Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар киро гармии модарзодиаш сахт қавӣ ва бисёр ва ё сахт нотавону кам бошад, бар тарки ғизо сабр кардан натавонад. Аз ҷумлаи эшон касонеанд, ки дарду сӯзиши меъда [16] ва сардарди ба анбозӣ дошта бошанд. Инҳо [низ] аз ҳамин қабил буда, гоҳе ба оби ҷав қаноат ҳосил кунанд ва гоҳе эҳтиёҷ бад-он дошта бошанд, ки бо [оби ҷав ] афшураи (27) анор ва монанди он омехта шавад, то даҳони меъдаи [эшон] тақвият ёбад. Гоҳе туро лозим ояд, ки пеш аз таом ба оҳистагӣ андар эшон қай ба амал оварӣ. Бисёре аз эшон чун нотавон шаванд ва [ба ҳоле бирасанд, ки] қариб аз ҳуш бираванд, сабаби [ин] на шиддатнокии нотавонӣ, балки рехтани зарда ба сӯи даҳони меъда бувад. Бинобар он агар ба эшон сикангубини омехта бо оби гарми бисёр ва ё шароби омехта бо оби зиёд дода шавад, ҳангоми қай хилтҳои сафровӣ қай карда, қувваташон боз ояд ва чун ягон чизе аз руббҳои гиранда ба эшон бидиҳӣ, [қай] ором хоҳад гирифт. Пирон, касони камқувват ва кӯдакони аз ҳамин қабилҳо буда, бар гуруснагӣ тоб овардан натавонанд. Аммо миёнсолон бошанд, пурсабранд ва баъди эшон [андар ин кор] барноён, хусусан онҳое биистанд, ки андомҳои рехта ва рагҳои фарох дошта, андар ҳавои сард бошанд. Бисёр бошад, ки пизишкон андар [тадбири] амсоли ин гуна беморон аз ҷиҳати дигаре ба хато раванд: яъне эшонро аз ғизо боз доранд ва чун ба марҳалаи анҷом наздик бирасанд ва бибинанд, ки қувват аз пой меафтад, андар ин ҳол ба зарурат эшонро ғизо бидиҳанд ва бинобар он аз ду сӯ хато карда бошанд. Агар эшон ба бемор андар оғоз ғизо медоданд, ҳарчанд он бепарвоӣ ва хато мебуд ҳам, вале камтар аз ин ғалат мебуд. Ин гуна беморонро чунин ориз бигардад, ки аз сабаби нооромӣ овардани адами пухтагӣ назлаҳои хоми заҳравӣ фуруд омада, бехобӣ рӯй диҳад, нороҳат шаванд, печутоб хӯранд, биларзанд, моддаҳо қувваҳояшонро таҳти фишор қарор диҳанд, бухорҳояшон афзоиш ёбанд ва бинобар он садоҳои нобударо бишунаванд, андар ҷои хоб пайваста ним гарданд, чизҳои набударо пеши назар бибинанд, ба сабаби дарди даҳони меъда лаби зеринашон биларзад ва бипарад ва ба иллати гаронии меъда табъашон хира шавад.
Фасли нуҳум қонуни чӣ гуна [ба бемор] додани сикангубин ва оби ҷав

Бархе аз оби ҷав чунон аст, ки андар он аз ҷирми ҷав ҷуз қувват ва сурат чизе нест. Ин гуна оби ҷав агар ба ғояти пазиш расида бошад, метавонад мавриди илоҷ қарор бигирад ва аз он умеди судмандӣ бошад. Намуди аз ҳама беҳтари он ин аст, ки об ба қадри бист сукарраҷа ва ҷав як сукарраҷа буда, [баъд аз ҷӯшонидан] қариб ба ду панҷяки [ин миқдор] расида бошад. Баъд бахши сурхи тунуки онро [полида] бигиранд ва ин ҳамон бахши тунукест, ки ғизояш камтар, тарифизоӣ, шӯяндагӣ, фазларонӣ ва пазишаш бисёр буда, сардиоварияш муътадил аст.
Бархе аз [оби ҷав] чунон аст, ки андар вай миқдоре аз ҷирми ҷав ва орди он ҷой дорад. Ба ҳангоми ин навъ ма

ро аз ҳама дӯстдошта он аст, ки ниҳоят бисёр ҷӯшонида набошад, балки ба қадре ҷӯшонида бошад, ки дамишоварияш биравад ва ба ҷое нарасад, ки сахт часпак шавад. Ин гуна [оби ҷав] бештар ғизобахш ва камтар шӯяндаву пазонанда бувад. Онро чунин рӯй диҳад, ки бисёр вақт андар меъдаи гавҳараш сард, агар чи гармии бегонаи бисёре аз қабили гармии бадмизоҷӣ ҷой дошта бошад ҳам, турш бигардад. Оби ҷавро гоҳе аз ҷави бо пӯсташ буда бипазанд ва гоҳе аз ҷави муқашшар.
Беҳтарин сикангубин ба наздики ман оне аст, ки шакарро андар дег ҳамвор созанд ва сипас бар вай аз сиркои тез, яъне сиркои хамрӣ ба андозае бирезанд, ки аз ҷирми шакар бар наояд, балки онро ба ҳоле бигузоранд, ки бинамояд. Сипас андар зери дег оташпораи шиддаташ пастшуда ва ё хокистари тафсон биниҳанд, то шакар аз ғайри ҷӯшиш андар сирко гудохта шавад. Баъд кафкашро баргиранд ва соате онро на бар ҳоли гармии бисёр бигузоранд, то шакару сирко бо ҳам биомезанд. Сипас бар вай ба қадри ду ангушт об омехта то ба қивом расидан биҷӯшонанд.
Ҷамъ сохтани миёни сикангубин ва оби ҷав андар бештари ҳолатҳо ба иллати оби ҷав табъхиракунандаи табаҳкор бувад. Ба бемор аз паси хушкии табиат набояд оби ҷав дод, балки пеш аз он боистӣ ҳуқна бирехт. Агар оби ҷав андар меъда турш мешуда бошад, ба чунин [бемор] тунуктари онро бидиҳанд ва агар ин [ҳам] турш мешуда бошад, ҳамроҳи он бехи карафс ва монанди онро биҷӯшонанд. Агар боз ҳам турш бишавад ва хусусан агар модда чандон тунук ва гарм набошад, андар ин ҳол аз омехтани миқдоре аз мурч бо [оби ҷав] чора нест. Агар вай бисёр дамишоваранда бошад, аз барои касони гарммизоҷ каме сиркои хамрӣ бо он биомезанд. Лекин агар пагоҳӣ ба бемор сикангубин бидиҳанд ва он хилтҳоро бурида, фазлаҳоро барои ронда шудан омода созад, баъд аз ду соат аз паси он оби кашки тунуки нахуст ёд шуда бидиҳанд, то хилтҳои буридаро бишӯяд ва аз тариқи арақ овардан ва пешоб тозондан берун кунад. Агар ба ҳангоми шомгоҳӣ, ба ҳоле ки ғизо кайҳо тарки меъда кардааст, ба бемор сикангубин бидиҳанд, зиёне надорад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки пеш аз оби ҷав гулоб бидиҳанд, то ки он тарифизоиро афзоиш диҳад. Ин ҳангоме бувад, ки агар ягон хушкии бар тан ва забон ғолибомадаро мушоҳада кунӣ. Гоҳе дигар эҳтиёҷ бад-он бувад, ки пеш аз ҳар ду аз барои нарм сохтани табиат миқдоре аз оби тамри ҳиндӣ бидиҳанд. Ҳамаи инро бояд ду соат пеш дод.
(28) Фасли даҳум андар баёни муолаҷаҳои табҳои тез

Он чи ки оид ба тадбири нармсозӣ, пешобтозонӣ, арақоварӣ, пазиш ва баъд аз он истифроғ намудан бо дору гуфта шуд ва низ он чи ки аз ҳамин қабил андар боби ғизодиҳӣ омад, бояд ҳамаро аз он ҷойҳо ба ёд орӣ. Аммо оид ба роҳҳои хомӯш кардани шиддати гармӣ бошад [бояд гуфт], ки аз сард сохтани ҳаво ва сард сохтани ғизо, тилоҳо ва зимодҳо иборат аст. Аз тариқи доруҳо, масалан, аз тариқи андар даҳон гирифтани луоби аспғул, луоби донаи биҳӣ, афшураи хурфа ва рубби ширинбаён ташнагиро паст кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ