Қонуни тиб

Балғами шӯр, чунон ки медонӣ, аз фазлаи обии балғам ва сафрои тез ба амал ояд ва сафрое, ки уфунат мепазирад, оташии хокистарӣ буда, бо фазлаи обии бисёр омехтааст. Азбаски таби сӯзон аз ҷиҳати аразҳо шадидтар аз таби рӯзафкан аст, бинобар ин воҷиб аст, ки муддаташ аз он кӯтоҳтар бошад. Пиронро кам рӯй медиҳад, ки ба табҳои сӯзон гирифтор оянд ва агар эшонро чунин [табҳо] ориз бигарданд, ҳалок хоҳанд шуд, зеро инҳо андар эшон ҷуз ба сабаби сахт қавӣ ба амал наоянд ва қувваҳои эшон бошанд нотавонанд. Аммо барноён ва кӯдаконро ин [таб] бисёр рӯй диҳад ва он андар кӯдакон ба иллати рутубатнокӣ сабук бувад. Гоҳе ин гуна таб андар эшон бо субот ба амал ояд, аз баҳри он ки бухорҳо ба сӯи сар бизананд.
Буқрот чунин ёд кардааст, ки агар ҳар киро ба ҳангоми таби сӯзон раъша ориз бигардад, бо ёрии он кушода шавад. Ин мумкин аст аз баҳри он чунин аст, ки мағз ниҳоят битафсад ва асабро битафсонад ва чунин бинамояд, ки гӯё [таби] сӯзон бошад. Парешонии ақл бошад, аз баҳри он бо ёрии раъша ба таҳлил биравад, ки моддаҳо ба сӯи асаб ронда шаванд. Аксар вақт [таби сӯзон] ба воситаи қай, ё шикамрав, арақ ва ё хуни бинӣ бигузарад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои он мондагӣ, ноаёнии [марҳалаҳои] сустӣ ва шиддат ёфтани аразҳое мебошад, ки аз дуруштии забон, аз нахуст зард шудан ва сипас сиёҳ шудани он, аз баста шудани арақ на ба ҳангоми буҳрон ва аз шиддат ёфтани ташнагӣ иборатанд. Буқрот гуфтааст, ки агар сурфаи андаке падид омада, он ташнагӣ ором гирад, чунин ба назар бирасад, ки шиддати ташнагии эшон ба сабаби шуш аст ва бинобар он чун шуш ба тавассути сурфа андаке ҳаракат кунад, бо оби аз гӯшти ковок ба сӯяш таровида тар бигардад. Гармӣ ба ҳангоми таби сӯзон андар бештари ҳолатҳо андар зоҳир на чандоне қавист, ки андар ботин қавист. Бозомадани беморӣ47 ба ҳангоми он сабуктар аз бозомадан ба ҳангоми дигар табҳо бувад. Ба ҳангоми [таби сӯзоне], ки аз сафро падид ояд, аразҳои баде аз қабили бехобӣ, нооромӣ, афрӯхтагӣ, парешонақлӣ, хуни бинӣ, сардард, тапидани гижгоҳиҳо, фурӯ рафтани чашмон, аз шикам рафтани сафрои холис ва афтидани иштиҳо шиддат ёбанд. Ҳар гоҳ агар чунин таб кӯдаконро ориз бигардад, эшон аз пистон рӯй битобанд, онро нагиранд ва шири макидаашон табаҳ шуда, турш бигардад.
Дармони таби сӯзон. Илоҷи он чун илоҷи рӯзафкани холис бувад. Агар ба истифроғ овардан бо он чи ки ёд шуд, эҳтиёҷ афтад, шитоб намудан андар ин кор авлост, вале истифроғи пурраро баъди пазиш ба амал оранд. Раг задан гоҳе андар эшон афрӯхтагӣ оварад ва гоҳе агар андар ин миён пешобро тирагӣ ва ё сурхӣ бошад, [раг задан] чунин [беморонро] суд бахшад, лекин эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба латифиоварию сардсозии қавитар пардозанд ва чизҳои ба бемор медодагиро билфеъл сард созанд.
Агар туро бими афтидани қувват бошад, аз додани ғизо [ба бемор] агар чи нахоҳад ҳам, чора нест. Хусусан ка
соне, ки аз эшон чизи бисёре ба таҳлил рафтааст, аксар вақт ба булимус, яъне адами ҳис гирифтор оянд. [Низ] андар оғози [беморӣ] ба нармсозии қавитар ва ба (39) муолаҷаҳое [эҳтиёҷ бошад], ки аз барои таби тез ба тамоми намудҳои тавсифшуда ёд шудаанд. Гоҳе ҳангоми каме суст шудани таб агар бемор пас аз ошомидани тамри ҳиндӣ, ки андар он каме кофур афкандаанд, бихобад, ин созгор хоҳад буд. Аз барои эшон сикангубин, ё шири донаи хурфа ва ё шири тухми коснӣ дӯстдошта аст. Харбузаи раққӣ (тарбуз) низ барояшон сахт хуб бувад. Ба ҳангоми ошомидани оби сард бояд он чизеро ба эътибор бигиранд, ки мо ёд кардем ва агар ягон монеае набошад, аз он ба андозаи кабуд шудан ҳам бошад, бидиҳанд. Гоҳе аз парешонақлӣ [бемор] об хостанро фаромӯш кунад, бинобар он ҳар вақте бояд ба ӯ ва хусусан ба касе, ки забонашро хушкидаву қоқ бибинанд, ба ҷуръаҳои кам-кам бисёр об бидиҳанд.
Аразҳои ба ифрот бударо бо он чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар бобҳои онҳо ёд кардем. Аз беандоза бисёр рафтани хуни бинӣ бояд эҳтиёт шуд, зеро ин яке аз аразҳоест, ки ба ҳангоми он чунин беморонро хатари бузург пеш ояд. Низ бояд нафаскашии эшон муроот шавад ва нагузоранд, ки ноҳияҳои сина гирифтори ташаннуҷ бигардад.
Бояд сари эшонро бо сирко, равғани гул, сандал, оби гул, кофур ва монанди он [рехтан] нигоҳдорӣ кунанд ва низ бо обҳое пухтаковрезӣ кунанд, ки андар онҳо чизҳои мо ёд кардаро ҷӯшонида бошанд. Агар эшонро бехобӣ шиддат ёбад, ба муолаҷаи он пардоз ва агар андар мисли ин ҳол [ба беморон] шароби хашхош бидиҳӣ ва агар аз сиёҳи он бошад ҳам, боке надорад, вале ба охири [беморӣ] қурсҳои муносибе аз қабили қурси кофур ба эшон бидиҳанд, биошоманд. Андар ин ҳангом эшонро сикангубин бо шири тухми бодранг, тухми коснӣ ва тухми хурфа созгор аст: аз ҳар кадоми инҳо ду дирамӣ ва аз сикангубин ба қадри салоҳдиди худ аз бисту панҷ то сиюпанҷ [дирам]. Агар андар ин миён исҳол ҷой дошта бошад, қурсҳои табоширии исҳолбоздорандаро [ба кор бибар].
Як қурси хуб: ду ним дирамӣ табошир ва гул, ду донг48 заъфарон, се дирамӣ тухми хурфа ва тухми коснӣ, ду дирамӣ тухми каду ва тухми хиёрза, якуним дирам сандал, як дирамӣ рубби ширинбаён ва нашоста ва якуним донг кофур бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин маҷмӯъ ду дирам бувад.
Қурси дигар: чаҳор дирам гул, ду дирамӣ тухми бодранг, харбуза, хиёрза ва хурфа, ду донг заъфарон, якуним донг кофур ва як дирамӣ самғ, нашоста, касиро ва рубби ширинбаён [бигиранд]. Як ошомиданӣ аз он ду дирам бувад. Ҳар гоҳ таб ба таври намоён паст равад, гармобаи обии моил ба сардӣ бад нест. Аз ҳама беш гармоба барои касоне дӯстдошта аст, ки табашон аз сабаби балғами шӯр ба амал омада бошад.
Фасли сиву ҳаштум андар баёни таби хунӣ
Ҷолинус чунин гумон кардааст, ки мумкин нест таби
хунӣ аз сабаби гандидани хун падид ояд, чаро ки хун
ҳар гоҳ бигандад, сафро бигардад, на ҳамчун хун бимонад, ки андар ин ҳол таб сафровӣ хоҳад буд, на хунӣ ва
ин таби сӯзони ёдшуда ва ё рӯзафкан буда, бо илоҷҳои онҳо муолаҷа карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор