рагҳои забон аст, чунонки худовандони барсом ва беморҳои тезро чунин бошад].21 Фасли бисту шашум андар баёни таби якрӯзии омосӣ

Табҳои ба омосҳои дарунӣ вобаста табҳои уфунатӣ
буда, гоҳе ба онҳо [таби] диққӣ низ ҳамроҳӣ кунад ва
инҳо андар шумори табҳои якрӯзӣ нестанд. Аммо ба
ҳангоми омосҳои зоҳирие аз қабили думмалҳову ху

роҷҳои андар берун ба амал оянда ва хусусан ба ҳангоми омосҳои бузурги андар андомҳои зоҳирии ғуддаӣ ва андар гӯштҳои бо номи «ковок»22 маъруф рӯй диҳанда, масалан, ба ҳангоми он омосҳое, ки аз сабаби фазлаҳои ҷигар андар пайғулаҳо ва аз сабаби фазлаҳои дил андар зери бағал ба амал меоянд, тафси онҳо ё ба танҳоӣ ва ё бо ҳамроҳии гандидагӣ боиси падид омадани таб бигарданд. Агар тафс танҳо бошад, пас, ин гуна таб аз ҷинси табҳои якрӯзист, вале агар тафс бо уфунат бошад, пас ин [таб] аз ҷинси табҳои омосҳои дарунӣ бувад. Бештари ин гуна табҳои баамалоянда ва вобаста ба омосҳое, ки бар асари сабабҳои берунае аз қабили решҳо, гар, дардҳо, кӯфтхӯрдагиҳо ва афтидагиҳо падид омадаанд ва моддаҳо ба ҳангоми шитофтан ба [маҳалли иллат] андар роҳи хеш ба наздики гӯштҳои ковок банд гардидаанд, аз ҷинси табҳои якрӯзӣ буванд. Бештари он бахш табҳои баамалоянда ва вобаста ба омосҳое, ки сабабҳои онҳо пешгузашта буда, масалан, аз пуриҳо ва суддаҳои пешомада иборатанд, (14) [табҳои уфунатӣ буванд].
Ҳар гоҳ табҳо тобеъ ва омосҳо асл бошанд, бештари ин гуна табҳо якрӯзианд ва ҳар гоҳ табҳо асл ва омосҳо тобеъ бошанд, аксари ин гуна табҳо уфунатӣ буванд. Вале гоҳе мумкин аст ин бар хилоф бошад. Буқрот ин табҳоро, хоҳ якрӯзӣ бошанд ва хоҳ ғайри якрӯзӣ, «табҳои палид» номидааст. Бештари инҳо бар асари омосҳои хунӣ ва гоҳе бар асари сурхбод ва монанди он падид оянд.
Нишонаҳо: Нишонаҳои онҳо иборат аз ин аст, ки чунон ки ёд кардем, пеш аз онҳо омосҳо ҷой дошта бошанд ва рӯй беш аз ҳоли тандурустӣ сурху дамида бошад. Гармӣ агарчи ба ҳангоми ин [табҳо] сахт аст, серсӯзиш нест, аз баҳри он ки ин гуна омосҳо омосҳои хуниянд, вале табҳои бар асари сурхбод баамаломада чунин нестанд. Аз паси ин гуна табҳо таровиш ба амал омада, аз тан бирезад, набз ба ҳангоми онҳо ба сабаби пурӣ ва гармӣ бузург, тез ва думодум бигардад ва пешоб ба иллати майл доштани моддаҳо ба сӯи омосҳо ва решҳо обакии сафед бувад.
Муолаҷаҳо: Ба ҳангоми ин гуна [табҳо] пеш аз ҳама бояд раг бизад ва исҳол овард. Низ омосро бо чизҳои андар ин бобат лозимӣ дармон кунанд ва тадбири ғизоиро латиф созанд. Албатта, набояд шароб ошомид ва ҷуз баъд аз пастравии пурра ғизо нахӯранд. Беморро аз ба кор бурдани доруҳои тафсхомӯшкунандаи сардиовари тарсозанда ва зимодҳои бо барф сардгардонида чора нест [ва бояд инҳоро] бад-он ҷое аз андоми дардманди омосида ниҳод, ки ба омос зиён нарасонанд ва онро хом насозанд. Баръакс, бояд роҳҳои миёни омос ва дилро ба тавре сард сохт, ки сардӣ ба андарун асар кунад.
Фасли бисту ҳафтум андар баёни таби якрӯзии чиркинӣ

Ин таб низ тобеъ ба ҳал нашуданест, ки ба сабаби суддаҳои начандон амиқ ҷой гирифта рӯй диҳад. Бисёр касон чун тарки гармобаравии одатӣ кунанд, гирифтори таб шаванд ва аксари эшон касонеанд, ки андар танашон ба сабаби мизоҷи тан, ё ғизоҳо ва обҳои бад ва низ ба сабаби рӯй додани ҳолатҳои мондагию бехобӣ бухорҳои заҳравӣ падид оянд.
Илоҷ: Иборат аз он аст, ки [пӯстро] покиза созанд, баъд аз паст шудани таб гармоба ба кор бурда, андар он ҷо арақоварӣ кунанд ва бо ёрии, масалан, сабӯс, орди боқилӣ, бодоми талх, тухми харбуза, миқдоре аз ушнон ва бура даллокӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ