Қонуни тиб

Ин [таб] чун дигар табҳо низ дорои марҳалаҳост. Камтарин марҳалаи оғози он андар бештари ҳолатҳо ҳаждаҳ рӯз ва канда шуданаш аксар вақт миёни чиҳил ва шаст рӯзагӣ бувад. Беосебтарини [ин таб] [24] он намудест, ки ба ҳангоми он сустшавиҳо холис буда, хусусан арақи бисёр ояд. Ин далели тунукии модда, камии он ва ковокии тан аст. Дарозтарини марҳалаҳои ин иллат марҳалаи болоравист, вале пастравиаш низ хеле дарозтар аз пастравии рӯзафкан бувад.
Балғами гандида мумкин аст гоҳе обгинагун, гоҳе турш, гоҳе ширин ва гоҳе шӯр бошад ва ту чӣ гуна аз балғами шӯр падид омадани таби сӯзонро донистӣ. Аксар вақт таби балғамӣ касони тармизоҷ, касони осудаҳол, пирон, кӯдакон, худовандони хомғизоӣ, варзишгарон, бо шиками пур гармоба кунандагон, худовандони оруғи турш ва худовандони пуриеро рӯй бидиҳад, ки назлаҳо ба сӯи меъдаи эшон фуруд омада, андар он ҷой гандида бошанд.
Кам бошад, ки [ин таб] аз дарди даҳони меъда холӣ бувад. Бидон, ки ҳар табе, ки баробари он сардист, ба ҳангоми он набз тангу хурд бигардад.
Нишонаҳои таби балғамии даврие, ки онро «эмиторитовис»55 хонанд: Аммо ба ҳангоми он намуд аз таб, ки ба сабаби балғами обгинагун, ё балғами турш ба амал ояд, сардӣ ниҳоят зиёд ва ба ҳангоми балғами обгинагӣ табларза бештар шиддатнок бошанд, вале сардӣ на ба якборагӣ, балки оҳиста-оҳиста нахуст андар андомҳои атрофӣ падид ояд ва сипас ба ҳадде бирасад, ки тан чун ях бигардад ва ҷуз ба сахтӣ гарм нашавад. Гармшавияш на якбора ва на тадриҷию пайваста, балки андак-андак ва баробари баргаштани сардӣ падид ояд. Гоҳе андар оғоз мумкин аст сардии он бо фарошо омехта зуҳур кунад ва сардӣ ба сабаби он [хилт] бувад, ки гандида нест ва фарошо ба сабаби хилте бувад, ки гандида аст. Сардӣ ва табларзаи аз ҳама бузургтари он андар давраҳои марҳалаи анҷом ҷой доранд.
Ин таб на аз он моддаест, ки баамаловарандаи сихзанандагист, то аз тариқи афшондани он сабаби табларза бигардад, зеро гандидани он чун гандидани чизи нарм бувад. Ин [таб] бо гаронию субот овардан бигирад ва бисёр бошад, ки андар навбатҳои нахустин бидуни сардиву табларза оғоз ёбад, балки [табларза] то муддате ба таъхир биафтад. Гоҳе мумкин аст, ки сардӣ ба амал ояду табларза не. Бисёр вақт он бо беҳушӣ оғоз ёбад ва гоҳе бидуни он. Ба ҳангоми ин иллат аз он сабаб беҳушӣ бисёр рӯй диҳад, ки даҳони меъда заиф бигардад, иштиҳо биафтад ва ғизо аз худ кардан, ки омодасозандаи моддаи ғизо ва қувват аст, вуҷуд надошта бошад.
Пеш аз он бахш таб, ки аз балғами шӯр падид ояд, фарошо рӯй диҳад ва сардияш шиддатнок набошад. Аммо ба ҳангоми он бахш аз таб, ки аз балғами ширин падид ояд, кам иттифоқ биафтад, ки андар аввалҳо то ба ҳангоми бисёре аз навбатҳо фарошо, сардӣ ва табларза ба амал оянд.
Бисёр давраҳои таби балғамӣ бо беҳушӣ бигиранд ва гоҳе ба ҳангоми он андар аввалҳо гармии шадид падид омада, андар марҳалаҳои охир коҳиш ёбад. Сабаби ин шояд он бошад, ки гандагӣ нахуст ба бахши ширинтар, шӯртар ва тунуктар афтида, сипас ба сӯи бахши ситабр
тар ва сардтари он бишитобад. Эҳсоси гармӣ ёфтан ба ҳангоми ламс андар аввал заиф ва бухорӣ бувад, сипас чун муддати дароз дастро бар андом бигузорӣ, тезӣ ва сӯзиш ҳис кунӣ, вале он андар хамаи маҳаллаҳое, ки бар онҳо даст ниҳода шавад, яксону ҳамвор нахоҳад буд, балки гуногун буда, андар як ҷой сӯзон ва андар ҷои дигар нармтар дарёбӣ. Чунон бинамояд, ки гӯӣ гармӣ аз паси ягон чизи ғарбелкунандае пок шуда меояд, зеро балғам часпак буда, ба таври гуногун аз гармӣ мунфаил шуда, тунук бигардад, чунонки дигар чизҳои часпакро низ ба ҳангоми ҷӯшиш ин гуна ҳол падид ояд ва бархе ҷойҳояшон бурида шаванд ва бархе аз ҷойҳо бурида нагарданд.
(43) Чи гунае, ки набошад, гармии ин таб андар бештари ҳол на ба дараҷае бирасад, ки афрӯхтагӣ ва тоса оварад ва иштиёқ ба ҳавои сард, оби сард, бараҳна будан, печу тоб хӯрдан, нафаси бузургу дамишоваранда кашидан бузург бигардад. Бисёр бошад, ки гармии онро замоне, ба қадри як-ду соат, боз истодан рӯй диҳад ва чунин ҳисобанд, ки гӯё [беморӣ] ба марҳалаи ахир расидааст, вале баъд маълум шавад, ки андар марҳалаи афзоиш аст, зеро боз бибинӣ, ки [гармӣ] рӯ ба афзоиш ниҳад. Ҳамчунин онро андар марҳалаи пастравӣ низ бозистоданҳо рӯй диҳанд.
Табҳои балғамӣ ба сабаби бисёрии рутубат [пӯстро] бисёр намнок бидоранд, вале бухори онҳо ба сабаби часпонии хилт кам арақоваранда аст ва агар арақ оварад ҳам, чандон бисёр нахоҳад буд. Далели аз ҳама хосси ин таб кам арақ кардан ва ё арақ накардан аст. Ташнагӣ ба ҳангоми табҳои балғамӣ кам рӯй дода, танҳо ба сабаби шӯрӣ ва ба сабаби шиддатнокии гандагӣ ба амал ояд, вале андар ин ҳангом низ камтар аз ташнагии дигар табҳо бувад. Дамидани ду бар чунин беморонро бисёр рӯй диҳад ва пӯсти барро гоҳе чунин биафтад, ки баробари азҳамкашидагӣ тунук бигардад.
Ранги худованди таби балғамӣ ба сабзӣ ва зардӣ бизанад, ки ин ҳар ду ба маҷрои сафедӣ даромада, низ то поёни беморӣ якҷоя чун ранги арзиз бинамоянд. Ба ҳангоми ин таб чунин сурхие кам биафтад, ки андар марҳалаи анҷоми дигар табҳо ба амал ояд. Набзи чунин [бемор] нахуст заиф, паст, хурд ва ноҳамвор буда, сипас андар охир думодум бигардад ва думодумию хурдии он шадидтар аз думодумию хурдии набзи таби чаҳоррӯзӣ ва таби рӯзафкан бувад. Шиддати думодумияш ба шиддати хурдии он вобаста аст. Лекин аз набзи ба ҳангоми таби чаҳорӯзӣ ҷойдошта тезтар нест ва гоҳе аз он сусттар ва ё андар оғоз мисли он бувад. Ин [набз] ба изофаи бенизомӣ сахт ноҳамвор ояд. Набзи беморони хурдсол ва нотавон бештар ноҳамвор бувад. Далелҳои набз, ки бар чунин [таб] далолат кунанд, далелҳои аз ҳама дурусттаранд.
Пешоби чунин [бемор] андар аввал ба иллати бисёрии суддаҳо ва сардӣ сафеди тунук ояд ва сипас аз сабаби гандидан сурх ва аз сабаби бадии пухтагӣ тира ояд. Гоҳгоҳе ҳолати он бигардад. Ҳар гоҳ моддаи ситабр боқӣ бимонад, гандидаи он ҳал шавад ва дубора суддаҳо ба амал оянд, пешоб сафед бигардад, сипас чун миқдори зиёди [модда] гандидаю ронда бигардад ва суддаҳо кушода шаванд, пешоб то ҳангоми дигар бор боз омадани айни он хилт ба маҳалли судда ва дубора судда ба амал овар дани он ба ранги сурх ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор