Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту дуввум
андар баёни дуруштӣ
ва ё часпакии забони эшон

Аммо он чиро, ки аз часпакист, бо най ва ё бо шохаи беди равғани бодом олуда ва табарзад то пок шудан бисованд, ё бо исфанҷ, каме намак ва равғани гул [бояд совид], зеро бемор баъди он хеле сабукӣ ҳис хоҳад кард. Ба ҳангоми дуруштии на ба часпакӣ, балки ба хушкӣ алоқаманд, бояд бемор андар даҳонаш сапистон, ё донаи олу ва ё намакеро бигирад, ки аз Ҳиндустон оваранд. Вай ба ранги намак буда, ширинии ангубинро дорад ва ба гуфтаи Архиҷонис аз он ба қадри як боқилло бигиранд. Донаи биҳӣ яке аз он чизҳоест, ки забонро тар бидорад ва хушк шудан нагузорад. [Бемор] набояд аксар вақт бо даҳони кушода (32) ва бар пушт бихобад, зеро ин ду ҳол забонро хушкӣ оваранд.
Фасли бисту севвум андар баёни атсаи паёпае, ки эшонро ориз бигардад

Гоҳе зиёни атсаи паёпай ба ҳадде бирасад, ки эшонро ранҷур, сарашонро пур[хилт] ва қувваҳояшонро нотавон бисозад ва гоҳе эшонро хуни бинӣ оварад. Андар ин ҳол бояд пешонӣ, чашм ва бинии эшонро даллокӣ кунанд, даҳонашонро боз карда, комашонро ба шиддат бимоланд, сарашонро кашида, тоб диҳанд, дасту пойҳояшонро бимоланд, андар гӯшҳояшон равғани нимгарми андаке моил ба гармӣ бирезанд, мушакҳову манаҳҳояшонро тар созанд, андар зери сарашон болинҳои гармкарда биниҳанд, эшонро аз хоб якбора бедор накунанд, аз гарду дуд ва аз ҳар чизе эҳтиёт кунанд, ки бӯи тез дорад ва пист, гили фирӯзӣ ва исфанҷи дарёӣ бибӯёнанд.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни сардарде, ки чунин беморонро рӯй бидиҳад

Дасту пойҳо ва хусусан ронҳояшонро бандпеч карда бибанданд, кафи пойҳояшонро бимоланд, ба зерашон шиёфҳое баргиранд, ки моддаро ба фурусӯ бикашанд ва сарашонро бо доруҳои сардиоварандаи маълум қавӣ созанд. [19] Агар ягон монеае аз қабили назла ва ё сурфа андар миён набошад, сари эшонро бо ҷӯшонидаи гул, бунафша, ҷав, барги бед ва монанди инҳо ва инчунин бо равғани гул ва равғани бед пухтаковрезӣ кунанд. Агар ин суд набахшад, бо пухтаковҳои сардиовар аз доруҳои нармсозанда, масалан, бобуна ва аз доруҳои карахткунанда, масалан, хашхошро биомезанд. Ба ширдӯшӣ танҳо баъд аз дур шудани таб бипардозанд. Агар қувват қавӣ бошад, [бар сар] шири буз бидӯшӣ, вале агар нотавон бошад, шири зан. Ба ҳангоми пурии тари бадании суботовар аз дӯшидани шир эҳтиёт кун ва низ аз ҳамаи чизҳои тарифизоянда барҳазар бош. Доруҳои тарифизояндаро ҳангоме ба кор бибарӣ, ки бухор дудӣ, сар хушк ва [бемор] камхоб бошад. Агар сар аз бухори тар бисёр пур бошад, бо ёрии шиёфҳо, ҳуқнаҳо ва бо ёрии сахт бастани андомҳои фурӯсӯвин ва ҳатто хояҳо онро ба фурӯсӯ бикаш.

Фасли бисту панҷум
андар баёни сурфаи эшон

Аксар вақт чунин [беморонро] аз сабаби гармӣ ва ё хушкӣ сурфа ориз бигардад. Бояд эшон андар даҳони хеш ҳабби сурфаро бидоранд ва аз лесиданиҳо лесидании хашхошиеро билесанд, ки аз дилаҳои чизҳои сард, нашоста ва монанди инҳо сохта шуда бошад. Бояд мумравғанҳои сардиоваранда ва тарифизояндаеро ба кор бибаранд, ки аз равғани гули холис, аз луоби аспғул, хурфа ва монанди инҳо сохта бошанд.
Фасли бисту шашум андар баёни бекор шудани иштиҳои эшон

Гоҳе сабаби ин хилти андар даҳони меъда будаест, ки онро аз тариқи [нишонаҳои андар боби] бекоршавии иштиҳо омада метавон шинохт. Ин [хилтро] бо ёрии қай ва ё равон сохтани шикам берун оранд. Бисёр бошад, ки андар гулӯ даровардани ангушт ва қай ангехтани меъда ва хусусан агар баъди ин ягон чизи заҳравӣ ва ё турш гардонида шавад, судманд хоҳад буд. Гоҳе [иштиҳо] аз шиддати нотавонӣ бекор шавад ва андар ин ҳол мизоҷи муҷиби он бударо бо ёрии [тадбирҳои] маълум муолаҷа кунанд.
Ба чунин [беморон] бояд бӯйҳои иштиҳоангезе аз қабили бӯи писти бо оби сард ва ё бо обу сирко таркарда бибӯёнанд, гувориши мансуб ба беморони таб бидиҳанд ва андаке шароб бо ҷӯшонидаи меваҳои тунди хушбӯй биошомонанд. [Низ бояд] ба эшон андаке сиркои қарис, [яъне] қариси моҳӣ, бузғола ва монанди инҳо билесонанд. Баъд аз рӯзҳои аввал, чунонки медонӣ, бар меъда зимоде бимоланд, ки аз меваҳо сохта бошанд ва андар таркиби он афсинтину сабр низ бидароянд. Агар меъдаро бо равғани хушбӯй чарб кунанд, судманд хоҳад буд.
Фасли бисту ҳафтум андар баёни булимуси чунин беморон

Бояд ин гуна [беморонро] бо бӯиданиҳо ва бо гили фирӯзӣ ва гили армании андар сирко таркарда муолаҷа намуд. Ба эшон масусҳо, нони тозаи гарм ва гӯшти бирён бибӯёнанд, дасту пойҳояшонро бибанданд, гӯшҳо ва мӯйҳояшонро бикашанд ва мағзҳояшонро бо пухтаковҳои сардиоваранда қавӣ созанд, зеро аксар вақт булимуси эшон ба бекор шудани ҳисси даҳони меъда алоқаманд буда, ин ба сабаби анбозии шохаҳои [асабие] ба амал ояд, ки расонандаи ҳисанд. Андар ин ҳол тан тақозои [ғизо] намуда, хоҳони он аст, вале ҳис онро тақозо накунад.
Фасли бисту ҳаштум андар баёни сиёҳии забони эшон

Бояд нагузошт, ки бар забонашон сиёҳӣ бимонад, балки онро бо чизе бисованд, ки худ донӣ, зеро андар акси ҳол бухорҳои палид ба сӯи (33) сар зада, [беморро] гирифтори сарсом бикунанд.
Фасли бисту нуҳум андар баёни иштиҳои сагии чунин беморон

Инро бо пиҳҳои сард ва шириниҳо муолаҷа кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ