Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар аз барои тақвияти қувват ба масусҳои аз мурғчӯҷаҳо ва сирко ва оби ғӯра сохта шуда ё ба тараҳои сард ва хусусан ба кашниз эҳтиёҷ биафтад, [истеъмоли онҳо] судманд хоҳад буд.
Дармони таби шабоянда ва таби рӯзоянда: Тадбири ин ду чун тадбири табҳои балғамӣ буда, миёни онҳо ҳеҷ хилофе нест.
Фасли чиҳилу шашум андар баёни таби чаҳоррӯзии даврӣ, ки онро «титротовус»80 номанд

Аксар вақт таби чаҳоррӯзӣ даврӣ бувад ва таби чаҳоррӯзии монда кам биафтад. Сабабҳои таби чаҳоррӯзӣ он чизҳое бошанд, ки савдо бизоянд ва сипас онро бигандонанд. Ҳамаи инро ту донистӣ ва низ донистӣ, ки бархе аз савдо дурди хун ва бархе сӯхтаи хун ва хокистари хилтҳост. Инчунин донистӣ, ки бархе аз он хунӣ, бархе балғамӣ, бархе сафровӣ ва бархе дигар сӯхтаи худи савдои табиист. Баъзе касон чунин тасдиқ кунанд: «Таби чаҳоррӯзӣ аз савдои табиӣ ба амал наояд, аз баҳри он ки вай нахоҳад гандид». Бад-ин гуна гуфтор набояд гӯш фаро дод, баръакс, чизҳои тар ҳарчанд андар истеъдод гуногунанд, вале ҳар як аз онҳо қобили гандидан бувад.
Аксар вақт, ки таби чаҳоррӯзӣ падид ояд, аз паси бемориҳои гуногун ва аз паси табҳои уфунатӣ падид ояд ва ин [табҳои уфунатӣ] ба ихтилофи хилтҳое вобастагӣ доранд, ки аз онҳо ва аз сабаби гандидани онҳо зода шуда бошанд. Агар ин [хилтҳо] хокистар шаванд ва ба истифроғ наоянд, савдо афзоиш ёбад ва сипас чун он бигандад, таби чаҳоррӯзӣ падид хоҳад омад. Бисёр бошад, ки он аз паси бемории испурч падид ояд ва ба изофаи он андар бештари ҳолатҳо аз дарди испурч ва ё сахт шудани он холӣ нахоҳад буд. Таби аз ҳама беосебтари чаҳоррӯзӣ онест, ки аз омоси испурч ва ғайри он ба амал наомада бошад ва на низ баробари он омоси испурч ҷой дошта бошад, зеро таби чаҳоррӯзие, ки аз омоси испурч ба амал омада бошад ва ё ҳамроҳи он омоси испурч ҷой дошта бошад, бисёр вақт боиси истисқо ва фатқи хоя бигардад. Таби чаҳоррӯзии беосеб аз бемориҳои бади савдовӣ, масалан, аз молихулиё ва саръ наҷот диҳад ва ба ҳангоми он бемор аз ташаннуҷ эмин бувад, аз баҳри он ки хилт хушк аст. Ин андар бештари ҳол бемории беосеб бошад ва агар ба ҳангоми муолаҷа хатое наафтад, аз як сол беш нахоҳад кашид. Бошад, ки он дувоздаҳ сол ва камтар аз он боқӣ бимонад. Аммо намуди дер давомкунандаи он боиси истиқсо бигардад. Бидон, ки хазон душмани таби чаҳоррӯзист ва инро андар хотир нигоҳ дор.
Нишонаҳо: Таби чаҳоррӯзӣ нахуст бо андаке сардӣ бигирад ва сипас сардӣ рӯ ба афзоиш ниҳад, баъд ба наздики марҳалаи анҷом андаке бикоҳад, чунонки ба ҳангоми таби балғамӣ ҳамин гуна бувад. Ҳар гоҳ тан битафсад, гармӣ шиддатнок набошад, вале бештару зоҳиртар аз гармие бувад, ки ба ҳангоми табҳои балғамӣ ҷой дорад, зеро [балғам] бо вуҷуди ба сахтӣ фурӯзон шудан ба қадри ғайри қобили эътибор ва мисли оташи андар ҳезуми тар афтида бисӯзад ва тамоми танро фаро нагирад.
Баръакс, ба ҳангоми ин [таб] гармие ҷой дошта бошад,

ки аз он фарошо ва гаронӣ падид оянд ва сабаби он ситабрии хилт бувад. Баробари сардии ин [таб] як миқдор дарде дарёфта шавад, ки гӯӣ устухонҳо ҳамешикаста бошанд ва андар он ҷо ларзае ҷой дошта бошад, ки аз сабаби он дандонҳо ба ҳам бизананд, валекин на чуноне ки ба ҳангоми табҳои балғамӣ бувад. Инҳо боиси заъфи биниш бигарданд, лекин он ба наздики пазиши [модда] аз байн биравад, аз баҳри он ки бадии [модда] бикоҳад ва ба андозаи андар оғоз буда кам бигардад.
Баъзе аз нишонаҳои таби чаҳоррӯзӣ сабабҳои пешомадае мебошанд, ки аз табҳои дер давомкарда, бемории испурч ва ё дарди он иборатанд. Аз ҷумлаи нишонаҳои ин таб ҳолати мизоҷ, далелҳои савдоӣ, синну сол, фасл, ғизо, намуди зоҳирӣ, хӯй ва дигар чизҳои бад-инҳо монанд ба шумор бираванд. Як даври он аз бисту чаҳор соат иборат аст. (52) Бисёр бошад, ки таб андар тобистон рӯзафкан бувад ва андар зимистон чаҳоррӯзӣ бигардад ва бисёр бошад, ки табҳои ҳархела ба табҳои омехтае табдил ёбанд, ки онҳоро ҳеҷ низоме набошад, зеро пасмондаи хилтҳои баъд аз табҳо боқимонда ҳархела буванд. Ҳар гоҳ ин [боқимондаҳо] бар хокистар шудан қарор бигиранд, бар [падид овардани] таби чаҳоррӯзӣ қарор хоҳанд гирифт.
Он [таби чаҳоррӯзие], ки аз балғами сӯхта падид ояд, давраҳояш дарозтар бошанд ва аксар вақт аз паси таби ҳаррӯзӣ ба амал ояд. Ба ҳангоми он арақ [29] дертар ояд, пешоб ситабртар ва сахтии рагҳо камтар буванд ва андар бештари ҳолатҳо баъди табҳои балғамӣ рӯй диҳад.
Пеш аз он табе, ки аз хуни сӯхта ба амал ояд, нишонаҳои хун, таб овардани он ва сурхии пешоб мушоҳада шаванд ва намуди зоҳирӣ, синн ва фасли сол аз ин далолат кунанд. Бошад, ки он баъд аз табҳои хунӣ рӯй бидиҳад.
Ба ҳангоми он [таби чаҳоррӯзие], ки аз сафрои сӯхта бихезад, набз бештар тез ва думодум буда, [худи таб] бо фарошо, сардии андар гӯшт, ташнагӣ ва арақ оғоз ёбад ва андар ин миён хашм, ташнагӣ ва афрӯхтагӣ ҷой дошта бошанд. Намуди зоҳирӣ, син ва фасл бад-ин гуна [таб] далолат кунанд ва гоҳе аз паси табҳои сафровӣ ба амал омаданаш низ далели он бувад.
Набз ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ ба сабаби хушкии хилт ба сахтӣ бигарояд ва он ба андарун кашида шуда, чунин бинамояд, ки гӯӣ набзи каси пир бошад. Набз то даме, ки бемор ҳаракат намекунад, ҳамвор ояд ва чун ҳаракат кунад, ин ба сабаби ситабрии фазла сахт ноҳамвор бигардад ва ноҳамворияш ба наздики фитрат зоҳир бошад, ки ин далели комили таби чаҳоррӯзист. Бисёр бошад, ки ба ҳангоми он фишурдашавии ноҳамвор ва кушодашавии сахт тез рӯй дода, ин бар хилофи он ҳолате бошад, ки ба ҳангоми таби рӯзафкан ҷой дорад. Набзи таби чаҳоррӯзӣ аз ҷиҳати хурдӣ ва думодумӣ хубтар аз набзи табҳои балғамист, вале аз ҷиҳати дерӣ мисли он бувад. Ба наздики оғозёбии навбат дероӣ ва ноҳамворияш афзоиш ёбанд ва гуногунияш беш аз гуногунии набзи дигар табҳо бувад. Сипас он ба бузургӣ, думодумӣ ва зудӣ бигарояд.
Пешоб ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ бад-ин гуна бошад, ки ҳамаи марҳалаҳои ин набз ба ҷуз марҳалаи интиҳоии хуб ба сабаби сардии модда ва ситабрии он аз ҷиҳати нопухтагии пешоб яксон бошанд, лекин ҳолатҳо ва ран гҳои пешоб ҳар гуна буванд, аз баҳри он ки савдо аз хилтҳои гуногун зода шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ