Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Балки андар оғоз то рӯзи ҳафтум бештар ба ситабрсозии [тадбир] майл кунанд ва сипас ба тадриҷ [нармсозӣ] кунанд, лекин ҳимояти [ҳоли бемор] воҷиб медорад, ки тадбир нахуст нарм карда шавад. Агар зоҳир бигардад, ки марҳалаи анҷом дур аст, метавон инро аз тариқи ситабрсозии тадбир ёварӣ намуда, сипас то поёни беморӣ ба тадриҷ латифсозӣ кунанд, зеро замон ба ҳангоми ин иллат аз барои ин кор имконият диҳад, вале ба ҳангоми [таби] тез имконият надиҳад. Ҳар гоҳ беморӣ аз рӯзи ҳафтум бигузарад, набояд нармсозиро давом дод, зеро ин нотавонӣ оварда, заъфи даҳони меъдаро биафзояд. Ҳар қадар, ки [анҷомро] дерояндатар дарёбӣ, ҳамон қадар камтар латифсозӣ бикун, вале латифсозӣ (46) ба ҳангоми ин [таб] умуман воҷибтар аз онест, ки ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ воҷиб ояд. Ҳамчунин агар бими заъф набошад ва ё пастравӣ падид наомада бошад, набояд ба бемор, масалан, [оби] мурғчӯҷа ва нонро бо музавварот62 бидиҳанд.
Сипас, [аз ҷиҳати муолаҷа] таби ба сабаби балғами шӯр ва ё ширин буда ва таби ба сабабаи балғами обгинагӣ ва ё турш буда аз ҳам фарқ кунанд. Аз намуди [ахир] таби «фурумуриюс»-и сармоие63 падид ояд, ки ба ҳангоми он тан натафсад. Ба ҳангоми ду намуди аввалӣ эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бо доруи нармтар ва ба ҳангоми ду намуди ахир бо доруи қавитар нармифизоӣ ва сардиоварӣ кунанд. Ба ҳангоми ду намуди аввалӣ эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бо ёрии доруҳои латифиоваранда ва доруҳои бурандаи начандон гармсозанда, агарчи хушкии зиёд оваранд ҳам, [балғамро] бибуронанд, вале ба ҳангоми ду намуди ахир эҳтиёҷ ба доруҳое бувад, ки [балғамро] бо тафсонидани худ латиф созанд ва бо тезии худ бибуронанд. Хусусан агар балғам омехта бо савдо бошад, андар мисли ин ҳолат аз ба кор бурдани, масалан, каммунӣ, маъҷуни гӯгирдӣ ва чизҳои намакин чора нест.
Созгортарин доруе, ки ба ҳангоми оғоз то рӯзи ҳафтум ба кор бибаранд, гулангубин бувад. Агар ба ҳасби ҳоҷат оби бодиён, оби коснӣ ва оби карафсро бо гулангубин ба кор баранд, низ бад нест. Сикангубин ҳам сахт судманд аст ва оби [26] ангубин бо зуфо низ ҳамчунин бувад. Гоҳе бо ёрии сикангубин метавон ба миқдори дилхоҳ нармсозии табиат ҳосил намуд. Хусусан доруи исҳоловарандае чунин аст, ки аз шакар ва гули сурхи бо номи «гули форсӣ» маъруф бисозанд ва ин исҳоловари нармсозанда бувад. Агар эҳтиёҷ ба қавӣ сохтани нармоиварии он биафтад, онро андар оби печак бисованд ва ё агар бихоҳанд бо он хиёршанбар ва пониз биомезанд. Низ гулангубине [хуб аст], ки ба тариқи гудохтани ангубини тарангубин андар оби печак сохта бошанд.
Андар марҳалаи оғоз, баъди он ва хусусан ҳангоме, ки бо модда сафро ҳамроҳ аст, ба чунин [беморон] ба зӯр доруҳои исҳоловар мадеҳ, зеро ин боиси табаҳ шудани мизоҷ бигардад. Бисёре аз мардумон андар оғоз ба [бемор] ҳар шаб, масалан, доруи турбид, ҳар ҳафта ду бор, масалан, ҳабби мастако ва ё ҳабби аз тухмиҳои пешобтозонанда сохташуда бидиҳанд.
Сифати64 доруи турбид: даҳ [бахшӣ] занҷабил ва мастако, бист [бахш] турбид ва як чанди ҳамагон шакари табарзадро гирифта, ҳар шаб як мисқол аз он [ба бемор] би

диҳанд. Ин ҳангоме бувад, ки табиат ғайри нарм аст, вале агар табиат рӯзе ду бор ба қазои ҳоҷат бибарад, эҳтиёҷ ба чунин [дору] нест. Аммо ман инро дӯст надорам, магар ин ки нахуст интизори пазиш бояд буд ва бо чизҳое нармсозӣ кард, ки мо онҳоро ёд кардем. Балки гузашта аз ин бояд миқдоре аз [моддаро] ба истифроғ берун кунанд ва боқиро то вақти пазиш интизор шаванд, вале [истифроғ] бояд оҳиста, андак-андак ва аз ғайри зиён овардан бошад.
Сипас ба доруҳои пешобтозонанда рӯй оваранд. Ҳамчунин чизе барои ман нохушоям аст, ки оби олу, тамри ҳиндӣ ва монанди инҳоро монад ва аз қабили чизҳое бошад, ки меъдаро нотавон кунанд ва бахши тунуки [моддаро] ба исҳол биоваранд. Агар модда ба сардии бештаре майл дошта бошад, бо доруи исҳол мағзи хасакдона биомезанд, вале агар модда ба сафровӣ будан бигарояд, бо дору шароби бунафша, ё бунафшаи парварда, ё ширхишт ва ё бунафшаи хушки суда биомезанд.
Аз ҳуқнаҳои нарме, ки аз ангубин, намак, оби чугундар ва равғани кунҷид сохта шудаанд ва аз қай овардан бо оби турби андар сикангубини бузурӣ таркарда ва монанди он ёрӣ бигир. Агар ба сабаби бисёр азоб додани маниши гаштан ва дигаргун шудани мазаи даҳон ба қай овардани бештаре эҳтиёҷ бошад, ҳабби турбро ба кор баранд ва то ду мисқол аз онро бо оби сард биошоманд.
Қай бо вуҷуди нотавонӣ овардан ба меъда сахт судманд аст ва ин иллатро барканад, вале бояд то рӯзи ҳафтум интизор шуд, то ба сабаби он андар аввал заъф65 наафтад, ки [аз он] меъдаро омос падид ояд. Агар беморро аз барои қай узре бошад, набояд ӯро ба сахтӣ маҷбур бикунанд. Агар ӯ хусусан андар ибтидои давр ба гардондан гирифтор ояд, набояд онро бибанданд, вале агар он зиёну сустӣ биоварад, андар ин ҳол бояд онро, масалан, бо майбиҳӣ, шароби пудинаи бӯстонӣ ва бо он чизе бибанданд, ки мо баъд ёд хоҳем кард.
Агар сардард ориз бигардад, пухтаковҳои бобунагӣ [бар сар] бирез ва ба изофаи он дасту пойҳоро андар оби гарм бигир ва соқҳоро сахт бибанд. Агар ба оби ҷав эҳтиёҷ афтад, аз навъи бо бехҳо ҷӯшонидаи он ба миқдори муътадил ба кор бибар ва ё агар андар меъда турш намешуда бошад, бо он сикангубини асалӣ ва агар турш мешуда бошад, оби ангубин биомез. Беҳтарин вақти ба бемор додани ин ҳангомест, ки андар пешоби ӯ ба оғози ҳол рангинӣ падид омада бошад. Андар ин ҳол бояд ба бемор нахуст гулангубин ва сипас баъд аз ду соат оби ҷав бидиҳанд.
Ҳар гоҳ беморӣ андар марҳалаи оғоз бошад ва андар тан хилти даврзананда ҷой дошта бошад, на бо марухоти ҳалкунанда равғанмолӣ ва на бо пухтаковҳои латифиовар дорурезӣ кунанд, (47) зеро инҳо бо гармифизоии тари худ андомҳои даруниро суст кунанд. Низ аз оби сард бояд дурӣ ҷуст. Ҳар қадар ки пешобро ситабртару сурхтар дарёбӣ, ҳамон қадар аз задани раг боке нест. Андар ин ҳангом бояд ба [имдоди] сикангубинҳо тавассул ҷуст. Бидон, ки молиш яке аз муолаҷаҳои аз барои чунин беморон судманд аст. Балғам ҳар андоза часпактару ситабртар бошад, молиш ҳамон андоза судмандтар хоҳад буд. Гуфтаанд, ки бо ошёни тортанак ва бо равғани зайтун даллокӣ кардан сахт судманд аст.66 Ҳар гоҳ беморӣ марҳалаи афзоишро пеш гирад ва баъди он низ бояд бештари диққати худро ба даҳони меъда ва чизҳои онро тақвиятдиҳанда равона кунӣ ва доруҳои хоиданиеро67 [ба кор бибар], ки аз пудинаи бӯстонӣ, мастако ва анисун бисозанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ