Қонуни тиб

Агар пайвасата гулӯи худованди бемории тезро тар бидоранд ва хушк шудан нагузоранд, яке аз тадбирҳои муҳимми сахт судбахш бувад. Гоҳе ӯро ба кор бурдани ҳуқнаҳое ниҳоят суд дошта бошад, ки аз афшураи тарбуз, хиёрза, каду, хурфа ва бо равғани гул ва андаке аз кофур сохта бошанд. Бояд ҳаво ҳар қадар ки мумкин аст, сардгардонида бошад ва сард гардонидани онро аз тариқи ба музоҳамат роҳ надодан, овехтани бодбезакҳои бисёр ва бар ҳам чидани яхпораҳои бисёр ба амал оваранд. Агар хона нав бо гили холис ва хусусан бо гиле андуда шуда бошад, ки андар он ба ҷои коҳ пунбаи лух омехти бошанд, аз ҳама беҳтар хоҳад буд. Ғояти тадбири ҳаво ин аст, ки андар [сарой] шодравонҳову обпошакҳо насб кунанд ва аз онҳо пайваста оби хуш бишорад, ё хобгоҳи [беморро] бар болои ҳавзе дуруст кунанд, ки рӯи онро панҷара гирифта бошанд, фаршеро, ки бар вай бемор ҳамехобад, аз фарши табаристонӣ ва монанди он ва дигар [бахшҳои] фаршро аз шохаҳои бед, биҳӣ ва райҳон бисозанд, бар вай оби гул, себ, нилуфар, [худи] гул ва бунафша бипошанд ва табақҳое пур аз хушбӯиҳо биниҳанд, ки аз пораҳои меваҳои хушбӯи сард, мисли себ, биҳӣ ва гунае аз амруди хушбӯй иборат буда, бар онҳо оби гул, нилуфар ва бед ва аз болои он хокаи сандалу кофур пошида бошанд ва бояд як каме аз шароби хушбӯй низ бар онҳо бичаконанд ва ин ғояти [сардгардонӣ] бувад. Ин буд тадбири ҳаво.
Аммо тадбири ғизо ба наҳвест, ки донистӣ. Агар баробари сардиоварӣ нармсозӣ низ хоста шавад, пас, бояд бо оби каду ва хусусан оби тарбуз ва низ бо оби хиёрза, бодранг ва коҳу тадбир кунанд. Сирко ба ғоят хуб аст.
Яке аз чизҳое, ки ташнагии чунин [беморонро] фурӯ нишонад, фуққоъест, ки онро аз нони сафед ва бо оби панир бисозанд ва панирро аз дӯғи нек полида гирифта бошанд. Агар ба изофаи сардиоварӣ бастан низ бихоҳанд, бояд афшураи анори нордон ва турш, оби ғӯраи ангур, оби тути шомӣ, оби дилаи лимуи бенамак, оби дилаи турунҷ ва ғайра ва инчунин оби зиришк, яъне анбарборис [ба кор бибаранд].
Аммо тилоҳову зимодҳоро бошад, аз афшураҳои маълум ва хусусан аз оби гул, ё афшураи гули тоза ва бо сандалу кофур бисозанд. Оби кашниз ва косниро ҳамроҳи онҳо бисёр сардиоварандагист. Луоби аспғул бо сирко ва бо оби гул низ аз ҳамин қабил бувад. [17] Бо доруҳои сардиоваранда бар [маҳалли] ҷигар пухтаковрезӣ кардан яке аз бузургтарин ва судмандтарин тадбирҳост, аз баҳри он ки агар ҷигар муътадил бигардад, ин як бахши бузурги ислоҳоварӣ хоҳад буд ва гоҳе ин ҳолати пешобро низ дуруст кунад.
Агар андар ин ҳангом назла ва сурфа ва ё андар сари [бемор] ягон гаронию азҳамкашидагие ҷой дошта бошад, ки бар бисёрии бухорҳо далолат кунад, бар сари [бемор] набояд об ва ё сирко бирезанд, балки боистӣ онро ба ҳасби тақозои ҳол бар бухори обҳо бидоранд.
Агар назла ва ягон чизе аз ин қабилҳо, ки ёд кардем, ҷой надошта бошад, аз пухтаковҳо ва тилоҳо ҳар чи бихоҳӣ, ба кор бибар. Зиёнвартарин пухтаковрезӣ ин аст, ки ба ҳоли, масалан, пурии сар бар вай шир бидӯшанд, зеро гоҳе ин боиси падид омадани омос бигардад ва беморро ба ҳалокат бирасонад. Беҳтарин вақти пухтаковрезӣ кар
дани сар ба ҳангоми пурии он ҳамон вақтест, ки бухор заҳравӣ буда, тариовар набошад. Андар ин гуна ҳангом [пухтаковрезӣ] гоҳе нафақат зиён надорад, балки суд ҳам бибахшад. Чигунагии [бухорро] аз тариқи ҳолати хобу бедорӣ ва тарию хушкии сӯрохи бинӣ бишносанд. Агар хоб ва ё хоболудӣ мушоҳада кунӣ ва биниро тар дарёбӣ, зинҳор ба пухтаковрезию равғанмолӣ напардоз ва бикӯш, ки моддаро ба фурӯсӯ бикашӣ. Агар бибинӣ, ки бинию рӯй сахт сурханд, аз бинӣ хун овардан ва ҷигарро бо зимодҳо сард сохтан бад нахоҳад буд. Ҳар гоҳ ба сардсозӣ бипардозӣ, эҳтиёт бош, ки сардсозии қавӣ ба ҳангоми арақкунию ҳалшавӣ рост наояд, балки бояд ин [дастурро] риоят кунӣ, зеро ин гуна [тасодуф] гоҳе мумкин аст сабаби ба дарозо кашидани беморӣ бигардад. Вале гоҳе ба дарозо кашидани иллат беосебтар аз тезии он бувад.
Ба ҳангоми табҳои тез бояд аз рӯй додани саҳҷ эҳтиёт шуд, зеро аз он заъфи қувват афзоиш ёбад (29) ва табиат аз пазируфтани фазлаҳо ба сӯи рӯдагон безорӣ варзида, онҳоро ҷуз ба ҳангоми бисёр ғолиб омадан аз он ҷой наронад ва бошад, ки фазлаҳо ба бахшҳои болои тан пас бигарданд, сарҳои устухонҳои паҳлуро ба дард оваранд, он ҷойро бидамонанд ва сарро ба сӯзиш оваранд. Гоҳе шароби хашхош аз барои сахт сохтани моддаи тунук ва пазонидани он ва аз барои хоб овардан суди аҷибе бахшад.
Фасли ёздаҳум зикри он аразҳое, ки ба ҳангоми табҳои тез душворӣ оваранд
Мо нахуст андар бобати аразҳои ба ҳангоми табҳо шиддатёбанда ва муолаҷаҳои онҳо сухан ронем ва сипас ба тафсили табҳои тез бипардозем. Мисоли ин аразҳо инҳост: табларза, сардӣ ва фарошо; арақи бисёр; хуни бинии ба ифрот; қаи сахт ва исҳоли беҳолкунанда; ташнагии тоқатфарсо; хоболудии зиёд; бедорхобии доимӣ; дуруштии забон ва хушкии даҳон; атсаи паёпай; сардарди сахт ва сурфаи думодум; афтидани иштиҳо ва булимус; иштиҳои сагии бад ва ҳукак.
Фасли дувоздаҳум андар тадбири табларза, фарошо ва сардии ба ифрот
Он чи аз инҳо, ки пас аз арақ кардан падид ояд, зуд ислоҳшаванда аст ва ба ягон тадбире ниёзмандӣ надорад. Аммо бо намуди буҳронии онҳо набояд аз тариқи рондан ба муолаҷа пардохт ва он на аз қабили он [аразҳоест], ки боиси нотавонӣ ва ғайри он бигардад. Гоҳе онро бандпеч кардани дасту пойҳо, даллокии сабук, болопӯши гарм [пӯшидан], равғани шибит ва ё агар эҳтиёҷ бошад, равғани бобуна чарб кардан ором созанд. Аммо агар ба ҳангоми табҳо ва бемориҳои дигар намуди қавии он ҷой дошта бошад, бояд дасту пойҳоро аз ҷойҳои бисёр бандпеч ва бо равғани бобуна ва бехи савсан чарб кунанд. Бархе касон ин [равғанҳоро] масалан бо ҳил, гунди бедастар, судоб, дерманда, пудина, бура, мурч ва оқирқарҳо қавӣ созанд. Гоҳе аз ин ҳам таҷовуз карда, олуданиҳое аз хардал ва ангужад ба кор бибаранд. Гоҳе ин доруҳоро андар об ва сипас андар он об равған биҷӯшонанд.
Оби таратезак андар ин бобат ё танҳо ва ё бо равғане таъсири қавӣ дорад, ки андар он ҷӯшонида бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор