Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ғориқун як чанд рӯз, ҳар рӯзе то як дирам ва ё як дираму сеяки он ба таври хока истеъмол кунанд, бемориро дер давом кардан нагузорад. Онро ё ба шакли хока бихӯранд ва ё бо ангубин омехта, биошоманд. Тухми газнаро агар баъд аз пазиш ба шакли хока ва ё бо ангубин ба кор бибаранд, сахт аҷиб бувад.
Аммо ба ҳангоми кашидани [хилт] ба наҳви исҳоловарӣ бояд ба иллати заъфи ҷигар андар [дору] рованд ва тухми зарпечак, ба сабаби заъфи меъда мастако ва анисун ва ба сабаби испурч ва ситабрии он бехи кабар ва усуқулуфандариюн74 биафзоянд, зеро бисёр вақт ин иллатро бемории испурч ҳамроҳӣ кунад ва гоҳе эҳтиёҷ бадон бошад, ки аз барои он [андар дору] мушки замин, донаи бон ва ҳулба биафзоянд. Бо вуҷуди он бояд ҳоли шиддатнокии табро риоя кунӣ, то гармифизоӣ ба ифрот ба амал наояд.
Аз доруҳои истифроғоварандаи қавитаре, ки ба ҳангоми ин иллат ва ба наздики фаро расидани пазиш бадонҳо эҳтиёҷ биафтад, масалан, миқдори як ошомидании ҳабби турбидро биафзоянд ва ҳуқнаҳои қавӣ ба кор бибаранд.
Аз ин ҷумла ҳабби зерин аст: як донг мастако, чаҳор дирам афшураи афсинтин, як донг дилаи ҳанзал, ним дирам ёраи фиқро ва ним дирам ғориқунро гирифта, бо сикангубини асалӣ ҳабб бисозанд ва ба бемор бидиҳанд. Аз ин ҷумла низ ҳабби мастако ва сабр ба шумор бираванд.
Агар модда ба гармӣ бигарояд, аз қурсҳои табоширии исҳоловар се қурс, аз турбид як мисқол, аз маҳмуда ним мисқол ва афшураи алафи гулӯдард ду мисқол гирифта, ба қадри қувват [ба бемор] бидиҳанд.
Низ аз алафи гулӯдард, афсинтин, пари сиёвушон, ҳалила, шоҳтара ва мавизи поккарда ба миқдори баробар гирифта, ба қадри ҳоҷат аз онҳо [ба бемор] бидиҳанд.
Агар тан таҳаммули исҳол накунад, ба доруҳои латифиоваранда, доруҳои пешобтозонанда ва доруҳои арақоваранда муроҷиат кунанд. Аз ҷумла яке аз доруҳое, ки андар ин ҳол бад-он эҳтиёҷ биафтад, оби таркардаи сабр бо ангубин бувад. Ҳар гоҳ (49) иллат паст шавад, аз даромадан ба гармоба пеш аз таом боке нест. Инро бидон.
Андар баёни ғизоҳои эшон: Мисоли ғизоҳои латиф сирко ва равғани зайтун аст. Гоҳе андар онҳо ва хусусан ба марҳалаи ахири [беморӣ] каме обкома афкананд. Аммо аз ғизоҳои қавитар баъд аз марҳалаи пастравӣ ба бемор тиҳу, мурғчӯҷа, кабк ва монанди инҳо бидиҳанд ва бояд андар инҳо, хусусан наздики пазиш чизҳои бурандае аз қабили сирко, хардал ва обкома биафзоянд. Агар балғам турши бад ва часпак бошад, гандано ва оби нахӯд аз барои чунин беморон ҳангоме яке аз беҳтарин ғизоҳо бошад, ки агар андар онҳо зира, шибит ва равғани зайтун биафзоянд. Низ ғизоҳои сарде [хубанд], ки аз чугундар, обкома, сирко ва равғани зайтуни шусташуда бигиранд.
Аз комаҳо комаи кабар, комаи шибит, саътар, ангудон ва морчӯбаро [ба кор баранд]. Бояд аз тараҳое парҳез кунанд, ки хусусияти сардиоварӣ ва тарифизоӣ доранд.
Вақти ғизо хӯрдан баъд аз суст шудани навбат ва канда шудани он ва на камтар аз чаҳор соат пеш аз навбат аст.
Аммо миқдори хобашон бояд муодили бедорӣ бошад, то

ки ба ҳангоми хоб пазиш ва ба ҳангоми бедорӣ ҳалшавӣ ба амал оянд. Гармоба аз барои эшон сахт зиёнвар аст, вале на баъд аз марҳалаи пастравӣ.
Чораи гардондане, ки ба ифрот ояд: Ба ҳангоми он бояд аз мисли майбиҳӣ ва шароби наъноии анор, ки маъруф аст, истифода бурд. Агар ба доруи аз ин ҳам қавитаре эҳтиёҷ афтад, даҳ дирам донаи анори нордон, панҷ [дирамӣ] кундури сафед ва мастако ва ҳафт дирам пудинаи бӯстониро гирифта, андар ду ратл об ва дастаҳое аз пудинаи бӯстонӣ то ним шудани об биҷӯшонанд.
Чораи исҳоли чунин [беморон], ки ба ифрот ояд:
Бастани онро бошад, бо ёрии он қабзкунандаҳои тадбирӣ, ғизоӣ ва доруие ба амал оранд, ки аз ин пеш донистӣ. Аммо заъфоварии онро бад-ин гуна тадбир кунанд, ки аз паси он ба бемор мурғчӯҷаҳои бирён, таомҳои танҷарӣ бидиҳанд ва бахурҳову хушбӯиҳои ҳушёркунанда ба кор бибаранд. Агар андар рӯй ва дасту пойҳо дамидагӣ ориз шуда бошад, эшонро ба кор бурдани, масалан, қурси зерин судманд бувад. [Нусхаи он]: аз ҳар кадоми анисун ва локи шуста панҷ [дирамӣ], аз ҳар кадоми бодоми талх, заъфарон ва мармохур чаҳор дирамӣ, аз ҳар яки тухми карафс, тухми розиёна ва шукуфаи гӯргиё се [дирам], аз афшураи алафи гулӯдард севуним [дирамӣ], аз сунбул шаш, аз ёраи фиқро ҳафт ва аз гул даҳ [дирам] гирифта, аз ҳамаи инҳо қурсҳо бисозанд ва кор бибаранд. Гоҳе туро, масалан,ба амрусиё, доруи лок ва доруи бодоми талх эҳтиёҷ биафтад.
Як қурс аз барои дарозии таб ва сардии он: даҳ [бахш] гул, чаҳор [бахшӣ] мастако, сунбул, тухми розиёна, тухми карафс, тухми коснӣ, ашфураи алафи гулӯдард ва афсинтин ва панҷ [бахш] табоширро гирифта, аз инҳо қурс бисозанд. Як ошомидании он аз як дирам то ду дирам буда, ба даҳ [дирам] гулангубин андар ду уқия ҷӯшонидаи тухми розиёна [афканда биошоманд]. Нонхоҳи бо ангубин сириштаро андар мисли ин гуна ҳолат суди бузург бувад.
Гоҳе ба иллати дер давом кардани сардӣ туро ба молиш додан эҳтиёҷ биафтад. Тариқаи он чунин бошад, ки аз ду зону ва пайғулаҳо оғоз кунанд ва то ҳангоме [бимоланд], ки гармӣ андар дасту пой бидавад ва онҳо битафсанд. Агар бемор чизе шабеҳи мондагӣ ҳис кунад, ба молидани сутунмуҳра бигузаранд. Агар гармӣ шиддат ёбад, пас, бо равған даллокӣ кардан бад нест ва инро то ҳангоме давом диҳанд, ки андом ба қадри даркорӣ битафсад ва сипас онро тарк карда, ба андоми дигар гузаранд. Аз ҷумлаи равғанҳои хуб равғани зайтуни хуши ғайриқабзкунанда, равғани бобуна ва равғани шибите ба шумор бираванд, ки онро андар ҷогаҳи дучандӣ ҷӯшонида бошанд. Ҳар гоҳ фориғ шудӣ, равғанро пок кун, то боиси тоса нагардад. Агар аз паси молиши бо равған молиши хушк ояд, бад нест.
Яке аз василаҳои аз заъф нигоҳ доштани меъдаи чунин [беморон] марухотест, ки мисоли онҳо равғани бобуна, равғани нордин ва равғани шибит бувад. Аз ин ҳам қавитар равғани савсани озод мебошад.
Яке аз зимодҳои судманд чунин аст: бобуна ва миқдори андаке аз мастакоро бо шароб ва бо дучанди миқдори он аз ангубин биҷӯшонанд. Агар иштиҳо афтида бошад, аз ҳама беҳтар он аст, ки на шароб, балки май пухтаеро ба кор бибаранд, ки андар он бобуна, хурмо,75 шоҳафсар ва афсинтин ҷӯшонида бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ