Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли чиҳилу дуввум
табе, ки ба ҳангоми он ҳар як аз ин ду
ҳолат андар ҳар як аз ду мавзеъ ҷой
дошта бошад

Ин таб агар бошад, андар ҷое бошад, ки ду моддаи сард андар он ҷой бошанд ва ба иллати гандидан яке ба андарун ва дигар ба берун ҳаракат кунанд. Ҳеҷ як аз он ду бисёр ва густаришёфта набошад, вале чун ҳар ду биганданд, ҳар кадом бухори гарме аз хеш бифиристанд, ки гирдогирди маҳалли [ин моддаро] бипечад ва худи ин маҳал сард бимонад. Ту сабаби сардӣ овардани хилти сардро ба ҳангоми ҳаракат аз ин пеш донистӣ.
Фасли чиҳилу севвум таби беҳушкунандаи хилтӣ

Ин аксар вақт ба сабаби балғами хоме падид ояд, ки аз хоммондагӣ зода шуда, густариш ёфта бошад, бисёр бувад ва қувватро фурӯ нишонда бошад. Аксар зиёни онро заъфи андар меъда ҷойдошта ёварӣ кунад. Вай ҳар гоҳ ба ҷунбиш омада, ба гандидан бипардозад, қувватро бештар фурӯ нишонад ва онро сарсонӣ оварад. Агар қувватро бо модда бигузоранд, қувват кифоят накунад, агар ба оҳиста истифроғ намудани модда бипардозанд, модда аз ин рӯй битобад ва ё чандоне ба ҳаракат ояд, ки қувватро гулӯгир кунад ва агар онро аз тариқи исҳол ва ё раг задан сахт ба истифроғ оваранд, қувват таҳаммули он накунад ва чӣ гуна ҳам таҳаммул тавонад кард, ки ба ҳоли оромии он беҳушӣ рӯй диҳад? Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҳоҷати чунин беморон ба истифроғ шадид аст ва ҳоҷаташон ба ғизо низ чунин бувад, аз баҳри он ки хилтҳои эшон норасида буда, андар онҳо чизе нест, ки танро ғизо бахшад ва онро ҷон бидарорад ва ҳол он ки тан бе ғизо бувад. Агар ба бемор таклифи ғизо кунанд, моддаи гарониовар афзоиш ёбад ва агар ғизо надиҳанд, (45) қувват биафтад.
Андар оғози ин [таб] чунин ориз бигардад, ки ба сӯи дил як чизе сард бирезад ва беҳушӣ падид омада, набз хурд, оҳиста ва ноҳамвор бигардад. Сипас табиат андар гарм ва латиф сохтани модда бикӯшад ва гандидане, ки бархе аз бахшҳои онро ба ҷунбиш овардааст, аз барои ин кор ёварӣ кунад. Андар ин ҳангом дил аз зиёни сардии он раҳо ёфта, андар зиёни гармии он биафтад ва бинобар он набз хусусан ба ҳангоми фишурда шудан тез бигардад ва тезияш беш аз тезии набзи дигар табҳо бувад, вале андар ин ҳангом хурдӣ, оҳистагӣ ва ноҳамворӣ ғолибият дошта бошанд. Даври ин [таб] чун даври таби балғамӣ ва омаданаш бе тағйирёбист. Баробари он дамидагии рӯй ва сустии гӯшти тан бисёр бигардад ва ранги худовандони он бар як ҳол устувор набошад, балки гоҳе обӣ ва арзизигун, гоҳе зард ва гоҳе сиёҳ бигардад ва гоҳе лабонашон лабони каси тут хӯрдаро монанд. Аммо чашмонашон тирагуни сабз буда, ба ҳангоми шӯридагии иллат ниҳоят берун ҷаҳида, [худованди он] мисли гулӯхафакардагон бигардад. Маҳалли зери сари устухонҳои паҳлуи эшон сахт бидамад ва андомҳои дарунияшон низ ҳамчунин буванд. Гоҳе эшон қаи турш оранд. Агар чунин беморонро андар бархе аз андомҳои дарунӣ омос бошад, набояд ба шифо ёфтан

умед баст. Гоҳе ин таб низ аз сабаби сафрои ғолиби ситабр ба амал ояд ва баробари он андар андомҳои дарунӣ сӯзиш ҷой дошта бошад ва заҳра қай карда шавад. Аксар вақт давраҳои он чун давраҳои таби балғамӣ бувад.
Фасли чиҳилу чаҳорум андар баёни таби беҳушкунандаи диққии тунук[модда]61

Ин таби сахт буда, набз ва қувват ба ҳангоми як-ду навбат биафтанд, ба изофаи он андар ҷасад зудҷунбонии гудозишӣ ба амал ояд ва гоҳе ба ҳангоми он қувват то рӯзи чаҳорум нарасад. Ин [таб] аз кимусҳои тунуке падид ояд, ки бештари онҳо сафровӣ буда, сахт тунуку фурӯрафта ва бадгавҳару заҳрнок буванд. Гоҳе онҳоро андар баданҳои гарммизоҷи ниҳоят хушк гандидан ориз бигардад. Аксари навбатҳои ин табҳо рӯзафкан буванд.
Фасли чиҳилу панҷум андар баёни табҳои балғамии рӯзоянда ва шабоянда

Таби рӯзоянда он бошад, ки навбати он рӯзона ва сустияш шабона ориз бигарданд ва таби шабоянда баръакси ин бувад. Ҳар дуи инҳо баданд, вале рӯзоянда бадтару тӯлонитар бошад. Ин [таб] бисёр вақт ба иллати дарозӣ ва ба иллати андар гармои рӯз ориз шудан ба таби диққӣ гирифтор кунад. Агар он палид намебуд, ҳангоми боз шудани масомҳо ва ба таҳлил рафтани бухор ориз намегардид. Вай танҳо ба сабаби бисёрии модда ва қавӣ будани он рӯй диҳад. Бо вуҷуди ин лозим аст, ки ба худованди он шабона ғизо бидиҳанд ва нагузоранд, ки ӯ бо меъдаи пур бихобад ва ба бедор истодан таклифаш кунанд, вале ин яке аз чизҳое бошад, ки қувватро биафтонад. Ранҷовариҳои таб ба ҳангоми гармои рӯз ва бехобӣ кашидан ба ҳангоми сармои шаб анқариб беморро ба таби диққӣ гирифтор кунад. Умуман, ин таб аз ҷумлаи табҳои мушкил аст.
Илоҷи таби балғамӣ: Илоҷи ин иллат ба ҳасби марҳалаҳои он, яъне андар оғоз, анҷом ва пастравӣ ва низ ба ҳасби ошкор ва ё пинҳон будани пазиш гуногун бувад ва ба ҳасби моддаҳои он, яъне ба ҳасби моддаи балғамии турш, балғамии обгинагун ва балғамии шӯр ва ё ширин низ ҳар гуна бошад. Ҳамаи синфҳои он андар марҳалаи оғоз ба се чиз бо ҳам анбозанд: 1) андар воҷиб будани нармсозии муътадил ва қай овардан; 2) андар воҷиб будани истеъмоли доруҳои латифкунанда, буранда ва пешобтозонанда ба ҳангоме ки се рӯз аз таб бигзарад ва модда андар ин муддат ба сабаби таб тунук бигардад, вале пеш аз ин [ба кор бурдани дору] моддаро биҷунбонад ва ранҷ оварда, ҳеҷ таъсире набахшад; 3) андар ҳимояти [бемор] кардан аз тариқи ба таври муътадил латиф сохтани тадбири ғизо.
Гоҳе се рӯзи аввал танҳо бо оби ҷав кифоят кунанд, то ба сабаби тунукӣ ва ё камии модда анҷоми беморӣ наздиктар бигардад, вале агар ба яқин бидонанд, ки анҷоми он дер фаро хоҳад расид, тадбири ғизоро латиф насозанд, вале агар гуруснагӣ ва аз паси гуруснагӣ хобидан ва ё ба ҳоли гуруснагӣ варзиш намудан нотавонӣ намеоварда бошад, аз барои ин беморӣ ба ғоят судманд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ