Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷӯшонидаи пудинаи баррӣ ва оби он низ ҳамчунин бувад.
Сифати як равғани хуб: шибити хушк, мурр, судоб, пудина, мурч ва оқирқарҳоро гирифта, андар шароб ҷӯшонида, нарм кунанд ва сипас полидаи онро бо ним баробари он аз равғани кунҷид то нест шудани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Баъд онро ба шакли доруи чарбӣ ба кор баранд.
Аз қабили равғанҳое, ки масалан, ба ҳангоми табларзаи таби чаҳоррӯзӣ таъсири қавӣ доранд, равғани қуст, равғани дермана, равғани қайсум, равғани савсан ва равғани мурр мебошанд. Андар як уқия равған се дирам мурч ва як донг оқирқарҳоро совида, изофа кунанд. [Низ] афсинтинеро, ки андар равған ҷӯшонида бошанд ва ё равғани зайтунеро ба кор бибаранд, ки андар он карафс ҷӯшонида бошанд. Андар равғани зайтуни гарм даромадан сахт судманд аст.
Гоҳе ба доруҳои ошомиданӣ эҳтиёҷ биафтад. Бисёр бошад, ки [табларзаро] ошомидани оби ба таври маълум гарм ва худро бар бухори он доштан ором кунад. Агар бо ин ором наёбад ва модда ситабртар бошад, андар об анисун, пудина, тухми карафс, мастако, таратезак, шибит ва монанди инҳоро биҷӯшонанд ва ё бо обҳое бухордиҳӣ кунанд, ки андар онҳо масалан дермана, қайсум, пудина, шибит, гӯргиё, судоб, марзангӯш, қуст ва тухмиҳои гарммизоҷ ҷӯшонида бошанд. Ҳамаи доруҳои ба таври қавӣ пешобтозонанда табларзаро ором кунанд.
Яке аз доруҳое, ки табларзаи сахти ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ ва монанди он падидояндаро ором бикунад, чунин аст: як мисқол қустро бо оби гарм ва ё ҳамин қадар ғориқунро бо оби гарм биошоманд. Ғориқунро [андар ин бобат] судҳост. Гоҳе чун бо вай андаке афюн ҳамроҳ кунанд, хоб ва арақ оварда, шиддатнокии табларза ва дигар [аразҳоро] бигардонад. Низ, як мисқол савсани осмонгуниро бо оби гарм, ё як мисқол абҳалро бо оби гарм ва ё як мисқол фатросолиюнро бо оби гарм [ба кор бибаранд].
Аз доруҳои мураккаб тарёки чаҳордору, тарёки Азра,39 [маъҷуни] зирагӣ, [маъҷуни] пудинагӣ, [маъҷуни] мурчӣ ва шароби ангубине [хуб аст], ки андар он масалан судоб, ангужад, оқирқарҳо ва мурч ҷӯшонида бошанд.
Як ҳабби санҷидашудаест, ки агар як соат пеш аз фаро расидани табларза беморро андар ҷои хоб рост кунанд ва ҳавои [атрофи ӯро] бо оташ ва болопӯшҳо гарм сохта, ба ӯ ин [ҳаббро] бидиҳанд, табларзаро ё муътадил созад ва ё бигардонад. Сифати он: аз ҳар кадоми майъа, (30) мурр, афюн, говшир ва мурч як бахшӣ гирифта, бо равғани гов маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба миқдори як боқиллост. Низ: аз говшир, гунди бедастар, тухми газари даштӣ, ангужад, оқирқарҳо ва афюн бахшҳои баробар гирифта, бо инҳо низ он кореро кунанд, ки бо якумӣ карданд.
Як нусхаи хуб: аз ҳар кадоми говшир, сакбина, ангудон, зираи кирмонӣ, тухми карафс ва мурч якуним мисқолӣ, аз ҳар кадоми тухми банг, заъфарон, зарованд, гунди бедастар, фурбиюн, мурр, нонхоҳ ва занҷабил ду донгӣ ва аз ҳар яки тухми испанд ва оқирқарҳо як мисқолӣ гирифта, бо ангубин бисириштанд. Як ошомиданӣ аз ин ба қадри як бундуқа ва бо оби сахт гарм бувад. Гоҳе ба

ҳангоми [табларза] эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки ба бемор шароби гармкарда ва ғизоҳои гармкарда бидиҳанд ва бо ёрии, масалан, ёра, [маъҷуни] биҳигӣ ва хурмоӣ исҳол оваранд. Балки гузашта аз ин агар табларза ранҷовар ва хусусан бидуни таб бошад, [ба бемор] ҳабби «бадбӯй»
бидиҳӣ ва ин ӯро шифо бахшад.
Фасли сездаҳум тадбири ба ифрот рехтани арақ ба ҳангоми табҳо

Арақрезии буҳрониро ҳар қадар ки битавонанд, манъ накунанд, вале агар зарурат ба миён ояд ва [арақрезӣ] аз ҳад бигзарад, бояд беморро бод дод ва маҳалли ӯро сард сохт. Агар ин суд набахшад, бояд ӯро [андар ғанова нишонда], ба маҳалли сард алвонҷ бидиҳанд. Арақи таровидаро набояд пайдарпай хушк кунанд, зеро он сабаби шоридан ва фузунии он бигардад ва гоҳе мумкин аст беҳушӣ оварад. Пок кардани арақ онро биафзояд ва ба ҳолаш гузоштан боиси баста шудани он бигардад. Бояд танро бо равғани қавии гул, бо равғани мӯд, бо равғани бед ва бо равғани гулнор равғанмолӣ кунанд. Ё равғанро аз обҳое бисозанд, ки андар онҳо биҳии тунд, [18] себи тунд, гул, гулнор ва монанди онро ҷӯшонида бошанд. Ин обро [сипас] полида, андар он равғанро ба тавре биҷӯшонанд, ки худ медонӣ. Гоҳе чун бар [тани бемор] мӯрддонаи кӯфта ва гулнор, каҳрабо ва дигар чизҳои монанди гард сударо бипошанд, арақ баста бигардад. Гоҳе сиркои бо об омехта, афшураи ғӯраи ангур, ҷӯшонидаи гулнор, ҷӯшонидаи мозу ва ҷӯшонидаи мӯрд онро бибанданд. Афшураи бед ва низ оби ҳамешабаҳор бисёр аҷибанд.
Агар ин ҳолат шиддат ёбад, луобҳои сард ва самғи арабӣ тило кунанд ва хусусан андар таркиби амсоли инҳо сандал ва кофур биафзоянд. Гузашта аз ин агар бо ҳар ду [сандалу кофур] сандалмолӣ карда, бод бидиҳанд, [хеле хуб бувад]. Агар ҳол аз ин ҳам бадтар шавад, бояд бар андомҳои атрофӣ барф биниҳанд ва дасту пойҳоро андар он бигиранд ва агар бемор бардошт кардан битавонад, ӯро бо оби сард оббозӣ бидоранд.
Фасли чаҳордаҳум тадбири хуни бинии ба ифрот

Намуди буҳронии онро бояд ҳар қадар ки битавонанд, зуд набанданд. Ба ҳангоми табҳои тез агар зарурати манъ кардани хуни бинӣ ба миён ояд, дасту пойҳоро бибанд ва бар паҳлуе миҳҷама бигузор, ки сӯрохи бинии хунраванда аз он сӯй бошад. Сипас баъди ин ба сардифизоии он мавзеъ бипардоз. То вақте ки туро имконияти аз тариқи сардифизоӣ бастани хун аст, миҳҷама нагузор. Андар бинӣ бархе аз он доруҳои чакониданиеро бичакон, ки андар боби хуни бинӣ ёд шуданд.
Агар ягон монеае набошад, сарро низ бо доруҳои сардиоварандаи андар он ҷой ёдшуда сардифизоӣ кун.
Гоҳе худовандони таби чаҳоррӯзӣ ба хуни бинӣ гирифтор шаванд ва эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки ин хунравиро бо доруҳои хуни бинӣ оварандаи маълум ёварӣ диҳанд, зеро ин аз барои таби чаҳоррӯзӣ шифобахш бувад.
Вале агар моро аз ин бими ба ифрот рафтани хун бошад, ҳамон кореро кунем, ки [одатан] хоҳем кард [ва ту ҳамаи инро медонӣ]40.

пешина
аз 1215
навбатӣ