Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Вай инчунин аз он ҷиҳат [бад аст], ки сабаби афзоиш ва дучандии таб гардида бошад.
Агар бемориҳое, ки андар ягон замон ва ё ягон кишвар мушоҳада нашаванд, ин муҷиби инкори онҳо нахоҳад буд ва аз ин ҷинс бемориҳои бисёре вуҷуд доранд, ки андар шумор наоянд. Низ гуфтан воҷиб нест, ки агар таби панҷрӯзӣ ҷой дошта бошад, ночор бояд моддаи панҷум ҳам вуҷуд дошта бошад, [32] зеро савдо таби ҷаҳоррӯзиро на аз он ҷиҳат гардон кардааст, ки маҳз худ савдост, балки аз баҳри он гардон кардааст, ки андаку ситабр бувад. Аз эҳтимол дур нест, ки андар бархе аз баданҳо савдои ками ситабр ҷой дошта, ба сабаби он уфунат падид ояд. Вале касе ҳақ надорад гӯяд, ки балғамро ҳам равост, чун ситабру андак бошад, боиси навбати дигаре бигардад, зеро раво доштан як амри васеъ аст ва кам муяссар шавад, ки нақизи онро лозим бигардонад. Сипас ҳоли раво доштани ягон чизи нодидаву ношунидае, ки ягон санҷишгар ё донишманд бад-он шаҳодат надодааст, на чун раводоштане бошад, ки масалан, Буқрот барин [касон] аз он шаҳодат додаанд. Маро як каси боваринок чунин ривоят намуд, ки ӯ таби ҳафтрӯзиро мушоҳада кардааст. Аммо таби панҷрӯзиро93 бошад, мо худ борҳо мушоҳада намудем ва моро зарурат водор намекунад, ки андар ин ҳол аз барои он ягон хилти дигареро қоил шавем.
Илоҷи намудҳои гуногуни ин табҳо: Илоҷи ин беморӣ ба илоҷи таби чаҳоррӯзии балғамӣ наздикӣ дорад ва ба ҳангоми муолаҷаи онҳо ба бештар рӯза доштан, нарм сохтани тадбири ғизоӣ ва ба хоби гуворандае эҳтиёҷ биафтад, ки то бо ёрии он моддаи ситабр ҳал шуда бипазад. Ба ситабр сохтани тадбир низ аз баҳри он эҳтиёҷ бошад, ки то ба ҳангоми он қувват аз пой наафтад ва ин ду намуди [тадбир] чун ду ба ҳам зид буванд. Азбаски ин табҳо ба ҷоеанд, ки қувватро суст накунанд, бинобар он мо бебокона ба латиф сохтани тадбир пардохта, беморро як муддат рӯза доштан бифармоем ва ҳар бор ғизо додан бихоҳем, қусури инро бо чизҳои хубғизо, зудгузар ва серғизое барорем, ки моддаро на ситабр кунанд ва на биафзоянд.
Яке аз судмандтарини дармонҳо аз барои он қай овардан бо харбақ, тухми турб, турби харбақзада, ҷавзи қай ва тухми сармаҷ бувад. Низ истифроғ овардан бо ёраҳо ва баъд аз он ба кор бурдани тарёк ва монанди он [ҳамчунин аст]. Андар ин ҳангом арақ овардан бо доруҳо ва бо гармобаи гарм аз ғайри ба кор бурдани об ва низ аз ғайри ба кор бурдани чизҳои тариоваранда судманд аст.
Фасли чиҳилу ҳаштум андар баёни диққ

Туро маълум шуд, ки андар андомҳо рутубатҳои гуногуннамуд ҷой доранд. Аз ҷумла рутубатҳоеанд, ки аз барои ғизобахшӣ ва тар доштани пайвандгоҳҳо омода шудаанд ва яке аз онҳо андар рагҳо захира шудаанд ва дигарӣ ҳамчун шабнам андар андомҳо пош хӯрдаанд. Ин ду рутубат бар ду бахшанд ва бахши якуми онҳо, чунонки донистӣ, моддаи таби уфунатӣ ва ё таби ҷӯшон мебошад, зеро ғизо чун ҳосил шуд, ҳамаи он сарф намешавад, балки як бахш аз он барои сарф шудан ва як бахш барои захира шудан боқӣ бимонад.

Аз он ҷумла рутубатҳоеанд, ки ба наздикӣ баста шудаанд ва инҳо рутубатҳоеанд, ки ба феъл ғизо гардидаанд, яъне ба ҷойҳои [муайяне] кашида шудаанд ва бадали чизҳое мебошанд, ки аз он ҷойҳо ба таҳлил рафтаанд. Онҳо андар он ҷой фузунӣ ва шабеҳи он гардидаанд, вале чун ба наздикӣ сайлонкунанда буданд, бинобар он ҳанӯз чандоне сахт нашуда бошанд.
Аз ҷумла рутубатҳоест, ки бахшҳои андомҳои яксонро аз бози офариниш ба ҳам бипайванданд ва бекор шудани он боиси гусастани пайвастагӣ ва аз ҳам рехтан бигардад. Мисоли рутубати якум равғани андар чароғ рехта аст, мисоли дуввумӣ равғани андар ҷирми палита ҷабидашуда аст ва мисоли севвумӣ рутубатест, ки бо ёрии он бахшҳои пунбаи палита ба ҳам пайвастаанд. Ҳар гоҳ андомҳои аслӣ ва хусусан дил афрӯхта шаванд, аз он, чунонки донистӣ, ҳамин беморӣ, яъне таби диққ падид ояд. Гармии ҷигар гоҳе боиси диққ бигардад, лекин худи он [гармӣ] диққ нест, балки диққ [бемориест], ки ба сабаби дил бувад. Ҳоли шуш ва меъда низ ҳамчунин аст.
Лекин он то даме ки рутубатҳои аз бахши якум бударо аз андомҳо ва хусусан аз дил нест мекунад, чунонки фонус равғанҳои андар чароғ рехтаро нест кунад, ин дараҷаи якум буда, ба исми ҷинс махсус аст, ки онро «диққ» ва ба юнонӣ «иқтиқус» хонанд, зеро навъияти онро ягон номе нест. Ҳар гоҳ рутубатҳоеро ба фано бирасонад, ки аз бахши якуманд ва ба ҳал сохтани рутубатҳои бахши дуввум ва нест кардани онҳо оғоз кунад, чунонки ҳар гоҳ шуъла равғани андар чароғ рехтаро ба охир расонад, ба нест кардани равғани андар ҷирми палита кашидашуда бипардозад, ин дараҷаи дуввум бувад, ки онро «пажмурдагӣ» ва «морасмус»94 хонанд. Инро араз ва [марҳалаҳои] оғозу анҷом ва миёна ҳастанд. Дигар ин ки (59) ҳар кӣ ба марҳалаи интиҳоии пажмурдагӣ расид ва хусусан агар ба ҷое бирасад, ки гӯшт бихушкад, ӯро роҳи халосӣ нест ва кам бошад, ки илоҷ бипазирад, магар он чи Худой хоста бошад. Ҳар гоҳ инҳо ба охир бирасанд ва рутубатҳое ба фано шудан оғоз кунанд, ки аз бахши севвуманд, чунонки шуъла ба сӯхтани ҷирми палита ва рутубати аслии он оғоз кунад, ин дараҷаи севвум бувад ва онро «аз ҳам резонанда» ва «сованда» ва ба юнонӣ «арниҷас»95 хонанд. Ин иллат аз ҷумлаи он табҳоест, ки онҳоро на навбатҳост ва на вақтҳои навбатҳо.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки таби диққӣ ё бо тариҳои нав басташуда, ё масалан, бо гӯшт ва ё бо андомҳои аслии сахте чун устухон ва асаб даровезад. Агар аз ин гуфта чунин бифаҳманд, ки он ба тариқи нест кардани рутубати андар ин чизҳо буда бо онҳо дармеовезад, ин ва маънои якум як бошанд, вале агар мурод аз он чунин бошад, ки нахустин чизи таби диққ нест мекарда рутубатҳои ба наздикӣ баста гардида мебошад, ин гуфта гуфтаи дуруст нахоҳад буд.
Диққ гоҳе баъд аз таби якрӯзӣ ва гоҳе пас аз табҳои уфунатӣ ва омосҳо ба амал ояд, вале бисёр баид аст, ки диққ аз аввал худ ба худ падид ояд ва андомҳои аслӣ афрӯхта шуда бошанду хилт ва рӯҳ пеш аз онҳо афрӯхта набошанд. Баръакс, бояд нахуст онҳо битафсанд ва сипас ба гузашти рӯзгоре чанд андомҳои аслӣ тафс пайдо кунанд, вале ин ба шартест, ки ягон сабаби ниҳоят қа вие ориз нагардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ