Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зеро вай ба изофаи сахтӣ ва пайвастагӣ андар хеш хусусиятҳои ҳамворӣ, лағжонандагӣ, зудояндагӣ, тарифизоӣ, нармӣ, муқобилият бо таб, ташнагишиканандагӣ, зудгузарӣ ва зуд сустшавиро фароҳам овардааст. Вай дорои қабзкунандагӣ нест ва бинобар ин, такшин намешавад ва андар гузаргоҳҳо, агарчи танг бошанд ҳам, дар намемонад. Вайро хусусияти ба гузаргоҳи хеш ва ба сурхной часпидан нест37 ва гоҳе балғам барин чизҳоро бизудояд. Агар онро хуб пазанд, албатта, дамиш нахоҳад овард.
Пешиниён ба ҳангоми эҳтиёҷ афтидан ба тадбири нарме, ки нармтар аз кашк ва оби он бошад, оби ангубини серобро ба кор мебурданд, зеро ғизои он кам буда, обгузаронӣ, тарифизоӣ, зудоиш, суддакушоӣ ва пешобтозонияш бисёр ва гармияш шикаста бошад. Вай агарчи кам бошад ҳам, ночор қувватро то андозае афзоиш хоҳад дод.
Баъди он сикангубини ангубинӣ биистад. Вай ситабртару серғизотар ва бурандагию зудоишаш қавитар буда, гармифизоию ба андомҳои дарунии гарм зиёнварияш ба андозаи ангубин намерасанд. Аммо акнун бошад, ангубини найшакар, яъне шакар ва хусусан покизаи он, агарчи камтар аз ангубини занбӯрӣ зудоянда аст, вале аз он беҳтар бувад. Сикангубини шакарӣ низ ҳамчунин аст, лекин танҳо ба сикангубин кифоят кардан гоҳе боиси саҳҷ бигардад ва ин ба ҳангоми бемориҳои тез бимнок аст.
Мо аз барои ба бемор додани оби ҷав ва сикангубин гуфтори ҷудогона хоҳем овард.
Табъи моддаи беморӣ тақозои тадбири латиф дорад, то табиатро имкони он бошад, ки моддаро бипазонад, ҳал кунад ва ба истифроғ берун орад. Беҳтарин вақти латифсозӣ марҳалаи анҷом аст, зеро андар ин ҳангом машғул шудани табиат ба набарди модда шиддат ёбад ва бинобар он хусусан ба наздики фаро расидани буҳрон набояд ӯро бо ягон чизи дигаре аз ин кор машғул дошт. (26) Аммо пеш аз ин бошад куштор ҳанӯз ба таври қатъӣ устуворӣ наёфтааст. Яке аз чизҳое, ки тақозои латифсозии тадбир кунад, эҳтиёҷ ба раг задан, кушодани шикам, ҳуқнарезӣ кардан ва ё ором сохтани дард бувад. Андар ин ҳангом боистӣ нахуст аз қазои ин гуна ҳоҷат фориғ шуд ва сипас агар воҷиб ояд ва ё ягон монеаи дигаре [андар миён] набошад, ба ғизо додан пардохт.
Ситабрсозии тадбирро қувват тақозо кунад. Беҳтарини вақтҳо барои ситабрсозии тадбир вақтест, ки андар он ҳангом қувват бо модда чандон сахт машғул набошад ва ин аввалҳои [оғози] иллат бувад. Бояд аз тариқи баҳра-баҳра додани [ғизо] зиёни ситабрсозии онро пешгирӣ намуд ва ин аз барои қувват низ сабукӣ хоҳад буд.
Тобистон ба иллати таҳлиловарии он ба афзоиши ғизодиҳӣ ва баҳра-баҳра сохтани он эҳтиёҷ бошад, зеро қувват аз барои ба якбора гуворидани [ғизои] зиёд кифоят накунад ва низ ҳангоми [тобистон] ҳалшавӣ баҳрабаҳра буда, бинобар он бадали он низ бояд баҳра-баҳра бошад.
Андар зимистон ҳол бозгуна бувад, аз баҳри он ки ба иллати камии ҳалшавӣ ба бадали бисёр эҳтиёҷ наафтад.
Изофа ба он агар бадалро ба якборагӣ бидиҳанд, қувват аз барои он кифоят кунад ва ба якборагӣ аз он фориғ ояд.
Хазон фасли бад аст ва бад-ин сабаб бояд ғизоро ба андозае латиф сохт, ки ҳам қувват нигоҳ дошта шавад

ва ҳам модда мағлуб бигардад. Андар ин фасл бо баҳраҳои андак-андак ғизо додан авлотар аст ва умуман баҳра-баҳра сохтани [ғизо] ба ҳангоми заъфи қувват хубтар хоҳад буд.
Бидон, ки агар тақозои қувват набудӣ, аз ҳама воҷибтар он будӣ, ки ғизо ҳарчи расотар латиф сохта шавад, лекин қувват тоби инро надорад ва аз пой биафтад. Он чун аз пой биафтад, илоҷ суде надорад, зеро чунонки ҳамедонӣ, ҳароина муолаҷакунанда қувват аст, на пизишк. Аммо пизишк бошад ҳамчун хидматгорест, ки афзорҳоро ба қувват бирасонад. Чун ин ҳолро ба тасаввур дарёфтӣ, бояд бингарӣ, агар иллат сахт тез бошад ва ин ҳангоме бошад, ки поёни он наздик расида бошад ва агар ҳадс бизанӣ, ки қувват андар ин миён аз оғоз то поёни иллат аз пой намеафтад, кори қувватро сабук кун, ӯро бар модда фармонраво бисоз, бо ғизои ситабр машғулаш надор, балки тадбирро хусусан андар рӯзи бӯҳрон ва агарчи аз тариқи тамоман тарки таом кардан бошад ҳам, латиф бисоз. Агар бибинӣ, ки беморӣ тез аст, вале начандон, балки ба таври мутлақ тез аст, ҷуз ба ҳангоми интиҳо ва хусусан андар рӯзи буҳрон ва ҷуз ба ягон сабаби бузурге тадбирро набояд ба ғоят нарм сохт. Агар бибинӣ, ки беморӣ дерраванда ва ё қариб дерраванда аст, тадбирро латиф насоз, зеро ба ҳангоми нармсозии тадбир қувват то охири [беморӣ] боқӣ нахоҳад монд. Лекин бо вуҷуди ин ба ҳангоми ҳамаи синфҳо бароят лозим аст, ки оғози тадбир ситабртар ва охири он қариби фаро расидани марҳалаи анҷом латифтар бошад ва андар миёни ин ду [ҳадд] ба тадриҷ рафтор кун, то қувват ба наздики фаро расидани марҳалаи анҷом нигоҳ дошта шавад. Он гоҳ ба муқобили модда тадриҷан амал намуда, ба ғайри он машғул нашав. Агар бидонӣ, ки қувват қавист, мумкин аст ҳол чунин воҷиб дорад, ки ҳеҷ набошад як ҳафта ва хусусан ба ҳангоми табҳои омосӣ танҳо ба гулоб ва монанди он кифоят кунанд.
Вале агар аз заиф шудан бимнок бошӣ, бо оби ҷав кифоят кун. Агар ҳоли беморӣ бар ту пӯшида бошад ва онро шинохтан натавонӣ, бо риоя намудани қувват ва бардоштнокӣ ба латифсозӣ майл намудан туро беҳтар аз он аст, ки ба афзоиши [ғизо] майл кунӣ. Мо хатогии он шахсеро бароят шиносондем, ки гӯяд: «Ғизодиҳӣ ва қависозӣ ба ҳангоми бемории тез аз баҳри он авлост, ки пазишро маъное38 нест ва [кори] истифроғ ба дасти туст – ҳар гоҳ ки бихоҳӣ, хоҳ табиат амал кунад, хоҳ не, истифроғ кардан битавонӣ». Баръакс, ҳангоме ғизодиҳӣ авлост, ки агар туро бими аз пой афтидани қувват бошад.
Бархе аз танҳо танҳои заҳрагиеанд, ки хусусан агар одати бисёрхорӣ дошта бошанд, тадбире тақозо кунанд, ки мухолифи тадбири гуфтаи мо бувад, аз баҳри он ки агар эшон ҳатто ба ҳангоми худи ибтидои таб, балки гузашта аз ин ба ҳангоми аз он ҳам мушкилтар, яъне ба марҳалаи анҷом ғизо нахӯранд, аз ду ҳол берун нахоҳанд монд: агар камқувват бошанд, аз ҳуш бираванд ва қариб бимиранд, вале агар қавӣ бошанд, ба пажмурдагӣ гирифтор оянд ва нишонаҳои пажмурдагӣ аз қабили борикии бинӣ, фурӯнишастагии чашмон ва пахшшудагии гижгоҳӣ бар [симои] эшон падид оянд. Гоҳе пеш аз ин эшонро беҳушӣ рӯй диҳад, аз баҳри он ки ба сӯи меъдаашон талхаи сӯзанда бирезад. Аз миёни мардумон касо не ёфт шаванд, ки сергӯштанд, лекин агар аз эшон ғизо бурида гардад, нотавону лоғар шаванд ва тоби манъи ғизо накунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ