Қонуни тиб

Фасли сиву якум андар баёни таби якрӯзие, ки аз ошомидан падид ояд
Гоҳе аз ошомидан таби якрӯзӣ ориз бигардад ва илоҷи чунин беморон мисли илоҷи хамморон бувад. Гоҳе хусусан ба ҳангоми давом кардани сардард эҳтиёҷ бадон бошад, ки табиатро бо оби меваҳо ва монанди он бикушоянд ва раг бизананд.23 Эшонро баъд аз пастравӣ бояд ба гармоба бурд.
Фасли сиву дуввум
андар баёни таби якрӯзии ғизоӣ
Ғизоҳои гарм гоҳе таби якрӯзӣ ба амал оваранд. Чуноне ки таби офтобӣ аксар вақт мағзӣ буда, андар рӯҳи нафсонӣ ҷой дорад ва таби гармобавӣ дилӣ буда, андар рӯҳи ҳайвонӣ ҷой дорад, ҳамчунин таби ғизоӣ ҷигарӣ буда, андар рӯҳи табиӣ ҷой дорад.
Илоҷаш ин аст, ки бо доруҳои сардиоварандаи маъруф пешоб тозонанд,24 бо ёрии, масалан, ширхишт ва тамри ҳиндӣ табиат кушоянд, ҷигарро пеш аз ҳама бо ёрии, масалан, оби коснӣ, тараҳо, сикангубин ва зимодҳои сардиоварандаи аз қабили сандал, кофур, гулоб ва афшураи гул, афшураҳои тараҳои сарди бо барф сардгардонида (16) ва феълан сард ба ислоҳ оваранд ва [гармиро] бо ғизоҳои сарди тар хомӯш созанд.
Гуфтор андар баёни табҳои [якрӯзӣ] ба поён расид.
Мақолаи дуввум
ОҒОЗИ ГУФТОР АНДАР БАЁНИ ТАБҲОИ УФУНАТӢ ВА ПОЁНИ
ГУФТОР АНДАР БАЁНИ ТАБҲОИ ХУНӢ ВА САФРОВӢ
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни табҳои
уфунатӣ
Ин мумкин аст ба сабаби ғизои бад падид ояд. Яъне ғизо ба иллати бадгавҳарӣ ва ё агар мисли шир хубгавҳар бошад, ба иллати зуд табаҳшавӣ омодаи он бошад, ки чизи аз вай зода шуда бигандад. Ё аз баҳри он [бигандад], ки ғизои обакӣ бахшад ва он сахтии хунро бибарад.
Масалан, он чи ки аз меваҳои ниҳоят тар зода шавад, ҳамин гуна бувад. Ё аз баҳри он ки [ғизо] аз ҷинси чизе бошад, ки ба хуни хуб табдил наёбад, балки ҳамчун хилти бади сард боқӣ монда, гармии модарзодӣ аз он ҳазар кунад, вале гармии бегона онро бигандонад. Мисоли ин он чизест, ки аз хиёрза, хиёр, амруд ва ғайра зода шавад. Ё чунонки донистӣ, мумкин аст тарзи сохтани ғизо, ё вақти [хӯрдани] он ва ё тартиби он бад бувад.
[Уфунат] ё мумкин аст ба сабаби суддаҳое падид ояд, ки онҳо ба иллати мизоҷи бади тан монеи нафаскашӣ ва бод додани рӯҳ бигарданд ва ин ҳангоме бошад, ки [бар мизоҷи мазкур] тавони гувориши хуб овардан надошта бошад ва ба изофаи он на чандоне бе қувват бошад, ки андар ғизову хилт ягон таъсире расонида натавонад ва онҳоро ба ҳоли хомӣ бигузорад. Ин гуна мизоҷ ё хилтҳои бад бизояд ва ё хилти падидомадаро ба сабаби нопурра гуворидани хеш ва ба сабаби онро норасо ба ҳаракат оварданаш табаҳ созад. Ҳамаи ин сабабҳо андар падид омадани суддаҳои уфунатзоянда ёварӣ кунанд.
[Уфунат] ё мумкин аст ба сабаби ҳолатҳои беруние аз қабили ҳавоҳои бад, масалан, ҳавои вабоӣ ва ҳавои ҷойҳои пасту фарох ва мурдобҳо ба амал ояд. Гоҳе якчанд ҳолатҳои аз ин қабил буда ба ҳам ҷамъ оянд.
Бештари сабабҳои гандидан [10] судда бувад. Судда ё ба бисёрии хилт, ё ба ситабрии он ва ё ба часпакии он вобастагӣ дорад. Сабабҳои бисёрӣ, ситабрӣ ва часпакии
хилтҳо маълуманд ва суддаоварии онҳо низ маълум бувад. Ҳар гоҳ судда падид ояд, ба сабаби адами бодхӯрӣ гандидан низ падид ояд. Ин хусусан ҳангоме рӯй диҳад, ки агар аз паси пурии шикам ва хоммонии ғизо ҳаракатҳои беҳангом кунанд, ҳамин гуна гармобаҳо ба кор баранд ва офтоб хӯранд, ё аз паси пурии шикам чизҳои гармиовар бихӯранд, мурооти гувориши меъдаву ҷигар накунанд ва ягон норасоии пешомадаро аз тариқи гармсозии [меъдаву ҷигар] бо тилоҳову гармибандиҳо бартараф бисозанд.
Гандагӣ гоҳе тамоми танро фаро бигирад ва гоҳе андар як андом падид омада, ба нотавонии он, ё ба шиддату тезии гармии бегонаи он ва ё ба дарди он [андом] алоқаманд бувад. Хилти пазирои гандидан ё сафроест, ки чизи аз он бухоршаванда бояд дудии латифи тез бошад, ё хунест, ки чизи аз он бухоршаванда бояд бухории латиф бошад, ё балғамест, ки чизи аз он бухоршаванда бухории ситабр бувад ва ё савдоест, ки чизи аз он бухоршаванда бояд дудии ситабри ғуборӣ бувад.
Гандидани сафро муҷиби таби рӯзафкан ва дигар чизи ба равиши он буда, гандидани хун муҷиби таби доимӣ (мутбиқа), гандидани балғам андар бештари ҳолатҳо муҷиби таби ҳар рӯз баргарданда ва дигар табҳои ба он монанд ва гандидани савдо муҷиби таби чаҳоррӯзӣ ва он чи, ки ба равиши вай аст, бигарданд. Ҷойгоҳи хун андаруни рагҳост ва гандиданаш низ андаруни онҳо бувад.
Аммо сафро, балғам ва савдо бошанд, гоҳе андаруни рагҳо ва гоҳе берун аз онҳо биганданд. Агар онҳо берун аз рагҳо гандида шаванд ва ягон сабаби дигаре набошад ва низ уфунат аз сабаби омоси даруние бошад, ки ба дил пайваста гандагӣ бирасонад, андар ин ҳол ҳар як [аз ин хилтҳо] муҷиби даври [табҳо] бигардад, ки мо ёд кардем ва [ин гуна таб] падид ояд ва канда шавад, вале таби балғамӣ баъди канда шудан аз худ бақияи ноаёне ба ҷой гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор