Қонуни тиб

Фасли сиввум
андар баёни беҳушие, ки
эшонро рӯй диҳад
Гоҳе чунин беморонро андар оғози табҳо ба сабаби рехтани заҳра ба даҳони меъда беҳушӣ рӯй диҳад. Бояд пеш аз навбат ва ё ба наздики навбат як пора нони сафедро бо оби анор ва оби ғӯраи ангур [ба бемор] бидиҳанд.
Бидон, ки агар беҳушию таб як ҷо биафтанд, нахуст беҳуширо бояд дармон намуд. Агар эҳтиёҷ ба таом биафтад, бояд андак нонро бо се дирам шароби куҳан ва ё бо шароби куҳани себе, ки ҳалкунандаи фазлаҳост, бидиҳанд. Раг задан биёр вақт беҳуширо афзоиш диҳад ва ҳуқнаи нарм созгортар аст. Қай кардан, бастани соқҳо ва андар оби гарм гирифтани дасту пойҳо эшонро судманд буванд. Бемор ҳамин ки ба ёд омад, маслаҳат он аст, ки ба ӯ писти ҷави сардгардонида ва бо донаи анор буда бидиҳанд. [Ин аз барои эшон судманд аст].41 Фасли сиву якум андар зиқи нафаси эшон
Зиқи нафас чунин беморонро ё ба иллати ташаннуҷ ва хушкии мушакҳои нафасгирӣ, ё ба иллати моддаи гулӯгирандае, ки ба сӯи гулӯ фуруд омадааст ва ё ба иллати заъфе падид ояд, ки бар асаби ба сӯи андомҳои нафасгирӣ раванда фармонраво бигардад. Намуди якумро бо марҳамҳои тарифизоянда, дуввумро бо доруҳои монеи хуноқ ва севвумиро аз тариқи муътадил сохтани мизоҷи мағз, бар гулӯ молидани доруҳои сардиоварандаю тарифизоянда ва низ бо гузоштани доруҳое аз қабили рандаи пӯсти каду, хурфа ва сандал бо равғани гул ва ғайра муолаҷа кунанд.
Фасли сиву дуввум андар баёни шиддати тосаи эшон
Агар ба сабаби даҳони меъда ва падид омадани хилти сӯзанда андар он тоса беш бигардад, меъдаи чунин [беморонро] бо он ғизоҳое сард созанд, ки медонӣ. Бояд эшонро бод бидиҳанд, андар маҳалле бихобонандашон, ки канори оби равон буда, андар он ҷой сарнавдаҳову шохаҳои [дарахтони] сард ва райҳонҳои сарде аз қабили нилуфар ва гул густурда бошанд. Низ хушбӯиҳои сардеро [ба кор баранд], ки аз меваҳои хушбӯи сард ва сандал гирифта бошанд. Аксар вақт тосаи эшонро ҳуқнаҳои сарде суд бахшанд, ки аз оби каду ва бодранг ва аз афшураи хурфа ва ҳамешабаҳор бо равғани гул бисозанд.
Фасли сиву севвум андар баёни ба сахтӣ фурӯ бурдани луқма, ки эшонро ориз гардад
Агар эшонро ба сахтӣ фурӯ бурдан рӯй диҳад ва таб таби мутбиқа бошад, бояд раг зад ва каме хун гирифт.
Агар андаке иштиҳо кушода бошад, бояд ба эшон сирко ва коҳу бидиҳанд, вагарна танҳо ба оби ҷав иктифо бояд кард. Аз бастани шикам бояд барҳазар буд ва агар ягон бастагие ҷой дошта бошад, шиёфҳо ва ҳуқнаҳо хеле беҳтар аз доруи исҳолеанд, ки аз боло дода шавад.
Фасли сиву чаҳорум
андар баёни сардии андомҳои атрофӣ,
ки эшонро рӯй диҳад
Бисёр бошад, ки гармии эшон ба андарун биравад ва андомҳои атрофӣ сард гардида ва гармии андарунрафта ба
сӯи сар бухорҳо бифиристад. Андар ин ҳолат бигузор эшон
дасту пойҳоро андар оби гарм бигиранд ва оби сард наошоманд. [Ин миқдор барои муолаҷаи эшон кофист].42
Фасли сиву панҷум
гуфтори ҳамагонӣ
андар баёни табҳои сафровӣ
Бидон, ки табҳои сафровӣ се бахшанд: таби рӯзафкани даврӣ; таби рӯзафкани монда; ва таби сӯзон. Таби рӯзафкани даврӣ ё холис буда, аз сафрои холис падид ояд ва ё ғайри холис буда, аз гандидани сафрои ситабргавҳар падид ояд, аз баҳри он ки сафро бо балғам омезиш ёфта, як шуда бошад. Бо ҳамин [ин таб] аз таби нимрӯзафкан фарқ дорад, зеро таби нимрӯзафкан ба муҷиби ду моддаи аз ҳам ҷудо ба амал ояд, вале ин бошад, ба муҷиби як моддаи ягонае ба амал ояд, ки андар нафси худ омехта буда, бо бухори он ягон чизи сарде биомезад, ки гандидан, ҳал шудан ва пухтани онро мушкил бигардонад. Бад-ин сабаб таби нимрӯзафканро ду навбат ва таби рӯзафкани ғайри холисро як навбат аст. Ин гуна таби ғайри холис гоҳе муддати дароз ва қариб ним сол бикашад. Вай бошад, ки боиси ҷунбонии гӯшт ва бузург шудани испурч бигардад.
Аммо таби сӯзон аз ҷинси таби монда бувад, вале (34) омадушуди шиддатёбӣ ва сустшавии он ба ҳис андар наояд ва аразҳояш шиддатнок буванд. Сабаби ин тезии модда ва бешии он аст, зеро [модда] ба наздики дил ва андар рагҳои даҳони меъда, ё хусусан андар ноҳияҳои ҷигар ва умуман андар андомҳои шарифи наздик ба дил ҷой гирифта бошад. Аммо ба ҳангоми таби рӯзафкан сафро андар гӯшт ва то ҳадди пӯст ва ба ҳангоми таби доимӣ андар он рагҳои тан, ки дур аз диланд, паҳн бигардад. Шиддати ташнагӣ, тоса, бетоқатӣ, бехобӣ, ҳазён, маниши гаштан, талхии даҳон, табхолу калахш бастани лаб ва сардард ба ҳангоми табҳои сафровӣ бисёр рӯй диҳанд. Андар бештари онҳо табиат ба хушкӣ бигарояд, зеро модда ё ба сӯи бахшҳои болои тан ва ё ба сӯи зоҳири тан ва пӯст равон бигардад.
Фасли сиву шашум андар баёни таби рӯзафкани мутлақ, ки онро «тиритоус» хонанд
Навбати таби рӯзафкан нахуст бо фарошо ва халидане чун халидани сӯзан бигирад ва сипас сардӣ ба амал оварда, ба табларзаи ниҳоят душворе гирифтор кунад, ки аз ҳамаи дигар намудҳои табларза сахттар буда, ғайри сард ва ё камтар сард бошад. Сардии он танҳо аз сабаби он аст, ки гармӣ ба андарун – ба сӯи модда биравад ва [бемор] халидане чун халидани сӯзан дарёбад. Ин табларза бо вуҷуди шиддатнокияш зуд оромёбанда аст ва [тан] зуд боз гарм шавад. Сабаби ин гуна табларзаро [пеш аз ин] донистӣ.
[20] Табларза ба ҳангоми ин [таб] андар рӯзҳои якум қавитару шадидтар ва ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ бар хилофи ин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор