Қонуни тиб

Бояд ба нармӣ рафтор карда, андар оғози таб ба бемор чизе аз доруҳои исҳол надиҳӣ, ба ӯ ҷуз масалан шароби бунафша ва оби меваҳо чизе наошомонӣ ва низ ба ҷуз ҳуқнаҳои нарм ягон гуна ҳуқна ба кор набарӣ.
Андар баёни илоҷи таби рӯзафкани ғайри холис:
Он ҳолатҳое, ки ба сабаби онҳо муолаҷаи рӯзафкани ғайри холис аз рӯзафкани холис фарқ кунад, ҳамон ҳолатҳоест, ки бо ёрии онҳо бо табҳои сард анбозӣ дорад. Аз ҷумла он рухсати [истифроғест], ки гоҳе ба худовандони (37) рӯзафкани холис дода шавад ва эшон то ҳангоми пазиш интизор нашаванд ва агар пазишро интизор шуда бошанд, бештари пастравиро интизор нашаванд. Гармоба ба эшон ҳаром гардонида шудааст, зеро он балғами нопухтаро бо моддаи ба мавзеи уфунат рехташуда ва хилти бадро бо [хилти] гандида биомезад ва бахши латифи онҳоро ҳал карда, ситабрашро ба ҷой гузорад. Ҳар рӯз ғизо додан ва тадбири шабеҳ ба ғизодиҳӣ низ яке аз чизҳоест, ки эшонро зиён дорад, баръакс, бояд ба эшон як рӯз ғизо бидиҳанд, як рӯз не ва бояд андар таркиби ғизояшон чизҳои зудоянда ва андаке гармиоваранда бидароянд. Бояд ғизо андар аввалҳои беморӣ ситабртар аз ғизои андар аввали таби холис диҳанда бошад. Сипас ба тадриҷ ба латифсозие гузаранд, ки беш аз латифсозии [ғизои] рӯзафкан бувад. Бояд ба ҳангоми он [рӯзҳои] аввал латифсозӣ аз тариқи гуруснагӣ кашидан бештар аз латифсозие бошад, ки бо ғизоҳои сахт латиф ба амал оранд ва бояд сардиоварӣ камтар бувад. Низ бояд андар оғоз бо ҳуқнаҳои тезтар ҳуқнарезӣ кунанд ва ба ҳангоми исҳоли қавӣ овардан пазишро ҳар чи бештар интизор шаванд.
Бояд андар оби ҷаве, ки ба эшон бидиҳанд, қувваҳои пазонанда ва ҳалкунандаи, масалан, он доруҳое ҷой дошта бошанд, ки мо аз барои касони андар меъдаашон оби ҷав туршшаванда ёд кардем, балки аз он ҳам қавитар бошад.
Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба ҳасби мизоҷ андар он зуфо, саътар, пудина ва сунбул биҷӯшонанд. Чугундар аз барои эшон судманд аст ва омехтаи оби нахӯд43 бо оби ҷав низ ҳамчунин бувад. Ба охири [беморӣ] оби нахӯд аз барои эшон суд бахшад. Бояд андар наздикии [таби] ғайри холис ба таби холис ва дурии миёни онҳо нигарист ва ба ҳасби он миёни илоҷи он ва илоҷи таби холис фарқ ниҳод. Агар ба таби холис сахт наздик бошад, миёни муолаҷаи онҳо фарқи андаке бояд биниҳӣ.
Агар бибинӣ, ки пешоби эшон ситабр аст, раг бизан ва чун раг задӣ, туро ба ҳуқна рехтан эҳтиёҷ наафтад. Бидон, ки аз барои эшон аз қай овардан баъд аз таом ҳеҷ чиз судмандтар нест.
Яке аз доруҳои исҳоловарандаи ба иътидол наздиктаре, ки андар аввалҳои [беморӣ] ба кор баранд, оби гулангубини ҷӯшонида ва сикангубин мебошад. Гоҳе мо андар ин ду хиёршанбар ҳамроҳ кунем. Аз ин ҳам қавитар он аст, ки андар он миқдоре аз қувваи турбид биафзоянд. Ҳуқнаҳо андар оғози беморӣ ба наздики ман дӯстдоштатар аз дигар исҳоловарандагонанд ва онҳо ҳуқнаҳое буванд, ки андар таркиби онҳо қувваи хори хасак, бобуна, чугундар, хасакдона, бунафша, сапистон ва анҷир бидароянд, бӯи турбид дошта бошанд ва андар онҳо хиёршанбар, равғани кунҷид ва бура низ ҷой дошта
бошанд. Гоҳе ба ҳасби дурии таб аз таби холис ба доруи аз ин ҳам тезтар эҳтиёҷ биафтад.
Аммо оид ба доруҳои ёвари пазиш бошад, [бояд гуфт], ки мисоли онҳо сикангубини омехта бо миқдоре аз гулангубин, ё сикангубини аз бехҳо сохта шуда бувад ва ё баъд аз рӯзи ҳафтум, масалан, ҷӯшонидаи афсинтин судманд буда, моддаро латиф ва меъдаро қавӣ созад. Оби бодиён ва оби карафс бо сикангубин низ ҳамчунинанд.
Агар [таб] аз чаҳордаҳ рӯз бигузарад, ба бемор додани қурсҳои хурди гул бад нахоҳад буд. Агар иллат дароз бикашад, аз додани, масалан, қурсҳои алафи гулӯдард ва ҷӯшонидаи он чора нест. Гарм сохтани ноҳияҳои сари устухонҳои паҳлу аз ҳамин қабил бувад. Низ мароққи эшонро чизе зимод кунанд, ки пазиш оварда, азҳамкашидагии андар он ҷой афтодаро суст гардонад. Ҳар гоҳ бидонӣ, ки пухтагӣ ҳосил шудааст, бе парво истифроғ овар ва пешоб битозон.
Яке аз доруҳои истифроғкунанде, ки аз барои эшон хуб аст: панҷ дирам ёра, се дирамӣ афшураи коҳу ва алафи гулӯдард, панҷ дирамӣ карафс, ҳалилаи зард ва [ҳалилаи] кобулӣ ва ҳафт дирам турбидро гирифта, бо оби карафс ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам бувад.
Аз он ҷумла як матбухи хубе аз мост. Нусхаи он: аз ҳар кадоми алафи гулӯдард, афсинтин ва ҳалилаи кобулӣ панҷ дирамӣ, аз тухми харбуза, тухми хиёрза ва бодранг, тухми карафс, чарха ва бодовард44 даҳ дирамӣ, як дирам турбид, шаш дирам хиёршанбар, бист дона мавизи донааш ҷудокарда, сиҳ дона сапистон, даҳ дона анҷир ва понздаҳ дирам гулангубини бо гули форсӣ сохташударо гирифта, ҳамаро ба дастуре45 биҷӯшонанд, ки андар ин бобат муайян шудааст. Як қадаҳи бузург аз онро гирифта, андар он як қирот маҳмуда биафзоянд [ва ба кор баранд].
Гоҳе эҳтиёҷ ба доруе биафтад, ки аз як сӯй қавӣ (38) ва аз сӯи дигар заиф бошад: қавӣ буданаш ба ҳасби он бошад, ки хилти часпакро истифроғ кунад ва заиф буданаш ба ҳасби он бошад, ки якбора бисёр истифроғ наоварад, балки бояд ин ба тадриҷ буда, хилти мавриди истифроғ бударо бар як чанд бор ба кор бурдан истифроғ кунад, то қувват аз пой наафтад. Ин дору доруест, ки онро метавон баҳра-баҳра ва [ё] якҷоя ба кор бурд, чаро ки андаки он шикам орад ва бисёри он [низ] шикам орад. Яъне ками он каме аз хилти бад ва бисёраш бисёр аз хилти бадро [берун орад], вале оид ба ҷӯшонидаҳо бошад, [бояд гуфт], ки ками онҳо гоҳе ягон таъсире нахоҳад бахшид.
Мисоли чунин дору доруи зерин аст: аз турбид каме – ба қадри ним дирам ва ё ба ҳасби ҳоҷат камтару бештар ва аз маҳмуда наздики як тассуҷ ва ё беш аз он гирифта, онҳоро бо гулангубини ёдшуда маъҷун созанд ва биошоманд. Ё аз ғориқун ва аз маҳмуда низ ба ҳамин қиёс гирифта, бо гулангубин бисириштанд ва биошоманд. Ё [аз инҳо] ба қадри як уқия андар афшураи гули тоза афканда, биошоманд ва ё андар шароби гул афканда, биошоманд.
Фасли сиву ҳафтум андар таби сӯзон, ки онро «қовусус»46 хонанд
Таби сӯзон бар ду ваҷҳ аст: [яке] сӯзони сафровист,
ки сабаби он бисёрии уфунат буда, ё андар дохили раг ҳои тамоми тан, [22] ё андар рагҳои хусусан наздик ба ноҳияҳои дил, ё андар рагҳои ноҳияҳои даҳони меъда ва ё андар [рагҳои] ҷигар ҷой дорад; [дигар сӯзони] балғамии аз балғами шӯре ба амал омадааст, ки андар рагҳои наздики ноҳияҳои дил гандида бошад, чунонки инро Буқрот андар Эпиземиё ёд кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор