Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба чунин [бемор] ғизои тафсхомӯшкунанда [9] ва тарифизо ва шароби биёр омехта бидиҳанд. Ба гармоба як чанд бор ба такрор бидароянд.
Фасли бисту ҳаштум андар баёни таби якрӯзие, ки аз гармӣ хезад

Гоҳе аз сабаби гармии ҳаво, гармии гармоба ва монанди инҳо таб рӯй диҳад, вале аз сабаби шиддатнокии гармии офтоб бештар ба амал ояд ва нахустин даровехтани он ба рӯҳи нафсонӣ бувад, зеро он нахуст ба сар бизанд, ҳавои онро гарм сохта, ба сӯи дил бигузарад ва таб ба амал орад ва сипас анадар тан густариш ёбад. Гоҳе ба сабаби гармии насим ва ҳангоми пӯшида будани сар аз таъсири гармӣ мумкин аст нахуст бо дил биовезад. Лекин бештари таби офтобӣ чун ба амал ояд, андар мағз ва сар асар кунад. Бинобар ин, агар [рагҳои] сар пок набошанд, пур бигарданд. Вале табҳои ғайриофтобии аз қабили табҳои гармоӣ, гармобагӣ ва ғайра андар дил таъсир кунанд.
Нишонаҳо: Нишонаи ин сабаби мавҷуда ва ҳангоми бахши офтобии мағзии он сахт афрӯхта шудани сар бувад. Гоҳе ба ҳангоми он агар тан пок набошад, гаронию пурӣ ҳис карда шавад ва ба ҳангоми бахши дилии он нафас бузург бигардад ва зоҳири тан сахт битафсад ва беш аз дарун тафсон бошад. Яке аз ҳолатҳое, ки ин [табро] аз тариқи он бидонанд, ин аст, ки ташнагии бемор кам буда, камтар аз ташнагии каси дигаре бошад, ки ҳарораташ ба андозаи ҳамин ҳарорат бувад. Таби аз гармӣ андар ин ҷумла бар хилофи таби фишурдапӯстист.
Муолаҷаҳо: Муолаҷаи онро бояд аз пухтаковҳои сардиоваранда ва равғанҳои сард рехтан бар сару сина оғоз кард ва хусусан равғани гули бо барф сардгардонидаро баланд гирифта, бар сару сина бирезанд. Ба бемор оби сард ва чизҳои бад-ин равиш буда биошомонанд ва ин гуна корҳоро пайваста то паст шудани таб давом диҳанд.
Ҳар гоҳ таб аз [бемор] дур шуд, ӯро ба гармоба дарор ва агар назла дошта бошад, аз назла парво накун ва бо оби нимгарм оббозияш дорон, вале нагузор, ки ҳавои гармоба ӯро битафсонад. Аз рехтани оби гарм бар сараш бим накун, зеро он тарӣ оварда, табро бикушояд. Эҳтиёҷи чунин бемор ба гармоба кардан беш аз равғанмолист. Ҳар гоҳ аз гармоба берун ояд, сарашро андар равғанҳои сард, масалан, андар равғани гул ва нилуфар оғушта соз. (15) Фасли бисту нуҳум андар баёни таби якрӯзие, ки аз фишурдагии [пӯст] ба сабаби сардӣ падид ояд

Чунонки андар боби таби чиркинигӣ ёд кардем, гоҳе аз сармо ва гармоба кардан бо обҳои сард масомҳои зоҳирӣ зич шуда, бухори дудӣ банд бигардад ва бинобар он таб падид ояд ва он бисёр вақт ба уфунат бианҷомад. Ин ҳолат ҳангоме боиси таб бигардад, ки агар бухори бандшуда тез бошад, на хуш, зеро [бухори] хуш таб назояд.
Нишонаҳо: [Нишонааш ин аст], ки сабаб мавҷуд бошад ва тан ба ҳангоми он чунон бошад, ки андар оғози ламс

кардан эҳсоси гармии сахт надиҳад ва ҳар гоҳ даст миқдоре биистад, гармии баршавандаеро дарёбад. Набз на ба он андозае хурд бошад, ки ба ҳангоми табҳои андӯҳӣ, ғамхоригӣ ва гуруснагӣ хурд бувад, аз баҳри он ки андар ин ҳангом ҳалшавӣ ҷой надорад. Баръакс, он ба сабаби ҳоҷат [ба гармихомӯшкунӣ] тез бувад, вале агар сардӣ шиддатнок бошад, набз мумкин аст ба сахтӣ бигарояд. Чашм на нишаста, балки мумкин аст ба сабаби бухори бандгардида дамида бошад. Пешоб гоҳе сафед бувад, аз баҳри он ки гармӣ банд гардида бошад ва гоҳе мумкин аст ба иллати ба роҳи пешоб ронда шудани гармие рангин бигардад, ки бояд аз тариқи масомҳо ба таҳлил мерафт.
Муолаҷаҳо: Ба ҳангоми таб бар болои [бемор] гилем бипӯшанд, то арақ кунад ва чун таб паст шавад, ба гармобааш бидароранд ва бо оби моил ба гармӣ ва бо ҳавои гарми он гармаш кунанд. Эшон бояд бар хеш обҳоеро бирезанд, ки андар онҳо, масалан, марзангӯш, наммом ва шибит ҷӯшонида бошанд. Бо он чизҳое даллокӣ кунанд, ки мо ёд кардем ва зудояндаю нармсозандаи масомҳоянд. Вале чарб карданро то ҳангоми арақ овардан, даллокӣ кардан ва бо оби сахт гарм оббозӣ кардан ба таъхир гузоранд. Бояд гармоба кардан бо обро пеш аз гармоба кардан бо ҳаво анҷом дод. Сипас бо равғанҳое чарб кунанд, ки фарохсозандаи масомҳоянд ва низ бар сари [беморон], масалан, равғани шибит, хайрӣ ва бобуна бирезанд. Эшонро ғизоҳои сабук бидиҳанд, атрпошӣ кунанд ва шароби сафеди тунук ва ё омехта биошомонанд, ки аз барояшон беҳтар аз об бувад, аз баҳри он ки хусусияти арақоварӣ ва пешобтозонӣ дорад. Чарбкунӣ аз худовандони таби фишурдапӯстӣ дида, бештар барои худовандони таби мондагигӣ судманд аст.
Фасли сиввум андар баёни таби якрӯзие, ки аз фишурдагии пӯст ба сабаби обҳои қабзкунанда падид ояд

Гоҳе касони андар обҳои қабзкунанда оббозикунандаро чунин ориз бигардад, ки масомҳои зоҳирӣ сахт зич шаванд ва бухорҳои [тани] эшон баста шуда, он чизе падид ояд, ки борҳо ёд кардем ва бисёр бошад, ки ин боиси уфунат бигардад. Мисоли ин гуна [обҳо] он обест, ки қувваи замч ва зог бар вай ғолиб омада бошад.
Нишонаҳо: Бар ин гуна таб сабаб ва он хушкидагии пӯсте далолат кунанд, ки ҳамчун пӯсти хушконидашуда ва ё дибоғатдода бинамояд ва ҳангоми ламс ҳамчун пӯсти андар оби зог таркарда дарёфта шавад. Ҳолати афзоиш ёфтани гармӣ баъди гузаштани муддате аз дастзанӣ ҳамон тавре бошад, ки ҳангоми дигар табҳои аз сабаби суддаҳои масомҳо рӯйдода низ ҳамин гуна бувад. Набз нотавонтар, хурдтар ва бештар тез бошад. Пешоб бисёртар сарду тунук ва чун пешоби гӯсфанд ояд. Ин гуна беморонро на тан пажмурда бувад ва на чашмон фурӯрафта.
Муолаҷаҳо: Эшонро бояд ба тавре муолаҷа кард, ки ба муолаҷаи касони пеш аз инҳо ёд шуда наздик бошад, вале ба эшон танҳо баъд аз боварӣ ҳосил кардан ба сахт фарох будани масомҳо шароб бидиҳанд. Аммо агар андаке аз фишурдагии пӯст ҷой дошта бошад, мумкин аст, ки онро шароб боз кунад. Бояд тадбири ғизоии эшон бештар нарм гардонида шавад, андар ҳавои гармоба истодан ва бо оби гарм гармоба карданашон давомноктар бошад ва бояд чарб кардани эшон бештар ба таъхир гузошта шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ