Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ қонунҳои ёдшударо андар оғози рӯй додани таб ба кор бурдӣ, баъд аз он воҷиб аст, ки ба пазонидан ва истифроғи он чизе бипардозӣ, ки чунонки ёд кардем, на ба тариқи коҳишу сабуксозӣ, балки ба тариқи қатъи сабаб [пазонида] шавад. Моддаи нопухтаи дар [зимни хилти] гарм ва ё сард бударо ҷуз ба зарурат истифроғ накун. Гоҳе аз ғайри хилти [лозимӣ хилтеро] ба миқдори зиёд истифроғ созанд, ки ҳанӯз аз тариқи пухтан барои истифроғ омода нашуда бошад ва гоҳе ба сабаби ба ҷунбиш овардани хилти палиди нопухта онро бо хилти хуб биомезанд.
Ба касе гӯш надеҳ, ки гӯяд: «Ғараз аз пазонидан тунук сохтан аст ва хилти гарм бошад, худ тунук буда, эҳтиёҷ ба тунуксозӣ надорад». Кор ба сурате нест, ки ӯ гӯяд, балки ғараз аз пазонидан муътадил сохтани қивоми модда аст, то ин ки аз ин роҳ аз барои ба осонӣ ронда шудан омода бигардад ва ҳамаи [моддаҳои] тунуки ҷабидашаванда, ситабри часпанда ва часпаки лағжанда аз барои ба осонӣ ронда шудан омода нестанд, баръакс, онҳо эҳтиёҷ бад-он доранд, ки тунукашон каме ситабр, ситабрашон каме тунук ва часпакашон каме бурида бошад. Агар ин шахс агарчи аз гуфтаи пешиниён оид ба пазиш, ки пеш аз ин ёд кардем, чизе нашунида бошад ҳам, вале ба ҳоли пазиши хилтҳои аз тариқи гулӯ афкандашаванда тааммул мекард ва медид, ки тунуки онҳо ба сахт кардани сахткунанда ва сахти онҳо ба тунук сохтан эҳтиёҷ доранд, ӯ ҳатман аз ин роҳ ҳидоят меёфт.
Чаро ӯ андар хеш тааммул намуда намегӯяд: «Чаро пешобҳо ба ҳангоми табҳои тез ба оғоз дорои шин нестанду сипас дорои шин ҳамегарданд? Оё шини сутуда чизест, ки ғайри хилти баамаловарандаи беморӣ ва пухташуда мебошад? Пас, агар тунукӣ ба ҳангоми пазиш ғояти асосӣ бошад, чаро он андар оғози беморӣ ба берун ронда намегардад? Агар чунин бошад, пас, воҷиб аст, ки ба оғози табҳои хунӣ ва сафровӣ шини сутуда ояд».
[14] Модоме ки табиат ба рондани чунин фазла танҳо ҳангоме имконият меёбад, ки фурсате гузарад ва он аз барои ронда шудан аз тариқи пешоб омода гардад, пас, тариқаи сунъӣ низ ҳамчунин буда, бояд донист, ки аз ин роҳ истифроғи хилт пеш аз гузаштани фурсате ва зоҳир шудани пазиш андар пешоб номумкин ва ё сахт душвор аст. Гоҳе [истифроғ] хилтро ба ҷунбиш оварад, вале ба қадри расо таъсир накунад ва гоҳе хилти палидро бо хилти хуб биомезад.
Ин одамро беҳтар мебуд, ки ба нишондодҳои Ҷолинус ва ё Буқрот барин [пизишкон] бо назари нек менигарист ва бештар тааммул мекард, сипас ба радди онҳо мепардохт, зеро бар нақизи пешиниён сухан гуфтан, агар ҳақ бошад, маъзур аст, вале нахуст бояд хуб тааммул намуд. Ба гумонам ин мардро андар ин бобат таҷрибаҳои муваффақиятноке иттифоқ афтодааст ва бад-онҳо такя намудааст. Амсоли ин гуна таҷрибаҳои бар асоси қонунҳо устувор набударо гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки ягонташон ҳам бо муваффақият наанҷомад ва гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки ягонташон ҳам бе муваффақият намонад. Ин буд [ҳақиқати масъала].

Агар модда бисёр дар ҳаракат ва аз андоме ба андоме гузаранда бошад ва гумон кунӣ, ки барои пухтани он фурсат нест, ё мумкин аст аз сабаби он ягон омоси сарсомӣ ва ғайра падид ояд ва агар онро ба ҳоли хеш гузорӣ, бими хатаре бошад, ки пеш аз муддати барои пазиш лозим рӯй диҳад ва агар ин замон аз замоне дарозтар бошад, ки андар он пазиши муътадил чашмдошта мешавад, андар ин ҳол ногузир аз истифроғи он чора нест, зеро хатари истифроғ камтар аз хатари [модда] бувад. Изофа ба ин табиат низ ба иллати бисёрии озори он барои рондани он ба ҳаракат омада бошад ва агар ӯро ёрӣ дода шавад ва ин ёрӣ мувофиқи равиши он бошад, аз ин гуна ёрӣ чора нест.
Бидон, ки раг задан аз ҷумлаи чунин тадбире нест, ки ба ҳангоми он мисли ҳангоми [ба кор бурдани] исҳоловарандаҳо интизори пазиш бигарданд, балки ба ҳангоми хилтҳои дигар30 бояд интизори пазиш буд. Агар раг задан аз марҳалаи оғози беморӣ дер биафтад, ба ҳангоми анҷоми он раг назан, зеро ин ҳеҷ суде надорад ва гоҳе ҳангоми бо заъфи қувват мувофиқ афтиданаш мумкин аст беморро ба ҳалокат бирасонад. Агар туро бими ғолиб омадани хилт бошад ва эҳтиёт муҷиби истифроғ бигардад, низ бояд чунин кард. Агар пухтагӣ набошад, [моддаро] ҷуз ба ҳангоми марҳалаи оғоз ба ҳаракат наовар, вале андар марҳалаи анҷом ҳеҷ наҷунбон, то табиат ғолиб омада, [модда] пухта биградад. Агар [табиат] ба ҳаракат наояд, худ онро ба равиши ҳаракаташ ба ҳаракат овар. Агар он худ ба ҳаракат меомада бошад ва ё агар ба ҳаракат омада бошад, бигузор то кори хеш кунад. Ин ҳамон ҳолатест, ки Буқрот ба ҳангоми гуфтори зеринаш онро «башӯроӣ» номида аст: «Бояд баъд аз пухтани беморӣ доруи исҳол ба кор бурда шавад, вале андар оғози беморӣ, агар (24) беморӣ ба шӯр омада набошад, набояд чунин доруро ба кор бибаранд ва он қариб андар бештари ҳолатҳо башӯроянда нест». Ин гуна истифроғи зарурии бемаҳал мисли ғизодиҳии зарурии бемаҳал бувад. Нисбати ин истифроғ ба пешгирӣ кардани зиёни модда мисли нисбати ин гуна ғизодиҳӣ ба манъи қувват аз афтидан мебошад.
Ҳар гоҳ истифроғ ба кор барӣ, вақти кандашавӣ, ё вақти сустӣ ва ё сардтарин ҳангоми [табро] ба эътибор бигир. Андар рӯзи даври таб бо исҳол истифроғ наовар, раг назан, ба ҷиҳати майли истифроғи табиӣ истифроғи сунъиро муқобил нагузор ва зинҳор ба ҳоли ҳаракати давр ба ягон чизи зудтаъсир хилтҳоро ба шӯр наовар.
Умуман, ба ҳангоми давр аз тадбири ғизоии ситабр эҳтиёт шуда, ҳатто на оби ҷаву шакар ва на гулоб [ба бемор] мадеҳ, то аз танг шудани маҷроҳо даврро ба шӯр наоварӣ, ки ин хатарнок аст. Баръакс, ба [табиат] ёварӣ кун, то ба ифрот [амал кунад], зеро пизишк ёвари табиат аст, на халалрасонандаи он.
Бидон, ки бисёр вақт ба доруи қавӣ ва дар айни ҳол заиф эҳтиёҷ биафтад: қувваташ аз барои он аст, ки хилти ситабри часпакро ба исҳол оварад ва заъфаш аз барои он аст, ки ба андозаи як-ду бор берун рафтан исҳол оварад ва якбора истифроғи бисёр ба амал оварда, қувватро аз пой наафтонад. Оид ба раг задан маслаҳат он аст, ки ҳар қадар ки мумкин бошад, аз он худдорӣ карда шавад, вале агар ин кор кардан натавонад, пас, агар адади рагзаниҳоро афзоиш бидиҳанд, беҳтар аз он аст, ки миқдори [хуни ба як бор резандаро] афзоиш бидиҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ