Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бо ёрии турб ба тавре қай овар, ки мо ёд кардем ва ба изофаи он миқдори ғизоро коҳиш деҳ. Гулангубине, ки андар ин ҳангом ва баъд аз рӯзи ҳафтум ба бемор ҳамедиҳӣ, бояд бо чизҳои қависозандаи даҳони меъда ва ба таври қавӣ пешобтозонандае аз қабили анисун ва мастако омехта бошад ва бояд онро хусусан андар оғози давр бо оби гарм [бидиҳӣ], зеро [оби гарм] бо табларза ва сармо муқовамат варзад ва ба изофаи он, агар ташнагӣ ба шӯр омада бошад, онро фурӯ нишонад. Бисёр бошад, ки андар ин ҳангом ба истифроғи балғам ва [хилти] хом рухсат бидиҳанд, вале беҳтар он аст, ки андар ин кор то пурра ба амал омадани пазиш интизор шуд.
Агар иллат бо гармӣ оғоз ёфта, пофишорӣ кунад, қурси зеринро ба кор бибар. Нусхаи он: панҷ дирамӣ ҳалилаи зард, сабр, афшураи алафи гулӯдард ва афшураи афсинтин ва шаш дирамӣ заъфарон ва мастакоро гирифта, қурс созанд ва аз он рӯзона як дирам ва шаб ним дирам ба бемор бидиҳанд. Агар бибинӣ, ки пухтагӣ падидор аст, онро ба мисли барги карафс, розиёна, бехи гӯргиё ва пари сиёвушон ёрӣ деҳ. Агар маълум бошад, ки модда сахт сард аст, ба кор бурдани андаке аз мурч ва ба кор бурдани шароби тунуки кам, на бисёр, бад нестанд. Марухоти нармкунанда пазиш ва ҳалшавиро ба таври қавӣ ёварӣ кунанд. Онҳо назар ба дигар табҳо дида аз барои ин таб бештар созгоранд. Ҳангоми [ба кор бурдани] онҳо бояд қувват, таб ва табларзаро ба назар бигиранд. Агар қувват қавӣ буда, таб ниҳоят душвор набошад, марухотро бештар қавӣ бигардонанд, вагарна равғанҳои латиферо ба кор бибаранд, ки ба сӯи муътадилӣ бигароянд. Ҳар гоҳ [беморӣ] аз рӯзи чаҳордаҳум бигузарад, аз истеъмоли доруҳои бештар латифиоварандаи мисли розиёна ва карафс чора нест. Гоҳе ба тухмҳои онҳо, ба анисун, ё ба сикангубини бузурие, ки андар таркиби он зуфо ва ҳошо бидароянд ва низ ба истеъмоли қурсҳои гул эҳтиёҷ биафтад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба сабаби меъда андар инҳо ба ҳасбаи тақозои мушоҳада кундур, мастако, мушки замин, афсинтин ва монанди инҳоро биафзоянд. Шароби тунук андар ин ҳангом бо латифсозии худ, бо гармии модарзодиро тақвият доданаш ва бо пешобу арақ оварданаш судбахш аст. Агар бибинӣ, ки пухтагӣ ва қувват ҷой доранд, ба бемор қурсҳои афсинтин бидеҳ ва баъд аз он, агар бибинӣ, ки сардӣ андар оғози навбатҳо ранҷ ҳамедиҳад, вале иллат андар марҳалаи оғоз нест, ба бемор оби гарме бидеҳ, ки андар он, масалан, тухми карафс, анисун ва пудинаи баррӣ ҷӯшонда бошанд ва низ ҳамин гуна доруҳо ва ё натулот, бахурот ва дигар доруҳои аз инҳо қавитарро ба кор бибар. Гоҳе ба ҳангоми табларзаи сахт ба бемор доруеро биошомонанд, ки бар нусхаи зерин аст: се дирамӣ занҷабил, саътар ва нонхоҳ, чаҳор дирам кашниз, се дирамӣ гул ва пудина ва ҳафт [дирам] мавизро гирифта, ба дастури расмшуда биҷӯшонанд. Як ошомиданӣ аз он се уқия бувад.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки пазиш тамомият ёфтааст, бо дору

ҳое истифроғ овар ва пешоб тозон, ки қавӣ бошанд ва ба бемор масалан данид кибрито68 бидеҳ, биошомад.
Агар модда аз қабили сардтарин балғам бошад, ба бемор тарёк бидеҳ, биошомад. Низ бояд ба ӯ қурсҳои бузурги гулро бо оби розиёна бидиҳанд ва бояд ҳар шаб бо ҷуръат доруи турбид ва ҳабби сабре бидиҳанд, ки бо алафи гулӯдард ва ё бо бӯйафзорҳо сохта бошанд. Аз ҷумла ҷӯшонидаест, ки ба сифати зерин бувад: ҳафт [бахш] ёра, даҳ бахш турбид, панҷ [бахш] ҳалилаи сиёҳ, панҷ [бахш] алафи гулӯдард, се [бахш] намаки ҳиндӣ, чаҳор [бахшӣ] бодовард ва чарха ва се [бахш] анисунро гирифта, бо оби карафс биҷӯшонанд ва аз он (48) ба қадри ҳоҷат ва ба ҳасби он дастуре, ки худ медонӣ, [ба бемор] бидиҳанд. Мо ин [дастурро] пеш аз ин андар зимни қонунҳои ҳамагонии доруҳову шаробҳо баён намудем. Аз ин ҳам қавитар [доруи зерин аст]: аз ҳар кадоми ду бех69 ва бехи савсан70 даҳ [бахшӣ], аз ёра ҳашт [бахш], аз афшураи алафи гулӯдард панҷ [бахш], аз тухми карафс ва розиёна чаҳор бахшӣ ва аз гул, сунбул ва пудинаи бӯстонӣ ҳафт [бахшӣ] гирифта, аз ҳамаи онҳо қурсҳо бисозанд ва ба кор бибаранд.
Ҷӯшонидаи хуб: аз ҳар яки ду бех даҳ [дирамӣ], аз мавизи поккарда ҳафт [дирам] аз анисун ва мастако се [дирамӣ], аз чарха, бодовард ва алафи гулӯдард чаҳор дирамӣ гирифта, бо се ратл об то ба як ратл расидани он биҷӯшонанд ва як чанд рӯз бар ношито ба бемор бидиҳанд, биошомад.
Қурсҳое, ки ба ҳангоми деррав шудани беморӣ ва шиддат ёфтани табларза хубанд: панҷ [бахшӣ] ёра, афшураи алафи гулӯдард, афсинтин, чарха ва бодовард, се [бахшӣ] тухми карафс, розиёна ва анисун, [27] чаҳор [бахш] намаки нафтӣ, даҳ бахшӣ тухми зарпечак ва ҳалилаи кобулӣ, понздаҳ [бахш] ғориқун, бист [бахш] қурси гул ва сиҳ [бахш] турбидро гирифта, аз ҳамаи инҳо қурсҳо бисозанд. Ин исҳоловар бувад.
Низ [як нусхаи дигар]: як бахшӣ аз ҳар кадоми сабр, ҳалилаи зард, рованд, мастако, афшураи алафи гулӯдард ва афсинтин ва ним бахш заъфаронро гирифта, бикӯбанд ва ба кор бибаранд.
[Нусхаи] дигар: аз ҳар яки ёра, ҳалилаи кобулӣ ва намак чаҳор дирамӣ, аз тухми карафс, розиёна ва анисун ним дирамӣ,71 панҷ дирам афсинтин, се [дирам] қурси гул ва ду дирамӣ чарха ва бодовард гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва ҳаббҳо сохта, ба кор бибаранд.
Ҷӯшонидаи санҷидашуда: панҷ [бахш] алафи гулӯдард, се [бахшӣ] бехи ширинбаён, бехи савсан ва нонхоҳ, чаҳор [бахшӣ] тухми карафс ва розиёна ва панҷ [бахш] гулро гирифта биҷӯшонанд. Як ошомиданӣ аз он ҳар рӯзе ба қадри се уқия бувад.
[Нусхаи] дигар: аз ҳар кадоми се бех72 даҳ [дирамӣ], аз анисун ва тухми карафс ду дирамӣ, аз чарха, бодовард, алафи гулӯдард ва афсинтин панҷ [дирамӣ] ва аз қантуриюн се дирам гирифта, биҷӯшонанд ва аз он чаҳор уқия биошоманд.
[Нусхаи] дигар: аз ҳар кадоми гиёҳи гулӯдард, шоҳтара, чарха, бодовард ва афсинтин панҷ [дирамӣ], даҳ [дирам] мавиз ва даҳ [дирам] ҳалилаи зард бигиранд. Ин аз барои каси [балғами] шӯр дошта73 ва аз барои касе, ки сафро бар вай ғолиб аст, созгор бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ