Қонуни тиб

Илоҷи таби балғамии мондае, ки онро «таби гилоба» хонанд: Илоҷи ин чун илоҷи табест, ки навбати он ҳар рӯз ояд, вале бо чунин тафовут, ки ба ҳангоми ин бояд доруҳои латифиоварандаи тезро ба нармӣ ба кор бибаранд ва ба мисли сикангубин, гулангубин, гулоби ангубинӣ, (50) оби ангубин, оби розиёна ва карафс кифоят кунанд. Бехҳои сегона76 низ қариб суд бахшанд.
Эшонро гоҳе комаи шибит ва комаи кабар, хусусан ҳангоме судманд бувад, ки осори пухтагӣ ҳувайдо бошад.
Тадбири ғизои эшон аз ҷиҳати муроот кардан ва ё накардани марҳалаҳо ва аз ҷиҳати қавӣ ва ё заиф будани қувват айни он тадбирест, ки ёдаш пеш аз ин омад.
Яке аз доруҳои аз барои эшон хуб қурсҳои даҳдоруст ва низ яке аз доруҳои аз барои эшон хуб ва санҷидашуда онест, ки мо тавсифаш кунем. Нусхаи он: шаш [дирам] гул, чаҳор дирамӣ рубби ширинбаён, шоҳтара ва сунбул, се [дирам] мастако, се [дирам] каҳрабо ва ду [дирам] анисун бигиранд. [28] Низ қурсҳои алафи гулӯдард ҳамчунин буванд. Нусхаи онҳо: чаҳор дирам алафи гулӯдард, яку сеяк дирам гул ва дуним дирам табошир бигиранд.
Инчунин: се уқия алафи гулӯдард, ним ратл сунбул, ним ратл гул ва чаҳор уқия табошир бигиранд.
Низ қурсҳои афсинтин [хуб аст]. Нусхаи он: аз ҳар кадоми афсинтин, асорун, тухми карафс, анисун, бодоми талх, чарха, бодовард, афшураи алафи гулӯдард, мастако ва сунбул ду дирамӣ гирифта, аз онҳо қурсҳо бисозанд ва ба кор бибаранд.
Илоҷи эфиёлус ва лифуриё77: Илоҷи ҳар дуи инҳо ба илоҷи он чи, ки пеш аз ин ёд кардем, наздикӣ дорад ва аз ҷиҳати тариқа низ ба якдигар наздиканд. Бояд [муолаҷаро] нахуст бо сикангубини асалӣ ва шакарӣ оғоз намуд.
Гоҳе ба ҳангоми ин ду низ истеъмоли рубби ғӯраи ангуре бифармоянд, ки бо ангубин ва бо шароби гул ҷӯшонида бошанд. Сипас ба тадриҷ аз тариқи ба бемор додани тухмиҳо ва обҳои онҳо ба таркардаи сабр, қурсҳои гул бо мастако, ҳабби сабр, ёраи фиқро ва ҳабби алафи гулӯдард бигузаранд. Ба ҳангоми ҳар ду [беморӣ] бояд меъдаро парво намуда, бо оби лӯбиё, турб, шибит ва пудина қай оваранд ва низ доруҳои пешобтозонанда ба кор бибаранд. Яке аз доруҳои исҳоловарандаи аз барои ин ду судманд доруест, ки аз ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи зард, турбид ва шакар бисозанд. Яке аз доруҳое, ки аз барои ҳар ду [беморӣ] ба ғоят суд бахшад, ҳуқнаҳои ба тезӣ моилест, ки андар таркиби онҳо дилаи хасакдона, қантуриюни борик, шибит, бобуна, хори хасак, шоҳафсар, обкома ва ангубин бидароянд. Тадбири лифуриё беш аз тадбири [намуди] дигарӣ ниёзманди эҳтиёт аст.
Илоҷи таби беҳушкунандаи хилтӣ: Муолаҷаи ин таб душвор аст. Тариқаи дармони он истифроғ буда, ба тадриҷ аз истеъмоли доруҳои латиф ба қавӣ бигузаранд.
Хусусан агар табиат худ ба худ тақозои берун рафтан накунад, бояд бо ёрии ҳуқнаҳо фазлаҳоеро пок созӣ, ки андар рӯда ва рагҳои наздики он ҷой доранд ва аз барои боқимондаи он аз тариқи даллокӣ тадбири латифсозӣ ба кор бибарӣ. Ҷолинус тасдиқ кунад, ки ӯ аз истифроғ овардани аксари чунин беморон оҷиз омадааст, магар ба дал
локӣ [тавонистааст чунин кунад]. Беҳтарин тариқаи даллокии эшон ин аст, ки нахуст аз ронҳову соқҳо оғоз намуда, аз забар ба фурӯсу бираванд ва андар ин кор рӯймолҳои дурушти пӯстхарошанда ба кор бибаранд. Сипас ба молиши дастҳо пардохта, аз дӯш ба сӯи каф бираванд ва ба ҳадде бимоланд, ки пӯст битафсад. Баъд ба пушту сина бигузаранд. Сипас бори дуввум ба [молиши] соқҳо пардохта, тартиби якумро бори дигар аз сар бигиранд. Агар битавонанд, ними вақти эшонро бо молидан ва ними дигари онро бо хоб бигузаронанд. Умуман, қонуни илоҷи эшон латифсозиест, ки на чандон сахт гармиоваранда бошад. Аз доруҳои латифиоваранда, масалан, агар пагоҳиҳо оби ангубин [истеъмол кунанд] ва хусусан он дорои қувваи зуфо, ё қувваи тухми карафс ва монанди инҳо бошад, аз барои чунин [беморон] судманд аст. Агар андар ин миён исҳоли беандоза ҷой дошта бошад, оби ангубинро сахттар биҷӯшон ва ин танҳо ба миқдори андак, муътадил ва судмандона исҳол хоҳад овард.
Сикангубини ангубинзада низ эшонро судманд аст:
агар одати оби сард ошомидан дошта бошанд, андар тобистон онро омехта, бо оби сард бидиҳанд, вале зимистон онро ба бемор набояд дод ва танҳо бо оби гарм иктифо кунанд. Ошомидани ошомиданиҳои гарм барои эшон беҳтар аст, вале на ба ҳангоми зарурати гармо ва ба шиддат нохушӣ овардани гармӣ. Созгортарин чизе, ки аз барои ташнагӣ [ба беморон] бидиҳанд, сикангубини асалист.
Шароби обнок аз оғози беморӣ ва хусусан ҳангоме барои эшон судманд аст, ки агар табашон қавӣ набошад,78 вале ба ин хусусан пиронро бисёр кам [эҳтиёҷ] биафтад ва эшонро аз шароб додан баъди ғизо чора нест.
Туро ҳамебояд, ки набзи худованди ин иллатро пайваста ба эътибор бигирӣ. Агар бибинӣ, ки якбора рӯ ба нотавонӣ ва афтидан ниҳодааст ва агар ягон омоси андар андомҳои дарунӣ падидомада монеъ набошад, ба бемор нони андар шароби омехта таркарда бидеҳ, вале агар ба ин иллат ягон [омосе] қарин гардида бошад, (51) онро на роҳи муолаҷа аст ва на ҷои умед бастан, яъне ман гуфтаниям, ки агар андар ин ҳангом набзро чунин тағйир рӯй дода бошад. Ин гуна таъомдиҳӣ яке аз он корҳоест, ки ба ҳангоми шиддат ёфтани беҳушӣ бад-он эҳтиёҷ биафтад, вале баъди он бояд даллокӣ намуд.
Аммо ғизое, ки бемор баъди он бихобад, оби ҷав буда, бад-он ҷуз ба ҳангоми афтидани қувват чизе наафзоянд, вале агар биафзоянд, ноне биафзоянд, ки андар гулоб ва ё андар оби ангубин тар карда бошанд. Гармоба аз барои ин гуна [беморон] зиёновартарини чизҳост ва ҳавои ниҳоят гарм ва ниҳоят сард низ ҳамчунин бувад, зеро ба ҳангоми ҳавои гарм аз таровидани хилтҳо ба сӯи шуш ва дил ва ба сӯи мағз амонӣ нест ва ҳавои сард бошад хилтҳоро пухтан нагузорад ва қобилияти суддаоварии онҳоро биафзояд. Агар андар таркиби хилт як миқдор бахши сафровӣ бошад ва агар қай овардан ба осонӣ ва сабукӣ муяссар бигардад, сахт судманд хоҳад буд. Умуман, қай ба ҳангоми ин [беморӣ] бештар бо барор бувад.
Дармони таби беҳушкунандаи диққии [тунукмодда]79:
Бояд синаи беморро бо сандал ва оби гул зимод кунанд ва андак-андак бо ғизо қувваашро ҷоннок созанд. Агар бихоҳад, бояд ғизои ӯро аз ноне бисозанд, ки андар оби анор ва инчунин андар оби меваҳо тар карда ва сард гардонида бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор