Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз нишонаҳои пухтагӣ ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ нармии табларза мебошад.
Аммо пешоб бошад, андар оғоз сафед буда, ба сабзӣ бигарояд ва хоми ногуворида бинамояд, вале баъд аз марҳалаи оғоз ҳолаш бигардад ва аз сабаби он, ки бештари савдо аз хилтҳои гуногун падид ояд, рангҳои гуногун ба худ бигирад. Вай ба наздики пастравӣ сиёҳ бигардад.
Арақ ба ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ андар қиёс ба арақи ҳангоми табҳои балғамӣ буда бештар ояд, вале ба қиёс бо дигар табҳо чандон бисёр набошад. Ташнагӣ ба ҳангоми ин таб, ки агар аз савдои сафровӣ падид наомада бошад, кам хоҳад буд.
Муолаҷаҳо: Нахуст андар ин иллат бингаранд, ки оё он аз савдои хунӣ ба амал омадааст, ё аз савдои балғамӣ, ё аз савдои сафровӣ ва ё аз савдои савдовӣ, сипас ҳар якро бо он чизҳои муносиби ин [намуд] тадбир кунанд, ки мо ёд кунем.Лекин маҷмӯи синфҳои онро ҳукмҳоеанд, ки андар онҳо бо ҳам анбозӣ доранд. Аз ҷумла ҳамаи инҳо андар марҳалаи оғоз табларза оваранд. Бинобар ин, хусусан агар таби чаҳоррӯзӣ аз савдои хунӣ ба амал омада бошад, бояд нахуст тааммул намуд, ки оё хун ғолиб аст, ё не, он гоҳ бояд рагро боз намуда, ба миқдори ҳоҷат хун бигиранд. Гоҳе ба муҷиби бисёрӣ, тирагӣ ва бадгавҳарии [хун] миқдори зиёде аз онро бирезанд.
Агар ба раг задан эҳтиёҷ набошад, вале раг зада шавад, ин аз ҷиҳати заъфоварӣ, аз ҷиҳати берун кардани чизи мухолифи савдо ва аз ҷиҳати хилтҳоро ба берун равона кардан зиён бирасонад. Андар оғози [таб] агар аз барои сабукӣ овардан, на аз барои поксозӣ, як миқдор хилти падидоварандаи табро истифроғ намудан бихоҳанд, ин корро ҳангоми пухтани [модда] бар ҳасби он чизе иҷро кунанд, ки мо бад-он ишорат хоҳем кард ва бояд як рӯз баъд аз навбат сурат бигирад.
Ба оғоз пешобро набояд сахт битозонанд ва бояд доруҳои молиданӣ ба кор бибаранд. Агар доруҳои ошомиданиро салоҳ набинӣ, ба ҷои онҳо ҳуқнаҳои мувофиқро ба кор бибар, лекин бояд онҳо нарм бошанд. Ба тақвияти онҳо ҳангоме рухсат бидиҳанд, ки беморӣ ба марҳалаи ахир бирасад. Гоҳе пизишк бебокона рафтор карда, андар оғоз савдоро як чанд бор ба таври қавӣ бикушояд ва ба ҳамин пеши иллатро бехӣ бигирад, лекин ин суд натиҷаи хато бувад.
Андар рӯзи навбат бояд беморро аз ғизо хӯрдан боз доранд ва бифармоянд то рӯза дорад ва он рӯз аз ошомидани оби сард худдорӣ кунад. Андар рӯзҳои дигар аз додани гӯшти тиҳу ва ё мурғчӯҷа чора нест. Нахуст сечаҳор рӯз гӯшти тиҳу, сипас мурғчӯҷа бидиҳанд, ки андар ин ҳангом мурғчӯҷа беҳтар аст.
Доруи ғайри рӯзи навбат ин аст, ки ба бемор рӯзе ду бор гулангубини андар оби гарм гудохта ва ё се (53) дирам гулангубинро бо даҳ дирам сикангубин бидиҳанд.
Худ медонӣ, ки агар савдо сафровӣ бошад, бояд андар зимни доруи равонкунандаи он ягон чизе аз ҷинси ҳалила ва бунафшаро ба кор бурд, агар балғамӣ бошад, андар зимни доруи кушояндаи он андар аввалҳо ягон чизеро ба кор бибаранд, ки қуввати турбидро дошта бошад ва агар [савдо] савдовӣ бошад, бояд андар [таркиби

доруи] кушояндаи он ба аввалҳо ягон чизеро ба кор бибаранд, ки қуввати баспоя, афитимун ва монанди инҳоро дошта бошад. Низ ту медонӣ, ки оби панир аз барои истеъмоли қувваҳои ёдшуда гузаронандаи бисёр хубест.
Гоҳе, хусусан агар гармӣ фармонраво бошад, ба кор бурдани як худи он мумкин аст муваффақиятнок барояд.
Гулангубин ва оби баъд аз ҷушонидани қавӣ полидаи он ҳамин мақомро доранд, хусусан агар андар меъда ягон заъфе ҷой дошта бошад ва ё хилти сард ғолиб бошад.
Қай хусусан пеш аз таом ҳамчунин аст ва баъд аз таом, хусусан андар рӯзи навбат пеш аз оғози навбат низ аз ҳама беҳтар бувад. Хусусан агар савдо балғамӣ бошад, қай на фақат андар оғоз, балки ҳама вақт яке аз тадбирҳои судманде аз барои ин [таб] ба шумор биравад.
Бинобар ин, ба марҳалаи оғоз андар аввалҳои пазиши модда то пурра пухтани он набояд ба таври қавӣ фазлаҳо ба истифроғ оварда шаванд: на бо ёрии доруҳое, ки сахт гармиоваранда нестанд, на бо доруҳо ва тарки ғизо кардане, ки сахт хушкиоварандаанд, на бо он чи ки аз тариқи исҳол заъфоваранда бувад ва на низ бо он гуна латифсозии тадбире, ки ба марҳалаи оғоз заъф биоварад.
Бидон, ки агар таби чаҳоррӯзӣ андар тобистон ва ё зимистон оғоз ёбад, бояд нахуст ба бемор оби ҷав бо сикангубин бидиҳанд, то роҳҳои ҷорӣ шудани81 [фазлаҳо] боз шаванд ва навбат зуд гузарад. Ин корро се-чаҳор соат баъд аз даври пешомада ба амал оранд.
Агар таби чаҳоррӯзӣ зимистон ориз бигардад, мудоро карда шавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба бемор набояд қурсҳо бидиҳанд.
Бидон, ки чизҳои сарди тар, зудгувор ва хубкимус гоҳе аз он ҷиҳат бо ин иллат созгор оянд, ки он таб аст ва низ аз он ҷиҳат [созгоранд], ки ба яке аз ду кайфияти савдо, яъне хушкӣ, зид буванд. Бинобар ин онҳоро низ бояд ҳангоме ба кор баранд, ки бими ба пазиш зиён овардан набошад, ё ба миқдоре ба кор баранд, ки аз он бими ба пазиш зиён расидан набошад, ё бо онҳо чизе биомезанд, ки сардиро муътадил созаду рутубатро накоҳад ва ин ашё [чизҳоеанд, ки] ба таври муътадил гарм буванд. Аз ҳар гуна чизи сарди хушк бояд дурӣ ҷуст. Чизҳои сарди таре, ки аз барои ин иллат гоҳе созгоранд, масалан коснӣ, коҳу, харбуза ва шафтолуст, вале бояд ба сабаби шиддатнокии сардӣ, ки он андар коҳу мавҷуд аст ва андар мисли харбузаи ширин мавҷуд нест, ё ба сабаби ба шиддат пешоб тозондане, ки боиси ситабрии хун бигардад ва ин гуна ҳол андар харбуза бошад ва ё ба сабаби омодаи гандидан сохтани чизи бо худ омехтаро, ки ин хусусият андар шафтолуст, аз чунин чизҳо парҳез кунанд.
Бояд ҳамаи ин гуна чизҳоро ба назар гирифт.
Аммо ғизоҳои ба таври муътадил гарм ва тарии бештар дошта, хусусан ҳангоме сахт судманданд, ки агар гармиро муътадил гардонидан бихоҳанд, вале бо ин на хоҳони он бошанд, ки бо ёрии чизҳои сарди таре аз қабили омехтаи анҷир бо коснӣ пазишро ёварӣ кунанд.
Андар рӯзҳои аввал агар бими авҷ гирифтани гармӣ набошад, хӯрдани он чизҳое бад нест, ки шӯр, сӯзанда ва буранда бошанд, вале ба охири беморӣ [истеъмоли] онҳо ногузир аст. Қурсҳои афсинтин то поёни иллат судманданд. Яке аз тадбирҳои андар ин ҳангом нофеъ ин аст, ки ҳар рӯз пеш аз ғизо хӯрдан андар оби гарми хуш нишинанд, ба гармобае бидароянд, ки тарӣ афзояд, вале арақовар набошад ва гармӣ наангезад, пайваста осудаю роҳат бошанд ва аз варзиш ва ҳаракатҳои баданию нафсонӣ худро дур бидоранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ