Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ғизои худовандони таби чаҳоррӯзӣ: Аз ҳама хуб ин аст, ки тадбири ғизоии эшон андар ҳафтаҳои аввал то се ҳафта бидуни беҳол сохтани қувват ба сӯи як андоза латифсозӣ майл дода шавад. Яъне эшон бояд аз гӯшт ва [ғизоҳои] равғанӣ89 парҳез кунанд, зеро ин гуна тадбир моддаи чунин беморонро коҳиш дода, иллаташонро сабук ва муддати бемории эшонро кӯтоҳ бисозад. Баъд аз он ногузир бояд қувватро бо ёрии масалан моҳии сангобӣ,90 хояи нимбиришт, мурғчӯҷа ва тиҳу барпо доранд.
Чун муддате бигузарад, ки баробари муддати худдорӣ кардан аз чизҳои равғанӣ бошад ва андар ин ҳангом иллат коҳиш наёбад, аз мурооти қувват ва ба бемор додани ягон чизи қавитаре аз қабили гӯшти мурғ, барра, бузғола, парандаи нозукгӯште чун тазарв91 ва дурроҷ ва моҳии хуби начандон бузург чора нест.
Бидон, ки шарти ғизои худованди таби чаҳоррӯзӣ ин аст, ки бояд он дорои якчанд сифатҳо бошад: якум ин ки на дамоваранда, балки ҳалкунандаи дамиши аз савдо ба амал омада бошад; дуввум на ин ки ситабр, балки латифсозандаи чизи ситабр бошад; севвум ин ки на банданда, балки кушояндаи шикам бошад; ва чаҳорум ин ки хуни аз он зодашаванда (57) сутуда бошад. Бештари ғизоҳое, ки чунин [сифот] доранд, он ғизоҳоеанд, ки дорои гармию тарӣ буванд.
Ту пеш аз ин донистӣ, ки пеш аз навбат чӣ гуна, кадом соатҳо ва чаро ғизо бидиҳанд ва низ донистӣ, ки гоҳе ба сабаби ёдшуда ҳангоми навбат ва ба наздики он ба ғизо додани бемор эҳтиёҷ биафтад, лекин беҳтар он аст, ки [бемор] табро бо шиками тиҳӣ пешвоз бигирад, то табиат пеш аз рондани моддаи беморӣ ба ягон моддаи дигаре машғул набошад. Шароби равшани тунуки сафед аз барои чунин [беморон] судманд аст.
Илоҷи таби чаҳоррӯзии монда: Ҳоли ин таб ҳамон таврест, ки мо пеш аз ин баён кардем ва қонуни он ҳамҷинси қонуни таби ҷаҳоррӯзии дорои фитрат аст, вале аз он бо чизҳои андаке фарқ дорад: аз ҷумла ба ҳангоми ин беморӣ ба сабаби мондагии он майл намудан ба доруҳои ба таври муътадил гармиоваранда ва сардифизоӣ кардан авлотар аст. Бинобар ин андар илоҷи он бояд масалан сикангубин, гулангубин, сикангубини бузурӣ, оби муътадили бехҳо ва афшураҳои бо ангубин ба кор баранд.
Дигар [тафовут] ин аст, ки ба ҳангоми ин [таб] раг задан воҷибтар аст, зеро модда андар рагҳо гирд омада аст ва фарқи дигар ин, ки ҳангоми ин иллат ба хӯрдани гӯштҳо камтар рухсат диҳанд.
Фасли чиҳилу ҳафтум андар баёни таби панҷрӯзӣ, шашрӯзӣ, ҳафтрӯзӣ ва монанди он

[Таби панҷрӯзиро ба юнонӣ] «фимотавус»92 ва гурӯҳе
амсоли инҳоро «табҳои даврзананда» хонанд. Ин табҳо
аз моддае зода шаванд, ки ҳамҷинси моддаи таби чаҳоррӯзист, лекин ситабртару камтар бошад. Аксар вақт ки ба
амал оянд, аз савдои балғамӣ падид оянд. Аммо таби шашрӯзӣ, ҳафтрӯзӣ ва моварои он бошад, инҳоро Буқрот ёд

кардааст, вале Ҷолинус гӯяд: «Дар умрам ба ҳеҷ кадом аз инҳо дучор наомадаам, балки таби панҷрӯзии намоёни қавиро ҳам надидаам. Ин гуна таб шояд ноаён бошад». Ӯ гӯяд: «Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби, масалан, таби ҳафтрӯзӣ ва нуҳрӯзӣ тадбири ғизо бошад. Яъне ҳар гоҳ ин гуна тадбирро ба кор бурда, аз рӯи он амал кунанд ва он муҷиби таб бигардад ва агар ин ба маҷрои одат бидарояд, андар худи як вақт ҳамин гуна табро ба амал хоҳад овард. Агар ин тадбирро тарк мекарданд ва ё ба исҳол меоварданд, муҷиби чунин [таб] намешуд. Пас, сабаби давраҳои он ва боз омадани онҳо такрор ёфтани ин тадбир ва давраҳои он мебошад, на давраҳо ва бозомаданҳои моддаҳое, ки битарованд». Ӯ гӯяд: «Бинобар ин ба ҳангоми санҷиши ин иллат бояд ин ҷиҳатро ба назар гирифт, то ғалат воқеъ нашавад».
Ҳарчанд Ҷолинус вуҷуд доштани ин гуна табҳоро қариб инкор мекунад ва қариб аст, ки барои онҳо бунёди дигаре қоил шавад, лекин Буқрот ба таҳқиқ тасдиқ кардааст, ки таби ҳафтрӯзӣ ва нуҳрӯзӣ вуҷуд доранд ва андар гуфтаи ӯ ягон узри равшан ва мустаҳилии намоёне нест, ки эҳтиёҷ бад-он бошад, ки рӯ ба таъвили он ниҳода шавад. Гуфтаҳои андар боби ин табҳо овардаи Буқрот бад-ин гунаанд, ки таби ҳафтрӯзӣ дароз аст, вале кушанда нест ва таби нуҳрӯзӣ аз он ҳам дарозтар буда, низ кушанда нест. Ӯ гуфтааст, ки таби панҷрӯзӣ беҳтарини табҳост, аз баҳри он ки вай пеш ва баъд аз бемории сил ба амал ояд. Вале гуфтаи Ҷолинус бошад чунонест, ки донистед. Ман гумон мекунам, ки ин гуфтаро як ваҷҳест. Яъне шояд «сил» гуфта, бемории диққро хоста бошад ва гуфтааш оид ба таби панҷрӯзӣ мавзӯи қазияи муҳмал буда, тақозои умумӣ будан накунад. Андар ин ҳол чунин бармеояд, ки гӯё гуфта бошад: «Таби панҷрӯзӣ синфе аз бадтарини табҳост, зеро он пеш ва баъд аз диққ ба амал ояд». Ва маънои он гуфтаи ӯ чунин бошад, ки ҳар гоҳ табҳо дер давом кунанд, ранҷ оваранд ва омехтаву гуногун бигарданд, бисёр бошад, ки роҳи афрӯхтани андомҳои сарвар ва падид овардани диққро пеш бигиранд.
Хусусияти ин гуна табҳо чунин аст, ки андар поёни худ бар як равиш таваққуф кунанд ва аксар вақт ин [таваққуф] бар таби чаҳоррӯзӣ биафтад, ки мо онро баён намудем. Лекин онҳо ҳангоме боиси таби чаҳоррӯзӣ бигарданд, ки агар хилтҳоро фаровоние ва рутубатҳоро бисёрие бошад. Аммо агар пеш аз ин гудозиш бисёр ба амал омада бошад ва истифроғҳои аёну ноаён думодум рӯй дода бошанд, андар ин ҳол аз хилтҳо танҳо як миқдори камтар ва ситабртари [фазлаи] хокистарӣ боқӣ хоҳад монд, ки он муҷиби дер омадани навбат бигардад ва он чи ки чаҳоррӯзӣ бошад, қариб панҷрӯзӣ шавад. Андар мисли ин ҳолат пайдост, ки бояд тан аз барои афрӯхта шудану гирифтори диққ гардидан омода бошад. Ба изофаи он агар диққ пештар ояд, аз эҳтимол дур нест, ки хилтҳоро [фазлаи] хокистарие падид ояд, вале ба миқдори кам, аз баҳри он ки худи онҳо андар поёни диққ коҳиш ёбанд ва ин фазлаи хокистариро уфунат ориз гардида, аз он таб падид ояд. Таби диққӣ, ки танро пеш аз ин абгор кардааст, бинобар он [таби нав падид омада] аз он ҷиҳат бад хоҳад буд, ки вай нишонаи сӯзиши хилти ба миқдори на чандон бисёр боқимонда аст (58) ва сӯзиши он низ андак бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ