Қонуни тиб

Бояд ба якборагӣ хуни бисёр рехта нашавад, зеро андар ин ҳол хун чандоне бисёр бирезад, ки истифроғи он мавриди ниёз нест, миқдори зарурие аз хун барои истифроғҳои [дигаре], ки шояд бад-онҳо эҳтиёҷ биафтад, боқӣ намонад ва қувват бо буҳронҳои мавриди нигаронӣ мубораза кардан натавонад.
Бидон, ки ҳар гоҳ саръ бо таб ҷамъ шавад, муолаҷаи таб авлотар аст. Бидон, ки сардард гоҳе таби пастравандаро дубора ба афзоиш оварад ва андар ин ҳангом бояд [сардард] фурӯ нишонда шавад. Ҳар гоҳ кӯдаки ширхор таб шавад, бояд шири модарашро ислоҳ кард. Агар ба ҳангоми таб пешоб чун пешоби ярақонӣ бувад, далолат бар омос кунад ва илоҷаш ин аст, ки [ба бемор] оби ҷав ва сикангубин бидиҳанд ва таб чун оромтар шуд, оҳанги [муолаҷаи] омос кунанд.31 Агар ҳамроҳи таб қулинҷ ҷой дошта бошад, ҳанӯз ки роҳ боз нест, ба бемор на оби ҷав, балки агар лозим ояд, оби гӯшти хурӯс бидиҳанд ва ҳуқнаи нарм ба кор бурда, равғани онро бисёртар бигиранд, баъд аз он агар лозим ояд, [ба бемор] оби ҷав бидиҳанд.
Бархе аз доруҳои исҳол шаробҳоеанд, ки аз тамри ҳиндӣ, тарангубин ва ширхишт сохта шуда бошанд. Гоҳе андар инҳо оби печак, гоҳе хиёршанбар ва гоҳе маҳмуда биафзоянд ва гоҳе дигар маҳмудаи танҳоро бо гулоб ба бемор биошомонанд. Гоҳе агар модда ситабр бошад, ба истеъмоли [доруе] мисли сабр эҳтиёҷ биафтад, вале аз ҳама беҳтар он аст, ки вайро нахуст шуста, андар оби коснӣ ва оби яъзид32 (талхкоҳу) бипарваранд ва сипас аз он ҳаббҳо созанд. Аммо ҳалилаи зардро гурӯҳе аз мардумон ба кор баранд, вале ҳар гоҳ тариқае ғайри он дарёбанд, он кунанд, зеро [ҳалила] баъд аз исҳол масомҳоро бифишорад ва андомҳои даруниро дурушт созад. Агар лозим ояд ва аз он чорае набошад, бояд баъд аз пазиши пурра ба кор бибаранд. Оби ҳар ду навъи анор, хусусан агар бо дилаашон фишурда шуда бошанд, гоҳ-гоҳе суди бузург бахшад.
Бархе аз доруҳои исҳолро аз бунафша ва маҳмуда бисозанд: аз бунафша ба андозаи як мисқол ва аз маҳмуда ба андозаи то як қирот бигиранд. Гоҳе андар он андаке пудинаи бӯстонӣ афкананд.
Гоҳе аз доруҳои [содаи] сардиоварандаи гармихомӯшкунанда33 доруи мураккаб сохта, андар он маҳмуда афкананд. Мисоли ин ҳаббест, ки сифат ва нусхаи он ба гунаи зерин бувад: аз ҳар яки кашниз, табошир ва гул ним дирамӣ, аз кофур як тассуҷ ва аз маҳмуда то ним ва ё то як донг гирифта, аз ин маҷмӯъ ба бемор бидиҳанд. Ё панҷ дирам ширхишт, панҷ дирам тарангубин, ба андозаи баробар афшураи себи шомӣ ва афшураи биҳӣ ва шашяки як бахш афшураи кашнизи тарро гирифта, афшураҳоро бо ҳам ҷамъ созанд, бар болои ширхишт ва тарангубин бирезанд ва онҳоро то наздики баста гардидан қивом диҳанд. Сипас онро аз болои оташ бардоранд ва якуним донг кофур ва як дирам маҳмударо гирифта, бар вай бипошанд ва онро эҳтиёт кунанд, ки аз тариқи бухор шудан ҳал шуда наравад. Баъд онро бигузоранд, то худ ба худ оҳистаоҳиста баста гардад. Як ошомиданӣ аз он аз ду дирам то дуним дирам аст. Гоҳе метавон аз тарангубин, ширхишт ва шакари табарзад шакарина сохт ва андар он ба миқдоре маҳмуда ва кофур изофа намуд, (25) ки андар як ошомиданӣ аз он то як тассуҷ кофур ва то як донг маҳмуда рост ояд ва дору нафсро форам бошад, на нохушоям.
Каси андар тобистон ба таби сард гирифторшударо, хусусан агар арақ карда бошад, андар хайш34 напечанд, то модда аз ҳоли ҳалшавандагии хеш барнагардад. Қурсҳо ба оғози ин таб созгор нестанд, магар баъд аз пазиш ва истифроғ ва онҳо аз ҳама беш ба касе созгор оянд, ки табаш мисли таби диққӣ ба меъдаи ӯ домангир бошад. Каси тадбири ғизоии одатияшро тарк карда, гоҳ-гоҳе таб ҳис кунад, вале ин чандон зиёне надорад, аз баҳри он ки сабаби он тарки тадбири одатист.
Фасли ҳаштум андар баёни ғизо додани касони гирифтори таб
Бидон, ки созгортарин ғизоҳо аз барои касони ба таб гифтор ва хусусан аз барои кӯдакон ва касони осудаҳоле, ки мизоҷи тар доранд, ғизоҳои тар мебошад ва инҳо [ҳам] аз он ҷиҳат мувофиқанд, ки ҳамранги мизоҷанд ва [ҳам] аз он ҷиҳат, ки зидди беморӣ буванд. Агар таб ба ҳоле бигирад, ки табиат хушк бошад, то агар бироз ба тамомӣ берун наояд, зинҳор ба чунин беморон ғизо надиҳӣ ва бояд [15] навбатҳои пайваста оянда ва навбатҳои шиддатёбанда эшонро ба ҳоле дарёбанд, ки бо шиками холӣ бошанд ва андар он ягон ғизое набошад, чаро ки агар эшон андар ин ҳангом ғизохӯрда бошанд, табиат аз пухтан ва рондани [модда] бозистода, ба гуворидан бипардозад ва беморӣ аз ин устувор гардида, дер давом кунад. Бинобар ин, бояд ғизодиҳиро то ҳангоми пастравӣ ва аз он ҳам дертар ба таъхир андохт ва агар чунин иттифоқ афтад, ки вақти пастравӣ бо вақти одатии ғизохӯрӣ созгор ояд, ин аз ҳама беҳтар хоҳад буд.
Бидон, ки бархе аз ғизодиҳӣ ва тадбири он сахт латиф, бархе сахт ситабр ва бархе миёни ин ду буда, қисме аз он бештар ба латифӣ ва қисми дигар аз он бештар ба ситабрӣ бигарояд. Тадбири ба ғоят латиф он бошад, ки беморро аз ғизо хӯрдан боз доранд ва сахт ситабр он бошад, ки ғизои тандурустон ба кор баранд. Ба ҳангоми он тадбире, ки ба сӯи латифӣ майл дошта, аз ҷумлаи миёнагин аст, ин аст, ки бо хӯрдани афшураи анор, гулоби сахт тунук, баъд бо оби тунуки ҷав, сипас бо оби ситабри ҷав ва тараҳои сарди таре аз қабили сармаҷ, исфонох, тараи яманӣ ва монанди инҳо ва баъди он бо кашки ҷав, чунонки ҳаст, кифоят кунанд. Ин тадбири миёна хоҳад буд. Он [ғизоҳое], ки ба сӯи ситабрӣ майл доранд, аз [гӯшти] мурғҳо ва андомҳои атрофии [ҳайвонҳо] иборатанд. Аз инҳо ҳам латифтар кабку мурғчӯҷа, аз он ҳам латифтар тиҳу [ва моҳӣ],35 аз он ҳам латифтар болҳои мурғчӯҷа, тиҳу, каме хояи нимбиришти тунук ва моҳии ниҳоят хурд, аз инҳо ҳам латифтар кашки ҷав, чунонки ҳаст ва аз ин ҳам латифтар нони сафеди андар оби сахт сард ба таври тунук ҳал карда мебошанд.
Аммо тадбири ситабр бошад, аз ғизои қавӣ иборат аст.
Кашки ҷав [аз барои касони ба таб гирифтор]36 ғизои сахт хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор