Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо бирозаш нарм, тунук ва балғамӣ бувад.
Яке аз далелҳои балғамӣ будани таб ин аст, ки навбати он ҳаждаҳ соат ва тарки он шаш соат давом кунад ва тарки он тарки холис набошад. Аз баҳри он ки модда ба изофаи ситабру часпак будан бисёр бошад. Гоҳе бад-он синну сол, хӯй, фасли сол, кишвар, ғизоҳо ва осори боқимондаи сабабҳои пешомадае аз қабили хоммонӣ далолат кунанд. Низ намуди зоҳирӣ аз қабили ранги рӯй, ки ёд шуд, дамидагии он, нармии гармӣ ба ҳангоми ламс, заъфи даҳони меъда ва афтодагии иштиҳо аз он гувоҳӣ диҳанд. Гоҳе баробари он испурч бузург бигардад ва аксар вақт хеле пеш аз он оруғи турш ба амал ояд.
Нишонаҳои таби монда, ки онро «гилоба»56 хонанд, ба истиснои канда шудан ва ҳар чи, ки шабеҳи канда шудан аст ва низ ба истиснои бо табларза, сардӣ ва фарошо оғоз ёфтан, дигар ҳама мисли нишонаҳои таби балғамиянд. Ин таб аз ҳама бештар ба таби диққӣ шабоҳат дорад ва ба ҳангоми он сустии57 [навбат] шаш соат ва ё қариб ҳамин қадар давом кунад ва беш аз муддати сустие бошад, ки ба ҳангоми таби даврӣ рӯй диҳад, зеро таби даврӣ низ аз сустӣ холӣ нахоҳад буд, вале он ноаён ва ғайри намудор бувад.
Табҳоеанд, ки андар бештари ҳолатҳо аз ҷинси табҳои балғамӣ ва гоҳ-гоҳе аз ҷинси сафровӣ буванд, вале на аз ҷинсе бошанд, ки аз сабаби савдо падид ояд. Онҳоро номҳо ва ҳукмҳои хос буда, аз таби эфиёлус ва таби лифуриё58 иборатанд. Ин ду таб аз ҷумлаи табҳоеанд, ки ба ҳангоми онҳо ҷойҳои гармию сардӣ чи аз дарун ва чи аз берун ба ҳасби гуногун будани маҳалли [моддаи] гандида ва ногандида ҳархела буванд. Ин табҳо се бахшанд:
таби бо номи «беҳушиоварандаи хилтӣ» махсус; таби рӯзоянда;59 ва таби шабоянда.
Фасли чиҳилум табе, ки ба ҳангоми он сардӣ пинҳон ва гармӣ зоҳир бошанд, яъне таби эфиёлус

Ин таб аз сабаби балғами обгинагие падид ояд, ки андар дохил ва қаъри [тан] ҳосил шуда, ҳар ҷое, ки набошад, он ҷойро сард бигардонад. Лекин гоҳе онро гандидан ориз бигардад ва аз бахши гандидаи он бухорҳо бархоста, пароканда шаванд ва андар зоҳири тан афрӯхтагӣ ба амал оваранд. Бахши ногандидаи он андаруни [танро] сард созад. Сардии [балғам] аз баҳри он андар ин ҳангом зоҳир нагардад, ки [балғам] ором бошад ва бахшҳои бад-он пайвастаи [тан] бо таъсири он унс гирифта бошанд. Ҳар гоҳ андар он гандидан ба амал ояд, ба ҳаракат даромада, пароканда шавад, вале начандоне паҳн бигардад, ки тамоми танро фаро бигирад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои ин низ айни он нишонаҳоест, ки ёд карда шуданд. Пешоб (44) ба ҳангоми он сарди хом буда, гармияш камтар аз гармии пешобе бувад, ки ба ҳангоми дигар намудҳои ин ҷинс таб ҷой дорад.
Набзи ин гуна [бемор] оҳиста ва ноҳамвор буда, андар бештари ҳолатҳо шиддат ёбад. Лекин гоҳе ба иллати ситабрии модда ин [таб] ба таби чаҳоррӯзӣ ва рӯзафкан

табдил ёбад, аз баҳри он ки ин гуна модда андар тан кам буда, кам ва ба нудрат бигандад. Камии модда яке аз сабабҳои аз ҳам дур афтидани давраҳост, вале ин ҳол онро аз балғамӣ будан берун намесозад, зеро ин таб аз он сабаб балғамист, ки гандидан гандидани балғам аст, на аз он сабаб, ки навбат ҳар рӯз ояд. Муддати навбати он аз чаҳор соат то бистучаҳор соат бикашад ва андар бештари ҳол пеш аз ин муддат бигузарад, аз баҳри он ки ин модда чандон бисёр нест.
Фасли чиҳилу якум табе, ки ба ҳангоми он гармӣ пинҳону сардӣ зоҳир бошанд, яъне лифуриё

Ин таб андар бештари ҳол балғамӣ ва гоҳе сафровӣ буда, аз сабаби сафрои ниҳоят ситабр ба амал ояд. Чӣ гуна балғамӣ будани он бад-ин гуна бувад, ки чун балғами андарунин афрӯхта ва гандида бигардад, он маҳалро битафсонад. [25] Азбаски он ҳал намешавад ва бо фиристодани бухор беруни танро чандон бисёр наметафсонад ва азбаски қувваи [гармӣ] то ба маҳалли ранҷурӣ мерасад, бинобар он зоҳири [тан] аз гармӣ холӣ буда ва хусусан агар андар он балғамҳои хоми обгинагии сард ҷой дошта бошанд, сард хоҳад буд. Низ бисёр вақт аз он бухоре ғайри ганда ба таҳлил ҷудо шавад, ки нагандад, лекин ба боло баромада, бо гармӣ бипайвандад. Гармӣ муддати андаке онро ҳамроҳӣ кунад, вале сипас аз он чун ҷудо шудани бухори оби ҷӯшон ҷудо шавад. Гармӣ чун бухореро тарк кунад, ки пеш аз гандидан андар асл сахт сард буд, дубора ба ҳоли сардӣ боз омада, танро сард созад.
Аммо чӣ гуна сафровӣ будани ин [таб] бад-ин гуна аст, ки ҳар гоҳ сафро кам ва андарун пинҳон бошад ва гандида маҳалли худро битафсонад ва аз он ягон чизе ба таҳлил ҷудо нашавад, он чизе ориз бигардад, ки андар баёни назири ин аз балғам ёд кардем. Гоҳе ба ин намуд таби сафровӣ номи хосси «тифудис»60 додаанд, вале «лифуриё» исми ҷинси он бошад. Ин аз таби нимрӯзафкан дарозмуддаттар аст.
Шояд касе гӯяд: «Чӣ гуна бошад, ки ба ҳангоми таб аз сӯи дил гармӣ андар тамоми тан густариш наёбад, зеро он чиро, ки шумо тавсифаш доред, аз қабили [бемориҳоест], ки ба ҳангоми инҳо гармӣ аз сӯи дил ба тамоми тан густариш намеёбад?». Ҷавоб чунин бошад: андар ҳаддҳои ин ашё [чунин] шарт ба эътибор гирифта мешавад, ки [бояд] ягон монеае андар миён набошад. Масалан обро бад-ин гуна ҳадд гузоранд, ки он сарди тар аст, яъне ба шартест, ки агар онро ба табъи хеш бигузоранд ва ягон монеае набошад ва ё [ҷисми] гаронро бадин гуна ҳадд гузоранд, ки он ба фурӯсӯ фурудоянда аст, [яъне ба шарте], ки агар онро ба табъи худаш бигузоранд. Ба ҳангоми ҳамаи ин [табҳо] ҳам гармӣ то ба дил рафта расида, андар шараёнҳо бигузарад ва густариш ёбад, лекин чунин ориз бигардад, ки андар баъзе ҷойҳо монеъа ба миён ояд, чунончи агар бар [ин маҳал] ях биниҳанд, ҳамин гуна бувад. Аммо аз билфеъл зиёнвар будани гармӣ чора нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ