Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо исҳол овардан андар оғози таби рӯзафкани холис низ ҳарчанд зиёни азим дорад, вале камзарар аз он исҳолест, ки ба ҳангоми дигар намудҳо оварда шавад. Агар то се давра имконияти раг назадан бошад, чунин кунанд. Ҳамчунин, агар туро бими он бошад, ки беморӣ сарсонкунанда хоҳад шуд, бояд хун бигирӣ ва он чи аз хато, ки [андар ин ҳангом] биафтад, камтар аз дигар хатоҳо бувад.
Андар рӯзи навбат ҷуз ба зарурат ягон чизро набояд ба ҷунбиш оваранд, ҷуз ба шартҳои ёдшуда ғизо надиҳанд ва пешобро бо шири тухмиҳо битозонанд.
Навбат бояд ба ҳоле боз ояд, ки бемор гурусна бошад ва андар меъдааш ягон чиз набошад. Баръакс, бояд андар рӯзи бе навбат ба ӯ ҳар пагоҳӣ сикангубин ва баъд аз ду соат оби ҷав бидиҳанд. Сикангубин баъд аз навбат хуб аст. Андар оби нимгарм гирифтани пойҳо низ чунин бувад, аз баҳри он ки боқимондаи гармӣ [ба зоҳир] кашида шавад. Хусусан ба охири таб ва ё се-чор соат пеш аз навбат додани сикангубине мустаҳаб аст, ки андар таркиби он шири тухмиҳои сарди пешобтозонанда бидарояд. Баъд аз навбат низ ба бемор оби ҷав бидиҳанд. Агар латифсозии тадбири ғизоӣ воҷиб ояд, ба бемор, масалан, оби анор, оби тарбуз ва монанди инҳо бидиҳанд ва тадбирашро бар ваҷҳи ёдшуда тадриҷан латиф сохта, ҳар қадар ки марҳалаи анҷом наздиктар ояд, тадбирро латифтар кунанд. Андар рӯзҳои нахуст кашки ҷав, нони андар оби сард тарид кардаро чунон ки ҳаст ва ё шираи онро ва низ он таомеро бидиҳанд, ки аз мош ва наск сохта бошанд. Агар таом андар меъдаи [бемор] турш мешуда бошад, ба ӯ он оби ҷаверо, ки ниҳоят тунук нест, надиҳанд. Агар ба ошомидани он эҳтиёҷ биафтад, онро бо ҷӯшонидаи бехи карафс андаке қавӣ созанд. Агар меъда назар ба он сардтар бошад ва таб на бузург ва на холис бошад, андар он ба ақидаи Буқрот андаке мурч афкананд. Агар нишонаҳо далолат бад-он кунанд, ки буҳрон наздик аст, оби ҷав, оби анори ширин ва нордон ва сикангубин кифоят бошанд. Меваҳои (36) аз барои эшон дӯстдошта анори ширин, анори майхуш ва олуи пухтагӣ ва хом мебошанд. Аммо тарбуз суди бузург дорад. Вай ба изофаи лазизӣ табиат кушояд, пешоб тозонад, шиддати гармӣ бишканад ва арақ оварад.
Дастанбӯйҳои хурд, аз тараҳо каду, хиёрза, бодранг ва коҳу гоҳе безиён буванд.
Бидон, ки мақсуд аз он ғизое, ки ба худованди таби рӯзафкан бидиҳанд, ё тарифизоист, чунончи андар охири он ба бемор андомҳои атрофии тиҳу, хояи хурӯс ва ба каси дилаш ғашъй намекарда мағзи сари бузғола ва зардии хояи мурғ бидиҳанд ва ё сардифизоию тарифизоӣ буда, масалан, [ба бемор] кашки ҷав бидиҳанд. Ба ҳангоми сардифизоӣ ва хусусан андар ибтидо, агар афрӯхтагии шадид мушоҳада накунӣ ва туро бими табдил ёфтани он ба таби сӯзон ва монда набошад, сардифизоиро сахт аз ҳад нагузарон. Агар буҳрон фаро расад ва андар пешоб пӯхтагӣ, яъне шини сутудаи бароят маълумро дарёбӣ, пас, [аз муолаҷа] бениёзист, вагарна андар он ҳолат бо ягон тадбире аз қабили пешобтозонӣ, ё исҳол овардан, ё қай ва ё арақоварӣ табиатро ёрӣ бидеҳ ва андар ин кор бар нақизи он рафтор накун. Агар [21] ягон майли ошкоро дарна

ёбӣ, аз тариқи исҳол истифроғ бикун. Аз ҷумла ба қадри як донг маҳмударо бо гулоб, ё ҷӯшонидаи ҳалиларо бо тамри ҳиндӣ, тарангубин, мавиз, бехҳо ва хиёршанбар ба тавре [ба бемор бидеҳ], ки дониста будӣ. Бояд онро бо шоҳтара, сано ва бо маҳмуда қавӣ бисозӣ.
Яке аз доруҳое, ки низ эшонро созгор аст, қурсҳои исҳоловари табошир ва ё доруест, ки нусхааш чунин бошад:
чаҳор дирам ҳалилаи зардеро, ки донаҳояшро ҷудо карда бошанд, бист дирам шакари табарзад ва як донг маҳмударо гирифта, ҳамаро бо оби сард биошоманд ва баъди он бо пешобтозонӣ муолаҷа кунанд. Агар андар ин миён гармии ба ифрот ва афрӯхтагии бузург ҷой дошта бошад ва аллакай истифроғ ба амал оварда бошӣ, агар ба чунин беморон аз доруҳои гармихомӯшкунандаи қавие, ки андар боби тадбири бемориҳои тез ёд шудаанд, ягон доруе бидиҳӣ, боке надорад. Гоҳе бо зимодҳои аз ин [доруҳо] гирифта қаноат варзанд.
Аммо оид ба гармоба бояд гуфт, ки чунин [беморон] пеш аз пазиши [модда] набояд ба он наздикӣ варзанд, вале баъд аз пазиш ва ба наздики пастравӣ ин яке аз беҳтарин илоҷ аз барои эшон ва хусусан касони одатдошта бувад. Ба ҳар ҳол, ба хато пеш аз пазиш ба гармоба даровардани эшон бе осебтар аз ҳамин гуна хато ба ҳангоми дигар [табҳост]. Гармобаи чунин [беморон] бояд муътадил ва ҳавои он фораму намнок бошад ва андар он ба нармӣ ва ба ҳадде арақ кунанд, ки дилашон натафсад.
Бояд бо равғани бунафша ва гуле равғанмолӣ кунанд, ки бо об шикаста шуда бошад. Набояд андар он ҷо дер бимонанд, баръакс, бояд зуд берун оянд ва ба такрор [гармоба] кардан аз барои эшон созгортар аз дер истодан андар он бувад. Агар ба наздики берун шудан андар оби нимгарм даромада, ба қадри форамӣ ёфтан бинишинанд, ин аз барои эшон созгор хоҳад буд. Сипас, чун берун оянд, бояд шароби сафеди тунуки бисёр омехта биошоманд. Бояд худи ҳамон замон худро [бо ҷомаҳо] бипечанд, зеро эшон сахт арақ кунанд ва ё андар ин ҳол агар ягон чиз боқӣ монда бошад, бипазад. Баъд аз он бояд ғизоҳои сардиоварандаю тарифизоянда ва тараҳое бихӯранд, ки [низ] бад-он сифат буванд. Баъд аз пастравии [таб] аз додани шароби бисёр омехта ба эшон бимнок мабош, зеро миқдори боқимондаи шаробе, ки гармии он бо омезиш шикаста шудааст, ҳалшавии чизи ҳалшуданаш зарурро суд бахшад ва оби бо ёрии қувват ва омезиши [хеш] нуфузкунанда [зиёни] аз гармиоварии андаки он падидояндаро пешгирӣ кунад ва сардии сахт ва тарӣ оварад. Агар андар он ҷо аразҳое аз қабили ташнагӣ, сардард, бехобӣ ва ғайра ҷой дошта бошанд, илоҷи онҳо бароят оварда шуд. Агар баъд аз буҳрон ягон миқдор аз гармии доимӣ боқӣ монда бошад, туро лозим аст сикангубинро бо афшураҳои пешобтозонанда ва ё сикангубинеро ба кор барӣ, ки андар он тухмиҳо ва бехҳои пешобтозонанда ҷӯшонида бошанд.
Бидон, ки илоҷи таби рӯзафкани монда айни илоҷи таби рӯзафкан аст, лекин бояд бештар ҳолатҳои пазиш ва сардсозӣ бо сикангубине муроот карда шавад, ки аз тухми бодранг ва тухми коснии хусусан резакарда бисозанд. Баъд аз ду соати он [ба бемор] оби ҷав бидиҳанд.
[Низ бояд бештар] ба нарм сохтани ғизо, ба истеъмоли ҳуқнаҳои нарм андар ибтидо ва ба пешобтозонӣ майл карда шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ