Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба изофаи он табларза нахуст ба таври қавӣ оғоз ёбад ва сипас оҳиста-оҳиста нарм шуда, зуд бигузарад. Вале ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ баръакс бувад. Ҳангоми таби рӯзафкан ба наздики тарки [навбат] арақ бисёр ояд ва андар ин ҳангом пешоб сурхи моил ба оташгунӣ ва на чандон ситабр бигардад. Ё агар [таб] ғайри холис бошад, пешоби чунин [бемор] ба намуди хом ва ё ситабр берун ояд. Гармии таби рӯзафкан беосебтар аз гармии таби сӯзон буда, даст чи қадар бар тан гузошта нашавад, афрӯхтагии бештаре ҳис накунад, балки бошад ки афрӯхтагияш ба ҳис коҳиш ёбад, вале ба ҳангоми таби сӯзон бошад, афрӯхтагӣ андар афзоиш дарёфта шавад. Аразҳое, ки ба ҳангоми таби рӯзафкан падид оянд, аз инҳо иборатанд: бехобие, ки бидуни гаронии сар бувад, вале ба ҳангоми бархе аз [табҳои] ғайри холис [бо гаронии сар] ба амал ояд; ташнагӣ; безорӣ; хашм; ва безорӣ аз сухан гуфтан. Набзи чунин [беморон] ба қиёси набзи дигар табҳо тезтари зудтар бошад ва фишурдаву кушода шуданаш яксон набошанд, аз баҳри он ки хилт андар марҳалаи анҷом ба он ҷаҳду ноҳамвории бештар биафзояд. Ноҳамвории он ба ҳангоми ин таб камтар аз он андозае бошад, ки ба ҳангоми дигар табҳои хилтӣ ҷой дорад ва [низ] бо вуҷуди сахтии набз камтар аз он андозаест, ки ба ҳангоми марҳалаи анҷоми дигар [табҳо] бад-он андоза бувад. Ҳангоми [таби рӯзафкан] набз қавитар буда, балки ӯро аксар вақт ба ҷуз ноҳамвории хосси таб, на [хосси] ғайри он дигар ягон ноҳамворие набошад. Андар оғоз то ҳангоми густариши таб аз фишурда шудани набз чора нест, вале сипас қавӣ гардида, зуд ва думодум ояд ва ноҳамворияш на он қадар ба ифрот бувад.
Гоҳе бар [таби рӯзафкан] синну сол, хӯй, кишвар, пеша, намуди зоҳирӣ, фасли сол ва бисёр рӯй додани он андар ин ҳангом далолат кунанд. Ҳар гоҳ ду намуди рӯзафкан ба ҳам мураккаб шаванд, навбатҳо ҳар рӯз боз оянд ва бинобар он ҳар кӣ рӯзафканро аз рӯи навбат ба эътибор бигирад, хато хоҳад кард, баръакс, бояд онро аз рӯи далелҳои дигаре ба эътибор гирифт, вале навбатҳо он далелҳоро қувват бидиҳанд. Худовандони рӯзафканро гоҳе бехобӣ ва хилватгузинӣ ориз бигардад ва бисёр бошад, ки ба наздики ҷигар ҷӯшиш ҳис кунанд.
Андар баёни фарқи таби рӯзафкани холис ва ғайри холис: Холиси он сабуки латиф буда, навбаташ аз чаҳор то дувоздаҳ соат бигзарад ва аз ин миқдор чандон бештар накашад. Агар аз ин миқдор хеле бештар давом кунад, андар ин ҳол вай таби ғайри холис хоҳад буд. Аксар вақт он то ҳафт соат бикашад. Ба ҳангоми ин таб тан зуд битафсад ва гармиро ба ҳоли аз тан баромадан дарёбӣ, вале андомҳои атрофӣ ҳанӯз сард бошанд. Ҳамчунин агар [андар муолаҷа] ягон хатое наафтида бошад, таби холис беш аз ҳафт навбат нагирад. Гоҳе он ба иллати латифии моддаи хеш мумкин аст бо як навбате бигузарад, ки ба ҳангоми он қай ва ё исҳоли поккунанда афтода бошад. Пухтагии пешоб андар рӯзи нахуст, ё севвум, ё чаҳорум ва ё андар рӯзи ҳафтум падид ояд. Агар [таб] бо миқдори хеле беш аз ҳафт навбат бигирад, пас, аз ҷумлаи таби ғайри холис аст. Агар муддати табларзааш дер

бикашад, низ ҳамчунин бувад. Афзоиши навбатҳо ва пешоии табларзаи [таби холис] бар намте ориз бигардад, ки ба ҳангоми он нисбатҳо ба таври яксон нигоҳ дошта шаванд, вале ба ҳангоми таби ғайри холис гуногуну нодуруст бошанд. Агар навбатҳо бар як ҳадд яксонӣ дошта бошанд, низ ҳамин гуна буванд. Дигар нишонаҳои ба дарозо кашидани таб, ки онҳоро пеш аз ин донистӣ, низ ҳамчунинад. Агар оғози [табро] бо табларза, чунонки мо инро муайян кардем ва поёни онро бо арақрезии фаровон дарёбӣ, андар холис будани он шубҳае накун.
(35) Агар худованди таби холис об биошомад, андар танаш бухори таре паҳн гардида, чунон бигардад, ки гӯӣ арақ ҳамекунад ва гоҳе бошад, ки арақ ҳам кунад.
Ба ҳангоми таби ғайри холис андар сар гаронии зиёд ва кашидагӣ ҳис кунанд ва табларза ва навбат ба дарозо кашида, то ба бистучаҳор соат, сӣ соат ва ё беш аз он бирасад ва аз тамоман суст шуданаш чиҳилу ҳашт соат гузарад. Миқдори фузунии навбат беш аз дувоздаҳ соат ин миқдори дурии [таб] аз дараҷаи холисист.
Ҳангоми таби рӯзафкани ғайри холис пазиш ба оҳистагӣ зоҳир шавад ва андар намуди зоҳирӣ борикию лоғарӣ падид наоянд. Ин гоҳе бо арақи фаровон ҳам канда нашавад ва гоҳе ба табларзаи қавӣ оғоз ёбад ва гармӣ на он қадар қавӣ бошад. Болоравии ин [таб] яксон набуда, балки чунин бинамояд, ки гӯӣ андак меафзояд, вале сипас [афзоиш] пеш аз вақт ба анҷом расида, ба костан оғоз кунад. Аразҳои мушкил ба ҳангоми ин [таб] кам падид оянд.
Андар баёни таби рӯзафкани монда: Инро аз тариқи як рӯз пас шиддат ёфтани навбат ва аз тариқи шиддат ёфтани аразҳои он бишиносанд. Ба ақидаи Ҷолинус ҳар гоҳ хун гандида шавад, таб ба ин намуд табдил ёбад. Андар ин бобат гуфтаҳое аст, ки баъд хоҳанд омад.
Муолаҷаи таби рӯзафкани холис: Бояд он аслҳоеро аз қабили исҳол ва ғизо ба ёд оварӣ, ки андар боби илоҷи табҳо ва андар ҳамаи дигар бобҳо бароят овардем ва бояд [бинои муолаҷаро] бар пояи онҳо гузорӣ. Ба гуфтаи он касе эътибор мадеҳ, ки андар оғоз бо исҳоловарандаҳои қавӣ, ҳалила ва монанди он [муолаҷа карданро] иҷозат диҳад, на бад-он сифат доруҳое, ки мо ёд кардем. Баръакс, андар оғози беморӣ бояд зуд ба муолаҷа пардохта, табиатро бо он чизҳое нарм кунӣ, ки мо андар ин бобат ёд кардаем. Масалан, ба қадри чиҳил дирам тамри ҳиндиро андар оби гарм як шаб тар кунанд ва сипас онро полида, бар вай ширхишт ва ё тарангубин биафзоянд. Ё бо оби ҳар ду навъи анор, ё бо ҷӯшонидаи печак ҳамроҳи тарангубин ва мавизи донааш ҷудо карда, ё бо таркардаи олуву тарангубин ё бо ширхишт, ё шароби бунафша ва ё бо бунафшаи парварда [табиат нарм кунанд]. Гоҳе масалан луоби аспғул бо бархе аз шаробҳо, масалан, бо шароби олу лағжишу нармӣ оварад. Ё бо ҷӯшонидаи наску печак ва ё бо ҳуқнаҳои нарм [низ нармӣ оваранд]. Мисоли ин ҳуқнаест, ки аз ҷӯшонидаи хитмӣ, унноб, сапистон, бехи ширинбаён ва равғани бунафша ва ё аз афшураи чугундар, равғани бунафша ва бура бар наҳви бароят маълум бисозанд. Ин ҳангоме бошад, ки бад-он сахт зарурат биафтад. Вале ба бемор додани на оби ҷав, на чизе мисли он ва на ягон ғизое маслаҳат нест, магар ҳангоме ки табиат нарм бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ