Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишонаҳои гузариши ин [ба дигар бемориҳо] нишонаҳои ҳар як бемориест, ки ин [таб] бад-он бигузарад ва онҳо аз хуноқ ва аз омосҳои гулӯ ва бодомакҳо иборат буда, онҳоро донистӣ. Нишонаҳои обиларо баъд хоҳӣ донист (41) ва нишонаҳои сарсом, сардард, ошуфтаақлӣ ва ғайраро бошад, пеш аз ин донистӣ. Нишонаҳои ба дарозо кашидани ин таб, масалан, он чизҳоест, ки донистӣ аз қабили ин ки нишонаи пазиш ба таъхир биафтад, рӯй борик бигардад ва ҳолати таб аз ҷиҳати муддати афзоиш, бозистодан ва коҳиш ёфтан гуногун буда, ҳатто чунин бинамояд, ки гӯӣ таби сустидор аст. Ин далолат бад-он кунад, ки хун бо хилти хом пур аст. Бар муддати буҳрони он падидоии нишонаҳои пазиш гувоҳӣ диҳад: агар то ба баъди рӯзи севвум ва чаҳорум ба таъхир афтад, андар рӯзи ҳафтум буҳрон ба амал нахоҳад омад. Бисёр бошад, ки буҳрони он андар рӯзи чаҳорум рӯй диҳад ва инро бидон.
Дармони таби хунӣ: Ғараз аз дармони таби хунӣ ин аст, ки ба миқдори бисёр ва то ба ҳадди беҳушӣ истифроғ кунанд, агар гавҳари хун ниҳоят тунуки обӣ ва ё сафровӣ бошад, онро ситабр созанд, сардиоварӣ ва поксозӣ кунанд, агар хун андар касоне ситабр бошад, ки чизҳои хуни ситабр зоянда ва чизҳои хилти хом зоянда хӯрда бошанд, онро тунук созанд, моддаи баамаловарандаи табро бипазонанд ва онро ба таҳлил бибаранд.
Таб кадом вақте ориз нашуда бошад, аз барои истифроғ ҳеҷ чиз ба задани раги даст намерасад ва аз барои ин кор на интизори буҳрон бош ва на интизори пазиш, вале агар хоммонии ғизо ҷой дошта бошад, аз он эҳтиёт бош ва онро фориғ соз ва агар таб давом кунад, раг бизан. Агар тани бемор қавӣ бошад, пайваста то наздики аз ҳуш рафтани ӯ рагзаниро давом деҳ, зеро беҳушӣ низ мизоҷи қавиро сардӣ бахшад.
Бидон, ки раг задан ва ба бемор додани оби сард гоҳе аз дигар тадбирҳо бениёз бигардонанд. Агар ягон чизе муҷиби шитобкорӣ набошад, беҳтар он аст, ки хунро баҳра-баҳра бигиранд, зеро гоҳе ғараз [бо хунгирие] ба даст ояд, ки на ба дараҷаи қариб беҳушӣ бирасад. Бошад, ки пас аз хунгирии ба ғоят зиёд худи ҳамон замон зарда ба исҳол ояд ва арақ бирезад. Онро ҳар бор бояд пок кунанд, то пайваста бирезад ва гоҳе бо ҳамин шифо ёбанд. Он заъф ва беҳушии оризмегардидаро бо ёрии ғизои латиф ва осудагӣ пешгирӣ кунанд. Бояд пайваста табиатро бо чизҳое нарм бидоранд, ки худ медонӣ, аз қабили оби анори ширин ва анори нордон, ҳатто ширхишт, тамри ҳиндӣ ва шиёфҳои сабуке, ки мо ёд кардаем. Гоҳе ба наздики пазиш ба истифроғ намудан бо чизҳое аз қабили ҳалила, шоҳтара, хиёршанбар ва монанди он эҳтиёҷ биафтад, ки худ медонӣ. Агар ҳолат таҳаммули аз даст гирифтани хун надошта бошад, пас, рагеро бизананд, ки андар пешонист ва ё ҳиҷомат кунанд, вале агар ба иллати ягон оризи боздоранда чизе аз инҳо муяссар нагардад, аз тариқи исҳол овардан ба наҳве, ки ба ҳангоми таби сӯзон [ёд шуд, истифроғ кунанд] ва низ бо ёрии доруҳои кушоянда, буранда ва фурӯнишонандаи ҷӯшиш сардифизоӣ кунанд. Агар аз раг задан беҳушӣ рӯй диҳад, ба [бемор] нонро бо оби ғӯраи ангур бидиҳӣ. Агар худ ба худ хуни бинӣ рӯй диҳад, онро ҷуз

ба ҳангоми қариб аз ҳуш рафтани [бемор] набанданд.
Ситабрсозии хунро бошад, масалан, бо ёрии рубби унноб ба амал оранд: бад-ин тариқ ки сад дона уннобро бо панҷ ратл об то боқӣ мондани сеяки он биҷӯшонанд ва бо шакар онро қивом диҳанд. Ҳар қадар, ки шакараш камтар бошад, ҳамон қадар беҳтар хоҳад буд. Наск ва хусусан оне, ки бо сиркои турши қавӣ гирифта бошанд, низ аз ҳамин қабил бувад. Зинҳор [ба бемор] ба ҳоли ситабр будани модда рубби унноб ва ҷирми наск надиҳӣ.
Аммо сардсозиро, масалан, бо оби наски сардгардонида ва оби коҳуи сардгардонида ба амал оранд. Агар ягон монеае набошад, [ба бемор] оби сард бидиҳанд ва гоҳе ба ҳадде аз он биошомонанд, ки [беморро] ларза ояд ва кабуд бигардад. Бошад, ки аз ин шифо ёбад.
Гоҳе таби [хунӣ] ба таби балғамӣ гузарад ва онро бо қурсҳои гул ва монанди онҳо муолаҷа кунанд. Ин илоҷ аз бархе пешиниён аст, вале касе аз пасомадагон онро ба худ нисбат додааст. Ба бемор додани оби ҷав илоҷи судманд аст, лекин бояд ба ҳоли нармии табиат бошад ва беҳтарин вақт аз барои ин ҳангоми шиддат ёфтани ҷӯшиш, тоса, афрӯхтагӣ ва думодумии хафақон бувад.
Бидон, ки танҳо ба сардсозӣ кифоят кардан ва тарки рагзанию исҳол намудан суддаҳо ва банд гардидани [хилтҳоро] афзоиш диҳад ва сипас гандидан ва гармӣ [низ] биафзоянд.
Поксозии [хунро] ба ҳасби гуногунии ба муҷиби қуввату заъф буда, масалан, бо доруҳои исҳоловарандаи сафро ва бо доруҳои пазонандаи хилти хом ба амал оваранд, зеро гоҳе мумкин аст сабаби гандидани хун ҳамин [хилти хом] бошад. Ба охири [беморӣ] ба бемор, масалан, қурсҳои кофур ва қурсҳои табошир бидиҳанд.
Қурсҳои зерин хубанд ва нусхаи он чунин аст: се [дирам] табошир, панҷ [дирам] тухми хурфа, чаҳор [дирам] тухми хиёрза, шаш [дирам] тухми каду, се дирамӣ самғ, касиро ва нашоста ва ҳафт дирам рубби ширинбаёнро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд ва ба кор бибаранд.
Нусхаи дигар, ки хусусан ба ҳангоми заъфи ҷигар [хуб аст]: се дирам гул, ду дирам афшураи зиришк, як дирамӣ тухми хиёрза (42), хиёр, харбуза, хурфа ва табошир, ним дирамӣ самғ, касиро ва нашоста ва чаҳоряк дирамӣ рованди чинӣ, заъфарон ва кофурро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд.
Ғизоҳо: [Ба бемор] уннобво, насквои туршгардонида, норво ва тутумво [бидиҳанд]. Агар аз ягонтои инҳо бими бастани табиат бошад, онро бо ширхишт ва ё олу пешгирӣ кунанд. [Низ] кадуво ва турушаво бидиҳанд. Меваҳои чунин беморон аз амруди чинӣ, анор ва себи шомӣ ва тараҳояшон аз каду, хиёрза, хиёр, коснӣ, «тараи муборак»,53 туруша, кашниз ва монанди инҳо иборатанд. Агар сардард, ё хафақон, ё бехобӣ, ё субот, ё хуни бинии ба ифрот ва беҳолкунанда ва ё дигар аразҳои душвор рӯй диҳанд, бо он чизҳое муолаҷа бикун, ки андар ҷояш туро ёд додем [ва моро ҳоҷат ба такрор нест, зеро такрор суде надорад].54 Фасли сиву нуҳум андар баёни таби балғамӣ

Аз ин пеш донистӣ, ки таби уфунатии балғамӣ гоҳе навбатдор ва гоҳе монда бувад ва сабаби инро донистӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ