Қонуни тиб

Набз ба оғози навбатҳо нотавони фишурда бувад, аз баҳри он ки қувват рӯ ба муқобили модда оварда, ба пок сохтану бод додани [рӯҳ] пардохтааст.
[11] Фасли дуввум гуфтор андар баёни нишонаҳои табҳои уфунатӣ
Гоҳе бар табҳои уфунатӣ фароҳам омадани сабабҳои собиқи онҳо далолат кунад ва ин хусусан ҳангоме бувад, ки агар онҳо ягон сабаби берунае надошта бошанд.
[Низ] набз ва нафасе аз онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки зуд-зуд фишурда бигардад, аз баҳри он ки ҳоҷат ба поксозӣ сахт зиёд бувад. Гармӣ сӯзонандаи ғайри форам ва мисли гармии таби якрӯзӣ бошад. Пеш аз бештари табҳои уфунатӣ бетобӣ (малила) ба амал ояд. Бетобӣ ҳолате аст, ки омехта бо гармӣ бошад, вале ба дараҷаи таб нарасад. Онро ранҷурӣ, шикастагӣ, ланҷӣ, хамёза кашидан, даҳонфожа, хоби нооромона, бедорхобӣ, тангнафасӣ, азҳамкашидагии рагҳо ва сарҳои устухонҳои паҳлу, сардард ва дил задани сар ҳамроҳӣ кунанд ва агар он дер давом кунад, ба табҳои уфунатӣ гирифтор созад ва боиси нотавонӣ ва зардии ранг биградад. Гоҳе ҳамроҳи бетобии пеш аз табҳо ҷойдошта фазлаи бисёр, оби бинӣ, маниши гаштан, пешоби бисёр, бирози бисёри гандида, саргаронӣ ва бодгирифтагӣ зоҳир бигарданд. Андар набз на ба ягон сабаби берунае аз қабили ранҷ, ё хашм ва ё ғайри инҳо думодумӣ ориз бигардад. Ҳар гоҳ андар набз фишурдагӣ рӯй диҳад, пас, навбат фаро расида бошад. Фишурдагӣ ин ба андарун рафтани набз ва хурдии ноҳамвориест, ки ба ҳангоми он тапишҳои бузурги қавӣ биафтанд, вале суръаташон қавӣ набошад. Аммо ноҳамвории [набз], ки андар марҳалаи оғоз ва марҳалаи болоравӣ ҷой дорад, яке аз далелҳои хосси таби уфунатист, вале ба ҳангоми таби рӯзафкан ба иллати сабукии моддаи он чандон бисёр намудор нагардад, [ҳарчанд ки оғозёбӣ ба ҳангоми таби рӯзафкан ба иллати сабукии ёдшудаи (моддаи он) таби якрӯзиеро монад, ки ҳанӯз ба таби уфунатӣ нагузашта бошад].26 Аз ҷумлаи нишонаҳои он, ки таб гандида аст, ин аст, ки даври якум аз арақу таровиш холӣ бошад. Табҳои якрӯзӣ бар хилофи ин буванд. Дигар ин, ки марҳалаи болоравии онҳо ҳархела ва ғайри мутаносибу яксон бошад. Дарозии марҳалаи болоравӣ низ бар уфунатӣ будани [табҳо] гувоҳӣ диҳад. Бемайлон бузург шудани набз далолат бар болоравӣ кунад.
Сипас [табҳои уфунатӣ] ё мумкин аст табҳои кандашавандае бошанд, ки бо ларза ва ё фарошо оғоз ёфта, андар бештари ҳолатҳо аз тариқи арақ овардан ва ё таровиш кушода шаванд ва ба шакли навбатҳо такрор ёбанд ва ё мумкин аст табҳои мондае бошанд, ки бо сустшавӣ ва ё ғайри сустшавӣ зоҳир гарданд ва аз ҷиҳати набз, пешоб, тамомии покӣ ва оромии аразҳо ба табҳои якрӯзӣ монандӣ надоранд. Бештари табҳои уфунатиро хусусан ба ҳангоми марҳалаи анҷомёбӣ аразҳои бисёре аз қаби
ли ташнагӣ, сардард ва сиёҳии забон ҳамроҳӣ кунанд.
Аз сабаби тосаю изтироби сахте, ки ба муҷиби муқобилияти модда ва қувват ба амал оянд, нороҳатӣ афзоиш ёбад. Гоҳе модда боло гирад ва гоҳе қувват ва набз бинобар он гоҳе ба сӯи бузургию қувват ва гоҳе ба хурдию нотавонӣ бигарояд. Сахтии [набз] бошад, гоҳе ба амал ояд, вале танҳо вақте доимӣ будани он воҷиб ояд, ки агар баробари таб андар ягон андоме омоси сахт ва ё ягон омосе агарчи сахт набошад ҳам, андар андоми сахт ҷой дошта бошад ва ё чунин иттифоқ афтад, ки [бемор] оби сард ва ё ягон чизи дигаре ошомида бошад, ки набз аз он сахт бигардад ва аз қабили чизҳое бошад, ки андар китоби набз27 ёд карда шудаанд. [Ихтилофи [набз] андар [марҳалаи] оғоз ва [марҳалаи] болоравии [таб], ҳарчанд ба ҳангоми таби рӯзафкан ба иллати ноаён будани моддаи он чандон зоҳир нест, яке аз хусусиятҳои хосс ва яке аз далелҳои қавии таби уфунатӣ бувад].28 То даме ки набз қавӣ нагардад ва ба [дараҷаи] суръати ёдшуда суръат пайдо накунад, таб ҳамчун таби якрӯзӣ боқӣ монда, ба таби уфунатӣ табдил наёбад. Пешоб андар марҳалаи оғоз нопухта ва ё кам пухта бувад ва гоҳе сахт тез бигардад.
Бидон, ки кам иттифоқ биафтад, ки [бемор] аз табҳои тези ҳалоккунанда раҳоӣ ёбад, магар ягон андоме барҷомонда бигардад. Агар таб баъд аз ором шудани омос ба ҳангоми барсом ва монанди он боқӣ монад, бидон, ки бақияи модда ҳанӯз боқист ва модда бад-он сӯй майл карда аст, ки андар он ҷой дард ҳис карда шавад.
Фасли севвум андар баёни нишонаҳои табҳои монда
Ба ҳангоми табҳои доимӣ ба ҳасби таб дигаргун шудани набз сахт намудор бошад ва андар бештари ҳолатҳо бенизому бевазн дарёфта шавад. Таб давом ёфта, баъд аз бисту чаҳор соат канда нашавад (19) ва инро он ҳолатҳои таби кандашаванда, ки мо ёд кардем ва аз ларза ва дигар чизҳои пешомада иборат аст, ҳамроҳӣ накунанд. Яке аз ҳолатҳое, ки бар вай далолат кунад, мондагӣ ва ба шиддат дигаргун шудани ҳоли он ба ҳангоми болоравӣ буда, гоҳе шиддат ёбад ва гоҳе дигар бикоҳад.
Фасли чаҳорум андар баёни ҳолатҳое, ки бо бархе аз онҳо табҳои уфунатӣ аз ҳам фарқ кунанд ва бо бархе дигар бо ҳам анбозӣ кунанд
Ҳаракати он бахш аз табҳо, ки аз сабаби гандидани сафро ба амал омадаанд, хоҳ ҳаракати оғози навбат бошад ва хоҳ ҳаракати оғози шиддатёбӣ, чун [ҳаракати] таби рӯзафкан бувад. Вале як намуд аз инҳо, ки бо номи «таби сӯзон» маъруф аст, ниҳоят ноаён ҳаракат намуда, чун таби мондаи доимӣ (мутбиқа) бувад.
Таби рӯзафкани холис ба иллати тунукии модда тез бувад ва гармияш ба сабаби қавӣ будани талха бузургу сӯзонанда бошад, лекин ин [таб] беосеб аст, аз баҳри он ки сафро аз барои табиат сабук аст ва низ [гоҳе] осуда гузорад. Таби рӯзафкани ғайри холис аз ҷиҳати муддат дарозтар аз таби [рӯзафкани] холис бувад ва таби холис кам биафтад, ки аз ҳафт29 навбат таҷовуз кунад, магар ба сабаби рӯй додани ягон хатогӣ. Таби [рӯзафкани] доимӣ гоҳе андар миёни як ҳафта аз байн биравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор