Қонуни тиб

Он табе, ки аз сабаби гандидани хун бархезад, доимии монда буда, гармияш бисёри фарогиранда ва нарм бувад ва ба андозаи [гармии таби] сафровӣ сӯзанда набошад. Ин таб гоҳе андар миёни чаҳор рӯз ба анҷом расад.
Аммо таби балғамии ҳаррӯз такрорёбанда бошад, гармияш нисбат ба таби сафровӣ нармтар аст ва ба иллати часпакии модда ва сардию бисёрии он дер давом кунад. [Ин таб] хатари бузург дорад, аз баҳри он ки муддати кандашавӣ ва ё суст шудани он кӯтоҳ аст ва низ ногузир ҳамроҳи он фасод ва заъфи даҳони меъда ба амал ояд. Ин яке аз он сабабҳое аст, ки боиси падид омадани аразҳои баде аз қабили беҳушӣ, хафақон ва афтидани иштиҳо бигардад. Намуди мондаи ин гуна табҳоро, агар нармии набз намебуд, шабеҳтарин чиз ба диққ мебуд. Вале набзи он гоҳе низ сахт бигардад. Ин [таб] ҳар қадар камтар холис бошад, навбаташ ҳамон қадар кӯтоҳтар хоҳад буд, вале ба сабаби кам холис буданаш ба [табҳои] савдовӣ бигарояд.
Таби рӯзафкан аз баҳри он тез нест, ки модда сард бувад ва бинобар он низ дер бикашад. Гоҳе намуди холиси он як сол давом кунад ва ғайри холисаш кӯтоҳтар бошад. Лекин андар он ҳеҷ хатаре нест, зеро он [беморро] ба муддати дароз осуда гузорад ва низ сахтии он на ба ҳадде бирасад, ки аз паси он аразҳои сахт падид оянд.
Таби чаҳорӯзӣ ва таби рӯзафкани доимӣ ва сустидор бо қай, ё рафтани шикам, ё арақ кардан ва ё тохтани пешоб бигузаранд. Аммо [таби] сӯзон бо ҳолатҳои ёдшуда ва бо хуни бинӣ бигузарад.
Бидон, ки марҳалаи оғоз ба ҳангоми таби рӯзафкан, марҳалаи анҷом ба ҳангоми таби мутбиқа, марҳалаи пастравӣ ба ҳангоми таби сӯзон ва марҳалаҳои анҷом ва пастравӣ ба ҳангоми таби ҳаррӯзӣ дер давом кунанд, вале кам ёфт шавад, ки таби чаҳоррӯзии мондаи доимӣ ва таби ҳаррӯзӣ пурра канда шаванд. Агар табҳо умуман ва таби омосӣ хусусан ба таври бояд муолаҷа карда нашаванд, боиси пажмурдагӣ бигарданд. Хусусан ин ҳангоми он табҳои тез ба амал ояд, ки агар ғизо додани худованди онҳо воҷиб бошаду, вале ба ғарази табиатро бар зидди модда хезондан ба ӯ ғизо надиҳанд ва ё ба ӯ оби сард додан лозим бошад, вале ба ғарази он, ки хомӣ наорад, ба ӯ об надиҳанд ва дигар тадбири гармихомӯшкунӣ низ ба кор набаранд. Агар он ғаразе, ки ба ғизодиҳӣ ва оби сард ошомондан алоқаманд аст ва мо онро баъд ёд хоҳем кард, аз ду ғарази ёдшуда қавитар бошад, онро бар он ду ғараз муқаддам гузоранд ва ин ду ғаразро риоя накунанд.
Фасли панҷум андар баёни далелҳои аразҳои табҳо
Бидон, ки маъхази далелҳои табҳо инҳост: тадбири пешомада, чи гунае набошад; он ҳолатҳо ва аразҳои ҳозирае,
ки мо онҳоро ёд хоҳем кард; кишварҳо ва фаслҳои сол;
син ва мизоҷ; набз, пешоб, қай, бироз ва хуни бинӣ; чигунагии таб аз ҷиҳати табларза, арақ ва кайфияти гармӣ; навбатҳо; ҳолати ташнагию иштиҳо; ҳолати нафасгирӣ; ва
аразҳои қаринагие аз қабили сардард, бехобӣ, ҳазён, нороҳатӣ ва ғайра. Табҳоро аразҳоест, ки аз тариқи онҳо
бар ҳолатҳои онҳо огоҳӣ пайдо кунанд. Аз ҷумла аразҳо
еанд, ки бар бузургию хурдии табҳо далолат кунанд ва мисоли онҳо кайфият ва камияти гармӣ мебошад. Бархе аз гармӣ аз аввал то охири таб ниҳоят сӯзишнок аст, бархе нахуст бисӯзонад ва сипас ба иллати ҳал шудани модда сусту нарм бигардад ва бархе [аслан] насӯзонад. Гармии бархе аз табҳо тар ва гармии бархе дигар хушк бувад. Аразҳоеанд, ки бар ҷинси табҳо далолат кунанд, чунончи аразҳои хосси таби рӯзафкан, масалан, инҳост [12]: оғоз ёфтани навбат бо халаву фарошо ва сӯзанда будани гармӣ. Аразҳоеанд, ки бар палидии табҳо далолат кунанд ва мисоли онҳо нороҳатӣ, ҳазён ва бехобист.
Аразҳоеанд, ки бар пухтагӣ ва нопухтагӣ далолат кунанд ва мисоли ин он ҳолатҳои пешоб аст, ки баъд ёд хоҳем кард. (20) Аразҳоеанд, ки бар буҳрон далолат кунанд ва мо онҳоро баъд ёд кунем. Аразҳоеанд, ки бар тандурустӣ ва ё зидди он далолат кунанд ва мо ҳамаи инҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Намуди зоҳириро низ ҳукумҳои бисёр аст. Масалан, гоҳе ранги он аз сафедию сабзӣ ба арзизӣ бигарояд ва ин бар сардии хилтҳо ва камии гармии модарзодӣ далолат кунад ва ё мумкин аст ба бодгирифтагию дамидагӣ бигарояд, чунончи касеро ин гуна ҳол рӯй диҳад, ки сабаби таби ӯ хом мондани ғизо бувад. Ё масалан, зуд пажмурдаю борик шудани рӯй ва борик гардидани бинӣ ё бар шиддатнокии гармӣ далолат кунанд ва ё бар тунукии хилтҳо ва зуд ҳал шудани онҳо, ки ба фарохии масомҳо алоқаманд аст. Ҳаракатҳо худ ба худ, аз маҷрои одат баромадан ва афтодагии онҳо ва инчунин чизҳои дигаре, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард, далелҳои ин гуна [табҳоянд].
Вақти бархе аз аразҳои табҳо марҳалаи анҷом аст ва мисоли онҳо ҳазён ва парешонии зеҳн бувад, зеро [андар ин ҳангом] сар битафсад ва вақти бархе дигар марҳалаи оғоз аст ва мисоли ин фарошо, хунук хӯрдан ва масалан, хоболудиест, ки аксар вақт ба оғози табҳо рӯй диҳад, зеро [андар ин ҳангом] мағз нотавон шавад, гармӣ ба сӯи андарун – ба он ҷое майл кунад, ки модда андар он ҷой бисёр аст ва бухорҳое бисёр бошанд, ки аз сабаби изтироби андар тан афтода падид оянд ва то ҳал сохтани афрӯхтагӣ боқӣ бимонанд. Андар ин кор сардии худи мағз ва сардии хилте ёварӣ кунанд, ки гандидану тафсидан бихоҳад.
Чизҳое, ки аз тариқи онҳо ҳоли таб ва аз кадом синф будани онро шиносанд, инҳост: чигунагии тезӣ ва нармии таб; чӣ гуна ба амал омадани таб аз сабабҳои беруна ва ё пешгузашта мувофиқи шарти ёдшуда; чигунагии таб аз ҷиҳати мондагӣ, кандашавӣ ва сустидор будани он; чигунагии таб аз ҷиҳати бо ларза, сармо ва фарошо ва ё бар хилофи инҳо хуруҷ кардани он ва кай рӯй додани он чи аз инҳо, ки агар ҷой дошта бошад; чигунагии таб ба ҳангоми бо арақи бисёр ва ё кам кушода шудани он; чигунагии тадбирҳои пешгузашта, синну сол, намуди зоҳирӣ, фасли сол ва пеша; ва чигунагии набзу пешоб.
Фасли шашум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни табларза, хунук хӯрдан, фарошо ва шикастагӣ
Фарошо ин ҳолатест, ки ба ҳангоми он тан ба таври ноҳамвор андар пӯст ва мушакҳо сардию сих задан дарё бад ва пеш аз он шикастагӣ ҳис карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор