Қонуни тиб

Фасли понздаҳум
тадбири қае, ки чунин беморонро
ба ифрот ориз бигардад
Қаи буҳрониро низ ҷуз ба ҳангоми зарурат қатъ насозанд. Андар баъзе ҳолатҳо қай ва маниши гаштани чунин [беморонро] бо қай ва бо ёрии он чизе қатъ созанд, ки хилти озордиҳандаро берун орад. Мисоли ин сикангубини сода ва оби гарм мебошад. Гоҳе эҳтиёҷ ба қавӣ сохтани он биафтад ва ба ҷои сикангубини сода сикангубини бузурӣ бигиранд. Агар хилт ҷабидашуда ва ситабр бошад, маслаҳат он аст, ки масалан, бо сабр ва ёра исҳол биоваранд ва агар ҷабидашуда набошад ҳам, гоҳе ёра ва сабр судбахш хоҳанд буд. Агар [хилт] ҷабидашуда ва ғайри ситабр бошад, онро бо сикангубин ва оби гарм пок созанд ва сипас бо оби ҳар ду намуди анор аз тариқи ошомидан [қайро] муътадил бигардонанд. Агар бемор онро бигардонад, бояд бори дигар биошомад, то [қай] муътадилу оромтар шавад. Шароби пудинаи бӯстонӣ бо донаи анор низ ҳамчунин бувад. Гоҳе сардсозии меъда [қайро] ором кунад. Ба хилти ҷабидашуда набояд чизҳои тунд ва чизҳоеро наздик созанд, ки бо тундӣ ва туршии қабзкунандаи худ қайро ором кунанд, зеро ин гуна тадбир бад буда, хилтро бештар ҷабидатар созад. Вале агар хилт ҷабидашуда набошад, гоҳе бемор онро бигардонад ва агар ситабр бошад, ба сӯи (31) фурусӯ биравад ва гоҳе меъда битавонад, ки онро аз боло бигардонад. Агар гардонидани сафро давом кунад ва хилт аз қабили [хилтҳои] ҷабидашаванда набошад, ба кор бурдани доруҳои қабзкунанда ва хусусан зимодҳо судманд бувад. Мисоли ин зимодест, ки аз пӯстҳои анор, мозу ва монанди инҳо бо шароби омехта ва ё бо сиркои омехта бисозанд. Ҳангоми ба ифрот гардонидани савдо исфанҷро андар сирко фурӯ бурда, бар меъда биниҳанд.
Агар бо тадбири аз ин ҳам қавитаре эҳтиёҷ бошад, доруҳои андар боби бастани қай ёдшударо ба кор баранд.
Фасли шонздаҳум тадбири исҳоле, ки чунин беморонро рӯй диҳад
Мо андар боби исҳол оид ба ин ғараз гуфтори ҷудогонае овардем ва бояд бад-он ҷой муроҷаат намуд. Бархе аз чизҳое, ки аз тариқи ғизо судбахшанд, моши бирён, наски бирён ва кашниз мебошанд: яке аз инҳоро баъд аз ҷӯшонидан ва полидани об ва хусусан баъди турш сохтан бо донаи анор [ба кор бибаранд].
Фасли ҳафтдаҳум тадбири ташнагии беандозаи эшон
Агар ягон монеае набошад, бояд аз тариқи рехтан ва
ё молидан сари чунин [беморонро] бо равғани сардмизоҷи сахт сардиоваранда равған кунанд. [Низ бояд] обҳои сардиоваранда ба кор баранд ва андар даҳон луоби
донаи биҳии омехта бо равғани гули ба ғоят хуб, ё оби
таркардаи олу, дилаҳои хиёрза, бодранг ва каду, тухми
хашхоши сиёҳ, бехи ширинбаён ва ё ҳабберо бигиранд,
ки андар Қарободин аз барои ташнагӣ навишта шудааст. Яке аз доруҳои хоиданӣ ва макиданӣ тамри ҳиндист. Ташнагӣ гоҳе аз хушкӣ бихезад, ки инро хоб бар
тараф тавонад кард ва гоҳе аз гармӣ, ки инро бедорхобӣ кашидан бартараф кунад.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни суботе, ки чунин беморонро рӯй диҳад
Бояд аз тариқи сухан гуфтан ва дигар савту садоҳо хоби эшонро бигиранд. Агар ягон монеае набошад, андомҳои фурӯсӯвини эшонро то ба ҳадди дардоварӣ сахт бибанданд, агар табиати эшон баста бошад, ба зерашон
шиёфҳои нарм баргиранд ва ба ҳангоми осудагӣ ва ё суст
шудани [таби] монда андар миёни китфҳо ва бар муҳраҳои пушт миҳҷама бигузоранд
Фасли нуздаҳум
андар баёни саргаронии эшон
Бояд аз дӯшидани шир, ё рехтани равған, ё пухтаковрезӣ бар сарашон ва ё андар бинӣ баргирифтани дору дурӣ ҷуст. Баръакс, бояд танҳо бо бухор кардани пухтаковҳои бобунагие иктифо намуд, ки андар таркиби онҳо бунафша, сабӯс ва ғайра низ бидароянд.
Фасли бистум андар баёни бехобӣ кашидани худованди табҳо ва дигар беморон
Аммо равғани хашхош, ки онро бо равғани тухми коҳу, равғани нилуфар ва каду ба бинӣ баркашанд, часпонидани бархе аз доруҳои карахткунандаи машҳур бар гижгоҳӣ, худро бар бухорҳои тариоваранда доштан, бӯидани нилуфар, луффоҳ ва шоҳисфарами [об] пошида аз дур ва ба кор бурдани пухтаковҳои тариовар, ҳамаи ин як амрест, ки худ медонӣ. Ҳамчунин, агар ягон монеае андар миён набошад, ба бемор шароби хашхош ва лесидании аз он сохта шуда бидиҳанд. Сипас андар назди ӯ чароғҳои [бисёр] ниҳанд, бо овози баланд сухан гӯянд ва дасту пояшро бо тасмаҳо чунон бибанданд, ки каме дардовар ва зуд кушода мешудагӣ бошад. Баъд ӯро ба хоб рафтан ва чашм пӯшидан таклиф кунанд ва ҳамин ки каме ӯро пинак бибарад, чароғҳоро хомӯш кунанд, аз баланд сухан гуфтан бозистанд ва ба сурудхонӣ дароянд, зеро аз суруд хоб ояд. Ҳар гоҳ [бемори таб] аз навбат ва ё шиддатнокии он каме сабукӣ ва оромӣ ҳис кунад, рӯяшро пайваста бо обе бишӯянд, ки андар он хашхоши сиёҳро бо каме ябруҳ ва бехи он ҷӯшонида бошанд. Агар андар ин миён хилти буранок ҷой дошта бошад, обе аз он суд бахшад, ки андар он наммом, шоҳафсар, бобунаи говчашм ва хашхош ҷӯшонида бошанд: бо он рӯй бишӯянд ва ё худро андар бухораш бидоранд.
Фасли бисту якум андар баёни дарди шикам, ки чунин беморонро рӯй диҳад
Ин гоҳе аз сабаби рехтани заҳра ба сӯи меъда ба амал ояд. Агар андар оғози давр рӯй диҳад, ба бемор каме шароби себро бо сикангубин бидиҳанд. Ин эшонро суд хоҳад бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор