Қонуни тиб

Мурчро танҳо андар об карда, биошоманд ва мисли [доруи] хардалиро ғайри доимӣ, балки ҳар се рӯз як бор ба кор бибаранд, вале андар аввалҳои беморӣ ва пеш аз ин бо фосилаҳои дароз [бояд ба кор бурд]. Бо фалофилӣ ва дигар гуворишҳои бад-он монанд низ чунин муомала кунанд ва пеш аз пухтани [модда] ба истеъмоли ҳеҷ кадом аз инҳо нашитоб, чаро ки агар андар оғоз ба бемор тарёк ва монанди онро бидиҳӣ, бар таби чаҳоррӯзӣ таби чаҳоррӯзии дигареро зам хоҳӣ кард ва гоҳе хусусан андар зимистон мумкин аст бемориҳои дигареро ба амал оварӣ. Агар андар поёни беморӣ раг задан воҷиб ояд, бад-он иқдом бикун.
Ҷолинус гуфтааст: «Ман мардумони бисёреро бад-ин гуна аз таби чаҳоррӯзӣ наҷот додам, ки баъд аз пазиш ба эшон доруи исҳол ошомонидам, сипас афшураи афсинтин ва баъд аз он тарёк бидодам».
Ман гӯям: Ба ҳангоми падид омадани пазиш ва фаро расидани марҳалаи анҷом ангужад ва мурч танҳо-танҳо сахт судбахшанд. Ба бемор моҳиоба, [шир],85 комаи кабар, хардал, обкома ва ҳамаи он чизҳоеро бидеҳ, ки андар онҳо қувваи латифиоварандаи қавист. Гоҳе туро баъд аз чиҳилрӯзагӣ эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки ҳар пагоҳӣ ба бемор ба қадри як набқа,86 масалан, доруи ангужад бидиҳӣ ва агар таб тез ва асли модда сафро набошад, ҳар бегоҳӣ низ чунин бикунӣ.
Яке аз қурсҳои андар ин ҳангом ва ба наздики пастравии [таб] судманд қурсест, ки ба сифати зерин бувад: се дирамӣ аз афшураи алафи гулӯдард ва заъфарон, панҷ дирамӣ аз усқулуфандариюн, лок, рованд87 ва табошир ва чаҳор дирамӣ аз тухми туруша, тухми хурфа, сунбул, гул, тухми зарпечак, анисун, тухми карафс, бехи кабар, донаи бон ва тухми розиёна гирифта, ҳамаро бо оби карафс сиришта кунанд ва қурс бисозанд. Инро бо оби розиёна, коснӣ ва зарпечак ба бемор бидиҳанд, биошомад.
Агар модда пухтагӣ бошад, доруи зерин аз бисёр сӯй судманд аст: бисту ҳафт дирам мурр, сездаҳ дирам сунбул, понздаҳ дирам карафси кӯҳӣ, даҳ дирам анисун ва панҷ дирамӣ оқирқарҳо, қуст ва шукуфаи гӯргиёро гирифта, бо шароби куҳан ва ё бо ангубини занҷабил маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он ба қадри як ҷавза бувад.
Гоҳе ба охири беморӣ, ба наздики кам шудани ранҷ ва бисёр будани гармӣ бо вуҷуди латифии модда ба беморони нав аз беморӣ бархоста доруе бидиҳанд, ки ба сифати зерин бувад: як қирот тухми банг ва ё ябруҳ ва қариб се боқилло ангужад бигиранд. Аз ҳамин қабил низ [доруи зерин аст]: чаҳор мисқол пудинаи бӯстонӣ, бист мисқол тухми газна ва як мисқол афюнро гирифта, қурсҳои ниҳоят хурд бисозанд. Як ошомидании он як дирам бувад.
Яке аз доруҳое, ки баъд аз зуҳури нишонаи пухтагӣ то поёни беморӣ ба кор бурдани он аз барои чунин [беморон] хуб аст, [доруи зерин] бувад: аз ҳар кадоми мавизи ғассонӣ ва ё ҳиротӣ, аз сири даштӣ ва аз мурди тоза як бахшӣ гирифта, баъд аз тар кардан андар об бо об бипазанд. Сипас онро хуб ҷӯшонида, равшан кунанд ва ба миқдори як уқия аз он ба бемор бидиҳанд. Инчунин:
панҷ дирамӣ тухми карафс, анисун ва қардамоно, ҳафт дирамӣ саътари баррӣ ва алафи гулӯдард, чаҳор дирам
нонхоҳ, се дирам чарха ва даҳ дирам мавизро гирифта, бо се ратл об то ба як ратл расидани он биҷӯшонанд.
Яке аз доруҳои аз барои чунин беморон хуб ин аст:
даҳ дирамӣ нонхоҳ, сунбул ва пудина, ҳафт дирамӣ каравиё ва анисун, панҷ дирам ангужад, чаҳор дирам занҷабил ва се дирам салихаро гирифта, [ҳамаи] онҳоро бо миқдори кофие аз ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам бо оби карафс ва розиёна бувад.
Низ як қурсест ба сифати зерин: даҳ [дирам] афшураи алафи гулӯдард, панҷ дирамӣ усқулуфандариюн, табошир, розиёна, сунбул ва заъфарон, чаҳор дирамӣ лок ва рованд (56) ва шаш дирамӣ тухми хурфа ва тухми хиёрзаро гирифта, бо оби карафс қурс бисозанд ва бо сикангубин ба бемор бидиҳанд.
Низ доруи зерин аз барои [таби чаҳоррӯзии] балғамӣ судманд аст: панҷ [дираму] ду сеяк мурр, панҷ дирамӣ заъфарон ва фатросолиюн, [31] чаҳору ним [дирам] сунбул, се дирам гунди бедастар, сеюним [дирам] анисун, чаҳор дирамӣ тухми карафс ва каравиё, ду дираму се якӣ ҳамомо пӯсти салиха ва майъа ва як дираму ду сеякӣ сисолиюс ва азрумуни88 маъҷунро бигиранд.
Ҳар гоҳ табларза шиддат ёбад, кай овардан бо оби нимгарм ва сикангубин аз барои он судманд аст, вале агар [табиат] ба ин иҷобат накунад, доруро ба ҳасби марҳалаи беморӣ бо он чизҳое қавӣ созанд, ки ёд карда шуданд. [Низ] беморро бо ҷомаҳои гарминигоҳдоранда печида, ба бухори обе бидоронад, ки андар он дермана, бобуна ва монанди инҳоро ҷӯшонида бошанд.
Зикри доруҳои исҳоле, ки баъд аз пазиш бад-онҳо эҳтиёҷ биафтад: Аз ҷумла: шаш [дирам] ҳалилаи кобулӣ, панҷ дирамӣ афитимун ва афсинтин, чаҳор дирамӣ ҳалилаи зард, афшураи алафи гулӯдард ва омула ва ду дирамӣ тухми карафс, анисун ва тухми розиёнаро гирифта, аз [ҳамаи] инҳо ҷӯшонида бисозанд ва ин ба нармӣ исҳол оварад.
Ё даҳ дирам кишмиш, ҳашт дирамӣ ҳалилаи кобулӣ ва афитимун, ҳафт дирам шоҳтара, шаш дирамӣ чарха ва қантуриюни ситабр ва панҷ дирамӣ алафи гулӯдард ва бехи гӯргиёрро гирифта, бо панҷ ратл об то ба як ратл расидан биҷӯшонанд.
Як ҳабби сабукест, ки агар ҳар панҷ рӯз як бор аз он ба кор бибаранд, ба ҳангоми ин [таб] судманд ва санҷидашуда аст. Нусхаи он: даҳ дирамӣ афитимун ва турбид, ҳафт дирамӣ каравиё ва анисун, ҳашт дирам нонхоҳ, се дирамӣ тухми карафс ва розиёна, шаш дирам баспоя, ҳашт дирам ғориқуни сафед, панҷ дирам намаки ҳиндӣ ва ёздаҳ дирам ёраи фиқроро гирифта, бо оби пудинаи бӯстонӣ ҳабб бисозанд. Як ошомиданӣ аз он яку ним дирам бувад.
Аммо агар модда балғамӣ бошад, ҳабби зерин судманд буда, нусхааш чунин аст: Ҳашт дирамӣ афитимун, нонхоҳ ва ғориқун, се дирамӣ тухми карафс, анисун ва тухми розиёна, панҷ дирам намаки нафтӣ ва даҳ дирамӣ ёра ва турбид бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин ду ним дирам бувад.
Агар ин [таб] ҳамроҳ бо дарди испурч бошад, доруи зерин суд бахшида, ба нармӣ исҳол овард ва нусхааш чунин аст: понздаҳ дирам усқулуфандариюн, дувоздаҳ дирам ғориқун, даҳ дирамӣ ҳалилаи сиёҳ ва ёра, ҳашт дирамӣ ҳалилаи кобулӣ ва афсинтин, ҳафт дирамӣ чарха, бодовард, камофитус ва афшураи алафи гулӯдард, панҷ ди рамӣ газмозу ва бехи кабар ва се дирамӣ тухми карафс, анисун ва тухми розиёнаро гирифта, аз онҳо маъҷун ва ё ҳабб бисозанд ва чунон ба кор бибаранд, ки медонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор