Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин гуфтаи ӯ хилофи гуфтаи Буқрот ва хилофи он чизест, ки воҷиб аст. Хатои аз ҳама бештар андар гуфтаи зерини эшон аст: «Агар хун бигандад, сафро бигардад». Зеро ин гуфта эҳтимоли ду маъно дорад. Яке ин ки агар он ганда шавад, ин боиси он бигардад, ки хун баъд аз гандидан ба сафро табдил ёбад, чунонки гӯянд: «Агар ҳезум бисӯзад, хокистар бигардад»; ва дуввум ин, ки чун ганда шавад, андар ҳоли ин гуна гандидан сафро бигардад, чунонки мумкин аст як кас бигӯяд: «Ҳезум андар ҳоли тафсидан хокистар бигардад». Бояд андар ҳар як аз ин ду маъно назар кард.
Аммо мафҳуми якум аз се рӯй аз ҷиҳати сарчашма фосид аст: якум ин ки ҳар гоҳ хун бигандад, бахши тунуки он ба сафрои бад ва бахши ситабраш ба савдо табдил ёбад ва на бо тамомияти худ сафро бигардад; дуввум ин ки ин баъд аз гандидан бувад ва назари мо ба ҳангоми гандидан бувад; ва севвум ин ки чун хун сафро бигардад, баъди он маълум нест, ки андар он уфунат ҳаст, ё не, зеро бисёр чизҳо биганданд ва аз онҳо бахшҳои тунуку ситабр ҷудо шаванд, вале на бахши тунук ва на ситабр гандида нестанд, то гандагии онҳо муҷиби аз сабаби гандидан падид омадани онҳо бошад. Бинобар ин мумкин аст, гоҳе аз гандида чизе ба амл ояд, ки худ ганда набошад. Агар аз сабаби гандидан падид омадани [сафро] муҷиби уфунати он мебуд, воҷиб меомад, ки бахши ситабри хокистаргардидаи он низ гандагӣ бошад ва андар ин ҳол таби савдовӣ низ ҷой медошт. Ин буд он чи, ки аз хулосаи мафҳуми якум воҷиб ояд.
Аммо мафҳуми дуввум бошад дурӯғи (40) маҳз аст.
Чунки гандидан ин роҳ ба сӯи фасод аст ва як замони муайян тақозо кунад, вале сафро гардидани хун бидуни тақозои замон бувад. Баръакс, гандидан фасодест, ки хунро, чунонки ҳаст, ориз бигардад, чунончи балғамро низ ҳамин тавр ориз гардида, вай то ҳангоме ки аз тариқи пурра ба амал омадани уфунат дигаргун нашавад, на ба савдо ва на ба сафро табдил нахоҳад шуд. Балки ҳақиқати ростинӣ гуфтаи зерини Буқрот аст: «Ба таҳқиқ ин хун аст, ки аз гандидани он гоҳе таб ба амал ояд».
Акнун мо мегӯем, ки таби хунӣ ба ҳақиқат ду таб аст:
таби уфунатӣ; ва табе, ки аз тафсидану ҷӯшиш ба амал ояд, ки онро Буқрот «сунухус», яъне «мутбиқа»49 номидааст, на дигар табро. Аксар вақт ҷӯшиши он аз сабаби суддаҳое бошад, ки гармиро баста доранд. Гоҳе мумкин аст аз сабабҳои дигаре падид ояд, ки беш аз шиддатёбии сабабҳои таби якрӯзӣ шиддат ёфта бошанд. Гоҳе ин [табро] «аш-шоббату-л-қавийяту» («ҷавондухтари нерӯманд») хонанд ва аз ҷумлаи табҳое бувад, ки миёни табҳои уфунатӣ ва табҳои якрӯзӣ биистад. Вай аз табҳои якрӯзӣ бад-он сабаб фарқ кунад, ки ба ҳангоми он нахуст хилт битафсад ва аз табҳои уфунатӣ бад-ин гуна фарқ кунад, ки ӯро уфунат нест. Ин таби тезест, ки на таби якрӯзӣ, на таби диққӣ50 ва на таби уфунатӣ51 нест, вале бисёр бошад, ки ба таби уфунатӣ ва ё таби диққӣ бигузарад. Бисёр вақт Ҷолинус онро ба қатори табҳои якрӯзӣ даровардааст ва ӯ чунин пиндорад, ки таби хунӣ52 бо дигар табҳо таркиб намеёбад, аз баҳри он ки агар гандидагӣ андар хун будӣ, [23] ҳамаи хилтҳоро фаро гирифтӣ. Ин бо бархе аз равишҳои дигари ӯ андар та

ноқуз аст ва эҳтиёҷ бад-он нест, ки андар ин бобат ба дарозо сухан гӯем, зеро ин пизишкро суде надорад.
Сабаби ин таб пурӣ ва судда аст. Аксар вақт аз сабаби варзиш ва хусусан варзиши ғайри одатӣ ва аз тарки истифроғ намудан ва сипас ба кор бурдани варзиши сахт ба амал ояд. Гоҳе уфунат ба ҳангоми он ба муҷиби бисёрии бахши обии хун падид ояд, ки ба хӯрдани меваҳои обнок алоқаманд буда, ба уфунат табдил ёбад ва ё [ба муҷиби он ба амал ояд], ки андар хун хилти хом бисёр буда, [хунро] аз барои гандидан омода бисозад. Мисоли ин [хунест], ки аз хиёрза, хиёр, амруд ва монанди инҳо зода шавад.
Ин таб ба иллати тамоми [танро] фаро гирифтани модда монда буда, хомӯш нашавад ва то фаро расидани буҳрон ва ё марг мондагии он давом кунад. Синфҳои он сеанд, ки аз ҳама беосебтари онҳо намуди коҳишёбанда буда, он нахуст ба душворӣ оғоз ёбад ва сипас пайваста бикоҳад, зеро ба ҳангоми он ҳалшавӣ бештар аз гандидан бувад. Сипас [таби] ба як ҳол истоянда бувад, ки то ҳафт рӯз ба таври яксон бимонад. Бадтарини онҳо намуди болораванда аст, зеро ба ҳангоми он ҳалшавӣ камтар аз гандидан бувад ва буҳрони он аксар вақт то рӯзи ҳафтум кашида, бо истифроғи чи ҳис шаванда ва чи ҳис нашаванда бигузарад. Гоҳе он ба таби сӯзон ва сарсом ва гоҳе ба сабаби сардии бисёр овардан ба лисарғус табдил ёбад ва гоҳе мумкин аст ба обила ва ҳасба бигузарад. Ҳар гоҳ ба ҳангоми он субот ва дамиши шикам ба амал омада, шикам садои шабеҳ ба садои табл бидиҳад, ба изофаи печу тоб хӯрдан андар ҷои хоб исҳол онро паст кардан натавонад ва ҳангоме, ки исҳол бефоида буда, ҳасбаҳои хусусан сабзгуни паҳн падид оянд, ин аз нишонаҳои марг бувад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои таби хунӣ мондагии таб, сурхии рӯй ва чашмон, дамидагии рагҳои варидӣ ва гижгоҳиҳо, пурии том аз ғайри табларза ва набудани арақ ҷуз ба ҳангоми буҳрон буванд. Бисёр бошад, ки Ҷолинус ин табро ба равиши таби якрӯзӣ гузорад. Ба раъйи Ҷолинус ҳамроҳи таби хунӣ андар бинӣ ва андар хонаҳои чашм хориш ба амал ояд ва нафас танг бигардад. Бисёр бошад, ки чунин [беморонро] субот ва душвор сухан гуфтан биафтад ва ин [нишонаи] бад аст. Низ омосҳои гулӯ, бодомакҳо ва забонча ва рехтани ашк рӯй диҳанд.
Гармии он бисёр, тар, бухорӣ, гармобавӣ, ғайри дуруштиоваранда ва мисли [гармии таби] сӯзон бошад. Набзи он бузург, нарм, қавӣ, пур, тез, ниҳоят думодум ва на чандон бисёр ноҳамвор аст, вале ноҳамворию суръаташ камтар аз онест, ки ба ҳангоми таби сӯзон ва рӯзафкан бувад.
Гармияш ба андозаи тезии [гармии] таби сӯзон ва рӯзафкани қавӣ нарасад. Он бахш аз ин [таб], ки аз уфунат хезад, ҳарорату аразҳояш бештар шиддатнок ва муолаҷааш мушкилтар бувад ва сӯзонро монад. Аммо тунукӣ ва ситабрии хунро аз тариқи чизҳои беруноянда бишиносанд.
Сунухуси ҷӯшон андар оғози худ аз ҳама бештар ба таби якрӯзӣ монанд аст, лекин гармии он камтар сӯзишу ранҷ оварад. Бештари таъсири он ба наздики дил бувад. Аз сабаби он забон берун овардан аз ташнагӣ ва дамкӯтоҳӣ падид оянд. Аммо таби уфунатӣ бошад, яксон ва ё андар бештари ҳолатҳо шабеҳи яксон бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ