Қонуни тиб

Бидон, ки илоҷи таби уфунатӣ бар хилофи илоҷи таби диққист, зеро илоҷи таби [диққӣ] [13] танҳо аз тадбири зидди беморӣ иборат аст ва илоҷи таби уфунатӣ бошад, на фақат аз тадбири зидди беморӣ, балки ҳарчанд ба созгории беморӣ набошад ҳам, аз он ва аз тадбири қатъ сохтани сабаб низ иборат аст. Ғизодиҳӣ худ ба худ дӯсти қувват аст ва аз ҷиҳати он ки бо душмани он, яъне модда дӯстӣ дорад, душмани ӯ низ мебошад. Ғизо ҳар дуро ёварӣ кунад. Бинобар он ба ҳангоми тадбири ғизо эҳтиёҷ ба [риояи] қонуни [муайян] аст ва мо бояд аз барои он боби ҷудогонае биоварем.
Бидон, ки туро ҷуз баъд аз шинохтани таб муолаҷаи он муяссар нахоҳад шуд. Агар [табро] шинохтан натавонӣ, тадбири ғизоро латиф кун ва бикӯш, ки навбат туро ҷуз ба вақти тиҳӣ будани шикам дар наёбад ва андар рӯзи навбат ҳар қадар ки битвонӣ, ягон чизеро ба ҳаракат наор ва ба муолаҷа машғул нашав.
Ба ҳамаи ин ҳолатҳо бояд ҳоли қувватро ба назар бигирӣ. Агар қувва қавӣ бошад, агар [хилти] ғолиб хун ва ё ҳамроҳи хилти ғолиб хун ҷой дошта бошад ва хусусан агар пешоб сурхи ситабр бошад, на зарди оташгун, ки андар ин ҳол бими ба ҳангоми раг задан ғолиб омадани зарда ва тезии он ҷой хоҳад дошт, аз ҳама воҷибтар раг задан аст. Сипас, баъд аз раг задан, хусусан агар андар ин ҳол ягон хушкие ҷой дошта бошад, бо ёрии, масалан, оби ҷаву андаке ширхишт (22) ва [ё] оби ҷаву сикангубин ба исҳоли латиф бипардоз. Агар аз ин табиат нарм нашавд, масалан, андар ширхишт, шароби бунафша барин чизҳо биафзой. Мақсад аз ин бояд нармсозӣ бошад, на исҳолу шикамрави сахт. Ба наздики ман аз ҳама дӯстдоштатар ба кор бурдани ҳуқнаҳоест, ки қувваи таъсирашон ба қадри лозимӣ бошад. Яке аз ҳуқнаҳои ба таври муштарак судманди сабук ҳуқнаест, ки аз равғани бунафша, афшураи барги чугундар, зардии хояи мурғ, шакари сурх ва бура бисозанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-ин гуна нармсозӣ ба ҳангоми марҳалаи анҷомёбӣ камтар аз эҳтиёҷи андар оғоз ҷой дошта бувад ва ин ҳангоме бошад, ки агар табиат баста бошад. Сипас баъди ин кор бо ёрии, масалан, сикангубини бо бехи карафс ва монанди он ҷӯшонида пешобтозонӣ кунанд. Баъд аз он арақ оваранд ва бо ёрии доруҳои начандон сахт гарм ба кушодани масомҳо пардохта, масалан, бо равғани бобуна равғанмолӣ кунанд ва бо шароби сафед ва бо оби хуши нимгарм даллокӣ кунанд. Агар таб ниҳоят сахт шуда бошад, ягон гуна равғанмолӣ ва пухтаковрезӣ кардан раво нест. Агар андар оғоз бибинӣ, ки хилт ба сӯи меъда моил аст ва табиат онро ба сӯи қай ҳамеҷунбонад, ба ягон чизи ғайри мухолифи одат, балки масалан бо сикангубин ва оби гарм қай овар. Агар майли [хилт] ба сӯи рӯдагон бошад ва бибинӣ, ки қароқур, ё фуруд омадани бироз ва ё монанди он ҷой доранд, ба равиши табиат мухолафат накун. Ба оғози табҳо ва хусусан агар фарошо, ё сардӣ ва ё табларза ҷой дошта бошанд, [беморро] хоб рафтан нагузор, чунки сардию табларзааш дер бикашанд ва ин моддаро ба ҳангоми равон будан ба сӯи бархе аз андомҳои дарунӣ ёварӣ
кунад ва хилтҳоро аз пухтан боз дорад. Аммо ба ҳангоми пастравӣ ин [тадбир] сахт судманд аст ва гоҳе ба ҳангоми анҷомёбӣ ҳам бе зиён бувад. [Беморро] аз ошомидани оби сард нигоҳ надор, вале на ба ҳангоми ҷой доштани хомӣ ва ситабрии хилт, ки ин [ошомидан] пазишро боз дорад.
Хилти сафровиро пухтан бад-ин гуна бошад, ки он аз тунукӣ ситабр бигардад. Оби сард чунин кор кунад, вале ба шарте ки агар меъда ва ё ҷигар нотавон ва ё сард набошанд, ё андар андомҳои дарунӣ ягон омосе ва ё андар андомҳои бемор ягон дарде ҷой надошта бошад, ё мизоҷи ӯ камхун набошад, ё гармии модарзодияш заиф буда, баъд аз ошомидани оби сард заифтар нагардад ва ё ба ошомидани оби сард ноомӯхт набошад, чунонки аҳли кишварҳои гарм ҳамин гуна буда, эшон аз [ошомидани оби сард] зуд ба ташаннуҷ ва ҳукак гирифтор шаванд. Касони лоғаршуда низ аз ҳамин ҷумлаанд. Аммо агар модда гарм ва ё ситабр буда, кайҳо пухта бошад, тан пурра бошад, гармии модарзодӣ фаровон бошад, қувват қавӣ ва андомҳои дарунӣ солим буда, мизоҷи аслиашон сард набошад, бемор на танҳо ғайри одатӣ, балки ба оби ниҳоят сард одаткарда бошад, андар ин ҳол оби сард беҳтарин чиз хоҳад буд, зеро он бисёр бошад, ки аз тариқи кушодани табиат, ё қай овардан, ё пешоб тозондан, ё арақ овардан ва ё аз тариқи ҳамаи инҳо якҷоя ба берун шудани модда ёварӣ кунад ва бемор худи ҳамон замон шифо ёбад.
Гоҳе мумкин аст пизишк ба бемор он қадар оби сарди бисёре бидиҳад, ки рангаш кабуд шавад ва ба ларза ояд ва ин [миқдор] мумкин аст, ба якуним ман бирасад, андар ин ҳол гоҳе таб ба таби балғамӣ табдил ёбад ва гоҳе табиат тавоно баромада, аз тариқи арақ, пешоб ва исҳол моддаро берун ронад ва беҳӣ ба амал ояд.
Агар андар бархе аз ҷойҳо ягон омосе буда, бими он дошта бошӣ, ки гармӣ ва ташнагӣ зиён хоҳанд овард ва гумон кунӣ, ки ин боиси пажмурдагӣ хоҳад шуд, [беморро аз ошомидани] оби сард манъ накун, зеро афзоиши омос ва хом гардидани он боре мумкин аст беҳтар аз пажмурдагӣ бувад. Сикангубин гоҳе ташнагиро ором кунад ва шиканад ва табиат кушояд. Зиёни ӯ ба омос чандон зиёд нест ва ба андозаи зиёни об нарасад. Вай моддаро фароҳам ва зич насозад. Гулоби бисёр омехта низ ҳам чунин аст.
Ҳар гоҳ ошомидани оби сард раво набошад, вале бемор бад-он иқдом кунад, бими он бошад, ки масомҳо фишурда шуда, ин ба иллати падид омадани суддаи дигаре сабабгори падид омадани таби дигаре бигардад. Гоҳе ин [таб] мумкин аст аз якумӣ ҳам шиддатноктар бошад. [Оби сард] агар ба андоми нотавон дучор ояд, кори онро табаҳ созад, зеро бисёр бошад, ки он ба сахтӣ аз гулӯ гузарад, нафаскаширо душвор созад, раъша ва ташаннуҷ падид орад ва обгаҳ, ё гурда ва ё қулунро нотавон созад.
Бештари касоне, ки бояд аз ошомидани оби сард манъ карда шаванд, онҳоеанд, ки ба ҳангоми тандурустӣ аз он зиён бинанд, вале агар бибинӣ, ки намуди зоҳирӣ қавист, мушакҳо ситабранд, мизоҷ гарми хушк аст ва агар истифроғ ба амал оварда бошӣ, гоҳ-гоҳе ба чунин [бемор] иҷозат деҳ, то андар оби сард бидарояд. Ба наздики пастравӣ ва зоҳир шудани нишонаҳои (23) пухтагӣ ва истифроғи хилтҳо, агар гармоба ба кор баранд, шароби ту нуки омехта биошоманд ва бо равғани ҳалкунанда равғанмолӣ кунанд, боке надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор