Қонуни тиб

Агар [хилтҳо] андаруни рагҳо биганданд, муҷиби мондагии таб бигарданд ва таб на кандашаванда ва на шабеҳи кандашаванда бувад, балки мондаи ҳамешагӣ хоҳад буд, лекин вайро шиддатнокиҳоест, ки бо ёрии онҳо навбати хосси ин гуна табро бишиносанд. Агар гандагии дарунӣ ҳамаи рагҳо ва ё бештари он рагҳоеро фаро бигирад, ки аз паси дил ҷой доранд, шиддатёбиҳову пастшавиҳо қариб нанамоянд, вале агар ҳол бар хилофи ин бошад, дигаргуниҳо ба таври намудор зоҳир бигарданд.
[Таби] аз гандагии берунӣ баамаломада аз баҳри он канда шавад ва сипас боз ояд, ки моддаи мавриди гандиданро гандагӣ ба ҳангоми навбати таб рӯй диҳад ва рутубатҳои он, ки гармӣ бо онҳо даровехта аст, пароканда шаванд, ҳал бигарданд ва аз тан берун шаванд, аз баҳри он ки ин рутубатҳо андар рагҳо банд нестанд, то онҳоро аз тамоман ҳал гардидан ва танҳо боқӣ мондани бахши хокистарию хокии онҳо, ки гузаронандаи табу гармӣ нестанд, боз дорад. Чунонки инро метавон аз ҳоли саргинҳои бар ҳам нишаста ва партовҳо мушоҳада намуд. Онҳо андак-андак гандида, пурра хокистар шаванд (17) ва сипас ҳеҷ гармие аз онҳо боқӣ намонад. Ҳар гоҳ андар хилти аз тариқи гандидан сӯхташуда гармӣ боқӣ намонад, таб то ҳангоми дубора ҷамъ шудани хилт андар маҳалли гандидан аз байн равад. Ба сабаби боқӣ мондани бақияи гармии гандидани якум андар он ҷой, агарчи модда боқӣ намонда бошад ва ё ба сабаби вуҷуд доштани иллати гандидагии якум андар моддаи якум моддаи дуввум низ ба тариқи гандидан афрӯхта шавад.
Бинобар ин, кори гандидан бар меҳвари гармии андаки мавҷудае бичархад, ки боиси гандидан, ҳалшавӣ ва хокистар шудан бувад. Ин гармӣ ба бахши ҳамҷавор гузашта, ҳамин тариқ то ҳадди охирин бирасад ва моддаро нест кунад ва ба ҷое бирасад, ки ҳеҷ ҳамҷавори дигаре наёбад. Бақияи таб то кашида шудани моддаи дигар ба маҳалли гандидан мунтазир бимонад.
Агар гандидан андаруни рагҳо бувад, гоҳе чунин рӯй диҳад, ки ҳалшавии пурра номумкин гардад ва ба иллати пайваст будани бархе аз чизи андар рагҳо буда бо бархеи дигар гандидан ба таври даврӣ давом кунад ва ҳама чизи андар ҷавор буда гандида шуда, сипас гандидан андар ҳамҷавори дигаре ба таври даврӣ давом ёбад.
Ба изофаи ин чизи андар рагҳо ҷойгиршуда бо дил сахт алоқамандӣ дорад.
Низоми ин гуна табҳо, ки дорои навбатҳои кандашавӣ ва сустшавист, гоҳе ба иллати гуногунии моддаҳо аз ҷиҳати бисёрӣ, камӣ, ситабрӣ ва тунукӣ ва ба иллати гуногунии ҷинс аз байн биравад. [Гуногунии ҷинс] бад-ин гуна бувад, ки бархе аз моддаҳо аз тариқи интиқол ба ҷинси моддаи дигар бигузарад ва ин [моддаи дигар] на танҳо аз ҷиҳати бисёрию камӣ ва ситабрию тунукӣ, балки аз ҷиҳати навъ низ мухолифи [аввала] бошад. Гоҳе ин аз сабаби бадтадбирии бемор, ё ба сабаби нотавонии ӯ ва ё ба сабаби бисёр ҳассос буданаш ба амал ояд.
Навбатҳои таби кандашаванда андар бештари ҳолатҳо бо фарошо, ё сардӣ ва ё табларза падид оянд ва бо арақ овардан кушода шаванд. Бештар ба сармо ва ё фарошо падид омадни онҳо ё ба сабаби сардии хилт, ё ба сабаби бо тезии худ мушакҳоро сӯзондани хилт, ё ба сабаби анда
рун рафтани гармӣ ва рӯ ба модда овардани он, ё ба сабаби заъфи қувват ва ё ба сабаби сардии ҳаво бувад. Оне, ки ба сӯзиши гармӣ алоқаманд аст, нисбаташ ба фарошо беҳтар аз он аст, ки ба сардӣ нисбат дода шавад. Аксар вақт ки ин ориз гардад, ҳамчун халидани сӯзанҳо андар ҳар як андом ориз гардад. Ҳал шудани модда аз тариқи арақ аз он сабаб аст, ки гармии гандонанда рутубатро ҳал кунад ва бахши хокистариро ба ҷой гузорад.
Агар он рутубат маҳдуд ба рагҳо набошад, ба шакли арақ ронда шуданаш аз тариқи масомҳо осон бувад.
Навбатҳои таби монда, ки на суст шавад ва на канда, танҳо ба иллати заъфи қувват ва андарун рафтани гармии модарзодӣ бо сардӣ оғоз ёбанд, ки он гоҳ андомҳои атрофӣ сард бигарданд. Ин нишонаи бад бувад. Ба ҳангоми бархе аз табҳо сардию фарошо бо ҳам таркиб ёбанд, аз баҳри он ки моддаи ганданда аз [хилти] сард ва [хилти] газанда таркиб ёфта бошад. Гоҳи дигар бархе аз табҳои уфунатӣ чунон таркиб ёбанд, ки ба ҳайъати таби монда бидароянд. Ин, масалан, ҳангоме бувад, ки хилт чун андар ягон мавзее ба гандидан оғоз намояд ва ҳамин ки ӯро гандагӣ падид ояд, хилти дигаре аз ҷинси ӯ ва ё ғайри ҷинси ӯ низ бигандад. Бинобар ин гандидани дуввумӣ ба замони канда шудани навбати якум рост ояд ва сипас ҳол ҳамин гуна пайваста давом кунад. Гоҳе табҳои уфунатӣ ба намуди дигаре аз таркибёбӣ таркиб ёбанд, ки мо инро андар боби худаш ба тафсил баён хоҳем кард.
Давраҳои табҳо гоҳе дароз ва гоҳе кӯтоҳ бошанд ва дарозияшон ба иллати ситабрии модда, ё часпакии он, ё бисёрии он, ё оромии он, ё ба иллати нотавонии қувват, ё нотавонии ҳис ва ё зич шудани масомҳое ба амал ояд, ки ба сабаби онҳо хилт ҳал нагардад. Кӯтоҳии он ба омилҳои зидди инҳо вобаста бувад.
Навбатҳо гоҳе зуд гузаранд ва гоҳе дер бикашанд. Дер кашидани онҳо бад-он сабаб бувад, ки модда ё кам аст ва ё ба иллати ситабрии хеш ба маҳалли гандидан дер бирасад ва ин модда мисли моддаи таби чаҳоррӯзист.
Зуд гузаштанашон бад-он сабаб аст, ки модда ё бисёр бошад, чунончи балғам ҳамин гуна бувад, вале на балғами обгинагӣ, зеро ба ҳангоми он навбатҳо мумкин аст дер давом кунанд ва ё тунук бошад, чунончи сафро ҳамин гуна аст.
Бадтарини табҳо таби мондаест, ки ба ҳангоми он уфунат андаруни рагҳо бувад. Сипас таби кандашаванда25 бошад, ки ба ҳангоми он уфунат андар ҳамаи тан ва ё андар ноҳияҳои дил ҷой дошта бошад. Ба сабаби сардии мизоҷ ва кам гирифтор шудан ба ногуворидани ғизо пиронро кам бошад, ки таби солиб (сахт гарми бо ларза) рӯй диҳад.
Аммо ҳолатҳои набз бошад, ба ҳангоми табҳои уфунатӣ ба ҳасби аз ҷиҳати ҷинсҳо гуногун будани онҳо ва ё ба ҳасби гуногунии як навъ аз ҷиҳати шиддату нотавонӣ ва аз ҷиҳати қавигию нотавонии аразҳо ҳар гуна бигарданд. Гоҳе ба ҳангоми ин гуна [табҳо] набзро ба иллати ё омоси гарми ба шиддат аз ҳам кашидашуда, ё омоси гарми андар андоми сахт падид омада, ё омоси сахт, ё шиддатнокии хушкӣ ва ё ба ҳангоми фармонравоии сардӣ андар оғозёбиҳои [набз] сахтӣ ориз бигардад. Гоҳе ба сабаби моддаи тари нарми (18) балғамӣ ва хунӣ, ё ба сабаби он ки омос андар андоми нарм ҷой дорад, чунонки омоси шуш ва лисарғус ҳамин гуна буванд ва ё ба сабаби таровиш, ки ба ҳангоми арақоварӣ намудан ба амал ояд, набз нарм бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор