Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин гуна табҳо эҳтиёҷ ба чизҳои тарифизоянда доранд, вале дараҷаи эҳтиёҷи онҳо ба сардифизоӣ ва ё гармиоварӣ гуногун бувад. Ҳоҷати онҳо ба чизҳои хушконанда на аз барои хушконидан, балки аз барои он аст, ки андар онҳо қуввати бурандагӣ, зудояндагӣ ва табиаткушоист.
Бояд бо ёрии зимодҳои хуби қувватбахшандае мурооти ҳоли меъда кунанд, ки ба ҳасби тақозои ҳол аз намудҳои ниҳоят гарм сар карда, то ба таври латиф гармро дар бар бигиранд. Ҳоли ҷигар ва испурчро низ бояд риоя кунанд ва тадбир биандешанд, то испурч сахт гашта, варам накунад. Гоҳе ба ҳангоми поксозӣ ба оби турб ва тухми он эҳтиёҷ биафтад ва онро бо сикангубин биомезанд. Гоҳе дигар аз тариқи пеш аз [сикангубин] хӯрдани чугундар, моҳии шӯр, хардал ва монанди он ёрӣ бигиранд. Бисёр бошад, ки баъди он аз ошомидани оби бисёр ёварӣ ҷӯянд ва сипас аз болои он сикангубин дода, (54) қай биоваранд. Яке аз тадбирҳои судманд ин аст, ки бемор андар рӯзи навбат сикангубин бихӯрад ва сипас баъди он қай биоварад, ки ин ӯро аз зиёни сардӣ, табларза ва тезии таб эмин бидорад. Ё бояд сир ва ангубин хӯрда, сикангубини асалӣ биошомад ва шикамро аз таом пур кунад ва сипас оби гарм хӯрда, [30] қай оварад.
Навбат чун даргузарад, ба шомгоҳӣ чизи андаке бихӯрад ва пагоҳаш гармоба кунад. Ӯ бояд панҷ соат пеш аз навбат аз барои қай овардан таом бихӯрад, зеро бошад, ки ин дар сурати қай наовардан ҳам суд бахшад. Қай овардан пеш аз навбат ба сабаби кадом хилте набошад, навбатро сабук кунад ва ё биканад.
Яке аз тадбирҳои хуб ин аст, ки агар ягон монеае набошад, бояд бемор рӯзи навбат рӯза бидорад ва то даргузаштани навбат чизе нахӯрад ва андар рӯзи дуввум ба гармоба равад, агар пухтагии [модда] ҷой дошта бошад, ба дастури расмшуда гармоба кунад, вале агар нопухта бошад, андар он ҷой ба ғайр аз рехтани оби гарме, ки танро форам ояд ва тарӣ оварад, дигар ба коре машғул нашавад ва бояд ин обрезӣ на ба андозае бирасад, ки хилтро ба шӯр оварад. Андар рӯзи севвум қай ба кор барад, то фазлаҳои аз таом боқимонда ва он чизеро [бигардонад], ки гармоба онро ҳал карда бошад, вале андар рӯзи навбат ҳам ӯро лозим аст, ки қай ба кор барад.
Агар савдо хунӣ бошад, раги босалиқ задан ва сипас истифроғ намудан бо доруҳое судбахшанд, ки андар таркиби онҳо таъсири қувваҳои доруҳои поккунандаи хун аз қабили таъсири чарха, бодовард, баспоя, шоҳтара ва ҳалилаи кобулӣ ҷой дошта бошад. Ин ҷинс [аз таб] зуд илоҷ бипазирад.
Агар савдо сафровӣ бошад, туро лозим аст, ки аз тариқи доруҳо ва ғизоҳо ба қадри расо сардифизоӣ ва тарифизоӣ бикунӣ, оби муътадилро чи ба тариқи нишастан андар он ва чи ба тариқи ғусл намудан ба кор бибарӣ ва андар оғоз бо ёрии, масалан, доруҳое, ки аз бунафша ва ё аз оби панири дорои таъсири баспоя сохта шудаанд ва ё

бо сикангубини афитимунӣ, шароби гул, оби печак ва хиёршанбар табиат нарм бисозӣ. Ба таври пурра кушодани табиат гоҳе баъд аз гузаштани бист рӯз муяссар шавад, зеро андар ин муддат пухтагӣ падид ояд, яъне [ин ҳангоме бошад, ки] агар модда савдои сафровист. Сипас ба тадриҷ ба доруҳое бигузаранд, ки латифсозанда ва буранда мебошанд. Агар ба ислоҳ сохтани меъдаи бемор эҳтиёҷ биафтад, ин корро бо ёрии олуданиҳое аз қабили равғанҳо ва тилоҳо ба ҷой оранд, ки [қувваи] онҳо аз қувваи бобуна, барги афсинтин, шоҳафсар ва монанди инҳо таҷовуз накунад. Рӯза доштани бисёр гоҳе ҳатто андар рӯзи давр ҳам яке аз тадбирҳои носозгар бувад, ҳар чанд ки андар ин рӯз ба чунин [беморон] танҳо як миқдори кам ғизои бемаза бидиҳанд.
Яке аз доруҳои қайоварандае,82 ки андар ин ҳангом суд бахшад, ҷӯшонидаи ҳалила, афитимун ва сано буда, онро бо сикангубине [бидиҳанд], ки андар он бунафша ҷӯшонида бошанд. Гоҳе ба бемор, хусусан андар рӯзи навбат, ношито ангужад биошомонанд ва агар ӯро маниши гаштан ояд, қай биоваранд.
Агар савдо балғамӣ бошад, ба сикангубини83 асалӣ паноҳ бурда, онро бо оби карафс, розиёна ва монанди он [ба кор баранд] ва агар ба нармсозӣ эҳтиёҷ бошад, андар оғоз бо он аз қувваҳои балғамкушоянда қувваи турбид ва баспоя биомезанд ва тадриҷан ба [истеъмоли] каме аз қувваи ғориқун бигузаранд. Низ то ҳангоми ба пазиш оғоз кардани [модда] бо сикангубини бузурӣ, асалӣ ва монанди он қай оваранд. Меъдаро бо чизҳои қавитар ва ҳатто бо хурмо, анҷир ва монанди он гармибандию зимодниҳӣ кунанд. Низ бо равғанҳои гарм ва ҳатто бо равгани қуст равғанмолӣ кунанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бо сикангубини дорои қувваи харбақи сафед қай оваранд, балки гузашта аз ин мумкин аст эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки харбақи сафедро андар турб карда ва ё қувваи онро андар турб гузаронида, ба бемор бидиҳанд ва ё агар бими падид омадани заъфи қувват набошад, харбақро, чунонки ҳаст, ба ӯ бидиҳанд.
Агар савдо савдовии холис ва аз қабили таҳшини хун бошад, маслаҳат он аст, ки андар марҳалаи оғоз бо оби печак ва пониз онро ба исҳол оваранд ва ба кор бурдани гулангубини асалӣ ва шакарӣ аз барои он созгор аст.
Андар поёни [беморӣ] онро бо ёрии, масалан, ҷӯшонидаи ҳалилаи зарду сиёҳ, шоҳтара ва мавиз истифроғ кунанд. Ҳар гоҳ иллат бипазад, андар ин ҳол раг заданро низ фурсати хуб аст ва аз босалиқ хун бигиранд. Аз паси таом ба ҳасби марҳалаи беморӣ ва ҳоҷат ё ба таври қавӣ ва ё нармтар қай ба кор бибаранд ва ин корро бояд пайваста бикунанд, ки он асли [муолаҷа] аст. [Низ] бо доруҳо ва ҳуқнаҳои қавӣ истифроғ оваранд. Доруҳое, ки андар ин гуна ҳангом ба кор бибаранд, инҳост: афитимун; баспоя; ғориқун; устухудус; санги арманӣ ва лоҷувард, ки ҳар дуро ҳам шуста ва ҳам ношуста бигиранд; ва афшураи барги фантофилун84 бо шароби ангубинӣ (55).
Гоҳе ба харбақи сиёҳ эҳтиёҷ биафтад ва гоҳе ба ҳангоми намуди сафровии ин [беморӣ] сано ва шоҳтара бо афитимун кифоят бошанд. Нахуст бо сикангубин қай оварда, сипас пешоб битозонанд. Он гоҳ баъд аз истифроғ [ба бемори] намуди балғамӣ ва савдовии ин [бе морӣ] тарёк, масрудитус, доруи ангужад ва гӯгирд бидеҳ.

пешина
аз 1215
навбатӣ