Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шикастагӣ намуди сусти фарошост.
Хунукхӯрӣ ин аст, ки [бемор] андар андомҳо ва андар дохили мушакҳо хунукии холис ҳис кунад. Табларза он бошад, ки [бемор] андомҳои хешро аз ларзишу такони андар онҳо афтида ва аз ҳарактҳои ғайри иродавӣ нигоҳ доштан натвонад. Гоҳе мумкин аст сардии қавӣ бошад, вале табларзаи қавӣ набошад, чунонки ба ҳангоми табҳои балғамӣ ва чаҳоррӯзӣ ҳамин гуна бувад. Яке аз сабабҳои ба шиддат будани табларза шиддатнокии қувваи ронандаест, ки андар мушакҳо ҷой дорад. Бинобар он ҳар қадар, ки сабаби табларза оваранда часпактар бошад, ларза низ ҳамон андоза сахттар бувад. Ба ҳангоми табларза хун ба андарун фурӯ биравад.
Бидон, ки хилти сард ором буда, андоми дорандаи он бо вай унс бигирад ва пайваста аз он мутаассир гардида, вале сардияшро ҳис накунад. Ҳар гоҳ он ба ҷунбиш омада, ба ягон сабабе аз қабили гармии парокандагӣ оваранда ва ё ғайри он ба таври бешу кам парешон бигардад, андоме, ки ба он пайвастагӣ надорад, аз он мутаассир шуда, ба сабаби гуногунии мизоҷ сардии онро ҳис кунад.
Инро ту аз аслҳои ҳамагонии илми тиб донистӣ.
Бисёр вақт аз сабаби балғами обгинагуни андар тан паҳнгардида табларзае падид ояд, ки ба таб наанҷомад ва гоҳе инро давраҳои хуруҷ бошад, вале қувваташ на ба андозаи қувваи табларзаи табовар бувад. Моддае, ки бо камии худ ранҷовар аст, бо бешии худ пеш аз гандидан табларза биоварад ва агар он ганда нагардад, боиси таб нахоҳад шуд. Гоҳе сардию табларза аз он сабаб падид оянд, ки гармӣ ба сабаби ғизо ва чизҳои бад-он шабеҳ ба андарун биравад. Табларзаву сардӣ аз баҳри он пеш аз табҳо падид оянд, ки хилти хом чун нахуст ба мушакҳо бирезад, бо сардии ба қиёси мушак будаи худ сӯзиш оварад. Сипас, чун ба гандидан пардозад, гарм шудан бигирад. Гоҳе табларза пеш аз табҳо бад-он сабаб биафтад, ки хилт ранҷовар ва қувваи ронандаи андар мушакҳо буда қавӣ буванд, чунончи одам аз рехтани оби сахт гарм бар пӯсташ ва хусусан агар он об шӯр бошад, ба ларза ояд. Гоҳе газанди аз чизи ранҷовар расида мумкин аст сабаби ба андарун гурехтани гармии модарзодӣ ва фармонраво шудани сардӣ бигардад. Бинобар он баробари газандагии гармӣ сардӣ низ ҷой дошта, сардӣ зоҳирро фаро бигирад ва газандагии гармӣ ба наздики пардаи дарунӣ ҳис карда шавад. Гоҳе табларза ба сабаби ба андарун гурехтани гармӣ биафтад, чунонки ба ҳангоми омосҳои дарунӣ ин гуна ҳол рӯй диҳад.
Баъзан табларза ва фарошо ба ҳангоми табҳои монда бар беҳшавӣ далолат кунанд, зеро ин (21) далели он бошад, ки модда аз тариқи рагҳо шорида берун рафта аст.
Лекин агар ин [табларза] ҳамроҳ бо пухтагӣ ва ба ҳангоми буҳрон набошад ва аз паси он сабукӣ ҳис карда нашавад, пас, ин далолат бар он кунад, ки ин миқдори берун омадани модда на аз сабаби ғалабаи қувват, балки аз сабаби бисёрии модда буда, ба муҷиби ин бисёрӣ модда берун бирезад. Бархе аз табларза далолат бар марг кунад ва ин табларзае бошад, ки аз паси заъфи қувват ва афтидани гармии модарзодӣ ва нафс рӯй диҳад.
Аммо фарошо аз сабабҳое ба амал ояд, ки камтар аз

сабабҳои табларза буванд. Ангезиш ёфтани ҳайрату гижа аз даври [хуруҷи таб] огоҳӣ диҳад. Табҳои пирон ба шакли ниҳонӣ гузаранд. Гоҳе сабаби дер давом кардани таб ягон ситабрие бувад, ки андар андомҳои дарунӣ ҷой дорад. Андар ин ҳол бояд каси ба таб гирифтор бар пушт хобида, пойҳояшро дароз кунад ва [пизишк] андомҳои дарунии ӯро бо даст тафтиш кунад. Агар забони бемори таб бо вуҷуди сабук будани таб сиёҳ бошад, пас, таб ниҳонӣ бувад.
Гоҳе таби баамаломадаро фалаҷ ҳамроҳӣ кунад ва андар ин ҳол нахуст табро муолаҷа кунанд. Агар таб бардошт кунад, яке аз чизҳои аз барои чунин [беморон] созгор сикангубини омехта бо гулангубин ва ё оби нахӯд бо равғани зайтун мебошад. Тарошидани сар яке аз он сабабҳоест, ки пӯсти сарро зич созад ва бухорҳоро пас гардонда, табро шиддатнок кунад.
Фасли ҳафтум ишора ба муолаҷаҳои ҳамагонии табҳои уфунатӣ

Бидон, ки ғараз ҳангоми дармони ин гуна табҳо гоҳе ба сӯи таб равона буда, андар ин ҳол эҳтиёҷ ба сардӣ овардану тарифизоӣ биафтад ва гоҳе ба сӯи модда равона буда, андар ин ҳол ё ба пазонидан ва ё ба истифроғи он эҳтиёҷ бошад. Пазишро ба ҳангоми моддаи ситабр аз тариқи муътадилгардонии он бо ёрии тунуксозӣ ва ба ҳангоми моддаи тунук аз тариқи муътадил сохтани он бо ёрии ситабрсозӣ ба амал оваранд. Гоҳе сардиоварие, ки ба тақозои таб аст ва он пазиш, истифроғ ва ҳалсозие, ки ба тақозои моддаанд, мумкин аст нақизи якдигар бошанд. Гоҳе чизи пазишоваранда ва истифроғсозанда мумкин аст гарм, балки андар бештари ҳолатҳо чунин бошад. Андар ин гуна ҳол бояд аз ду амр муҳимтари онҳо ба эътибор гирифта шавад. Гоҳе муқтазои таб, ки сардӣ овардан бо ёрии оби тарбуз ва дигар тариҳо мебошад, бо муқтазои модда, ки коҳиш додан аст, нақиз биафтад ва ин ба бемор додани чунин [обҳоро] ҷуз ба ҳангоми набудани модда раво намедорад. Умуман, тақозои андеша ин аст, ки додани оби меваҳо бояд як ҳафта ба таъхир гузошта шавад ва танҳо ба оби ҷав кифоят кунанд. Аксари меваҳо ба сабаби ҷӯшидану табаҳ шудан андар меъда каси гирифтори табро зиён доранд. Бисёр ёфт мешавад, ки чизи пазонанда, латифсозанда ва истифроғкунанда низ сардиоваранда бувад, чунон ки сикангубин ҳамин гуна аст.
Бидон, ки гоҳе таб аз ҷиҳати тезию шиддат ба ҷое бошад, ки барои тадбир кардани сабаб имконият надиҳад, балки тақозои сардифизоии ниҳоят зиёд кунад. Ин хусусан ҳангоме бувад, ки агар қувватро қавӣ, кӯшо ва бурдбор дарнаёбӣ. Вале агар онро кӯшо ва бурдбор дарёбӣ, ба қатъи сабаб бипардоз, хилтро тадбир кун, ғизоро қатъ соз ва чандоне сардӣ наовар, ки аз ҳалшавӣ боз дорад.
Агар қувватро норасо биёбӣ, ба муътадил гардонидани мизоҷи зидди он бипардоз, онро сард соз ва қувватро бо ёрии ғизо зинда кун. Ҳар гоҳ қувватро аз тариқи зинда кардан қавӣ сохтӣ ва чизи зидди онро фурӯ нишондӣ, ба [муолаҷаи] иллат рӯй овар. Ҳар гоҳ ба ҳангоми ин табҳо сардӣ овардан бихоҳӣ, бо доруҳое, ки хусусияти қабзкунандагӣ ва зичсозӣ доранд, масалан, бо қурсҳои сардиоваранда, танҳо баъд аз пазишу истифроғ ба сардиоварӣ бипардоз.

пешина
аз 1215
навбатӣ